Фанни Иқтисоди миллӣ

Брокери гумруки

Брокери гумрукӣ – ин миёнарав дар додугирифтҳои беруниқтисодӣ мебошад. Мафум ва асосҳои фаъолияти брокери гумрукӣ аз тарафи Кодекси гумрукии ҶТмуайян карда шудаанд.

Брокери гумрукӣ ташкилоти тиҷоратӣ (яъне шахси ҳуқуқӣ) мебошад, ки мувофиқи қонунгузорӣ ташкил шуда, литсензияи кумитаи давлатии гумрукро барои фаъолият кардан ба сифати брокери гумрукӣ соҳиб гардидааст. Корхонаи давлатӣ брокери гумрукӣ шуда наметавонад.

Фаъолияти брокери гумрукӣ аз он иборат аст, ки амлиётҳои гумрукӣ оиди барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиётро аз номи худ, бо супориши шахси соҳибмулк иҷро мекунад ва дигар вазифаҳои миёнаравиро, ки ба бахши гумрук вобастаанд, амалӣ мекунад:

а) пур кардани эъломия ба молу воситаҳои нақлиёт;

б) ба мақомоти гумрукӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷат ва дигар маълумотҳо, ки барои ҳадафҳои гумрукӣ истифода бурда мешаванд;

в) нишон додани молу воситаҳои нақлиёте, ки эъломия карда мешаванд;

г) таъмин намудани пардохти пардохтҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳое, ки Кодекси гумрукии ҶТ нисбати молу воситаҳои эъломияшаванда пешбинӣ намудааст;

д) ба сифати ваколатдор нисбати молу воситаҳои нақлиёти эъломияшаванда дигар амалҳоро иҷро мекунад, ки барои барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукӣ заруранд.

Ҳангоми амалӣ намудани амалиётҳои қаблӣ брокери гумрукӣ метавонад:

  • мақомоти гумрукро оиди қасди баровардани молу воситаҳои нақлиёт аз ҳудуди гумрукогоҳ намояд;
  • лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳоро барои ҳадафҳои гумрукӣ ҳангоми амалӣ намудани амалиётҳои пешакӣ тартиб диҳад;
  • молу воситаҳои нақлиётро дар анбори нигоҳдории муваққатӣ ҷойгир кунад.

Кумитаи давлатии гумрукӣ ҳуқуқ дорад дигар вазифаҳои брокери гумрукиро муайян кунад.

Брокери гумрукӣ вазифаҳоро танҳо дар шакли маҷмӯъ иҷро мекунад. Иҷрои ҷузъии вазифаҳои ишорашуда ё амалиётҳо дар доираи як вазифа иҷозат дода намешавад.

Брокери гумрукӣ метавонад доираи фаъолияти худро бо гурӯҳи муайяни молҳо тибқи Феҳрасти молии фаъолияти беруниқтисодӣ ва намудҳои нақлиёт маҳдуд кунад. Ин маҳдудиятҳо дар литсензияи фаъолият ба сифати брокери гумрукӣ нишон дода мешаванд. Фаъолият берун аз ҳудуди маҳдудиятҳои нишондодашуда бе гирифтани литсензияи нав иҷозат дода намешавад.

Вазифаҳои асосии брокери гумрукӣ ба ҳисоб мераванд:

  • дар шакл ва мӯҳлатҳои муайяншуда изҳори маълумоти аниқ дар бораи молу воситаҳои нақлиёт ва реҷаи гумрукии онҳо, инчунин дигар маълумотҳои зарурӣ барои ҳадафҳои гумрукӣ;
  • бо талаби мақомоти гумрук пешниҳод намудани мол ва воситаҳои нақлиёти эъломияшаванда;
  • ба мақомоти гумрукӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои маълумотҳои иловагӣ, ки барои ҳадафҳои гумрукӣ заруранд;
  • тафтиши дурустии ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳои барои ҳадафҳои гумрукӣ зарурие, ки аз шахси фармоишгар гирифта шудаанд;
  • мувофиқи талаби мақомоти гумрук ҳангоми барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт иштирок кардан ва ҳамкорӣ кардан бо шахсони мансабдори мақомоти гумрук дар анҷом додани барасмиятдарории гумрукӣ;
  • бо талаби мақомоти гумрук аз ҳисоби шахси фармоишгар амалӣ намудани таҳвил, баркашидан ё дигар тарз муайян намудани шумораи мол, боркунӣ, фаровардан ва аз нав боркунӣ, кушодани борпеч, борпеч ё аз нав борпеч кардани молу воситаҳои нақлиёте, ки таҳти барасмиятдарории гумрукӣ қарор доранд, инчунин кушодани биноҳо, зарфҳо ва дигар ҷойҳое, ки молу воситаҳои нақлиёти номбаршуда ҷойгир шудаанд;
  • дуруст ҳисоб кардани пардохтҳои гумрукӣ;
  • пардохт намудани пардохтҳои гумрукӣ нисбати молу воситаҳои нақлиёте, ки аз чониби брокери гумрукӣ эъломия карда шудаанд, агар ин бо қарордоди байни брокери гумрукӣ ва фармоишгар пешбинӣ шуда бошад, ё агар шахси фармоишгар шахси хориҷӣ бошад;
  • таъмини гузаронидани назорати бойторӣ, фитосанитарӣ ва дигар назоратҳои давлатие, ки нисбати молу воситаҳои нақлиёти аз ҷониби брокери гумрукӣ эъломияшуда аз тарафи дигар мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ гузаронида мешаванд;
  • риояи шартҳо ва маҳдудиятҳо барои истифода ва ихтиёрдории мол ва воситаҳои нақлиёте, ки нисбаташон барасмиятдарории гумрукӣ ба охир нарасидааст, то озод кардани молу воситаҳои нақлиёт, ё то ба ихтиёри шахси фармоишгар мондани онҳо мувофиқи реҷаи гумрукии интихобшуда;
  • бурдани баҳисобгирии мол ва воситаҳои нақлиёте, ки аз ҷониби брокери гумрукӣ эъломия карда мешаванд, ба мақомоти гумрук пешниҳод кардани ҳисобот оиди чунин молу воситаҳои нақлиёт ва доир ба амалиётҳои худ;
  • таъмин намудани мувофиқати воситаҳои автоматии коркарди иттилоот ва маҳсулоти барномавӣ бо воситаҳои автоматии коркарди иттилоот ва маҳсулоти барномавие, ки аз тарафи мақомоти гумрук истифода бурда мешаванд;
  • дарҳол хабар додан ба мақомоти гумрук дар бораи ҳар тағйироти пайдошуда, нобудкунӣ, вайронкунӣ ё гум кардани воситаҳои айнияти гумрукӣ, зарф ё борҷома, номутобиқатии молҳо бо ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ, нақлиётӣ ва ғ. Ва дигар ҳолатҳое, ки ба фаъолияти гумрукӣ тааллуқ доранд;
  • истифода бурдани иттилооте, ки аз шахси фармоишгар барои мақсадҳои гумрукӣ ба даст омадааст, танҳо бо ҳамин мақсадҳо; таъмин намудани манъ ва маҳдудиятҳо барои ба манфиати шахсӣ истифода бурдан, ба шахсони сеюм ва ба дигар мақомоти ҳокимияти ҶТ ошкор кардани иттилооти аз шахси фармоишгар гирифта, ки иттилооти махфии тиҷоратӣ, бонкӣ ва ё дигар иттилооти аз ҷониби қонун ҳимояшаванда ба ҳисоб меравад.

Ҳангоми амалисозии назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории гумрукӣ брокери гумрукӣ тамоми ӯҳдадориҳоро иҷро карда, ҷавобгарии пурраро монанди он, ки худ мустақилона молу воситаҳоро аз сарҳади гумрукӣ мегузаронид, ба ӯҳда мегирад.

Ӯҳдадориҳои брокери гумрукӣ ҳангоми барасмиятдарории гумрукии асосӣ аз талаботҳои қоидаҳои ҷойгиркунии мол ва воситаҳои нақлиёт таҳти реҷаи гумрукии муайян ба миён меоянд.

Барои пардохти пардохтҳои гумрукие, ки аз тарафи мақомоти гумрукӣ ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ ситонида мешавад, брокери гумрукӣ бо шахсе, ки молу воситаҳои нақлиётро аз ҷое ба ҷое мебарад, ҷавобгарии якҷоя доранд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *