Фанни Иқтисоди миллӣ

Речахои гумруки

Ҷойивазкунии мол ва воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ мувофиқи реҷаҳои гумрукии онҳо гузаронида мешавад.

Шаклҳои зерини реҷаҳои гумрукӣ вуҷуд доранд:

  • роҳдиҳӣ барои муомилоти озод;
  • реимпорт;
  • транзит;
  • анбори гумрукӣ;
  • мағозаи савдои бебоҷ;
  • коркард дар ҳудуди гумрукӣ;
  • коркард таҳти назорати гумрукӣ;
  • воридот (содирот) – и муваққатӣ;
  • минтақаи гумрукии озод;
  • анбори озод;
  • коркард дар берун аз ҳудуди гумрукӣ;
  • содирот;
  • реэкспорт;
  • нобудкунӣ;
  • дасткашӣ ба фоидаи давлат.

Роҳ додани молҳо барои муомилоти озод – ин реҷаи гумрукие, мебошад, ки мувофиқи он молҳое, ки ба ҳудуди гумрукии ҶТ ворид карда мешаванд, бе ӯҳдадории баргашта баровардани онҳо аз ин ҳудуд дар он доимӣ мемонанд. Он пешбинӣ мекунад: пардохт кардани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва дигар пардохтҳои гумрукӣ; риоя кардани чораҳои сиёсати иқтисодӣ ва дигар маҳдудиятҳо.

Реимпорти молҳо – реҷаи гумрукие мебошад, ки мувофиқи он молҳое, ки аз ҳудуди гумрукии ҶТ мувофиқи реҷаи гумрукии содирот бароварда шудаанд, дар мӯҳлати муайянкардашуда бе ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо, инчунин бе истифодабарии чораҳои сиёсати иқтисодӣ (квотакунонӣ, литсензиякунонӣ ва ғ.) нисбати онҳо баргашта ворид карда мешаванд.

Транзити молҳо – реҷаи гумрукие, ки мувофиқи он молҳо таҳти назорати гумрукӣ байни ду мақоми гумруки ҶТ, аз он ҷумла тавассути ҳудуди мамлакати хориҷӣ, бе ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо, инчунин бе истифодабарии чораҳои сиёсати иқтисодӣ ба онҳо, интиқол дода мешаванд.

Анбори гумрукӣ – реҷаи гумрукие мебошад, ки мувофиқи он молҳои воридшуда таҳти назорати гумрукӣ нигоҳ дошта мешавад, бе ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва бе истифодаи чораҳои сиёсати иқтисодӣ нисбати молҳо дар вақти нигоҳдории онҳо. Молҳои барои содир намудан таҳти реҷаи гумрукии содирот қарордошта бошанд, бо пешниҳод кардани имтиёзҳое, ки Кодекси гумрукии ҶТ пешбинӣ намудааст, таҳти назорати гумрукӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Мағозаи савдои бебоҷ – реҷаи гумрукие мебошад, ки мувофиқи он молҳо дар ҳудуди гумрукии ҶТ (дар фурӯдгоҳҳо, бандарҳо, ки барои алоқаи байналхалқӣ кушода мебошанд ва дигар ҷойҳое, ки мақомоти гумрук муайян мекунад) бе ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва бе истифодаи чораҳои сиёсати иқтисодӣ нисбати онҳо фурӯхта мешаванд.

Дар реҷаи гумрукии мағозаи савдои бебоҷ тамоми молҳо метавонанд ба фурӯш бароварда шаванд, ба истиснои молҳое, ки ба ҶТ овардан, аз ҶТ баровардан ва дар ҳудуди ҶТ фурӯхтани онҳо манъ карда шудааст, инчунин дигар молҳое, ки рӯйхаташонро Кумитаи гумруки назди Ҳукумати ҶТ муайян мекунад.

Молҳое, ки таҳти реҷаи гумрукии мағозаи савдои бебоҷ қарор доранд, бевосита дар мағозаҳои махсус (мағозаи савдои бебоҷ) ба фурӯш бароварда мешаванд.

Коркарди молҳо дар ҳудуди гумрукӣ – реҷаи гумрукие мебошад, ки мувофиқи он молҳои хориҷӣ бо тартиби муайяннамуда барои коркард дар ҳудуди гумрукии ҶТ, бе истифода бурдани чораҳои сиёсати иқтисодӣ нисбати онҳо истифода карда мешаванд ва бо шарти таҳти реҷаи гумрукии содирот ба хориҷа баровардани молҳои коркардшуда боҷҳои гумрукӣ ва андозҳои воридотӣ баргардонида дода мешаванд.

Амалиётҳои коркард дар бар мегиранд:

  • тайёр намудани мол, аз он ҷумла корҳои васлкунӣ ва ҷобаҷокунӣ ба молҳои дигар;
  • коркард ва такмил додани молҳо; таъмир намудани молҳо, аз он ҷумла барқарор кардан ва ба тартиб даровардани онҳо; истифода бурдани баъзе молҳое, ки ба истеҳсоли маҳсулоти коркард кӯмак мерасонанд ё онро осон мекунанд, ҳатто агар ин молҳо дар ҷараёни коркард пурра ё қисман истеъмол карда шаванд.

Содирот (воридот) – и муваққатии молҳо – реҷаи гумрукие мебошад, ки мувофиқи он истифода бурдани молҳо дар ҳудуди гумрукии ҶТ ё берун аз он бо пурра ва ё қисман озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва бе истифода бурдани чораҳои сиёсати иқтисодӣ нисбати молҳо иҷозат дода мешавад.

Молҳое, ки муваққатанн ворид ва ё содир карда мешаванд, бояд бе ягон тағйирот, ба ғайр аз тағйиротҳое, ки дар натиҷаи истеҳлоки табиӣ ё ҳангоми шароитҳои муқаррарии интиқол ва нигоҳдорӣ ба миён меоянд, баргардонида шаванд.

Минтақаи озоди гумрукӣ ва анбори озод – реҷаҳои гумрукие мебошанд, ки мувофиқи онҳо молҳои хориҷӣ дар сарҳади гумрукӣ ё иншоотҳо бе ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо, инчунин бе истифодаи чораҳои сиёсати иқтисодӣ нисбати молҳои мазкур ҷойгир ва истифода карда мешаванд, молҳои ватанӣ бошанд, бо шартҳое, ки таҳти реҷаи гумрукии содирот, бо тартиби муайянкардаи Кодекси гумрук, истифода бурда мешаванд, ҷойгир ва истифода бурда мешаванд.

Анбори гумрукӣ ба сифати бино ё дигар маконе, ки реҷаи гумрукии анбори озод амал мекунад, метавонанд ҳангоми мавҷуд будани иҷозатномаи Кумитаи гумруки ҶТ эътироф карда шаванд.

Коркарди молҳо берун аз ҳудуди гумрукӣ – реҷаи гумрукие мебошад, ки молҳо бе истифодаи чораҳои сиёсати иқтисодӣ нисбати онҳо бароварда ва дар берун аз ҳудуди гумрукӣ бо мақсади коркард ва ба муомилоти озод баровардани маҳсулоти коркард дар ҳудуди гумрукӣ истифода карда мешаванд, бо пурра ва ё қисман озод кардан аз боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, инчунин бе истифодабарии чораҳои сиёсати иқтисодӣ нисбати онҳо.

Содироти молҳо – реҷаи гумрукие мебошад, ки мувофиқи он молҳо аз ҳудуди гумрукӣ бе ӯҳдадории баргашта ворид кардани онҳо ба ин ҳудуд

бароварда мешаванд.

Содироти молҳо ҳангоми пардохт намудани боҷ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ, риоя кардани чораҳои сиёсати иқтисодӣ ва иҷро кардани дигар талаботҳое, ки Кодекси гумрукӣ ва дигар санадҳои қонунгузорӣ оид ба фаъолияти гумрукӣ пешбинӣ, намудаанд, амалӣ карда мешавад.

Реэкспорти молҳо – реҷаи гумрукие мебошад, ки молҳои хориҷӣ аз ҳудуди гумрукии ҶТ бе ситонидан ва ё баргардонидани андоз ва боҷҳои гумрукии воридотӣ ва бе истифодаи чораҳои сиёсати иқтисодӣ мувофиқи Кодекси гумрукӣ ва дигар санадҳои қонунгузории ҶТ оид ба фаъолияти гумрукӣ бароварда мешаванд.

Ҳангоми баровардани молҳое, ки реэкспорт карда мешаванд, боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо дар ҳолате баргардонида мешаванд, ки агар:

  • молҳои реэкспортшаванда дар ҳолати аввалае қарор доранд, ки ворид карда шуда буданд, ба ғайр аз тағйиротҳои табиӣ ва тағйиротҳое, ки дар натиҷаи шароитҳои муқаррарии интиқол ва нигоҳдорӣ ба миён омадаанд;
  • реэкспорт кардани молҳо дар муддати ду соли баъди воридот амалӣ мешавад;
  • молҳои реэкспортшаванда бо мақсади гирифтани фоида истифода нашудаанд.

Ҳангоми содир намудани молҳои реэкспортшаванда боҷҳои гумрукии содиротӣ ва андозҳо ситонида намешаванд, чораҳои сиёсати иқтисодии ҳангоми содирот амалкунанда бошанд, истифода бурда намешаванд.

Нобудкунии молҳо – реҷаи гумрукие мебошад, ки мувофиқи он молҳои хориҷӣ таҳти назорати гумрукӣ, бе ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, инчунин бе истифодабарии чораҳои сиёсати иқтисодӣ нисбати ин молҳо, нобуд карда мешаванд ё ба ҳолати ғайри қобили истифода расонида мешаванд.

Даст кашидан аз мол ба фоидаи давлат – реҷаи гумрукие мебошад, ки мувофиқи он шахс, бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, инчунин бе истифодаи чораҳои сиёсати иқтисодӣ аз мол даст мекашад. Ба даст кашидан аз мол ба фоидаи давлат бо иҷозати мақомоти гумрук, бо тартиби муайянкардаи Кумитаи гумруки ҶТ роҳ дода мешавад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *