Фанни Иқтисоди миллӣ

Иқтисоди хурд ва методологияи он

  1. Иқтисоди хурд ҳамчун фан
  2. Предмети иқтисоди хурд
  3. Масъалаҳои асосии иқтисодиёт
  4. Модели гирдгардиш
  5. Методологияи омӯзиши иқтисоди хурд

1. Асоси ҳар як фанро обект, мазмун ва усулҳои омӯзиши он муайян месозад. Иқтисоди хурд низ ҳамчун фан хусусиятҳои дар боло зикргардидаро дорост.

Иқтисоди хурд пеш аз ҳама фаъолияти иқтисодии инсониятро дар асоси мууайян намудани қонуниятҳои муҳими умумӣ меомӯзад. Фаъолияти иқтисодии инсоният пеш аз ҳама барои қонеъ сохтани талаботи худ равона гардида, аз чунин унсурҳо ба монанди талабот, пешниҳод, нарх, хароҷот ваҳоказо иборат аст.

Иқтисоди хурд ҳамчун фан муносибатҳои иқтисодии байни одамонро дар алоҳидагӣ дар дохили фирмаю корхонаҳо инчунин бозорҳои алоҳида меомӯзад.

Ҳамин тариқ обекти омӯзиши фанни иқтисоди хурд фаъолияти иқтисодии инсоният ба ҳисоб меравад.

2. Предмети иқтисоди хурдро ашхоси иқтисодӣ, ҷараёнҳо ва амалиётҳои иқтисодӣ муайян месозад.

Ашхоси иқтисодӣ воҳидҳои иқтисодие мебошанд, ки салоҳият ва ҳуқуқи истифодабарии неъматҳои иқтисодиро доранд.

Неъматҳои иқтисодӣ мол ё хадамотест, ки қобилияти қонеъ сохтани талаботи одамонро дорад.

Амалиётҳои иқтисодӣ ин фаъолияти ашхоси иқтисодӣ оид ба қабули тамсилаҳои муайян ва ба ҳаёт (амал) татбиқ намудани онҳо мебошад. Ҳамин тавр предмети иқтисоди хурд аз тарафи ашхоси иқтисодӣ қабул кардани қарорҳо оид ба ҷараёнҳои иқтисодӣ мебошад.

Асоси иқтисодиётро ду омили бунёдӣ:

а) талаботи номаҳдуд;

б) манобеъи маҳдуд, муайян мекунад.

Ба талаботи моддӣ хоҳиши масрафкунӣ оид ба харид ва истифодаи молу хадамот, инчунин талаботи ширкату корхонаҳоро дар бар мегирад.

Барои омӯзиши иқтисоди хурд ду намуди таҳлил: 1) т. мусбӣ, 2) т. дастурӣ истифода мешавад. Таҳлили дастурӣ ин таҳлили иқтисодиест, ки барои баҳодиҳии ҷараёнҳои иқтисодӣ истифода мешавад. Ин намуди таҳлил ба воситаи мушоҳидаҳо тасдиқ ё рад карда мешавад.

Таҳлили мусбӣ бошадтаҳлили иқтисодиест, ки барои муайян намудани сабаб ва натиҷаҳои фаъолияти иқтисодӣ истифода мебаранд.

Барои таҳлили дастурӣ се намуди асосии интихоб, ки ҳар кадоме низоми иқтисодиро ба амал меоранд мансуб мебошанд. Яъне, дар ин ҷараён масъалаҳои асосии иқтисодиёт: чӣ бояд истеҳсол кард?, чӣ тарз ва барои кӣ? истифода мешавад.

Таҳлили дастурӣ мумкин аст, ки дар мавриди таҳлили тавсияҳо барои ҳодисаҳое, ки бояд ба вуқӯъ оянд истифода бурда мешаванд.

Масъалаи дигари иқтисоди хурд модели гирдгардиш ба ҳисоб меравад. Модели гирдгардиш иқтисоди хурдро ба ду гурeҳ:

  1. хоxагии хонагӣ (хонаводаҳо),
  2. ширкату корхонаҳо xудо мекунад.

Муносибатҳои иқтисодии ин ду ашхоси иқтисодӣ тавассути бозори омилҳои истеҳсолот ва бозори молу хадамот сурат мегирад.

Мадели гирдгардиш намуди зеринро дорад.

Бозори молу хизматҳо
Хоxагиҳои хонагӣ Фирма (корхона)
Бозори омилҳои истеҳсолот

1.Рента 1. Замин

2. Муз. м. 2. Меҳнат

3. Фоида 3. Соҳибкорӣ

4. %-фоиз 4. Сармоя

Ақрабаки соат гардиши пулӣ (м. дусектора), муқобили ақрабаки соат гардиши молӣ.

Ба иқтисоди хурд инчунин модели мувозинатӣ ва чандирӣ дохил мешавад. Модели мувозинатии бозор ҳангоми афзоиши робитаи байниҳамдигарии омилҳои истеҳсолот истифода бурда мешавад. Модели мувозинатии мол барои афзунсозии натиxаи истеҳсолот истифода мешавад. Аз ҳамин сабаб мафҳумҳои асосии ин модел хислати ниҳоӣ доранд. Масалан, маҳсулоти ниҳоӣ, хароxоти ниҳоӣ, даромади ниҳоӣ,… Ин мафҳумҳо аз тарафи намояндагони мактаби маржиналистӣ истифода шудаанд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *