Фанни Суханвари (риторика)

Зарофатгуйи ва латифаҳо

Дар ҷараёни суханварӣ гоҳ иттифоқ меафтад, ки барои аз хастагӣ баровардани табъи шунавандагон ба овардани матолиби дилчасп ва нағз, ки ҳам мояи кушоиши хотир ва ҳам омузанда бошад, ниёз пайдо мекунем. Овардани чунин гуфторҳо, ки хоҳ дар сурати назм бошад ё наср, ба суханвар имкон медиҳад, ки дар тарғиби шунавандагон тавфиқи фаровон бахшад ва даричаи тозае дар баробари гуянда ва шунаванда кушояд.

Барои латифагуйӣ ва ширинзабонӣ наметавон меъёри қатъӣ ва муайян овард, суханвар худ бояд табиати маҷлис ва руҳияи интизороти шунавандагон ва пояи донишу биниши ононро дар назар бигирад ва аз маҷмуи зароифу латоиф ва шухӣ, ширинбаёнӣ (ба шарти он ки сабаби тамасхури дигаре нашавад ва ҳадафи шухӣ худи у бошад), ки дар хотири худ барои чунон соате захира кардааст, бо ахлоқи умумӣ ва эҳтиром якеро интихобу бо беҳтарин сурате баён кунад.

Дар боби шухӣ ва тарзи иҷро, шароити он баҳои комили муфассал лозим аст ва дар ин ҷо бархе аз омилҳоеро, ки муҷиби шухии дилнишин ва муассир гардад, ном мебарем: маълумоти кофӣ, зеҳни қавӣ, ҳассосияти руҳӣ, мавқеъшиносӣ, ҳофизаи қавӣ, завқи ҳунарӣ, табъи зарифу риояти адаб, ахлоқи муҳимтар аз ҳама.

***

Туфайлиро пурсиданд, ки:

— Иштиҳо дорӣ?

Г уфт:

— Мани бечора дар ҷаҳон ҳамин матоъ дорам.

***

Шахсе меҳмонро дар зерхона хобонда, ними шаб садои хандаи вайро дар болохона шунид. Пурсид, ки:

— Дар ин ҷо чӣ мекунӣ?

Гуфт:

— Дар хоб ғалтидаам.

Гуфт:

— Мардум аз боло ба пойин ғалтанд, ту аз пойин ба боло меғалтӣ?

Гуфт:

— Ман ҳам ба ҳамин механдам.

***

Қазвинӣ дар қаҳтсолӣ гурусна ба деҳе расид. Шунид, ки раиси деҳа ранҷур аст. Он ҷо рафт.

Гуфт:

-Ман марди табибам.

Уро пеши раис бурданд. Иттифоқан дар хонаи эшон нон мепухтанд.

Гуфт:

-Илоҷи у он аст, ки як ман равған ва як ман асал биёред.

Биёварданд. Дар коса кард ва ноне чанд гарм дар ин ҷо шикаст. Як луқма мебардошт ва гирди сари бемор мегардонид ва бар даҳони худ мениҳод, то тамом бихурд.

Гуфт:

— Имруз муолиҷааш тамом бошад то фардо. Чун аз хона берун омад, раис дарҳол бимурд.

Уро гуфтанд:

— Ин чӣ муолиҷа буд, ки кардӣ?

Гуфт:

— Ҳеч магу. Шаб агар ман он намехурдам, пеш аз у аз гуруснагӣ мемурдам.

Ҳорун ба Баҳлул гуфт:

— Дусттарин мардумон дар назди ту кист?

уфт:

— Он ки шиками маро сер созад.

Гуфт:

— Ман сер месозам, пас маро дуст хоҳӣ дошт ё на? Гуфт:

— Дустӣ насия намешавад.

***

Гунҷишке хонаи худро вайрон кард ва дар шафати ошёнаи лаклак хона сохт. Бо вай гуфтанд:

— Туро чӣ муносибат, ки бо ҷуссаи бад-ин ҳақирӣ бо ҷонваре бад-ин бузурги ҳамсоя бошӣ?

Гуфт:

-Ман низ ин қадар донам, аммо ба донистаи худ амал карда наметавонам. Дар ҳамсоягии ман морест, ки чун ҳар сол бачагони маро у қути худ гардонидааст, имсол вайро қути бачагони худ гардонам.

***

Бояд гуфт, ки яке аз аркони адаби инсонӣ аз ҳадду меъёр нагузаронидани ҳаҷву мутоиба ва базлагуиҳост. Албатта, дар нишастҳои ғайрирасмӣ ва баъзан расмӣ дар мавридҳои муносиб ҳаҷву мутоиба аҳли ҷаласаро хушҳол ва болидахотир месозад. Ба шарте, ки агар беғаразона ва ба иззати нафси касе нарасад ва дар у

асари малол ва кароҳият ба вуҷуд наорад, то дустро ба душман табдил насозад. Бузургон дуруст гуфтаанд, ки:

Сухан дониста гу, то дустро душман нагардонӣ,

Зи ҳарфи бетаҳаммул ошно бегона мегардад.

Агар касе дар мизоҷ бо суханони рост ҳозиронро бихандонад, ҳеч боке нест. Пушида намонад, ки ҳамчунон ғайбат кардан ҳаром аст, ғайбат шунидан низ ҳаром аст. Ва лозим меояд шунавандаро, ки ғайбаткунандаро аз ин амали зишт манъ намояд. Вале ниёгон дар баъзе мавридҳо ғайбатро раво донистаанд: дар боби ҳокиму султони золим, олим айби шогирд бигуяд, ғайбат кардани аҳли бизоат ва ғайра.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *