Фанни Суханвари (риторика)

Таносуби шунавандагон бо якдигар ва суханвар бо онон

Равиши ба расмият даромадаи таълимоти ҷаҳон тариқи ҷамъист, ки дар он гуруҳе бо дараҷаи таҳсили яксон ва суннатӣ наздик ва ҳам дар ҷое гирд меоянд ва чун аз назари истеъдод, қудрати дарк, ҳофиза, амалу алоқа аз якдигар тавофут доранд, устод ногузир аст, ки омузиши худро ба меҳвари кайфиёти руҳӣ ва ҷисмии онон бичархонад. Гоҳе матолиби болотар, замоне одитар биёварад, то ба дараҷаи миёна бирасонад ва ба марҳалаи олӣ қадам гузоранд.

Дар дунёи сухан низ гоҳе барои маънӣ дар риштаи адабиёти донишгоҳ ё мактабҳои таҳсилоти ҳамагони тавассути устодон маърузаҳо эрод мешавад. Дар чунин маврид лутфи суханвар равшан аст, бояд кайфияти баёнро бар манбаи ҳадди мобайни маълумоти ҳозирин қарор диҳад.

Дар суханрониҳои иҷтимоӣ, динӣ ё гирдиҳамоӣ, ки наметавон интизори шунавандагони ҳамфикру ҳамақида дошт, кор душвортар аст. Суханвар бояд нутқи худро ба сурати таркибе аз матолиби гуногун ва бар руйи ҳам, сода ва равшан ба ҷилва диҳад ва дар ин айни ҳол аз интизороти шахсони соҳибмаълумот ғофил набошад. Ҳамчун суханвар бояд аз вазъи шунавандагон огоҳии комил дошта бошад.

Табиист, дар сурате, ки ихтиёри ташкили ҷаласа ва маҳфил ба суҳанвар бошад, у худ мавзуе интихоб менамояд, ки ба он алоқаманду дар он мантиқи кофӣ ҳукмрон бошад. Касонеро даъвату ҷоеро барои ҷаласа интихоб намояд, ки ҳама битавонанд бо истифода аз таносуби нисбии суханвар баҳраи кофӣ ёбанд. Мумкин аст, мавзуъ барои сухан гуфтан бо руҳияи аксар шунавандагон созгор набошад, суханвар бояд бомаҳорат худро аз ин тангно бираҳонад, коре кунад, ки сабаби шефтагӣ дилтангии ҳозиронро фароҳам созад.

ТАВАҶҶУҲ БА ТАВОНОИҲО, УСТУВОРӣ,

АЗМ ВА ИРОДА

Дар ҷараёни зиндагӣ ба баъзе ашхосе вохурдаем, ки дар ҷаласаҳои расмӣ бо вуҷуди шуғл ба мақоми муҳим, ҳар гоҳ барои баёни матлабе даъват шаванд, дасту пой гум мекунанд, чеҳраашон дигаргун мешавад, ларза дар андомашон меафтад, пешонии онҳо арақ мекунад. Ин шахсон нафароне ҳастанд, ки ба заъфи шахсият дучор буда, тавониҳои худро нодида гирифтаанд ва аз ҳузур дар ҷамъ метарсанд ва аз тарси он ки наметавонад мақсуди худро дуруст ва равшан баён кунанд, дастхушу нотавон гардидаанд. Бидуни бархурдорӣ аз иродаи қавӣ ва талқин ба машқу тамрин дар ин кор наметавон бар душвориҳо пируз омад. Бо тарсу бим ба оянда нигаристан истеъдод ва маҳорату қобилияти фитриро ба ҳеч машқу тамрин бо тарсҳои худ хилват кардан ва бо забони онҳо, ки ба забони мост гуш додан, амнияти хотир ба бор намеоварад. Нутқ захираи омодагии ирсӣ (зотӣ) ва муқаддимоти корро фароҳам овардан ва ба заифиҳои мухтасар аҳамият надодан ва кушишу талош дар беҳбуди кор ниёзманд аст. Дар чунин мавриди душвор ду чиз метавонад касро пируз ва муваффақ гардонад:

-Иродаи қавӣ;

-Машқу такрор.

Ҳама бояд бидонад, ки барои тавқияти руҳӣ бархурдорӣ аз иродаҳои оҳанин тарсу ваҳм ва ноумедиро ба худ роҳ додан лозим нест. Агар ба худ қавл диҳем, ки аз уҳдаи коре мебароем, ҳеч монеае наметавонад моро аз мақсад боздорад ва ҳатман муваффақ хоҳем шуд. Ва баръакс, ҳар гоҳ пиндорем, ки ин кор нашуданӣ, ин душворӣ чоранопазирӣ ва ин бор ба манзил нарасиданӣ аст, ҳаргиз ба ҳадафи худ ноил нахоҳем шуд.

Ба таври мухтасар бояд пеш аз суханронӣ бидонем, ки дар бораи чӣ матлабе сухан хоҳем гуфт. Оё азму ҷазму майли қавӣ барои анҷом додани ин кор дорем, оё шаҳомат, имони кофӣ ҷиҳати муваффақият дар худ ҳис мекунем?

Барои фарди навкор ҳангоми суханронӣ толори суханварӣ ба монанди майдони ҷанг аст. Сарбози одӣ вақте ки нахустин бор дар саҳнаи набард менигарад, тарс дар вуҷудаш ғолиб мешавад. Тирандозиҳои нахустин тарсу бими уро аз миён мебарад, бебокона ба ситез мепардозад, ҷомаи муваффақият мепушад. Суханвари навкор бояд дар ҳамон оғоз худро набозад, рост биистад ва мустақим ба дидагони шунавандагон бингарад ва муқаддимаеро, ки пешопеш омода кардааст, ба итминони комил бар забон ронад ва ҳангоме вориди матлаби мавзуъ шуд, ҳамон таваҷҷуҳи ҷамъият чӣ басо матлаби ногуфтаро бар у талқин мекунад ва сарбаланду муваффақ вазифаи худро анҷом медиҳад.

Ба ҳамин ҷиҳат, масали маъруф: «Донише, ки дар кудакӣ ёд гирифта мешавад, монанди нақшест бар санг», ҳақиқати маҳз аст. Усулан, хамирмояи маҳфузоти мо: ашъор, афкор, гуфтаҳо ва шунидаҳоеанд, ки дар навҷавонӣ ёд гирифтаем. Луғати забономузӣ, ҳифзи абёту масалҳоро дар давроне, ки дарки хотира парешон нест, бояд ҳифз намуд.

Калонсолон бояд нахуст тамоюли ботинӣ барои фарогирӣ ва ба хотир гирифтан дар худ ҳис намоянд. Ирода бояд усули қувва бошад. Парокандагӣ, парешонии фикр бояд аз миён биравад. Матлаби фарогирифташуда рузе чанд бор ё ҳафтае чанд бор такрор шавад. Захираи ҳифз агар гоҳе бар руйи коғаз биёяд, кумаки бузурге барои ҷилавгирӣ аз фаромушӣ аст. Ба ҳамин далел вақте матни суханрониро ҳозир кардем, хотирҷамъ шудем, ки матлаби муҳим дар хотирамон вуҷуд дорад, хулосае аз он чӣ мехоҳем дар ҷое эрод кунем, ё руйи дафтар биёрем, беҳтар аст.

Офате, ки маъмулан, сабаби сустии ҳофиза мешавад, неруи фаромушӣ аст ва ин бисёр зиёновар аст. Маълум аст, ки марди куҳансол дертар аз ҷавон метавонад матлаберо фаро гирад ва дар мавқеи худ арз намояд, зеро гирифтори зиндагӣ, заъфи ҷисм омилҳои дигарро беасар наметавон ҳисоб кард. Ҳар фарди солимақл бояд ҳамеша иродаи қавӣ ва халалнопазир дошта бошад. Ҳамаи шумо агар аз сармо ранҷ баред ва худро таҳти таъсири он ба шумор оваред, ё аз торикӣ

битарсед, тарсу бимро дар вуҷуди худ тақвият кунед ё дарсро мушкил бидонеду нахонед, кам-кам ба ҳамон ҳолат гирифтор мешавед. Аммо агар бигуем: ҳаво хунук ва дарс мушкил нест, аз чизе бок надорем, таъсири руҳӣ дорад ва вазъ беҳтар мешавад. Яке аз донишмандони таълим ва тарбият ҳар вақт дандонаш дард мегирифт, мегуфт: «Ман-ку дард намекунам, дандон дард

мекунад».

Еро, биҳишт суҳбати ёрони ҳамдам аст, Дидори ёри номутаносиб ҷаҳаннам аст.

Ҳар дам, ки дар ҳузури азизе бароварӣ,

Дарёб, к-аз ҳаёти ҷаҳон ҳосил он дам аст.

На ҳар кӣ чашму гушу даҳон дорад, одам аст, Бас девро, ки сурати фарзанди одам аст.

Он аст одамӣ, ки дар у ҳусни сиратест,

Е лутфи суратест, дигар ҳашви олам аст.

Онон, ки дар баҳор ба саҳро намераванд,

Буйи хуши рабеъ бар эшон муҳаррам аст.

Ором нест дар ҳама олам ба иттифоқ,

В-ар ҳаст дар муҷовирати ёри маҳрам аст.

Дунё хуш асту мол азиз асту тан шариф, Лекин рафиқ бар ҳама чизе муқаддам аст.

Мумсик барои мол ҳамасола тангдил,

Саъдӣ ба руйи дуст ҳамаруза хуррам аст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *