Фанни Суханвари (риторика)

Боэътимод суханронӣ кунед ва нутқи худро тайёр намоед!

Муҳимтарин нуктаи ҳунари сухандонӣ он аст, ки бояд қабл аз шуруъ ба суханронӣ, он чи ҳарфи гуфтанӣ ҳаст, бояд комилан тайёр карда шуда бошад ва нотиқ хуб бидонад, ки чӣ мехоҳад бигуяд ва чӣ муддао дорад. Шахсе, ки ба паси мизи суханронӣ меравад, ин дастурро бояд комилан иҷро карда бошад. Он гоҳ нутқаш тадриҷан хубу гуё хоҳад шуд.

Дарвоқеъ, агар гуфтор хуб тайёр карда шуда бошад, мутмаин бошед, ки суханронӣ низ хубу аъло ба иҷро расидааст. Чаро ки нахуст, дар чунин ҳолат суханҳои берабт ва парешон гуфта намешавад, сониян, имкон пайдо мекунед, ки ба лаҳну шеваи гуфтор мутаваҷҷеҳ бошед.

Шояд баъзеҳо тасаввур намоянд, ки роҳи аз ҳама мувофиқтари омодагӣ ба суханронӣ ин аст, ки шахс бештар китоб бихонад. Аммо ин яке аз омилҳои сухандонист. Шунавандагон, албатта, ба вай гуш медиҳанд, вале аз он лаззат намебаранд ва шефта намешаванд. Олиме мазмуни осори безаволи Фирдавсӣ «Шоҳнома»-ро хуб аз бар карда буд. Ҳар боре, ки мебоист ба шунавандагон дарс диҳад, у мазмуни достонҳои «Шоҳнома»-ро муфассалу афсонавор нақл мекард ва беҳуда вақти пурқиматашонро мегирифт. Ин амал ба шунавандагон маъқул наафтод ва мақбул нагардид. Чаро? Зеро сабаб дар он буд, ки аксари шунавандагон дар баробари олим «Шоҳнома»-ро медонистанд ва такрори он ҳоҷат набуд. Дар охир норозигии худро баён намуданду дигар майлу хоҳиши даъвати уро накарданд.

Бинобар ин, шахс бояд пеш аз гуфтор андеша намояд, ки суханронии у чӣ тавр бояд сурат бигирад, ки ба шунавандагон писанд афтад ва ҳусни таваҷҷуҳи ононро ба худ ҷалб созад. Ҳар як шахс бояд ақидаву андешаҳои хоси худ, лаҳни гуфтори хоссаи худро дошта бошад. Нахуст, он чиро, ки баён кардан мехоҳед, дар лавҳи хотири худ тасаввур кунед ва он фикрро ба тартиб биёред. Дар он сурат фикру гуфтори шумо ба ҳам мувофиқ афтода шинаму хушсадо танинандоз мегардаду дар қалби шунаванда маъво мегирад:

Сухан, к-он аз сари андеша н-ояд,

Навиштанрову гуфтанро нашояд.

Ҳатто чӣ тавре ки шоирону олимон амал мекунанд, дар назди ҷойгоҳи хоби худ қаламу коғаз бигузоред ва дар мавриди ба хотир омадани матлабу ақидаи хуб фавран аз ҷой бархоста, онро руйи дафтар биёред. Мегуянд, ки ҳазрати Исои Масеҳ барои он ки ба мардум вазъ бигуяду гуфтораш асар бикунад, муддати чил руз ба биёбон рафта, ба куллӣ он чиро, ки бояд баён намояд, фикр мекард, баъд аз он ба шаҳр омада ба панду андарзи мардум мепардохт. Дар мавридҳои алоҳида хешро ба ҷойи шунавандагон шуморида, матлаберо, ки гуфтан мехоҳед, тасаввур кунед, ки каси дигар гуфт, ба шумо хуш меояд, ҷолиб аст ё не, ба қиёс бигиред ва он гоҳ ба гуфтори хеш бовар ҳосил намоед. Дар ин маврид Хоҷа Ҳофиз барҳақ фармуда:

Чанг дар парда ҳамин медиҳадат панд, вале,

Ваъзат он гоҳ кунад суд, ки қобил бошӣ.

МАШҚИ ОВОЗ БА ВОСИТАИ НАФАСКАШӣ

Аввал рост истода, фишори баданро ба руйи пошнаҳои по ворид оваред, ба тавре ки вазъи бадан табиӣ ва шонаҳо фарох бошанд. Сипас як дасти худро ба болои сар гузошта, бадан ва сари худро боло кашед, ки дастонатон худ ба худ пеш майл намояду гарданатон ба пушти гиребони пироҳан такя намояд. Ин ҳолати муносиби нафаскашист. Ин амалро бештари вақт иҷро кунед. Ҳосили ин машқ сайқали овозатон мегардад. Умратон зиёд ва аз бемории сил дар амон хоҳед буд.

Дар асари сухарониҳои барзиёд гулуи инсон хаста шуда, гоҳе дард мегирад. Барои рафъи ин хастагӣ бояд гулуро водор ба истироҳат кард, ба ин маънӣ, ки бе овардани кадом фишори хурдтарин ба он нафаси амиқ бахшед. Ва барои ин ки битавонед ин амалро иҷро кунед, ба худ ҳолати хамёза кашиданро гирифта ва нафаси амиқ бикашед ва дар айни ҳол даҳони худро ба ҳолате боз кунед, ки мехоҳед «на» бигуед.

Агар ҳунарманди саҳна дар як ҷо истода сухан гуяд, қомат бояд рост бошад, валекин гоҳе лозим мешавад, ки суханвар барои ҷалби таваҷҷуҳи шунавандагон ба суйи онҳо хам мешавад. Танҳо бо тақозои ҳолат ва вазъият ҳунарвар метавонад гоҳе чап ва гоҳе рост пеш ва ё пас ҳаракат намояд ва ё моил шавад. Яъне, ҳамон тавр сурат нагирад, ки шунаванда на ба сухану мантиқи он, балки ба ҳаракати он таваҷҷуҳ намояд. Сарро бояд дар ҳолати табиӣ нигоҳ дошт. Агар бисёр ба зер хам бошад, сарафкандагист, бисёр ба ақиб рафта бошад, худписандӣ ва бешармист. Муддати дароз рост ва беҳаракат бошад, хушк ва беотифа аст. Ҳаракати даст низ агар маънӣ ва ба ҳадди эътидолу муқтазои ҳол бошад, писандидааст ва ботаъсир, агар акси он бошад, бисёр номатлуб аст. Башара ва қиёфа ҳам бояд муносиби сухан бошад. Чашм, абру, лаб ва даҳон ҳаракати беҷо ва нолоиқ нанамояд. Афсурдагӣ ва шодӣ, хашму меҳрубонӣ- ҳар як дар руй ва нигоҳ намоиши хос дорад. Чашм ҳамеша ба як суй духта набояд бошад, аммо ҳаракат беқоида ва берабту бенизом низ набояд бошад. Яке аз устодони суханварии қадим гуфтааст: чеҳра ойинаи руҳ аст ва чашм мутарҷими уст. Асабонӣ ва дар ҳолати парешонхотирӣ набояд буд. Хешро набояд бохт, аммо офати бузурги суханварӣ ва суханороӣ тасаннуъ (маддоҳию саногуйӣ) ва такаллуф аст. Бедил дар ин бобат фармудааст:

Бедил, на мадоро, на тавозуъ бардор,

Не расми такаллуф, на тасаннуъ бардор.

Инсон бояд табиӣ бошад, аммо табиӣ будан ва шудани шахс басе душвор аст ва мунтаҳои ҳунармандист. Ба касе набояд тақлид намуд, ки бисёр зишту дағалу қабеҳ аст.

Дар таҷрибаи суханварони олам омада: Боре

Шармон Роҷерс ва рафиқонаш дар як анҷуман суханронӣ кардаанд. Аввал дусташ ҳарф зада, баъд у. Роҷерс саводи комиле надошта ва умри зиёди худро дар ҷанҷол гузаронида ва дар гуфтораш низ ғалатҳо бештар ба чашм мерасид. Матолибаш хеле сода ва маъмулӣ буд, вале дар ивази ин, у басо боҳарорат ва зинда суҳбат кард, ба дараҷае, ки аз суханронии рафиқаш ҷаззобтар ва марғубтар шуд. Ва мисли ин буд, ки у дар шунавандагон як таъсири барқӣ дошт. Сабаби ин мувафаққият ҳамон ба вуҷуд овардани майл ва ҳаяҷон аст, ки муҳимтарин омил барои ҳар амали иҷтимоист.

Ҳеч як кори бузургеро дар дунё бидуни майл ва ҳаяҷоне, ки бояд нисбат ба он ба вуҷуд оварда шавад, иҷро кардан мумкин нест.

Агар суханвар гумон барад, ки барои хуб шудани суханронӣ риоя кардани қонунҳои он кофист, хатои маҳз аст. Муҳимтарин нуктае, ки дар ин амр бояд риоя шавад, руҳи суханронӣ аст. Суханронӣ ва хушхонии муассир он аст, ки аз қалби гуянда сарчашма гирифта, ба қалби шунаванда нуфус кунад, на ин ки аз ақли гуянда баромада ва фақат ба ақли шунаванда асар намояд.

РОЗ

Эй модар, роз фош кардан ва сирри мардум боз гуфтан айби тамом дорад. Агар уламо дар худдорӣ, сабр аз мастур доштани ин хислат таъкидҳои бисёр намекарданд, ман ин розро мегуфтам.

Модар гуфт:

-Уламо дар ин бобат низ андешаҳои мухталиф доранд. Баъзе аз онҳо агар манфати умум тақозо кунад, гуфтани розҳои пинҳониро раво дидаанд:

Розе ба миён ор, ки мо маҳрами розем,

Бигзар зи сари ноз, ки мо аҳли ниёзем.

Ин ишорат, ки фармудӣ ба ғоят ситуда ва писандидааст, аммо изҳори сирру асрор ду айби куллӣ дорад: яке душмани он кас, ки эътимод карда, касеро маҳрами асрор сохта бошад; дуюм, бадгумонии дигарон, ки чун шахсе ба гуфтани сирру асрори мардум машҳур гашт, дигар ҳеч кас ба вай сухани худро намегуяд ва уро маҳрами роз намегардонад. Ба ҳамин тариқ, у аз назари дустон мардуд гардад ва боиси таънаи душманон шавад

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *