Фанни Суханвари (риторика)

Панҷ омили муҳим дар суханпайвандӣ

Омили аввал: Даромади сухан — гуфтор аксар вақт даромад мехоҳад ва мақсуд аз даромад ин аст, ки гушҳо барои шунидан ва зеҳну дидаҳо барои таваҷҷуҳ кардан ба сухан омода шаванд. Ҳангоме ки суханвар сухан оғоз мекунад, шунавандагон аҳволи мухталиф доранд. Мумкин аст, касе зеҳни эшонро нисбат ба гуянда ё матлабе, ки мехоҳад бигуяд, махлут карда бошад ва басо мумкин аст, ки шунавандагон нисбат ба у ва гуфтори вай асабонӣ, хашмнок ва мункир мешаванд. Гоҳе мешавад, ки гуянда ё матлаби уро қобили таваҷҷуҳ намедонанд. Ва гоҳе бараъкс, яъне шунавандагон нисбат ба гуянда ҳусни эътиқод доранд, муштоқи шунидани сухани у ҳастанд, вале суханвар музтариб, руҳафтода ва хастадил асту ташнагони хешро сероб гардонида наметавонад. Агар қисми охири мавзуъ бошад, даромад лозим нест.

Чун шунавандагон барои шунидани асли матлаб бесабранд ва тоқати шунидани пешгуфторро надоранд, баъзан муқаддимачинӣ зиён мерасонад. Дар ҳама ҳолат даромад барои ҷалб кардани диққати шунавандагон аст ва бояд бомаврид, муносибу бомавқеъ бошад, табиӣ буда, тул накашад, ки шуновандагонро хаста кунад ва берун аз мавзуи гуфтор набошад.

Суханро хуб даромад кардан корест душвор ва устодони суханварӣ ҳамеша таъкид кардаанд, ки дар даромад бояд диққату эҳтиёт кард, ки агар дар оғози сухан табъи шунаванда рамида ва ранҷида бошад, кори суханвар хароб ва заҳматаш ботил аст. Баъзе суханварон ин лаҳза (яъне, табъи шунавандагон ва ҳолати руҳии онон)- ро бисёр муҳим мешуморанд.

Гоҳе даромад бояд чунон бошад, ки шунаванда аз он пай набарад, ки гуянда чӣ манзур дорад ва ин навъ даромадро «бароати истеҳсол» мегуянд ва аз санъатҳои бадеӣ мешуморанд ва дар ҳақиқат, гоҳе бисёр хушоянд аст.

Бароат — равшанӣ, фазилат ва бартарӣ ҷустан дар фазлу ҳунарро мегуянд.

Истеҳсол — дар луғат толиби дидани моҳ буда, дар истилоҳи адабӣ байтеро меноманд, ки шоир дар оғози маснавӣ ё қасида зикр менамояд ва ба василаи он хонандаро аз мундариҷаи асар огоҳ месозад. Масалан, оғози достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мулҳами Бухороӣ чунин санъати «бароати истеҳсол» дорад:

Қалам-маҷнуни дашти саҳфаи роз,

Чунон шурида сар бардошт овоз.

Ҳамаи қувваи худро дар даромад набояд ба кор бурд ва барои бақияи гуфтор ҳам бояд захира нигоҳ дошт.

Даромад бояд зарифу зебо бошад, ҳарчанд ин сифат дар саросари гуфтор зарур аст, аммо дар даромад заруртар аст.

Баёни латиф, баҷо ва муносиб аксар маврид василаи ҷалби шунавандагон аст, аммо, албатта, бояд беҷо ва бетаносуб набошад.

Фурутанӣ ва тавозуъ дар даромад аксаран бисёр муносиб аст ва ба таври куллӣ тадбирҳое, ки дар суханварӣ ба кор аст, дар даромад ҷо дорад.

Ҳамчунин суханвар набояд дар ибтидои сухан саъй дар исботи бартарии илмӣ ё бархе аз имтиёзоти зоҳирӣ ва ё ботинии худ кунад, ки ин таъсири номатлубе бар шунавандагон мегузорад.

Ба ҳар ҳол чунонки гуфта шуд, нукоти муҳимме, ки дар даромад бояд риоя шавад, табиӣ будани сухан аст ва муқтазои ҳол муносиби мақом сухан гуфтан ва мизоҷи шунавандагонро дар назар гирифтан ва таносуби каломро аз ҷиҳати комилияту кайфият ё мавзуи замону макон санҷидан лозим аст. Албатта, ҳамаи ин вобаста ба завқи салим ва салиқаи мустақим аст:

Ҳофиз, варақи сухандароӣ тай кун,

В-ин хомаи тазвиру риёӣ пай кун.

Сухандонон сухан душиза гуфтанд,

Сухан бигзор, марворид суфтанд.

(Низомӣ)

Соиб, сухани сабз бувад зиндаи ҷовид,

Фирузаи ман кони Нишопур надорад.

(Соиб)

Омили дувум: Тарҳи матлаб ва тақсими он.

Суханвар пас аз ҳосил кардани мақсуде, ки аз даромад дошт, вориди матлаб мешавад. Баёни матлаб бояд аз руйи нақшаи муайяне сурат бигирад, то ки афкор парешон нашавад. Дар пешаи суханварӣ онро «тарҳи матлаб» мегуянд. Қоида ин аст, ки тарҳи матлаб бояд возеҳу равшан, сухан мухтасару муфид ва содаю табиӣ бошад.

Басо мешавад, ки суханвар тарҳу нақшаи суханронии худро ба шунавандагон эълон менамояд. Гоҳе мешавад, ки ҳоҷат ба он нест, чароки шунаванда аз қисмати даромад равшан дарк мекунад, ки матлаби гуянда чист. Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ ба ҳамин маънӣ ишорае дорад:

Пири хирад аз тарҳи суханронии ту,

Донист, ки то куҷост нодонии ту.

Ба ҳар ҳолат мавзуи сухан бояд дуруст, маълум ва равшан бошад. Бо мақсади он ки маънӣ равшан гардаду чандон мушкилие пеш наояд, суханвар гуфтори хешро ҷиҳати яклухтии маром қисмат намуда, бо тартиби муайян нақл мекунад.

Дар ҳар сурат тақсими матлаб дар гуфтор бомаврид буда ва қисматҳо аз якдигар фарқ намоянду андешаҳои мухталиф ба ҳамдигар омехта нашаванд. Дар натиҷа матлаб равшан шавад, ғалату иштибоҳ роҳ наёбад ва тақсим бояд табиӣ ва тадриҷӣ бошад.

Сухансароӣ гуфторро ба гуши касоне, ки барои онҳо таҳия шудааст, мерасонад. Сухансароӣ ба ин маънӣ фанни муҳимест ва румузу дақоиқ дорад, ки агар суханвар риоя накунад, ранҷиши беҳуда хоҳад буд, зеро ки чигунагии сухансароӣ дар қаноатмандист ва тарғибу ташвиқе, ки аз сухан манзур аст, таъсири куллӣ дорад. Як суханро метавон чунон адо кард, ки шунавандагонро тасхир созад ва ҳамон сухан мумкин аст, ба лаҳне адо шавад, ки ба куллӣ бе асар бошад ва малолат оварад. Мардум дар суханварӣ одати мухталиф доранд. Баъзе гуфторро қаблан менависанд ва ҳангоми сухансароӣ аз руйи навишта мегуянд, баъзе он чиро навиштаанд, ҳифз мекунанд ва азёд мехонанд. Баъзе ба навиштан даст намебаранд, валекин дар хотири худ нигоҳ медоранд. Агар ба ҳофиза бовар надошта бошанд, усули матолиби гуфторро ёддошт мекунанд ва ҳангоми сухансароӣ аз он ёддоштҳо ёрӣ меҷуянд ва баъзе дигар ҳеч як аз ин корҳоро накарда, бе муқаддима ва бидуни таҳияи қаблӣ ба сухансароӣ мепардозанд.

Қисми охир ҷуз барои касоне, ки дар суханварӣ истеъдоди фавқулода доранд, натиҷаи писандида намедиҳад ва бо истиснои он ки дар мавриди маҷбуран ва ё таъҷилан уро ба сухангуйӣ даъват намоянд.

Дар мавриди он ки суханвар гуфтори худро бинависад ва аз руйи навишта хонад, ин ҳам чандон писандида нест. Аз ин ру, сухансароӣ беҳтар он аст, ки гуфторро қаблан омода намоянд ва ҳам ба ҳофиза бисупоранд ва азёд бисароянд, ба шарти он ки ҳамчунин азёдхонии шогирдони имрузаи мактабҳои олӣ, ки аз руйи навишта хондан, аз он беҳтар аст. Валекин бештарин ҳолати сухансароӣ он аст, ки гуфторро дар хотири хеш таҳия карда, омода созанд ва дар мавқеъ бо мадади ёддоштҳо ё агар қувваи ҳофиза саршор аст, бидуни он барои шунавандагон бисароянд.

Ба ҳар ҳол барои он ки гуфтор дилписанд ва сухан муассир шавад, суханвар одоб ва шароитеро бояд риоя кунад ва ҳарчандки ин кор ҳам монанди қисматҳои дигари суханварӣ истеъдоди хосро тақозо дорад, зикри он одоб ва матлабе сохтан ба онҳо судманд аст.

Хулосаи калом, он чи дар ин ҷо гуфтем, ду қисм аст: ё роҷеъ ба ҳофиза аст ё марбут ба ҳаракату сукунат, лаҳну овоз.

ҲАСАД

Ҳасад оташест, ки чун барафрузад, тару хушк бисузад. Ғолиби ҳасад то он ҷост, ки ҳатто кас ба наздикони худ низ некӣ карда наметавонад.

Ҳеч ранҷе аз ҳасад азимтар нест, чунки марди ҳасуд пайваста аз шодии мардум ғамнок бошад ва аз роҳати дигарон дар ранҷу азоб.

Ҳасад ба ҷое мерасад, ки шахси ҳасуд нисбат ба худ некуӣ намехоҳад:

Он дард, ки дармон напазирад, ҳасад аст,

Ойини ҳасад қоидаи деву дад аст.

Гуянд ҳасуд хасми мардум бошад,

Гар з-он наку дар нигарӣ, хасми худ аст.

Зарурати тақсими матлаб дар суханварӣ он аст, ки шунавандагон наметавонанд ҳамаи он бахшҳоро дар зеҳн қабул кунанд, фаромуш мекунанд ва матлаб ба ҷойи равшан шудан торик мешавад ва гуянда худ низ гуфтораш печухам мегардад.

Хулосаи калом, боз такрор мекунем, ки тарҳи матлаб ва тақсими он бояд сода ва табиӣ, равшан, мухтасар, муфид бошад.

Омили сеюм: Нақли воқеа. Ҳикоят ё нақли воқеа, албатта, дар мавридҳоест,ки воқеа табиӣ нақл карда шуда бошад. Бинобар ин, дар ҳамаи гуфторҳо нақли воқеа маврид надорад ва агар навъҳои мухталифи суханвариро дар назар бигирем, мебинем, ки дар суханварӣ ташрифоте, ки мавзуи он ситоиш аз ашхос аст, ғолиби ин аст, ки воқеа нақл карданӣ ҳаст, аммо дар суханварии минбарӣ (воизӣ) камтар иттифоқ меафтад, ки нақли воқеа лозим шавад, ҳарчанд мумкин аст, ки иттифоқан зарурат пеш ояд.

Нақли ҳикоят танҳо кори суханвар нест. Муаррих ва достонсаро, устодон, баъзан шоир ҳам бояд воқеа нақл кунад, валекин ҳар кадоми ин ашхос ҳикояро барои матлаби хеш нақл мекунад. Шоир ва достонсаро аз нақли воқеа назар доранд ба ин ки шунаванда ё хонанда зимни ин ки аз мавқеъ огоҳ мешавад, аз зебоии калом низ лаззат бибарад. Манзури муаррих ин аст, ки хонанда аз воқеа огоҳ шавад ва панд бигирад. Ҳадафи устод аз нақли воқеа ин аст, ки шогирдонро ба ҳаёт, ба таҷрибаи рузгор наздик гардонад. Мақсуди суханвар аз нақли воқеа ин аст, ки шунаванда нисбати муддаои у бовар намояд ва басо мешавад, ки бо ҳамин нақли воқеа муддао собит мешавад ва ба исботи дигар ҳоҷат намеафтад. Бинобар ин, шоир ва достонсаро, муаррих ва суханвар воқеаро яксон нақл намекунад. Чун ҳар як бояд онро ба манзури тинаташ созгор намояд, валекин дар ҳар ҳол нақли воқеа бояд равшану муҷаз, дуруст ва дилпазиру ҷаззоб бошад. Равшан будани ҳикоят ба ин аст, ки воқеа ба тартиб, саҳеҳ нақл шуда, лафзу ҷумлаҳо, ибораҳо дуруст, сареҳ, ба ҷойи худ ва муҷаз бошанд.

Аз мавзуъ ҳар чизро ба ҷойи худ бояд гуфт. Такрор набояд кард. Ҳарчиро метавон бо ишорат ва далолат фаҳмонид. Вақте ки мехоҳед бигуед: «Ба дидани фалон рафтам, дар хона набуд», мегуяд: «Ба қасди мулоқоти фалонӣ рафтам, ба хонааш расидам, дарро кубидам, писарчааш дарро кушод, аз у падарашро пурсидам, гуфт, ки дар хона нест». Оё аз гуфтани ин ҷумлаҳо манзур чист ва нафъе дорад? Бояд дар назар дошт, ки чӣ чизҳоест, ки гуфтанаш зарур ва муфид аст ва албатта, аз гуфтани онҳо худдорӣ набояд кард. Аммо он чӣ зарур ва муфид нест набояд гуфт ва мутаваҷҷеҳ бояд буд, ки дарозии сухан мояи бозорӣ аст. Агар воқеаи гуфтанӣ бисёр бошад, ки натвон онҳоро сарфи назар кард, тадбире бояд андешид, ки маломат ва озурдагӣ наоварад.

Агар мумкин шавад, воқеаро дар саросари гуфтор пароканда бояд сохт, то ҳар қисмате аз он дар ҷое ва мавриди муносибе гуфта шавад ва нақли воқеа бисёр якрангу яксара набошад.

Ба ҳар муддате гардиши рузгор,

Зи тарзи дигар хоҳад омузгор…

Чӣ ганҷ аст, к-он армуғоним нест,

Дареғо ҷавонӣ, ҷавоним нест!

Ҷавонро чу гул нахл бар абраш аст,

Чу пирӣ расад наъл бар оташ аст.

Дили ҳар киро, к-у сухангустар аст,

Суруше, сароянда ёригар аст.

Дилам оташу толеам шер буд,

Забонам дар он шуғл шамшер буд.

Ду ҷо мардро буд бояд далер,

Яке назди оташ, яке назди шер.

Магар оташу шер ҳамгавҳаранд,

Ки аз дому дад ҳар чӣ бошад, хуранд.

Гаҳ аз лутф бархостам зеваре,

Гаҳ аз ганҷи ҳикмат кушодам даре.

Шарти дигар ин ки ҳикоят дуруст ва воқеӣ бошад, зеро ки ҳеч кас, хосса суханвар хилофи воқеъ набояд бигуяд, набояд ғофил бувад, ки дуруғ ҳеч гоҳ пинҳон намемонад ва ба зудӣ ошкор мешавад ва дар он сурат сухани гуяндаро яксара беэътибор ва беасар мекунад. Аз ин гузашта нақли воқеа бояд ба табиати мавзуъ созгор бошад. Дар ин маврид Ҳаким Низомии Ганҷавӣ барҳақ мефармояд:

Чу битвон ростиро дарҷ кардан,

Дуруғеро чӣ бояд харҷ кардан.

Ҳамин тавр, дурустии гуфтори суханвар монанди дурустии гуфтори муаррих нест, зеро таърихнигор ҳадафе ҷуз ин надорад, ки ҳақиқатро маълум намояд, аммо суханвар аз нақли воқеа пешрафти муддаои худро манзур дорад. Бинобар ин, айни он чиро ки ҳаст, баён намуда, хилофи воқеа намегуяд, амреро, ки бо манзураш созгор нест, ба ихтисор ва кутаҳӣ мегузарад ва он чӣ мусоид аст, тақвият медиҳад ва барҷаста месозад.

Дилпазиру шавқовар будани ҳикоят низ, албатта, бояд риоя шавад. Достонсароӣ чунон бояд бошад, ки кунҷковии шунавандаро ба ҳаракат оварад, то хотири у ҳамеша дар пайи он бошад, ки дунболаи донистаниро бишунавад ва саранҷомро дарёбад. Яъне, ҳикоят бояд ширин, дилчасп, марғуб бошад ва нукоту дақоиқ дар бар дошта бошад, ки онро дилпазир созад.

Ороиши ҳикоят бисёр хуб аст, ба шарти он ки сунъӣ наёяд ва сохта будани он падидор набошад. Беҳтарин васила барои дилпазир будани ҳикоят ин аст, ки суханвар мавзуи матолиби худро ба хубӣ мавриди омузиш қарор бидиҳад ва бар он иҳота ҳукмрон бошад. Гоҳе мешавад, ки нақли воқеаро ба тарҳи матлаб бояд муқаддам дошт, чунонки аз ҳикояти воқеа матлаб аён шавад ва барои дарки матлаб омода гардад. Дар гуфторҳое, ки нақли воқеа маврид надорад, аксаран тавзеҳи матлаб ҷойи онро мегирад ва дар ин боб низ ҳамон шароит, ки барои нақли воқеа ёдоварӣ кардем, бояд манзур шавад. Ҳаким Низомӣ фармуда:

Сухан, к-он аз сари андеша н-ояд, Навиштанрову гуфтанро нашояд.

Суханро саҳл бошад назм додан, Бибояд лек бар назм истодан.

Сухан бисёр дорӣ, андаке гуй,

Якеро сад магуй, садро яке гуй.

Чу об аз эътидол афзун ниҳад гом,

Зи серобӣ ба ғарқ орад саранҷом.

Чу хун дар тан зи одат беш гардад, Сазои гушмоли неш гардад.

Сухан кам гуй, то бар кор гиранд,

Ки дар бисёр бад бисёр гиранд.

Туро бисёр гуфтан гар салим аст, «Магу бисёр» — дашноми азим аст.

Сухан ҷон асту ҷондоруи ҷон аст, Магар чун ҷон азиз аз баҳри он аст…

Сухан гавҳар шуду гуянда ғаввос,

Ба сахтӣ дар каф оянд гавҳари хос.

Зи гавҳар суфтан устодон ҳаросанд,

Ки қиматмандии гавҳар шиносанд…

Агарчи дар сухан, к-оби ҳаёт аст,

Бувад ҷойиз ҳар он ч-аз мумкинот аст.

Чу битвон ростиро дарҷ кардан,

Дуруғеро чӣ бояд харҷ кардан.

Зи кажгуйӣ суханро қадр кам гашт,

Касе, к-у ростгу шуд, муҳташам гашт.

Омили чаҳорум: Исботи муддао ва ҳалли

шаклҳо.

Исботи муддао ва ҳалли шаклҳо усули асосии суханварӣ аст. Беҳтарин дастур дар ин маврид омузиши навиштаҳои суханварони пешин, шунидан ва дидани гуфтори суханварон аст. Бар замми ин, завқу истеъдод лозим аст. Ҳуҷҷату далелҳои қавии муассирро бо суратҳо ва ибороти мухталиф даровардан, ки ба хубӣ дар хотир нишинад ва муддаоро дар назари шунаванда бузург созад, аз воситаҳое аст, ки суханварон аксар вақт ба кор мебаранд ва муассир воқеъ мешавад. Дар ин мақом гоҳе аз вақти суханвар аз роҳи такрор, таъкиду ташбеҳҳот ва дохил шудан дар тафсили ҷузъиёт ва ҳарорат ба харҷ додан ва монанди он дар баён муболиға кунад, валекин бояд, ки аз ҳадди эътидол берун наравад ва аз ҳақиқат дур нашавад ва корро ба иғроқ, дуруғ накашад ва дар ҳар матлабе ба андозае, ки дар худи уст, аз мавзуъ берун наравад ва луғати бисёр раво надорад, то шунавандагон хаста нашаванд ва озурда нагарданд. Мавриде мешавад, ки исботи муддаоро аз даромад бояд оғоз карда, гоҳе ба миёни гуфтор оварда, ё барои охир бояд гузошт. Ҳалли шаклҳо аз радди эътирозҳо бо ирода далелҳо мешавад. Амреро, ки муддаиён ва мухолифон мушавваш кардаанд, равшан созанд. Баъзе вақтҳо эрод ва эътирозе, ки руй медиҳад, чунон бепоя аст, ки беҳтарин ҷавобҳо таҳқир, изҳори беътиноӣ аст, гоҳе ба камтаваҷҷуҳӣ ба ҳазлу шухиҳо майл бояд намуд.

Яке аз омилҳои муассир кардани сухани суханвар садоқат мебошад ва Афлотун фазилати нотиқро дар ростгуйӣ донистааст. Ҳамчунин Шайх Саъдӣ мегуяд:

Ба сидқу иродат миён баста дор,

Зи томоту даъвӣ забон баста дор.

Қадам бояд андар тариқат на дам,

Ки усуле надорад дам ба қадам.

Бинобар ин, каломе бар ҷон нишинад ва дар зеҳн бимонад, ки мухтасару муфид, холӣ аз ҳашву завоид бошад ва аз садоқат ҳикоят кунад ва вазифашиносӣ, ҳусни тадбир бояд сардафтари сухан ва суханвар бошад. Агарчи ҳар фарде доираи завқу салиқаи хосса дорад, вале ба таври куллӣ дар гуфтор бо мардум писандҳои муштараке ҳам доранд, аз ҷумла тозагӣ доштани мавзуъ, мушаххас будани матлаб, руҳ доштани сухан, гуфтани суханони ошно, барангехтани руҳ, кунҷковӣ дар шунавандагон, аҳамияти ҳаётӣ доштани мавзуъ аз назари манфиатҳои шунавандагон аст. Хуб ҳарф задан кофӣ нест, ҳарфҳои хуб задан ҳам бо танҳоӣ кофӣ намебошад, суханвари тавоно касеро гуянд, ки ҳар ду ҳунар дар у ҷамъ бошад, яъне, ҳам хуб ҳарф бизанад ва ҳам суханонаш хуб бошанд.

ДАР БОБИ СУХАН ВА ҚАДРИ ОН

Бигу, эй сухан, кимёи ту чист?

Иёри туро кимёсоз кист?

Ки чандин нигор аз ту бархостанд,

Ҳануз ҳарфе аз ту напардохтанд.

Агар хонахезӣ, қарорат куҷост?

В-ар аз дар дароӣ, диёрат куҷост?

Зи мо сар барориву бо мо наӣ,

Намоӣ ба мо нақшу пайдо наӣ.

Амалхонаи дил ба фармони туст,

Забон худ амалдори девони туст.

Надонам чӣ мурғӣ бад-ин некуӣ,

Зи мо ёдгорӣ, ки монад, туӣ.

Сухан бин, чӣ олист болои у,

Касодӣ мабинад колои у.

Матои гаронмоя косид мабод, В-агар бод, бар коми ҳосид мабод.

Биёр, эй сухангуи чобуксарой, Бисоти суханро якояк ба ҷой.

Сухан рон аз он номвар хуфтагон, Фусуне фуру дам ба ошуфтагон.

АНДАРЗ

Дило, то бузурги наёрӣ ба даст,

Ба ҷойи бузургон нашояд нишаст.

Бузургит бояд дар ин дастрас,

Ба ёди бузургон баровар нафас.

Сухан то напурсанд, лаб баста дор, Гуҳар нашканӣ, теша оҳиста дор.

Напурсида ҳар к-у сухан ёд кард, Ҳама гуфтаи хешро бод кард.

Ба бедида натвон намудан чароғ,

Ки ҷуз дидаро дил нахоҳад ба бог.

Сухан гуфтан он гаҳ бувад судманд, К-аз он гуфтан овоза гардад баланд.

Чу дархурди гуянда н-ояд ҷавоб,

Сухан ёва кардан набошад савоб.

Омили панҷум: Фуруди сухан ва ҳусни хотима.

Суханвар чун гуфтаниҳоро гуфту муддаои худро суфту исбот кард ва шаклҳоро бартараф намуд, суханро ба анҷом мерасонад ва ҳамчунон ки хуш оғоз мекунад ва ба истилоҳ ҳусни ибтидо ё худ ҳусни матлаъ ба кор мебарад. Аз ҳусни хотима ва ҳусни мақтаъ низ набояд ғафлат варзад, яъне бояд суханро хуш ба поён бирасонад. Барои ин ки сухан ба хушӣ анҷом ёбад, ғолибан муносиби он аст, ки суханвар матлаберо, ки гуфтааст, хулоса кунад ва далели муҳимми худро ёдоварӣ намояд ва хотирнишон созад, ки ончиро ваъда дода буд, вафо карда, матлабро собит намуда, он гоҳ натиҷа бигирад, шунавандаро ба он чӣ мехоҳад, барангезад. Чунонки Мавлоно Атоуллоҳ Маҳмуди Ҳусайнӣ мегуяд, ки суханварон бояд «Хатми калом ба чизе кунанд, ки ба ҳасби лафзу маънӣ хубу марғуб бошад, чун он охири чизест, ки ба гуши сомеъ мерасад: пас агар хуб бошад, лаззату латофати он дар хотири у мемонад ва агар дар абёти собиқа қусуре воқеъ шуда бошад, онро бартараф мекунад, монанди таоми лазизи латиф, ки дар охири таомҳо мехуранд».

Бисёре аз тадбирҳои суханварӣ ҳамчунин барангехтан, дар ин қисмат, яъне дар фуруди сухан ба амал меояд. Ба ҳар ҳол гуфторро бояд чунон ба поён расонд, ки дар шунавандагон асари матлубро дошта бошад ва хотири онҳоро ҷалб кунад, амреро, ки барои мақсуди гуянда зарур аст, бузург намояд ва ҷилва диҳад. Амри мухолифро ҳақиру хурд созад, лутфу эҳсосоти шунавандагонро бар манзур барангезад ва ба даст овардани ин тарз низ монанди нукоти дигари суханварӣ ба омузиш дар гуфтори суханварони моҳир ва завқу салиқаи гуянда аст. Мавлоно Бадриддин Ҳилолӣ мефармояд:

Гавҳари ҳуққаи [1] даҳон сухан аст,

Гавҳари ханҷари забон сухан аст.

Гар набудӣ сухан, чӣ гуфтӣ кас?

Дурри маънӣ чӣ гуна суфтӣ кас?

Сирри касро касе чӣ донистӣ?

Роз гуфтан куҷо тавонистӣ?

Ин сухан гар на дар миён будӣ,

Одамӣ низ безабон будӣ!

Сухани хуш ҳаёти ҷону тан аст,

Дами Исо гувоҳи ин сухан аст…

Эй хирад, аз сухан ривоят кун,

Ба забони қалам ҳикоят кун.

В-эй қалам, соате забон бикшой!

Ҳуққаи мушкро даҳон бикшой!

Воқифи [2] аз сафедию сиёҳи,

Дар сиёҳи даро, ки Хизри роҳи…

Ту ба гуфтор шаккарин самари,

Ту қалам нести, ки найшакари!

Мулки маъни аз они туст ҳама,

Ин қаламрав турост якқалама.

Шоҳи маъни туи, алам [3] бардор,

Суйи мулки сухан қадам бардор.

ДАР ПАНДИ ФАРЗАНДИ АРҶМАНД

Эй дурри шараф зи баҳри кавнайн [4] , Фарзанди азиз -қурратулъайн [5] .

Бишнав сухани маро, ки панд аст,

Панди падар аст, судманд [6] аст.

Сармояи умр бас азиз аст,

Дарёб, ки ин нафас азиз аст.

Ин умри азизро макун хор,

Чун ҷон худаш, азиз медор.

Умре, ки баҳо бувад гаронаш,

Бо ҳар баду нек магзаронаш.

Дар коргаҳи чунин дилафруз,

Коре куну пешае [7] биомуз.

Бояд, ки дари талаб дарои,

Лз раҳгузари адаб дарои.

Дар илм ба нияти амал куш,

То заҳри ту з-ин амал шавад нуш [8] .

Илме, ки дар он амал набошад,

Ҷуз арбадаю [9] ҷадал набошад.

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.



[1] . Хуқка — сандуқчаи ҷавоҳирот.

[2] . Воқиф — хабардор.

[3] . Алам — байрақ, парчам.

[4] . Кавнайн — ду дунё.

[5] . Қуратулъайн — нури дида, фарзанд.

[6] . Судманд — фоиданок, боманфиат.

[7] . Пеша — касбу кор, ҳунар.

[8] . Нӯш — асал, ангубин.

[9] . Арбада — чанҷол, хархаша

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *