Фанни Суханвари (риторика)

Навъҳои сухан

Суханронӣ ҳануз дар Юнони қадим бештар ҷанбаи сиёсӣ, низомӣ, панд ва андарз, равиши доварӣ ва умури ҳунарӣ доштааст. Пас аз зуҳур ва густариши дини мубини ислом дар кишвари Шарқ ойини мубоҳиса кам- кам байни толибони улуми динӣ ривоҷ меёбад ва ҳама

!. Баҳоим — ҳайвонот.

аз он пайравӣ мекунанд ва аз ин равиш аксар бархурдор мешаванд.

Яке аз навъҳои сухан мубоҳиса аст. Мубоҳиса маъмулан байни ду нафар дар бораи дурустӣ ё нодурустии иборат ё матлабе оғоз ба дахолати лафзи дигарон ба тарафдорӣ ё мухолифати ду тарафи баҳс ба анҷом мерасад. Ба гуфтаи Ҳаким Носири Хусрав:

Чунучаро биёр, ки бар ҷаҳл,

Гетӣ чу ҳалқа танг аз ин ҷо шавад.

Дар бораи гуфтаҳои суханвар ҳам, ки аз минбари иршод истифода менамуд, дар поёни сухан ҷаласаи баҳс барпо мегардид ва у бо ҳамфикронаш дифоъ мепардохтанд ва баъзан рузҳои дароз ин баҳс идома меёфт.

Гоҳе байни мубоҳисакунандагон калимоти тунде низ радду бадал мешуд, вале дар поёни баҳс тамоми кудуратҳо аз миён бармехост ва дустӣ, вафо, сафову ҳақталабӣ ҷойи ситезаҷуйии лафзӣ ва тундиҳоро мегирифт.

ҲИКОЯТ

Подшоҳе ба куштани бегуноҳе фармон баровард. Гунаҳкор гуфт:

-Эй малик, ба муҷиби хашме, ки туро бар ман аст, озори худ маҷуй, ки ин уқубат бар ман ба як нафас бар сар ояд ва базаи (гуноҳи) он ҷовид бар ту бимонад.

Даврони бақо чу боди саҳро бигузашт,

Талхию хушию зишту зебо бигузашт.

Пиндошт ситамгар, ки ҷафо бар мо кард,

Дар гардани у бимонду бар мо бигузашт.

Маликро насиҳати у судманд омад ва зи сари хуни у даргузашт:

Якеро дидам андар хонақоҳе,

Ки мековид қабри подшоҳе.

Ба даст аз боргоҳаш хок меруфт,

Сиришк аз дида мебориду мегуфт:

«Надонам, подшоҳ ё посбонӣ?

Ҳаме бинам, ки муште устухонӣ»

1. Гуфтугуйи ду нафар. Ғарбиён ин равишро «диалог» гуянд. Дар ин тарзи суханварӣ ду нафар, ки аз назари донишу биниш, эҳтимолан, аз ҷиҳати синну сол дар як дараҷаанд, дар ҷойгоҳи суханварӣ қарор мегиранд. Раиси ҷаласа дар бораи баҳс бо ду тарафи сухани ҳозирон маълумот медиҳад ва раҳнамои лозима ба амал меоварад.

Муддате сухан гуфтани ҳар ду шахс мавзуи мубоҳиса ба миён меояд. Ҳар гоҳ бахше аз баҳскунандагон зиёдтар бошанд ва гуруҳи дигаре низ дар боби мавзуи сухан ба вуҷуд ояд, пас аз гуфтугу боз ҳама ва раиси ҷаласа чанд нафаре аз шунавандагонро барои ҳамкорӣ даъват менамояд ва гоҳе низ ба намояндагии ҳар як ё баъзеи онон сухан мегуяд, вале ҳеҷ вақт вазифаи доварии худро аз ёд намебарорад.

Суҳбатҳои ҷиддии ду дуст ё ду шарикдарсро дар бораи мавзуи муайян низ метавон дар ин радиф ба шумор овард.

Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ пеш аз он ки дар боби сухан ва суханварӣ қазоват намояд, китоби «Мантиқ»-и Арастуро мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳад. У дар асари «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн» зери унвони «Андар қавли Арастутолис» андар чаҳор қисми сухан чунин мегуяд:

Сухан чаро ки чаҳор аст: амру боз нидо,

Се дигараш хабар асту чаҳорум истихбор.

Ҳаким пас аз баёни чор навъи сухан бар шарҳи ҳар яки он мегузарад: Амр-чунон ки касе бар каси дигар бигуяд: «Ин амалро чунин иҷро намо!» ё «Ин тавр хон!».

Нидо-фарёд, хитоб, овоз. Касеро даъват кардан, хостани чизе, чунон ки касеро гуйӣ: «Маро таом деҳ!» ё «об деҳ!» ва амсоли он.

Хабар аст, ки гуем: «Чунин буд» ва ё «Чунин аст».

Бар замми ин, Носири Хусрав илова менамояд, ки мантиқшиносон баъзан панҷумро низ илова кардаанд. Масалан, касеро пурсон шавем, ки «Андешаи ту дар ин кор чӣ гуна аст?»

Ҳадаф аз қисмат намудани сухан мувофиқи гуфтаи Ҳаким он будааст, ки то сифатҳои ашё, маърифату шинохти он возеҳу равшан гардад. Носири Хусрав дар бораи он ки суханвар бештар дар кадом навъи сухан дуруғ мегуяду дар кадом навъаш рост, яъне фарқ кардани рост аз дуруғи маҳз, боз ба қавли Арасту ру оварда, собит месозад, ки дар се қисми аввал набояд дуруғ ҷой дошта бошад, зеро дар амр, ахбор ва рағбату суол, ки такя бар чизҳои воқеӣ меравад. Пас Ҳаким ба қавли Арасту дуруғро бештар дар хабар мегузорад, яъне, хабар метавонад рост ё дуруғ бошад. Дар мавриди дигар оид ба таърифи сухан Ҳаким Носири Хусрав гуяд: «Ҳар лафзе, ки бар маъние далел намояд, сухан аст». Ё ин ки лафз чист? «Ҳар овозе, ки мар уро битавон навиштан, лафз аст».

2. Ҷаласаи илмй: дар истилоҳи ғарбиҳо «семинар» ном гирифтааст, ба манзури шунавандагон дар бораи мавзуи муҳим тавзеҳ ва шарҳи он ташкил мегардад ва як ё якчанд руз идома меёбад. Шахсони соҳибназар ва заковатманде даъват карда мешаванд, ки дар бораи мавзуъҳое, ки ҳалли он барои ҷомеа ё созмони хосса зарур аст, корсозанд ва дар рузҳою соатҳои муайян сарҷамъ оянд ва дигаронро аз натиҷаи афкору андешаҳои бикр ва муҳими худ баҳраманд созанд. Дар рузи муқаррарӣ, ҷаласаи аввал ба нутқҳои муқаддимотӣ, ифтитоҳӣ, ташрифотӣ, ихтисос пайдо мекунад, вале дар ҳамон маҷлис мавзуъҳо таҷзия барои ҳар қисмати анҷуман (комиссия, бахш, гуруҳ) таъйин ва ширкат дар ҳар бахши озод эълому изҳори он тақозои ҳамкорӣ мегардад. Субҳи рузи охир сухангуйи ҳар анҷуман хулосаи тасмимгирифтаи ҳозиринро дар бораи мавзуъ, ки вогузор шудааст, барои ҳамаи ширкаткунандагон қироат менамоянд ва пас аз изҳори назари дигарон ва қабулу пешниҳоди онҳо гузоришҳое танзим мегардад ва дар соати охирин расми ҷаласаи илмӣ хонда мешавад. Масалан, агар Вазорати маориф ё анҷумани олимони забон ва адабиёти тоҷики саросари Тоҷикистон ва берун аз марзи он бихоҳанд душвориҳои тадриси забони форсии тоҷикиро дар давраҳои мухталифи он ҳал намоянд, аз теъдоди устоду омузгор силсилаи мавзуъҳоро мавриди назар (чун равиши тадрис, имло, иншо, матнҳои манзум ва мансур, нашр, дастури забони тоҷикӣ ва ғайра) даъват ба амал меоваранд ва мехоҳанд дар рузҳои муайян барои ширкат дар семинари тадриси забони тоҷикӣ дар ҷойи махсус гирд оянд ва мушкилоту пешниҳодҳои ислоҳи худро матраҳ созанд. Пас аз чанд рузи баҳс тамоми табодули фикр дар шакли қоидаҳо ва пешниҳодҳо ба мактабҳои миёна ва олии кишвар фиристода мешавад.

3. Суханчӯйй ё симпозиум: ин равиш, ки

мамолики Ғарб падид омада, дараҷаи болотари семинар ё ҷаласаи баҳсу таҳқиқ аст. Дар маҷлиси илмӣ ҳама соҳибназароне, ки дар анҷуман гирд омадаанд, дар бораи мавзуи муҳим ва ҳамаҷонибаи он сухан мегуянд ва шунавандагон ҳам метавонанд назари худро иброз доранд ва гуфтаҳои дигаронро рад кунанд. Дар суханҷуйӣ ва ҳолату ҷанбаҳои мухталифи мавзуи муфид ва муҳим таҳқиқу суханрониро таҳия ва нусхаҳои он чиро, ки мехоҳанд бигуянд, ба раиси ҷаласа медиҳанд ва дар рузи гирдиҳамоӣ, ки қариб як моҳ баъд аз таъйини мавзуи таҳқиқ сурат мегирад, дар бораи матлаби мавриди ихтисоси худ суханронӣ мекунанд. Саранҷом маҷмуи нутқҳо таҳия шуда, бо баррасии ислоҳе, ки ба амал омадааст, чоп ва нашри яке аз муҳимтарин мавзуоти иҷтимоӣ ва ё илмии кишвар ҳал мешавад.

4. Мизи гирд ё худ мудаввар: Ин равишро

муаррихон ба шоҳи англис Кинг Артур нисбат медиҳанд. Зоҳиран, мизе аз санги мармари гирд ба вай туҳфа медиҳанду у низ бузургон, одамони наҷиби кишварро даъват мекунад ва ба хотири алоқамандие, ки мизи туҳфагирифта дорад, маҷлиси дидорро атрофи он миз барпо медоштааст ва бари ҳасби одат корҳои мамлакат, пешомадҳо ва душвориҳо дар гирди он матраҳ мешудааст. Дар ҷаласаҳои мизи гирд, ки мақсади созмони он ягонагӣ ва якрангию дустӣ, озодагиро талқин намудан аст, ба касе ҷуз як бор иҷозати сухан намедоданд. Дар замони муосир мизи гирд моҳияти худро дигар намудааст.

5. Баҳси расмй: ва он маъмулан, назархоҳии дастгоҳе аз ҳамкорони худ дар бораи душвориҳои идора аст, ки албатта, аз мавзуъ ҳудуди сухан ошкор аст ва ниёзе ба танзими барномаи қаблӣ низ эҳсос намешавад. Агар баррасии мавзуъ барои созмони идоравии лозимӣ ташхис дода шавад, яке аз мақомоти масъул барои табодули назар ва ҳалли душвориҳо, иддае аз соҳибназарони идораро дар соати руз ҷойи муайян даъват мекунад. Дар ин ҳол раёсати ҷаласа бо худи уст ва якеро барои котибӣ аз байни ҳозирон интихоб менамояд. Сипас мавзуъро эълон мекунад ва касоне, ки назаре доранд, иҷозаи суҳбат мехоҳанд ва худи у ба тартиб ононро ба сухан гуфтан даъват менамояд.

Котиби маҷлис хулосае аз музокиротро ёддошт мекунад.

6. Мунозира: ва он яке аз равишҳои хуби

парвариш ва омузиш буда, барои тақвияти неруи истиқлол, диққат, мавқеъшиносии ҷавонон аҳамияти босазо дорад.

Дар таърихи адабиёти Шарқ шоирони барҷаста қисмате аз асари худро ба мунозира ихтисос дода ва дар ин маврид доди сухан додаанд. Суханварони бузург чун Саъдиву Низомӣ мунозираҳо доранд ва дар ним асри охир низ баъзе адибон дар гуфтугуйи байни мавзуъҳои гуногуни зиндагӣ сурудаанд.

Дар мунозира чор, панҷ ё шаш тан ба сурати ду гуруҳи мухталиф дар хусуси ду мавзуи гуногун дар баробари ҳам қарор мегиранд ва ба баҳс мепардозанд. Фарз кунем, дар як синф ба пешниҳоди муаллими он ба сари як мавзуи илмӣ ё сиёсӣ мутаносиб бо маълумоти донишомузон қарор аст, ки барномаи мунозиравӣ сурат гирад. Ибтидо афроди он синф ба ду дастаи мувофиқ ва мухолифи он мавзуъ (ба сурати довталабона) таъйин, сипас ҳар даста, гуруҳеро шомили чаҳор ё панҷ нафар ба намояндагии аз он даста интихоб менамояд. Сипас аз миёни он ду гуруҳ, ҳар кадом як довар, сипас доварони мазкур аз байни афроди синф интихобан якнафариро ба унвони сардовар пешбарӣ менамояд. Аъзои ҳар гуруҳ дар ин фосила бо омодагӣ дар мавриди мавзуъ ва баҳс ширкат намуда ва муаллими он синф зимни ёдоварии нукот ва шароити як мунозираи саҳеҳ, омузанда ҳадафи корро, ки ҳамоно омузиши касби судманд аст, зикр менамояд.

Табиӣ аст бо риояи шароити лозима аз ҳар ду тараф дурӣ аз таассуб ва ғаразҳои шахсӣ, танҳо чизе ки намоён хоҳад шуд, ҳақ ва ҳақиқат аст, ки барои ҳар ду тараф муҳаррике барои андеша тааллуқ дошта, ҳамаи масоили зиндагӣ бо шавқи онҳо ба таҳсили илму маьрифат хоҳад пардохт.

Донишманде фармудааст: «Агар туро ҳазор дуст бувад, кам дон, агар як душман бувад, бисёр шумор, пас бояд, ки ба андак чизе дустро наранҷонӣ, балки аз вай хатое агар бубинӣ, даргузарӣ»

ҲИКОЯТ

Аз Абдуллоҳ ибни Муқаннаъ пурсиданд:

— Дусти худро дуст дорӣ ё хеши худро?

Г уфт:

-Дусти хешро.

(Аз «Матлаъ-ул-улум»)

ҲИКОЯТ

Говзуре дидам, ки рузе даҳ ман таом мехурд ва ҳашт ман хишти пухта ба зарби мушт орду хок мекард ва аз мардум дирам меситонд.

Гуфтам:

-Эй баднафси дунҳиммат, ин ҳама хиштро хок мекунӣ ва фулус (пул) меситонӣ, хокро хишт кун ва аз ман дирам бистон.

Он руз ба муздурӣ омад, даҳ марда таом хурд ва як марда кор накард ва рузи дигар бигурехт.

Байт:

Касе, к-уро гадоӣ гашта пеша,

Ба наздаш ҳеч коре хуш наёяд.

(Аз «Хористон»)

ДАР САБР

Сабр сифати бағоят мақбул аст. Таърифи сабр ҳамин аст, ки ба мазмуни он дар ахбор омадааст:

Сабр беҳтар мардро аз ҳарчи ҳаст,

То биёбад бар муроди хеш даст.

ҲИКОЯТ

Овардаанд, ки рузе яке аз умаро пеши подшоҳе истода буд ва шоҳ ба у дар муҳимме мушоварат мефармуд. Қазоро каждуме дар пироҳани у афтода буд ва ҳар соат амирро мегазид ва ба неши заҳролуди худ зарар мерасонид, то вақте ки неши вай аз кор биафтод ва ҳар заҳре, ки дошт, ба кор бурд. Ва он амир мутлақо дар он машварат қатъи сухан накард ва тағйире дар у зоҳир нашуд ва суханаш аз қонуни ақлу ҳукумат инҳироф (ру тофтан) наёфт. То ба хона омад ва он каждумро аз ҷома берун кард. Ин хабар ба подшоҳ расид, мутааҷҷиб ва мутаҳайир гашт.

Рузи дигар, ки амир ба мулозимати султон омад, фармуд, ки дафъи зарар аз нафс воҷиб аст. Ту чаро дируз озори ақрабро аз худ мундафеъ насохтӣ?

Ҷавоб дод, ки ман он наям, ки шарафи муколамаи чун ту подшоҳеро ба сабаби алами заҳри каждуме қатъ кунам ва агар имруз дар маҷлиси базм бар неши каждуме сабр натавонам кард, фардо дар маъракаи разм ба теғи заҳробдодаи душман чӣ гуна сабр тавонам кард?

Подшоҳро ин сухан хуш омад ва мартабаи уро баланд гардонид ва бад-он миқдор сабр, ки кард, ба муроду мақсад расид.

Гарат чу Нуҳи набӣ сабр ҳаст дар ғами туфон,

Бало бигардаду коми ҳазорсола барояд.

***

Ҳадиси кудакиву худпарастӣ,

Раҳо кун, к-он хаёле буду мастӣ.

Чу умр аз сӣ гузаштат ё худ аз бист, Намешояд дигар чун ғофилон зист.

Нишоти умр бошад то ҷиҳил сол, Чиҳилсола фуру резад пару бол.

Пас аз панҷоҳ набошад тандурустӣ, Басар кундӣ пазирад, пой сустӣ,

Ба ҳаштоду навад чун даррасидӣ, Басо сахтӣ, ки аз гетӣ кашидӣ.

В-аз он ҷо гар ба сад манзил расонӣ, Бувад марге ба сурат зиндагонӣ.

Агар сад сол монӣ в-ар яке руз. Бибояд рафт аз ин кохи дилафруз.

ЭҶОЗ

Пароканда аз ҳар даре донае, Бароростам чун санамхонае.

Бинобар асосе ниҳодам нахуст,

Ки девори он хона бошад дуруст…

Суханҳо, ки чун ганҷ оганда буд,

Ба ҳар нусхате дар пароканда буд.

Зи ҳар нусха бардоштам мояҳо, Бар у бастам аз назм перояҳо.

Зиёдат зи таърихҳои навӣ, Яҳудию насронию паҳлавӣ…

Забон дар забон ганҷ пардохтам, Аз он ҷумла сарҷумлае сохтам.

Зи ҳар як забон ҳар кӣ огоҳ бувад,

Забонаш зи беғора кутаҳ бувад.

Дар он парда к-аз ростӣ ёфтам,

Суханро сари зулф барбофтам.

(Низомии Ганҷавӣ)

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *