Фанни Суханвари (риторика)

Машқи овоз ва нафаскашӣ

Барои он ки шахс овози хушу форам дошта бошад, бояд озодона нафас кашида тавонад. Тарзи дуруст кашидани нафас омили асосии гуфтори хуб аст. Бинобар ин, агар хоҳед, ки садои хуш дошта бошед, бояд тарзи нафаскашии худро муоина ва мушоҳида кунед. Нафаскашии озод ва дуруст на танҳо барои овози хуб, балки роҳати қалбу шуши шумост. Бесабаб нест, ки ҳакимон тарзи нафаскаширо ашёи хоми сохтмони овоз ва такаллум донистаанд.

Агар нафаскашӣ дуруст бошад, овоз хеле ҷаззоб ва гарм мешавад. Яке аз муаллимони маъруфи овоз дар Италия дар таълимоти худ гуфтааст, ки нафаскашӣ бояд тавассути пардаи қафаси сина сурат бигирад ва ин ҳамон ҳолати нафаскашиест, ки инсон ҳангоми ба тахтапушт хобидан нафаси табиӣ ва озод мекашад.

Барои машқи аввал ба пушт хобида, нафаси амиқ бикашед, ба он дараҷае, ки дар ҳолати нафаскашӣ шона ва қабурғаҳоятон баланд нашавад. Дар натиҷаи иҷрои ин амал тамоми холигоҳи шушҳо аз ҳаво пур мешавад ва агар ба бозшавии устухонҳои сари сина монеъ гардад, шушҳо ба руйи пардаи сина фишор меоварад ва онро ба поён кашида, барҷаста месозанд. Агар дар чунин маврид ангуштони худро зери устухони қафаси сина ё дар поёни қабурғаҳо ба руйи шикам бигзоред, ҳис мекунед, ки қафаси сина барҷаста гардидааст.

Ҳар шаб қабл аз хоб ва ҳар субҳ қабл аз бархестан ба муддати панҷ дақиқа ҳамин тавр нафас кашед. Аҳамияти он пеш аз хоб дар он аст, ки асабҳоятон ором мешавад ва хастагӣ рафъ мегардад. Пеш аз бархестан бошад, асари он дар ин аст, ки тамоми руз хушҳолтар ва тару тозатар худро ҳис мекунед. Иҷрои он ниҳоят одӣ ва амали барзиёдро талаб наменамояд. Агар ин амал мунтазам иҷро карда шавад, на танҳо овозатон хушу форам хоҳад буд, балки мусалламан чанд солаке бар умратон низ зам хоҳад гашт. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, мегуянд, ки умри хонандагони опера ва муаллимони овоз дароз аст.

Суханвар зимни ҳарф задан набояд суханро хоида ва шумурда баён намояд. Ҳар ҳарф ва ҳаракату имову ишораеро ба дурустӣ ва дар лаҳзае, ки муносиби он аст, бояд адо кард. Бояд табиӣ сухан гуфт ва бо завқу шавқи салим. Тундӣ ва оромии сухансароӣ низ дар мавқеъаш аҳамият дорад. Албатта, на чандон ором ва бо таънӣ бояд гуфт, ки ҳавсалаи шунавандагон пир шавад.

Дар мавқеи муносиб бояд таваққуф кард, то матлабе, ки баён мешавад, таваҷҷуҳи шунавандаро ба худ ҷалб намояд ва уро барангезад. Калимаҳо ва ибораҳоро якнавохт набояд гуфт, дар ҳар калима ба баъзе ҳаракат ва дар ҳар ҷумла ба баъзе калимаҳо такя ва қуввати махсус бояд лаҳни гуфтор ва савтиёт сарф кард. Масалан, дар ҷумлаи кутоҳ, ки «Ба шумо нома навиштам» агар неруи савтро ба калимаи «шумо» бидиҳед, маънӣ тафовут мекунад, то ин ки калимаи «нома»-ро таъкид намоед ва агар ба калимаи «навиштам» қувват бидиҳед, маънии дигар дорад.

Бинобар ин, ҳар матлаберо ба оҳанг ва лаҳни махсус бояд адо кард. Барои мисол ба қиёс бигиред: оҳанги ғазаб, ҷангу низоро бо оҳанги лутфу меҳрубонӣ ва ҳамчунин оҳанги илтимос ва дархост, ё тааҷҷубу таассуфу тасаллият, насиҳату сарзаниш ва маломату оҳангҳои дигар. Гуфтугуйи ҷиддӣ лаҳни ба худ хосро дорост ва зарофату ҳаловат низ. Гоҳе савтро бояд нозук кард ва вақте дурушт бояд гуфт ва ҳама ин ҳолатҳои мухталифро бо мутолиа ва таваҷҷуҳ ба сухангуйии устодони суханварӣ бояд дарёфт ва қоидаи кулл чунин аст, ки сухангуйӣ бояд табиӣ бошад, вале оҳангу лаҳни гуфтор мухталиф.

Донистану риоя намудани чунин нозукиҳои суханварӣ ва умуман, фанни каломи бадеъ ба ҳунармандони саҳна, ровиёни ахбор ва симову садо ниҳоят муҳим аст.

Суханро бояд чунин баён кард, ки маънии он ба хубӣ дарк шавад ва сониян, ба шунаванда таъсир расонад. Шарти аввал барои ҳосили ин мақсад ин аст, ки баландӣ ва пастии савти сухансаро муносиби мақом бошад ва касе, ки барои ҷамъият сухан мегуяд, бояд кушиш намояд, ки савташ ба гуши ҳамаи шунавандагон шинам ва форам бирасад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *