Фанни Суханвари (риторика)

Тамсилу ҳикоёт дар суханварй

Масал яке аз рукнҳои муфиду дилписанди маъонӣ ва баён ба шумор аст. Ибни Муқаффаъ мегуяд: «Агар сухан ба сурати масал гуфта шавад, таъсири мусбат бисёр дораду шояд исботи мақсуд бо тамсил, ки хушоянду ширин аст, беҳтар битавонад шунавандаро қаноатманд ва тарғиб намоянд».

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ , ки аз мутафаккирони бузурги ҷаҳон ва дорои амиқтарин андешаҳои башарӣ дар тамоми қарнҳост, манбаи китоби ҷовидонии худ «Маснавӣ»-ро бар тамсил қарор додааст. У мекушад дар оғози ҳар матлаби дақиқе қитъаи тамсил биёварад, то ҳамаи табақот ба осонӣ аз самараҳои он баҳраманд шаванд. Баъди чанд байт ба унвони натиҷа нақле мекунад ва мақсади аслии баёни худро ошкор месозаду бо он ки тамсилҳои худро ҷиҳати кашфи ҳақоиқ норасо меангорад ва мегуяд:

Дамдамаи ин ной аз дамҳои уст,

Ҳою ҳуи руҳ аз ҳуйҳои уст.

Маҳрами ин ҳуш ҷуз беҳуши нест,

Мар забонро муштари ҷуз гуш нест.

У чу ақлу мо мисоли ин забон,

Ин забон аз ақл дорад, ин баён

Эй бурун аз ақлу қолу қили ман,

Хок бар фарқи ману тамсили ман.

Дар ин чакидаҳои килки сеҳрангези Мавлонои Рум чӣ басо пушидаҳои фикри одамӣ дар сурати тамсил бо хубӣ аён мегарданд. Достони «Тутӣ ва баққол» панду ахлоқӣ буда, дар айни ҳол дилписанду ширинест. Мавлоно мехоҳад башарро аз роҳи нодурусту ғалат баргардонад ва ба сабру таҳаммул даъват кунад. Гуяд: Баққоле тутии ширинсухане дошт, ки бо гуфтаҳои дилчаспи худ сахтии зиндагиро барои у осон месохт. Рузҳо ширинзабониро аз ҳад мегузаронд. Баққол уро аз қафас берун сохт. Хоҷа рузе тутиро нигаҳбони дукон монда, худ ба хона рафта буд. Баногоҳ ба дукон гурбае ворид гардида, бо муш даромехт. Тутӣ аз тарс дар ҷушу ҳаяҷону ҳаракат парҳои вай ба шишаи равған бархурд ва онро афтонда шикаст. Марди косиб омада чун ин аҳволро дид, хашмнок шуд ва бар сари нотавони мурғ куфт. Тутӣ беҳолу низор гардид ва аз сухан гуфтан бозмонд ва парҳои у оғоз ба рехтан карданд. Баққол уро дар қафас ниҳод ва чун соате гузашт, аз ягона муниси танҳоӣ ва мояи саргармӣ ва нишоти худ ҳаракате надид, аз карда пушаймон шуд. Даст ба дуо бардошт ва гуёии тутиро аз Парвардигор орзу кард. Пари тутӣ рехта дар гушае афсурда, бе он ки об ва донае бихурад. Рузҳо сипарӣ шуд, беҳбудӣ падид наёмад. Аз қазо марде кал барои хариди равған ба дукон омад. То тутӣ сари уро нигарист, бо сари худ қиёс намуд ва ба сухан даромад:

БАҚҚОЛ ВА ТУТй

Буд баққолеву уро тутие,

Хушнавову сабзу гуё тутие.

Бар сухан буди нигаҳбони дукон,

Нукта гуфти бо ҳама савдогарон.

Дар хитоби одами нотиқ буди,

Дар навои тутиён ҳозиқ буди.

Хоҷа рузе суйи хона рафта буд,

Бар дукон тути нигаҳбони намуд.

Гурбае барҷаст ногоҳ бар дукон

Баҳри муше, тутияк аз бими ҷон

Ҷаст аз садри дукон, суе гурехт,

Шишаҳои равғани бодом рехт.

Аз суйи хона биёмад хоҷааш.

Бар дукон биншаст фориғ хоҷааш.

Дид пурравған дукону чош чарб,

Бар сараш зад, гашт тути кал зи зарб.

Рузаке чанде сухан кутоҳ кард,

Марди баққол аз надомат оҳ кард.

Риш бармеканду мегуфт: «Эй дареғ, К- офтоби неъматам шуд зери меғ!

Дасти ман бишкаста буди он замон, Чун задам ман бар сари он хушзабон».

Ҳадяҳо медод ҳар дарвешро,

То биёбад нутқи мурғи хешро.

Баъди се рузу се шаб ҳайрону зор,

Бар дукон биншаста буд навмедвор.

Бо ҳазорон ғуссаву ғам гашта ҷуфт, К-эй аҷаб, ин мурғ кай ояд ба гуфт.

Менамуд ин мурғро ҳар гун шигифт, В-аз тааҷҷуб лаб ба дандон мегирифт.

Дам ба дам мегуфт аз ҳар дар сухан. То ки бошад, к-андар ояд дар сухан.

Бар умеди он ки мурғ ояд ба гуфт, Чашми уро бо сувар мекард ҷуфт.

Ногаҳоне ҷавлақие мегузашт,

Бо сари бему чу пушти тосу ташт.

Тути андар гуфт омад дар замон,

Бонг бар дарвеш зад, ки: «Ҳой, фалон,

Лз чи, эй кал, бо калон омехти?

Ту магар аз шиша равған рехти?»

Лз қиёсаш ханда омад халқро,

К- у чу худ пиндошт соҳибдалқро.

Кори поконро қиёс аз худ магир,

Гарчи бошад дар навиштан «шер», шир».

Мақсуди Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ аз зикри ин тамсил ин аст, ки баъзе аз афроди башар аз қиёси ғалат натиҷаи нодуруст мегиранд ва онро манбаи қазовати худ қарор медиҳанд ва аксари ихтилофоту хусуматҳо аз ҳамин ҷо ибтидо мегирад.

Ҳангоме ки суханвар эҳсос кунад, ки шунавандагон хастаанду чунонки бояд ба мавзуи суханронӣ таваҷҷуҳ надоранд, бо зикри тамсил ва ҳикояти муносиб аз шунавандагон дафъи хастагию маломат мекунанд, ононро барои шунидани матлаби худ омода месозад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

2 Шарҳҳо

  1. Маҳруми не, балки:
    Маҳрами ин ҳӯш ҷуз беҳуш нест…

    Марзбонро не, балки:
    Мар забонро муштарӣ ҷуз гӯш нест…

  2. Салом
    Раҳмат барои навиштани чунин хатогиҳо.
    Мо онҳоро ислоҳ кардем

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *