Фанни Суханвари (риторика)

Суханварӣ ва нигориш

Барои нутқи насрӣ дар пешаи нависандагӣ каломи дигар ба кор меравад. Басо нависанда, рузноманигор, олимони чирадасте ҳастанд, ки мақсаду ҳадафи худро ба таври шифоҳӣ баён карда натавониста, оҷизу нотавон мондаанд. Ва баръакс, басо суханварони барҷаста, ки қудрати навиштани як номаи дилписандро надоранд. Ҳақиқат он аст: ҳамин ки ба воқеа ва чизҳои табиат менигарем, ба мо таъсир мегузоранд. Сипас ба ҳодисаҳои пешомаду оқибатҳои онҳо диққат мекунем ва дар мизони ақл месанҷем. Натиҷаи онро, ки дар майна ва қалби мо мунъакис гардида, руйи сафҳаи қоғаз мекашем. Аз нақшҳои беҷон бо ҳаракати забон ва бо кумаки даҳон дарёфтҳоро арза медорем. Он гоҳ истеъдоди нависандагӣ ё маҳорату малакаи сухан гуфтанро парвариш медиҳем. Зеҳнро ба ду васила: гуфтан ва навиштан метавон сайқал дод.

Чун калимаи «иншо» дар луғат ба маънии парвариш, оғоз, бино ниҳодан аст, бо бархурдорӣ аз маънӣ нахуст метавонем барои ду ҷанбаи мақсад таркибҳои: иншои нигориш ва иншои суханвариро ба кор барем. Иншои нигориш ба маънии мақоланависӣ, номанигорӣ, достон ва

намоишноманависӣ, тарҷума ва таълиф, таснифи китоб омада ва дувумӣ сухани нотиқ, суханвар аст, ки бо тамоми хусусиятҳояшон аз якдигар фарқ доранд:

-Дар иншои сухани сухангуй риояи шунавандагон зарур аст. Дар иншои нигориш бошад, ба саҳлангориҳои ҷамъиятӣ метавон эътибор надод.

-Иншои нигориш барои фаҳмонидани мақсад метавонад ба тафсиру тафсил ва тавзеҳи зиёд пардозад. Аммо дар иншои суханварӣ далели зиёд овардан, шунавандаро хаставу бемайл месозад.

-Дар иншои суханварӣ вақтро бояд ғанимат шумурд ва дақиқаҳое, ки барои суҳбат таъйин шудааст, набояд бо тамоюли зиёд шавад, зеро ҷаласа бо барномаи муайян ва тартиб ташкил гардидааст ва бо афзоиши равиши гуфтор, ба ҳуқуқи дигарон хурдагирӣ мегардад, дар ҳоле ки ҳангоми навиштан он чӣ битавонем, қалам ёрӣ кунад ва хонандагон дар хондан ва навиштани он озоданд.

-Дар иншои суханварӣ матнро мураттаб карда, бо сару либоси озода дар ҳузури ҷамъ ҳозир шавад.

Равшан аст, ки он озодӣ, ихтиёре, ки дар манзил барои навиштан, хондани чизе дорем, дар ҷаласаи суханварӣ надорем ва ба риояи одоб ва усули иҷтимоӣ ҳастем.

Иншо танҳо васила ва бузургтарин воситаи интиқоли фикри гузаштагон ба ояндагон маҳсуб мешавад, ёддоштҳо ва баргҳои иншо дар ҳар ҳол беҳтарин ёдбуд ва некутарин бойгонии хотираи гузашта: хушиҳо, шодиҳо, бозиҳои кудакона, пушти мизи омузишгоҳҳо ва донишкадаҳо, майдонҳои варзиш, шабзиндадориҳо, фидокориҳо ва ифтихорот ҳама гузаронанд. Танҳо чизе, ки барои шумо мемонад ва ҳасратҳоеро, ки бар рузгори гузашта мехурад, таскин медиҳад ва хотироти ширинро дар назаратон муҷассам мекунад, билохира, сайри тадриҷии илмӣ ва такомули димоғии шуморо нишон медиҳад, танҳо ҳамин авроқ аст. Иншо амонатдори бовафо ва нигаҳбони мероси гаронбаҳои ақлҳои тарбиятёфтаи башарист. Иншо пардаҳои ҳаводиси гуногун ва чеҳраҳои бадеъу фарози ҷаҳони бузургро ҷовидонӣ месозад. Фанни нигориш асоси нависандагӣ ва нависандагӣ асоси илму фарҳанг аст.

Сармояи аввалини нависандагӣ истеъдод ва завқ аст. Истеъдод як ҳисси шашум ва неруи фавқулодае нест, балки истеъдод иборат аз ҳамкорӣ ва одати неруҳои зеҳнӣ ба василаи машқ дар мавриди нависандагӣ аст ва чун ҳамаи афроди башар дар доштани неруи зеҳнӣ каму беш бо якдигар баробар ҳастанд. Истеъдоди нависандагӣ дар ҳама кас мавҷуд аст.

Бо равиш ва услуби дуруст ва тамрину машқҳои зиёд ҳар кас метавонад дорои қудрати калом шавад. Нависандагӣ як навъ суханронӣ аст, ки рангомез шуда, фақат андаке шикебоиву диққат ва зарофат мехоҳад. Бояд равиш ва услуби дурустеро интихоб намуд, осори дигаронро бодиққат баррасӣ кард, тарсу гумроҳиро канор гузошт. Ба қавли Шайх Саъдӣ:

Бирав хушачин бош, Саъдисифат,

Ки гирд оварӣ хирмани маърифат.

Нависанда бояд дақиқ ва мушоҳидакор бошад, агар бодиққат даст ба ҳар коре бизанад, равнақу сафое нахоҳад дошт, ба соданависӣ одат намояд.Ҳадаф аз содагии лафзу сухан ба кор бурдани калимаҳои маъмул ва ҳамафаҳм мебошад, бояд ибораву ҷумлаҳоро тавре танзим намояд, ки хонанда аз наздиктарин роҳ ба мақсуд бирасад. Бояд нависанда ҳангоми нигориш эҳсосоти панҷгонаи худ яъне: заковат, ҳофиза, ҳисси хаёлу завқи худро ба кор барад. Мавлоно

Абдурраҳмони Ҷомӣ дар ин маврид барҳақ фармуда:

Эй ниҳоли чамани ҷону дилам,

Ғунчаи боғчаи обу гилам…

Дар ҳунар куш, ки зар чизе нест,

Ганҷи зар пеши ҳунар чизе нест.

Ҳунаре не, ки диҳад ганҷи зарат, Ҳунаре аз дилу ҷон ранҷбарат.

В-он ҳунар нест насиби ҳама кас, Баҳраи зиндадилон омаду бас.

Чун кунӣ дар ҳунаромузӣ руй, Аввал аз хони адаб рузӣ ҷуй.

Ҷуй адибе ба қироат комил, Лафзаш аз ҳусни адо роҳати дил.

Баъд аз он пушт ба одоту русум, Руйи ҷаҳд ор ба таҳсили улум.

Ҳифз кун мухтасаре дар ҳар фан, Гир хушбу гуле аз ҳар гулшан.

Умр кам, фазлу адаб бисёр аст, Касби он кун, ки туро ночор аст.

Хат чунон беҳ зи қаламронанда, Ки биёсояд аз у хонанда.

Дар кафи нағзхати хубрақам, Ризқро турфа калидест қалам.

Дар ҷавонӣ коми бедардӣ гир,

Роҳи мардиву ҷавонмардӣ гир.

Роҳ, ки бояд аз ҷавони сипарӣ,

Гар ба пирӣ фиканӣ, ранҷ барӣ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *