Фанни Суханвари (риторика)

Таваҷҷуҳ ба лавозими суханварӣ ва шароити бархурдорӣ аз онҳо

Омили асили сухан шахсияти сухангуй аст. Табиатан одамӣ подшоҳи кишвари нафс, бинишу дониш, басират, шахсияти инсониро дорост, аммо дар ҳақиқат, суханвар бо маънавият, лавозими моддии ҳар ду ниёзманд аст. Бештар иттифоқ меафтад зоҳир ва рафтору нигоҳ қарор гирифтани суханвар (нотиқ) пушти минбар таъсири матлубе ба шунавандагон боқӣ мегузорад. Пеш аз оғоз ба суханронӣ рад ё мақбул қарор гирифтани суханвар таъйин мегардад ва аз ин ру, дар бораи у қазоват ба амал меояд. Ҳар гоҳ касе ба сабаби таъхири бошитоб ба толори суханварӣ биёяд, бедиранг ба сухан оғоз кунад, осори хастагӣ, беназмӣ, танаффус ва ларзиши садо, бетартибӣ, номуназзам будани либос уро беқайд намоиш диҳад, интизори муъҷиза натвон дошт. Худи у ва аксар ҳозирин аз Худо мехоҳанд, ки зудтар вақти гуфтор ба поён расад ва ҷаласаро тарк гуянд. Бинобар ин, суханвар бояд бо матонат, виқор, оромӣ, омодагии комил дар ҷаласа иштирок намояд ва саъй кунад пеш аз суханронӣ тахмин як соат истироҳат намояд. Аз хурдани ғизо ба ҳадде бипарҳезад, неруи кофӣ барои вазифаи муҳими худ пешопеш биандузад. Осори хурсандӣ, саломатӣ, алоқа, имон аз чеҳрааш ҳувайдо гардад. Барои у ширкати шунавандагони зиёд ё кам дар ҷаласаи суханварӣ тавофуте ба вуҷуд намеёварад. Ҳангоми суханварӣ чун аёният аз минбар, баландгуяк, дар сурати лозима аз нақша ва тасвиру тахтаи сиёҳ, филми мустанад баҳрабарӣ кунад. Неруи баландгуяк бояд мутаносиб бо вусъати толори суханронӣ бошад ва пешопеш имтиҳон шавад ва саъйи зарурӣ ба амал оварда шавад, то садои гушхароше тавлид накунад. Суханвар набояд даҳони худро ба баландгуяк бичаспонад ва бо тамоми қувват садоро баланд кунад. Гирифтани баландгуяк дар даст магар барои баёни чанд ҷумла дуруст нест, бояд руйи пояе собит ва мутаносиб бо қомати суханвар дар баробари шунавандагон қарор бигирад. Нур агар мутаваҷҷеҳи чеҳраи суханвар бошад, беҳтар аст, чунки дидори у ба таври возеҳу равшан таъсири мусбат дар зеҳни шунавандагон хоҳад гузошт. Нур бояд ҳозиринро аз калом, тартиби зоҳирии сухангӯй ва тағироти садову сурат, ҳаракати муносиби дастҳо ва бадани ӯро таҳти таъсир қарор диҳад. Аз пушти мизи суханронӣ ҷуз симои суханвар набояд чизи дигаре пайдо бошад, бинобар ин, зинати барзиёди минбар зарурате надорад ва мумкин аст, ки сабаби ошуфтагӣ ва парешонии хотири шунаванда ва ру тофтану камтар таваҷҷуҳ намудани у гардад. Ба ҳадди имкон аз нушидани об бояд даст кашид. Такя бар минбари суханронӣ, даст бар ҷайб доштан, ба муйи сар ва риш бозӣ кардан, пойро бар тахтаи зери миз куфтан норавост. Ҳавои толори суханронӣ, ҳуҷрае, ки дар он сухан хоҳем ронд, бояд озода бошад, пеш аз шуруъи сухан беҳтар аст тирезаҳо кушуда ҳавои толор тоза шуда бошад. Дар маҳалҳои камодам усулан ниёзи ба истифода аз баландгуяк, минбари суханварӣ нест ва метавон истода, барои теъдоде дар ҳудуди як сад нафар ҳарф зад. Мудири ҷаласа-мизбон бояд дигар масоили моддии корро қаблан баррасӣ ва имтиҳон кунад. Масалан, агар тахтаҳои зинапояе, ки моро ба пушти миз мерасонад, куҳна ва фарсуда бошад ва яке аз онҳо тасодуфан бишканад, ҳарчанд ба касе осебе нарасонад, ҷаласаи суханрониро ба саҳнаи ошуб ва истеҳзо мубаддал хоҳад сохт. Баландгуяки куҳна ва заифу камқувват низ мусибатбор ва асбоби заҳмат аст. Сақфи толори суханронӣ ҳам бояд ба василаи пушиш, ки инъикоси суратро осону равшанӣ медиҳад, сохта шуда бошад. Хусусан, диққат дар зоҳиру маънӣ, ботин, амри талқину таълим, ифодаро осон месозад ва муҳити матлуб ҷиҳати шунидан ва баҳра бурдан ба вуҷуд меоварад.

Донишмандон гуфтаанд, ки сукути бисёр ба мартабае, ки як рузи тамом бар он бигузарад, макруҳ ва мамнуъ аст. Танҳо нишастан беҳтар аз ҳамнишини бад ва ҳамнишини нек беҳтар аз танҳо нишастан аст.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ин маврид барҳақ фармуда:

Дило назди касе биншин, ки у аз дил хабар дорад,

Ба зери он дарахте рав, ки у гулҳои тар дорад.

Дар ин бозори атторон, марав ҳар су чу бекорон,

Ба дукони касе биншин, ки дар дукон шакар дорад.

Ба ҳар деге, ки меҷушад маёвар косаву маншин,

Ки ҳар деге, ки меҷушад, дарун чизи дигар дорад.

Бинол, эй булбули дастон, ба зери нолаи мастон, Миёни сахраву хоро асар дорад, асар дорад.

Чароғ аст ин дили бедор, ба зери доманаш медор,

Лз ин боду ҳаво бигзар, ҳавояш шуру шар дорад.

Чу ту аз бод бигзаштӣ, муқими чашмае гаштӣ, Ҳарифи ҳамдаме гаштӣ, ки обе бар ҷигар дорад.

Чу обат бар ҷигар бошад, дарахти сабзро монӣ,

Ки мева нав диҳад доим, даруни дил сафар дорад.

Адаби дигари инсон тарки бисёрсуханист, ки ин яке аз усули тариқати камгуфторист. Чун касе оҳанги сухан кардан намояд, пас уро лозим аст, ки аввал тааммул кунад, агар маслиҳати гуфтан бар вай зоҳир шавад, сухан кунад, вагарна то мавриди дигар сокит бошад, то вақте ки фурсати муайян даррасад ва маслиҳат зоҳир гардад. Шайх Саъдиддини Фарҳонӣ фармуда: «Сухан бисёр гуфтан хотири ҷамъро парешон гардонад ва хотири парешонро парешонтар».

Ҷамоли дуст агар ба камоли сират ҳамроҳ набошад, фаразан чанд рузаке дилро бифиребад, ба зудӣ ба безорӣ кашад. Шукуфа дар дарахт бисёр дилнишину зебост, аммо агар ҳеч гоҳ ба самар нарасад, оқибат он дарахтро чун ҳезуми хушк бисузонанд ва боз ҳарфи Шайх Саъдист:

Агар ҳушмандӣ ба маънӣ гарой,

Ки маънӣ бимонад, на сурат ба ҷой.

Бори маънӣ набояд фидои лафз гардад, инчунин санъат кардан дар иборат монанди либоси шуҳрат пушидан аст.

Адаби дигар лутфи сухан аст, ки зимни баён аз ҷиҳати фасоҳату балоғат хушоянда ва мавҷудиятеро доро бошад. Суханвар зимни суханронӣ, ки бо хоҳишу иродаи у ба амал меояд, бояд, ки шеваи такаллуф ва санъати саҷъ, ташбеҳу муболиға дар байни сухан ва талаффузро ба хубӣ донад.

ДУНБОЛА КАРДАНИ ҲАДАФ ДАР СУХАНРОНӣ

Касе дар даврони зиндагии худ ба мақсаде ноил мегардад, ки аз ҳеч душворӣ наҳаросад. Гиреҳҳоро бо

таваккал ба Худованд ва бо сарпанҷаи тадбир бикушояд ва сахтиҳою пешомадҳои нораво аркони иродаи уро сусту ларзон насозанд. Дар кудакӣ шояд то синни балоғат падару модар ва муаллим бештар роҳи пешрафти моро нишон медиҳанд ва ҳамвор месозанд. Инсон ба ҳукми фитрату ниёзҳои зиндагӣ ва таносуби руҳу ҷисму дониш ва муҳиту ҳаёт роҳе интихоб мекунад ва тасмим мегираду онро ба поён мерасонад. Шарафи бузурги инсонӣ аз он оғоз мегардад, ки бо кумаки мустаҳками ақида ва иродаи қавӣ мушкилиҳоро дафъ намояд, васвасаи дигаронро нашунавад ва ба мақсуди комил бирасад. Дар суханварӣ низ, ки ҳадафи он дар замири шунаванда маънавиёт фароҳам биоварем ва чӣ соатҳое, ки ба мутолиа пардохта, шояд чӣ шабҳо хобу истироҳатро бар худ ҳаром сохтаем. Бинобар ин, агар муқаддимае барои нутқи худ биёварем ва ашъори нағз ва калимоти мувофиқ бар забон биронем ва аз таҷрибаи шахсии суханронии бузургон дар он бора баҳра барем, ҳамчунин ба сару вазъ, либосу зоҳири худ лавозими кору толори суханварӣ биандешем. Масалан, садоро баланду паст ва чеҳраро бо ифодаи баён мутобиқ созем, ҳама ба манзури пешбурди мақсуд ва муваффақият дар ҳадаф аст.

Аз ин ру, дар тамоми дақоиқи гуфтор аз он чи ки қобили қабул нест, бипарҳезем. Ҳаргиз набояд аз ин шох ба он шох парем, матлаб ҳарчанд муҳим ва омузанда бошад, агар муносиб ба унвони сухан набошад, набояд ба кор барем. Мумкин аст, ҳангоми суханварӣ шеъре ва ё гуфторе бемуқаддима ба хотирамон биёяд, ки дар ҷойи худ муҳиму арзанда бошад, аммо дар он лаҳза бахусус муносиби мавзуи суханронӣ набошад, бояд ба забон наёварем. Ҳар гоҳ чунонки гузашт, суханвар барои расидан ба ҳадаф, равиши матолибро ёддошт кунад, баъд навиштаро аз назари даромад, баёни мақсуд, зикри хотира ё ҳикоёт, овардани бурҳон, шурангезӣ дар сухан ва фуруди калом ду бор машқ кунад ва пеш аз оғоз ба суханварӣ ба истироҳат пардозад ва бо оромиши тамом дар ҷаласа ҳузур ёбад, дар иҷрои кор — нутқи матлубу муассир ба мақсад бирасад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *