Фанни Суханвари (риторика)

Тарзҳои суханварӣ

Давлатҳои қадим, аз қабили Ҳахоманишиҳо ва Сосониён системаи бо низоми сиёси, маъмурй, динй ва таълимй доштанд. Аз ин рў, нутқу суханварй дар мавзўъҳои сиёсй, низомй, давраҳои сиёсию иҷтимой, мазҳабй ва ахлоқй эрод мешуданд. Дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсй қариб ҳамаи ин навъҳои суханвариро мушоҳида мекунем. Аз он ҷумла, шоир пандҳои Бузарҷмеҳри хакимро, ки дар дарбори подшоҳ ба шакли ваъз ироъа мешуданд, дар ҳафт фасл нақл кардааст. Фирдавсй ишораҳо ба сифати суханварй ва аз он ҷумла, ҳунари сафир ё фиристода ҳам дорад, аз ҷумла дар ин байт:

Фиристода бояд, ки доно бувад,

Ба гуфтан далеру тавоно бувад.

Аҳли илму адаби гузашта қудрати суханро дар гуфтор ва нигориш ҳама вақт сутуда ва ситоиш кардаанд. Дар оғози маснавиҳо, Дар шеъри шоирон ва мавридҳои дигар аҳли илму адаб ҳунари суханвариро сутуда ва ҷчойгоҳи ўро хеле воло дида ва шоиронро амирони мулки сухан хондаанд. Шоирон шахсони махсуси қироатгари шеърро доштанд, ки онҳоро ровй мегуфтанд. Қариб ҳамаи донишмандон ҳунари комили суханварй доштанд, гўяндагони қиссаҳо шоҳномахонон, достонпардозон, афсонагўйҳо малакаи сухангўй аз машқу таҷрибаи доимй ҳосил мегарданд. Мударрисони мадрасаҳо ҳунари махсуси суханпардозии касбй хатибон ва воизон тахассуси сухангўй ва баъзе аз уламои калом маъракаороии ваъзро ихтисос доштанд, ки маҷлис Хонда мешуданд.

Анвои сухани форсиро дар асрҳои миёна Амир Хусрави Деҳлавй (1254-1325) дар китоби «Расоил-ул-эъҷчоз» («Эъҷози Хусравй») хуб тасниф кардааст, ки аз ҳашт навъи зерин иборат аст:

  1. Тариқи сухани машоихи суфия ибороти хоссаи эшонро дар баён меорад, ки аксаран маънои рамзй дорад. Намунаи беҳтарини сухани тасавуфиро дар «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Ҳуҷвирии Ғазнавй, «Таскират-ул-авлио»-и Шайх Аттор ва шеъри орифонаи Ҷалолиддини Румй дарёфтан мумкин аст.
  2. Тарзи сухани олимони роҳи ҳақ,ки намунаи он «Кимёи саодат»-и Муҳаммад Ғаззолист. Ин тарзи сухани кутуби динй ва каломй аст.

3.Тариқи мутарассилон, онҳое, ки насри мурсал менависанд. Сабки нависандагони номаҳои расмй, дигар ҳуҷҷатҳои маъмурй ба ҳамин гурўҳ мансубанд. Ин корро муншиҳо ва котибони дарбор ба ҷо меоварданд ва аксари нависандагони асрҳои миёна аз ҷумлаи мардуми ҳамин касбу пеша буданд. Дар сухани онҳо «малоҳати лафзи арабиро бо дақоиқи пухтаи порсй чунин тахмир диҳанд, ки латофати тамом сиришта шавад». Китоби машҳури «Таърихи Байҳақй» (асри XI) оиди таърихи подшоҳони Ғазнави аз ҷониби марди фозил, дабири дарбори онҳо Абулфазли Байҳақй навишта шудааст. Муаллифи китоби «Калила ва Димна» (соли таълиф 1114) Абулмаолии Насруллоҳ низ аз котибонидарбори ғазнавиёни давраи охир буд.

4.Тариқаи сухани ҳукамо. Сухани ҳакимон, олимону донишмандон чуни наст, ки дар илмҳои илоҳй-табиий, риёзй бо меъёрҳои мантиқй ҷавҳари маъно зоҳир мекунанд.

5.Тариқаи музаккирон, воизону хатибон. Ин тариқа сода вар ангину ороста мебошад.

6.Тариқаи боҳафсон сухани устодони мадрасаро мегўянд. Дар тариқа мударрис ҳамаи воситаҳоро кор мефармояд, вале роҳи асосй бо таҳлил кушодани таълимоти фанни

мебошад.

7.Тариқи сухани авом, оммаи мардум, ки ҳама рўза бидуни ороишу такаллуф дар истифода аст. Ин навъи сухан дар ҳар ҷо тамоили услубии ба худ хос дорад ва мавҷудияти лаҳҷа дар шаҳру ноҳия ва манотиқи гуногун аз ҳамин ҷост.

  1. Тариқаи асҳоби музоҳик, ки шакли сухани ҳиҷо гўёну ҳаҷв гўён аст ва мақсад хандонидани дигарон мебошад. Чунин касон аз муболиғаҳои кинояомез истифода мебаранд, то ки аҳли сўҳбатро бо нишоту шодй барангезанд. Ҳазлу шўхй вақте қабул меафтад, ки шунаванда онро ҳамчун ифодаи хислату завқи гўянда бишносад ва қабул намояд.

Амир Хусрав тамоилоти услубии сухани замони худро дуруст Таин кардааст. Тариқи сухани сўфиён тариқи сухани китобҳои динй ва каломй, сухани рисолатии котибон, сухани илми ё тариқи ҳукамо суххани касони баа гуфтори шифоҳи одат дошта (хатибону воизон), тариқи сухани устодони мадрасаҳо, тариқи сухани омаи мардум боа соси шевагии он сухани шўхтабъону ҳаз гўён сабкҳои асосии сухананд, ки имруз ҳам дар истифода мебошанд ва онҳоро ба истилоҳи кунуни услубҳои функ ционали мегўянд. Тариқи сухани матбуоти имруз услуби интишорёфтаи гуфтор аст, вале дар замони гузашта вай вуҷуд надошт. Сухани идора ва коргузорй низ аз тарзҳои маъмули сухани имруза мебошад. Сухани илмй барои ҳама соҳаҳои илму дониш умумият пайдо кардааст. Сухани адабии бадей аз ҷониби амир Хусрав ба тариқи хос ҷудо нашудааст, вале дар замони мо каломи бадеъ аз анвои маъруфи услуби маҳсуб шудааст.

Суханварй шартҳои зарурии моддй ё зоҳирй ва маънавй дорад. Вай пеш аз шурўъ ба суханронй ба Сару либос ва зоҳири худ эътибор медиҳад. Тарзи истодани у бояд одй,дастҳо овезон,қиёфа хоксорона ва бидуни даъвоҳо бошад, бо либосу дастҳо ё чизе дигар бозй накунад, фақат ба як нуқта нанигарад ва дар гуфтораш калимаю таркиби такрорй набошад, чунон ки баъзе касон, «яъне», «масалан», «ҳа»-ро барои таъкид истифода мебаранд. Садои суханвар як навохт набошад, ки шунавандаро хаста мегардонад. Ишора ва ҳаракати даст барои тасдиқи ё инкори масоил бояд аз андоза нагузарад, онҳо кори фаҳмонданро осон мекунанд, каломро беҳтар ба дилу рўҳияи шунаванда мерасонанд. Пастию баланди, зеру бамии овоз низ аз шароити мусоиди суханвари мебошад.

Суханвар аз ваҷҳе ба бозигари саҳна монанд аст, у ҳамаи фаҳму дониш, қалбу равону эҳсосот ва ҳаракоташро ба хотири маърифатталабй сарф менамояд. Вай донишу таҷрибаи худро баҳри қонеъ гардонидан тасхир ва аз роҳи қалбу ҳуш пазируфтани даъвои илми, сиёсию иҷтимой ва фарҳангиаш сарф менамояд.

Суханвар бояд аз руҳиёти шунавандагон огоҳ бошад, то битавонад ба аъмоқи дили онҳо таъсир расонида бошад. Асоси эътимод ба суханвар ҷанбаи донишу маърифати ўст, ки заминаи эҳтиром нисбат ба ба шахсияташ ббуда метавонад. Бинобар ин, суханвари набояд василаи худнамой, суди моддй ё бартарихоҳиҳои дигар гардад, зеро дар ин ҳолат эътибори ў мешиканад ва суханаш бе таъсир мемонад. Каси тобеи ҳавову ҳаваси худй наметавонад, ки дигаронро ба роҳи иршоду ҷавонмардй ва ҳиммати воло даъват намояд. Нотиқ бояд мазҳари покӣ ва бериёй дар кору касби худ бошад. Вақте суханвар аз ҷону дил сухан мегўяд ва андешаи ҷўёи ҳақоиқ дорад, ба ҳангоми сухан паҳлуҳои нодида ва ношинохтаи онҳоро барои худ кашф менамояд. Имом Фахриддини Розй донишманди маъруфи асри XII хатиб ва суханвари тавоное буд. Боре дар ҳангоми дарс ашк аз чашмонаш ҷори мешавад, толибилмон сабаби онро пурсиданд, дар посух гуфт: «Сй сол буд ба масъалае эътиқод доштам ва онро дуруст мепиндоштам. Инак, бо бурҳон акси он собит мешавад. Метарсам мабодо ҳамаи чизҳоер,ки инак саҳеҳ медонам, рўзе хилофи он собит шавад ва ман муаллими матолиби ғалат муаррифй шавам».

Чанд шарти зерин барои суханвар низ лозим аст, ки риоя карда шаванд:

  1. Ба ягон мақсад гуфтори дигаронро ба нафъи худ тағйир додан лозим нест.
  2. Он чӣ ба шунаванда тавсия мешавад, бояд бо ниёзҳои ў мувофиқ биёяд.
  3. Вақти сухан гуфтан аз мавзўъҳои барои суханвар ноошно қатъан барҳазар бояд буд.
  4. Сухан бояд аз айбҷўӣ холӣ бошад ва ба ин хотир афкору сухани дигаре рад карда нашавад.
  5. Дар сурати истифода аз Сухану нукоти дигарон зикри манбаъ бояд дақиқ ва маълум бошад.
  6. Ба мавзўи мавриди баҳс бояд алоқамандӣ, эътиқоду боварӣ ва камоли огаҳӣ дошта бошад.
  7. Аз ифодаи эҳсосоти сохта, вақте мавзўъ дар дилу ҷони гўянда таъсир надорад, низ эҳтироз бояд кард.
  8. Аз ихтисори аз ҳад зиёди матлаб низ худдорӣ кардан лозим аст.
  9. Дар сурати итмоми матлаб ба мавзўи дигар гузаштан лозим нест, зеро вай кайфияти ҳосилшударо мекоҳонад ва баҳси тоза нотамом мемонад.

Риояи ҳусни сухан, қоидаҳои дастури [грамматики] — и забон , осонии талаффуз, ороиш сухан бо зебоиҳои бадеӣ дар маҷмўъ аз шартҳои суханварӣ мебошанд. Сухан ифодаи шахсияти гўянда аз назари дониш, мантиқ, огоҳи дар қавоиди забону луғат ва бадеият мебошад. Аз ин ҷост, ки ба ақидаи Шайх Саъдӣ дар сухан айбу ҳунари мард ошкор мегардад:

То мард сухан нагуфта бошад,

Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.

Сухан дар се навъ гуфта мешавад:

С у х а н и с о д а, ки бидуни ороиш ва танҳо барои огоҳии дигарон гуфта мешавад ва вазифаи хабар доданро дорад. Сухани сода печидагӣ надорад, сода ва фаҳмо гуфта мешавад.

С у х а н и о р о с т а, ки ба нияти таъсир ва рўҳия ва қалби шунаванда гуфта мешавад ва муассиру дилпазир аст. Сухани асарҳои адабии бадеӣ аз ҷумлаи ин навъ ба ҳисоб меояд.

С у х а н и в о л о в а ҳ а м о с ӣ, кибарои барангехтани эҳсосот ва ба ҳаяҷон овардани шунавандагон эрод мешавад.

Каси моил ба суханварӣ бо дигар суханварон ширкат варзад, сабки сухангўёни гуногунро биёмўзад ва худ ба мақоми авсат (миёна) –и суханварӣ бирасад. Сухангўӣ бояд чанд мавзўъро пешакӣ дар зеҳни худ парварида бошад аз масоли адабӣ, иҷтимоӣ , динӣ , ахлоқи, сиёсӣ ва ғайра, то ки ба муқтазои ҳол ба яке аз онҳо муроҷиат намуда бошад.

#

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *