Фанни Суханвари (риторика)

Асари либос дар суханрони

Равоншиносон зимни пурсишномаҳо собит сохтаанд, ки ба таври куллӣ ҳар вақт инсон либоси хуб бипушад, эътимоду боварро ба худ бештар эҳсос мекунад. Дар мавқеи суханронӣ либоси хуб ҳамин асарро дорад. Масалан, агар суханвар бо шими дарзмолнокарда, риши расида, муйҳои парешон дар муқобили шунавандагон истода ҳарф занад, онҳо ба у аҳамият надода, ҳатто ба суханронии вай мутаваҷҷеҳ намегарданд. Шояд дар ақидае бошанд, ки ақл ва шуури

201

у муносиби либосаш аст. Албатта, ҳаргиз ин тавр нест. Фаромуш набояд кард, ки ақлу фаросат ва неруи ҷаззобии мардум бештар дар чашмон аст.

Ҳамеша пеш аз шуруъ ба суҳбат дар бораи шахси суханрон аз руйи зоҳир қазоват мекунанд. Чиниҳо мақоле доранд: «Касе ки лабханд бар лаб надорад, наметавонад дукон кушояд ва косиб шавад». Чеҳраи кушода ру овардан бо шунавандагон ва рафиқон файзи нек аст. Муносибат бояд ҳамеша самимӣ ва дилпазир бошад. Дилбастагӣ ва руйхушӣ роҳест, ки хушҳолӣ ато менамояд. Агар мо ба шунавандагони худ дилбастагӣ ва меҳрубонӣ дошта бошем, эшон низ ба мо дилбастагӣ ва меҳрубонӣ зоҳир хоҳанд кард.

Сухангуй набояд дар вақти суханронӣ бо либоси худ машғул шавад ё бозӣ кунад, саросема шавад, мувозинати хешро гум кунад ва ғайра. Ва пеш аз шуруъ як нафаси амиқ кашида, ба атроф назар кунад. Ҳама ҷо ва ҳама касро аз назари худ бигузаронад. Агар дар ҷое сару садое ҳаст, таҳаммул намояд, то ки сокит шавад. Ҳангоми суханронӣ қафаси синаро баланд нигоҳ доштан лозим аст. Дастҳо дар оғоз билкул бояд беҳаракат бошанд ва фақат дар мавқеи басо муҳим ва ҷолиб ва завқу шур метавонанд бо ҳаракати одӣ онҳо бо баёни шумо кумак намоянд.

Баъзе маслиҳатҳои судманд:

1. То вақте вазъияти суханронӣ якнавохт ва хастакунанда нашуда бошад, ҳаракати дастро ба кор набаред.

2. Ҳаракатҳои номуназзам, ногаҳонӣ бо оринҷ накунед.

3. Агар хоҳед, ки бо баланд кардани ангушти ишорат маънии сухани худро ба шунавандагон беҳтар бифаҳмонед, шарт нест, ки онро дар тамоми муддати адои як ҷумла баланд нигоҳ доред.

4. Дар мавриде, ки суханҳои басо муҳимро баён мекунед, бигузор ҳаракатҳои шумо ба маънии ҳарфи шумо тақвият бахшад.

Баъзе хулосаҳои судманд:

1. Ҳеч вақт бо тани хаста шуруъ ба суханронӣ накунед ва ба саҳна набароед.

2. Байни вақти ғизо хурдан ва суханронӣ ба андозаи кофӣ фосила гузоред.

3. Бо руҳия ва шавқи комил барои суханронӣ ҳозир шавед. Дар таҷриба собит гардида, ки шунавандагон ба даври суханроне бо майли зиёд ҷамъ мешаванд, ки бо ҳарорати зиёд ҳарф мезанад.

4. Бо либоси тоза ва хуб пушти минбари суханварӣ биравед.

Фарди сухангуй қабл аз суханронӣ бояд ба либос ва намуди зоҳирии хеш диққат бидиҳад. Дар баробари он, ки каломи у дилнишин аст, намуди зоҳирии он низ тозаву дилҷуй бошад. Дар байни мардуми тоҷик гуфторе ҳаст: «Одаму либос ва хонаву палос», «Чуб бо либос», «Либос ҷанда бошад, вале ганда набошад». Матлаби мо он нест, ки зимни ҳар бори суханронӣ шахс бояд либоси нав дар бар кунад. Агар куҳна аст, боке нест, танҳо шинам ва зебанда бошад, ки ба ҳусни каломи шумо муносиб афтад. Дар ин ҷода ду чиз аст: аввалӣ ва асосӣ санъати гуфтор ва дувумӣ намуди зоҳири: либосу нигоҳу ҳаракат, ишораҳо ва амсоли он. Ҳарчанд ки Шайх СаъдИ басо хуб фармуда:

Тани одами шариф аст ба ҷони одамият,

На ҳамин либоси зебост нишони одамият.

Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гушу бинӣ,

Чӣ миёни нақши девору миёни одамият?

Хуру хобу хашму шаҳват шағаб асту ҷаҳлу зулмат, Ҳаявон хабар надорад зи ҷаҳони одамият…

Агар ин дарандахуйӣ зи табиатат бимирад,

Ҳама умр зинда бошӣ, ба равони одамият…

На баёни фазл кардам, ки насиҳати ту кардам, Ҳам аз одамӣ шунидем баёни одамият.

***

Машаванд аз сардмеҳрӣ дустон аз ҳам ҷудо, Баргҳоро мекунад боди хазон аз ҳам ҷудо…

Гар ду бенисбат ба ҳам бошанд сад сол ошно, Мекунад бенисбатӣ дар як замон аз ҳам ҷудо…

Дар хамушӣ ҳарфҳои мухталиф як нуқтаанд, Мекунад ин ҷамъро теғи забон аз ҳам ҷудо…

Гарчи дар суҳбат қасамҳо бар сари ҳам мехуранд,

Хуни ҳамро мехуранд ин дустон аз ҳам ҷудо.

То чу занбури асал дар чашми ҳам ширин шаванд,

Беҳ, ки бошад хонаҳои дустон аз ҳам ҷудо.

Нест мумкин ошноёнро зи ҳам кардан ҷудо,

Мекунад бегонагонро осмон аз ҳам ҷудо.

Лафзу маъниро ба теғ аз якдигар натвон бурид,

Кист, Соиб, то кунад ҷонону ҷон аз ҳам ҷудо.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *