Фанни Суханвари (риторика)

Суханвари ва Суханвар

Суханварӣ бо каломи зебо ва лаҳни шево баён кардани мақсад, ҷалб намудани таваҷҷуҳи шунавандагон ва ҳунари сухан гуфтанро меомӯзонад.

Суханварӣ фаннест, ки ба воситаи он гӯянда шунавандаро бо сухани хеш қаноатманд намояд ва бар ҳадафи худ тарғиб кунад. Бинобар ин, ҳадаф аз суханварӣ ҳамин ду натиҷа аст, ки шунаванда сухани гӯяндаро бипазирад ва бар манзури ӯ барангехта шавад. Гӯянда ва ҳунарманде, ки ин фанро ба кор мебарад, суханвар ва суханеро, ки ин фан дар он ба кор бурда шавад, нутқ ва гуфтор меноманд.

Табиати инсон чунон аст, ки ӯ бояд бо ҳамҷинсони худ зиндагонӣ кунад ва воситаи муҳими робитаи байни одамон муошират аст. Ҳар кас ғолибан ба суханварӣ эҳтиёҷ дорад, то ин ки дигарон ба мақсаду мароми ӯро бифаҳманд.

Сухан дар қолиби калима, ибора ва ҷумлаҳои дилнишин бо ёрии фикру андеша ифода меёбад. Ҳадафи асосии суханварӣ фаҳмиш ва баёни мавзӯи хосса ба шунаванда аст. Баёни суханвар бояд тавре сурат бигирад, ки тавонад бахше ва ё кулли шунавандагонро тасхир созад ва дар дили онҳо ҳиссиёти гуногун: чун кин, ғам, шодӣ, нафрат ва амсоли инро барангезад. Ин амал ба воситаи чашму гӯшу забон, ғаму шодӣ ва кӯмаки лутфу эҳсосот ва андешаҳои пуртӯғёни инсонӣ падидор мегардад. Чунонки Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ фармуда:

Сетои ту чашм асту гушу забон,

К-аз инат расад ҳар неку бад бегумон.

Мутаассир намудани шунаванда зимни баён ҷавҳари асосии маҳорати суханварист. Нутқ маҷмӯи калимотест, ки бо оҳанги дилпазир аз эҳсоси қалб бархезад. Баён маъруфи дониши инсонӣ ва бартарию шоистагии танҳо хоси одамист:

Одамӣ махфист дар зери забон,

Ин забон парда-ст ба даргоҳи ҷон.

Чунки боде пардаро дарҳам кашид,

Сирри саҳна хона шуд бар мо падид.

З-ин қибал фармуд Аҳмад дар мақол:

«Дар забон пинҳон бувад ҳусни раҷол».

Оламеро як сухан вайрон кунад,

Рубаҳони мурдаро шерон кунад.

Эй забон, ҳам оташу ҳам хирманӣ,

Чанд ин оташ дар ин хирман занӣ?

Дар ниҳон ҷон аз ту афғон мекунад,

Гарчи ҳар чӣ гуияш, он мекунад.

Эй забон, ҳам ганҷи бепоён туӣ,

Эй забон, ҳам ранҷи бедармон туӣ.

Суханварӣ фанни қаноатманд кардан, бовар ва эътимоди шунавандаро ҳосил намудан ва тарғибу ташвиқ аст, ба тавассути нерӯи сухан ва ҳадаф аз ин ба даст овардани ин ду натиҷа аст. Барои он ки шунаванда аз сухани гӯянда қонеъ гардад, ӯ бояд барангехта шавад ва ин амалест басо мушкил ва заҳматталаб.

Мавзӯи суханварӣ оғоз ва анҷоме ва ҳадду шуморе надорад, зеро метавонад ба тарзи мухталиф, чи аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ, чи илмӣ ва ахлоқӣ, динӣ ва ё башарӣ сурат бигирад.

Қонеъ намудани шунаванда ва бинанда ба ду қисм

аст:

-Илмӣ ва мантиқӣ.

-Хитобӣ.

Ба тариқи илмӣ ва мантиқӣ қонеъ намудани шунаванда он гоҳ амалӣ мешавад, ки мадҳшаванда ва ё мавзӯи баён бо далелу бурҳонҳо собит гардад, то ки ба рост ва воқеӣ будани он бовар ҳосил гардад, шубҳа ва нобовариҳо дар ҳаллу фасли он бартараф шавад.

Аммо на ҳама мавзӯъ қобили бо далоил ва аснод исбот кардан доранд, бисёр мавзӯъҳое ҳастанд, ки ростӣ ва дурустии онҳо нисбист. Яъне, дар як давру замон ва ё макони муҳити иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, сиёсати давлат созгор асту бо тағйир ёфтани он мувофиқ намеояд.

Ҳар касе битавонад усулҳои баёнро бо қудрат ва ҳунарнамоии махсус ба кор барад, суханрон, хатиб ва каломе, ки бад-ин тарз бар забони ӯ биёяд, хутба, суханвариву нутқ ва гуфтор номида мешавад. Нутқу баёни хуб дар тӯли асрҳо яке аз омилҳои зарурии ҷамъият ва фарҳанги шахс ба шумор меравад, зеро инсон ҳамеша дар ҳаёт бо дигарон муносибат мекунаду зиндагӣ менамояд.

Маҳорат ва санъати суханвар дар баёну гуфтори муассир ва дилнишин матраҳ мегардад, ки дар қолаби калимаҳо баён мешавад ва ба василаи он шунавандаро тасхиру маҷзуб намуда, барои анҷом пазируфтани мақсад ва амру армонҳо омода ва водор месозад. Аз ин лиҳоз, ҳадафи суханвар яке нуфузи хешро дар дилҳо маъво додан ва дигаре дили сомеъонро дарёфтан ва бо иборати дигар, қаноатмандӣ аз шунаванда ва тарғиби ормонҳои хеш аст.

Дар фанни мантиқ, ки ба илми калом робитаи ногусастание дорад, панҷ санъат, яъне панҷ ҳунари сухандонӣ собит аст, ки яке аз онҳо фанни хитоба (воизӣ, ваъз гуфтан) аст. Фанни хитобаро аз назари мантиқӣ бад- ин сурат таъриф мекунанд: «Хитоба иборат аст аз сухан, ки дар радифи ба ҳам овардани ҷамъе аз шунавандагон, қаноатмандӣ ва барангехтани онҳо эрод мешавад ва фанни хутба саноатест, ки роҳу расми саодатмандӣ ва ба мақсад расидану қаноатмандӣ ҳосил намуданро меомузад». Мақсад аз хутба ин аст, ки шунавандаро тасхир созад ва суханро бо дили ӯ пазиро гардонад.

Бинобар ин, ҳама инсонҳо ниёз ба сухан гуфтан доранд, то мақсудашон дарк ва иҷро шавад. Суханвар, ки нақши ифодакунандаро бар дӯш дорад, саъю кӯшиш мекунад, ки андешаву афкор, донишу биниш ва таҷрибаи андӯхтаи худро ба дилҳои шунавандагон ҷой диҳад. Аз ҳамин ҷиҳат суханрон, муршид (пир, шайх), устод, роҳнамо ва мураббии дилсӯз барои пешбурди ҳамаҷонибаи ҷомеаи худ мебошад.

Қалби поку беғаш, нигаҳе шарораангез, ифодаи сухани ҳақ, лаҳну тарзи баёни суханвар ба ӯ имкон медиҳад, ки шунавандагонро таҳти нуфузи хеш қарор диҳад, гавҳари мақсуд ба каф орад, он гоҳ ӯро муҳтарам доранд ва ба ҳар ҷо, ки тасмим бигираду сазовор бидонад ва виҷдони пок ба ӯ фармон диҳад, аз роҳнамоӣ дареғ надорад. Суханвар мебояд, ки ба бовару эътимоди шунаванда арзанда бошад. Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар ин маврид барҳақ фармуда:

Хирадро кору боре чун сухан нест,

Ҷаҳонро ёдгоре чун сухан нест.

Гаҳе лабро нишоти ханда орад,

Гаҳ аз дида нами андуҳ борад.

Лз у хандад лаби андуҳмандон,

В-аз у гирён шавад дилҳои хандон.

Дар аксар мамолики Шарқи қадим суханварон — хатибон буданд. Мардум ба онҳо эътиқоди қавӣ дошта, ононро дорои нерӯи илоҳӣ шуморида, чун паёмбарон эътироф мекарданд.

Дар сарзамини Шарқ қувваи нотиқа аз ато ва бахшишҳои Парвардигор шуморида мешуд. Шояд аз ҳамин ҷиҳат аст, ки аз давраи садри ислом дар масҷидҳо ва амокини муқаддас бо мадҳу ситоиши Худованди мутаол ва наъти Паёмбари акрам (с) ва пешвоёни дину мазҳаб оғоз ва пас аз адои мақсуд бо ҳамду сано ва дуруди Парвардигори бахшояндаву меҳрубон анҷом мепазируфт.

Хоҷа Ҳофиз ба суханони гарму саршор аз сафову имону ҳаяҷон ва омӯзанда дилбастагие дошта, чунин сурудааст:

Ғуломи он калимотам, ки оташ афрузад,

На оби сард зинда аз сухан бар оташ низ.

Ҳаким Низомии Ганҷавӣ суханвариро «нахустин падида» ва офаридаи Худованди бузург ва сояи Пайғамбари У ба одам дониста, чунин фрмудааст:

Қофиясанҷон, ки сухан баркашанд,

Ганҷи ду олам ба сухан даркашанд.

Хоса калиде, ки дари ганҷрост,

Зери забон марди сухансанҷрост.

Он ки тарозуи сухан сохта кард,

Бахтоваронро ба сухан пухта кард.

Булбули Аршанд суханпарварон,

Боз чӣ монанд ба он дигарон.

Пардаи розе, ки суханпарварист,

Сояе аз пардаи пайғамбарист.

Пешу пасе баст сафи кибриё,

Пас шуаро омаду пеш анбиё.

Ин ду назар маҳрами як дустанд,

Ин ду мағз, он ҳама чун пустанд.

Ҳар рутабе, к-аз сари ин хон бувад, Он на сухан, порае аз ҷон бувад.

Чашмаи ҳикмат, ки сухандонӣ аст, Обшуда з-ин ду-сеякнонӣ аст…

Аз пайи лаъле, ки барорад зи кон, Рахна кунад байзаи ҳафт осмон.

Ҳам нафасаш роҳати ҷонҳо шавад, Ҳам суханаш муҳри забонҳо шавад.

Ҳар кӣ нигорандаи ин пайкар аст, Бар суханаш зан, ки суханпарвар аст.

Муштарии сеҳри сухан хонамаш, Зуҳраи ҳорутшикан донамаш…

Шеър туро садрнишонӣ диҳад, Салтанати мулки маонӣ диҳад.

Шеъри ту аз шаръ бад-он ҷо расад, К-аз камарат соя ба Ҷавзо расад.

Шеър барорад ба амирит ном,

К-аш шуарои умаро-ул-калом.

Чун фалак аз пой нашояд нишаст,

То сухане чун фалак орӣ ба даст…

Нутқ ва каломи зебо дар ҳақиқат қудрате дорад, ки ташнагони суханро сероб гардонад ва дар ниҳоди онон шуру туғё ва ҳаяҷоне барангезад. Дар ин маврид Ҳаким Носир Хусрави Қубодиёнӣ фармуда:

Ба гуфтори ширин фиребанда мард,

Кунад, он чи натвон ба шамшер кард.

Ба нармӣ гар сухан ронӣ, ҳамерон,

Ки аз тезӣ ба ранҷ ояд дилу ҷон…

Магу нохуш, ки посух нохуш ояд,

Ба куҳ овози хуш деҳ, то хуш ояд.

Шайх Аттор фармуда:

То тавонӣ, ташнаро сероб кун,

Дар маҷолисхидмати асҳоб кун…

Яке аз шартҳои зарурии фанни суханварӣ ин аст, ки он чи суханвар эрод мекунад, бояд бо мақсаде ва ҳадафи муайяне баён карда шавад. Аз алфози парокандаву мушавваш бипарҳезад ва пухтаву санҷида сухан бигуяд. Ба қавли шоир:

Сухан бисёр дону андаке гуй,

Якеро сад магуй, садро яке гуй.

Ба гуфти донишманди бузурги Юнони қадим Афлотун, гуфтор бояд мавҷудияти зиндае бошад, яъне, сари ҳар мавзуе сухан гуфта шавад, бахшҳои зерин вуҷуд дошта бошад: оғоз, миёна, анҷом. Ин қисматҳо бояд ба ҳам дар робита ва таносуб бошанд, чунонки Шайх Саъдӣ гуфта:

Суханро сар аст, эй хирадманду бун,

Маёвар сухан дар миёни сухун,

Худованди тадбиру фарҳангу ҳуш,

Нагуяд сухан, то набинад хамуш.

Ҳар кӣ дар пеши сухани дигарон афтад, то мояи фазлаш бидонанд, яқин аст, ки пояи ҷаҳлаш шиносанд. Хоҷа Ҳофиз фармуда:

Бар бисоти нуктадонон худфурушӣ шарт нест, Ё сухан дониста гу, эй марди оқил, ё хамуш.

Агар суханвар маҳорати хубе дошта бошад, шунавандагонро бо маслиҳату суҳбатҳои судманди худ аз саҳву хато бозмедорад, аз осебу зиён дур месозад ва ба роҳи росту дуруст ҳидоят мекунад. Абушукури Балхӣ дар боби қадру қимати сухан чунин оварда:

Шунидам, ки бошад забони сухан,

Чу алмоси буррову теғи куҳан.

Чу алмос, к-оҳан бибуррад ҳаме,

Сухан низ дилро бидаррад ҳаме.

Сухан бифганад минбару дорро,

Зи сурох берун кашад морро.

Чу ёқут бояд сухан бар забон,

Сабуксанг, лекин баҳояш гарон.

Дар пешаи суханварӣ афроде ҳам ҳастанд, ки дуруғу сафсаттаро барои манфиати нафси хеш ба кор мебаранд ва ботилро ҳақнамо нишон медиҳанд. Чунин амал зишту нангин хоҳад буд. Ин тарзи суханварӣ дар илми калом нест, балки дар сирати касест, ки ин ҳастиро ба худ раво бинад. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ басо хуш нигошта:

Эй гарав карда забонро ба дуруғ,

Бурда буҳтон зи каломи ту фуруг.

Ин на шоистаи ҳар дидавар аст,

Ки забонат дигару дил дигар аст.

Лз раҳи сидқу сафо дурӣ чанд?

Дили қирӣ, руҳи кофурӣ чанд?

Руй дар қоидаи эҳсон кун,

Зоҳиру ботини худ яксон кун.

Якдилу якҷиҳату якру бош,

В-аз дуруёни ҷаҳон як су бош!

Лз каҷӣ хезад ҳар ҷо халалест,

«Ростӣ-растӣ» неку амалест.

Бузурге фармуда: Суханронии хуб ба се омил вобастагии қавӣ дорад. Нахустин, гуянда, дуюм, тариқи баёни у, сеюм, матлабе, ки гуфта мешавад. Каломи суханвар бояд дар он пояе бошад, ки таъсири он ба шунавандагон чун пайғом ва навиди зарурӣ аз қалб ва руҳи баёнгар ба қалб ва руҳи сомеъон гузарад. Низомии Ганҷавӣ фармуда:

Чунки насохта сухани сарсарӣ,

Ҳаст бари гавҳариён, гавҳарӣ.

Нукта нигоҳ дор, бубин чун бувад,

Нукта, ки санҷидаву мавзун бувад.

Файласуф ва донишманди Юнони қадим Эзопи зиштсурати нексиришт, ки тавассути ақли расову забони шево рухсатномаи озодӣ ба даст овард, дар боби суду зиён, манзалату бузургӣ ва мавқеи забон чунин иброз доштааст:

«-Ксанф, акнун чӣ овардӣ?

Эзоп:

-Забон.

Ксанф:

-Боз забон? Магар ба ту нагуфта будам, ки барои меҳмони олиқадри ман беҳтарин ғизо биёрӣ? Барои чӣ фақат забон овардӣ? Мехоҳӣ маро шарманда намоӣ?

Эзоп:

-Чӣ чиз беҳтар аз забон шуда метавонад? Забон моро ба ҳамдигар муттаҳид мегардонад. Бидуни забон мо аз ифодаи мақсаду мароми хеш оҷиз будем. Забон калиди дониш ва силоҳи ҳақиқату хирад аст. Ба василаи забон шаҳру қасрҳои бошукуҳ месозанд. Мо ба тавассути забон ишқу муҳаббати хешро баён менамоем. Ба воситаи забон дарс меомузанд, ҳақро ба субут мерасонанд, панду насиҳат мегуянд, ситоишу ибодат ба ҷо меоваранд, ҳарфе мефаҳмонанд, месароянд, исбот мекунанд ва тасдиқу таъкид менамоянд. Ба воситаи забон калимаҳои «модар», «ёр» ва «Парвардигор»-ро зикр мекунем. Мо ба воситаи забон «бале» мегуем. Сарлашкар сарбозашро тавассути забон ба ғолибияту зафар раҳнамоӣ мекунад. Мо ба василаи забон назми дилнишину марғуби Ҳомерро месароем. Забон олами Эсхилро эҳё мекунад ва каломи Демосфенро зинда мегардонад. Эй Ксанф, тамоми мамлакати Юнон: аз сутунҳои Парфинон то ҳайкалҳои Фидий, аз худоҳои Олимп то ривоятҳои Троя, аз қасидаҳои шоир то файласуфҳои донишманд, хулосаи калом, саросари Юнонистон тавассути забон офарида шудааст, василаи лаҳни зебо ва шевои Юнон, ки садояш дар давоми асрҳо дар тамоми ҷаҳон баланд шунида хоҳад шуд.

Ксанф:

-Офарин! Офарин, Эзоп! Сухани ҳақ, гуфтӣ… Ту ҳақиқатан беҳтарин неъмати ҷаҳонро барои мо овардӣ. Боз ба бозор рав, ин бор бадтарин чизро гирифта биёр… Ман ба хирадмандии ту бовар пайдо кардан мехоҳам …

Эзоп пас аз муддате лаълии болопушидае меорад.

Ксанф:

-Ҳоло ки чӣ будани беҳтарин чизи дунёро фаҳмидем, биё, бубинем, ки ба фикри ин маъюби зишт бадтарин чизи дунё чӣ будааст?

Забон? Боз забон?… Эй кундфаҳм, магар худат нагуфта будӣ, ки забон беҳтарин чизҳои дунёст? Магар боз шаллоқ хурдан мехоҳӣ?

Эзоп:

-Забон, ҷаноб, бадтарин чизи дунёст. Забон манбаи ҳамаи дасисаву балоҳост, оғози фитнаву фасодҳо ва модари тамоми баҳсу ҷанҷолҳост. Забонро шоирони беҳунар беҷо истифода бурда, боиси озори гуши мардум мешаванд. Файласуфоне, ки қобилияти андеша надоранд, забонбозӣ мекунанд. Забон дуруғ мебофад, ҳақиқатро пинҳон месозад. Забон ғайбат мекунад, ба касон таҳқир меоварад ва буздилона пинҳон мешавад. Забон барои садақа пурсидану гадоӣ кушода мешавад, забон ба мардум лаънату нафрин мегуяд, аҷзу ҳақирӣ баён менамояд. Забон хашму ғазаб зоҳир месозад, туҳмат мекунад, мефурушад, ҳилаву найранг ба кор мебарад. Забон хиёнат мекунад, фасод меандозад. Ба воситаи забон мо мегуем: «бимир», ба воситаи забон носазо мегуем ва лафзҳои «бандаву ғулом»-ро ба кор мебарем. Мо ба воситаи забон «не» мегуем. Олиҳа Акил хашму ғазаби худро ба воситаи забон ба кор бурд. Ксанф, ана барои чӣ забон бадтарин чизҳои дунёст, ки мо огаҳ ҳастемН»

Ба ақида ва андешаи он ки Худованд танҳо истеъдодро барои шахсони алоҳида ато карда бошаду дигарон аз он бебаҳра бошанд, хатои маҳз аст. Ҳар шахс имкони хубе дорад, ки тавассути машқ кардан нотиқ ва сухандону суханвари хубе гардад. Танҳо майлу рағбат ва шавқу ҳавас лозим. Агар инсон дар нутқ варзидаву бомаҳорат бошад, ҳангоми суханронӣ далел ва афкореро, ки фаромуш кардааст, бо ҷуръат ва эътимод ба лавҳи хотир меоварад.

Ҳар шахсе, ки мақсаду маромаш нотиқу сухандони варзида шудан аст, бояд яъсу ноумедиро аз худ дур созад, то имкону шароити мусоид ҳаст, бештар ҳарф заданро машқ кардан лозим аст. Бузургии нотиқон ва суханворони дунё низ дар ҳамин аст.

Барои тақвияти ин фикру андеша таассурот ва нақши хотирае аз ҳаёт ва маҳорати суханвари варзидаи тоҷик шодравон Маҳмуди Воҳидро зикр менамоем.

Солҳои 1971-1972 дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба ҳайси мудири бахши адабӣ адои вазифа мекардам. Ҳусни таваҷҷуҳи маро бештар маҳорати суханронии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмуди Воҳид ба худ ҷалб мекард. Мехостам асрори нозукиҳои санъати ин устоди ҷавону забардасти саҳнаро тариқи дақиқ ба мушоҳида бигирам ва аз усулҳои машқу гуфтор ва шуғли ҳамешагии у огаҳӣ пайдо намоям.

Маҳмуди Воҳид анқариб фурсат надошт бо ҳамкорон ва ашхосе, ки мехостанд бо у дар мулоқот бошанд, «дами беғам» занад, лаҳзае фароғат кунад. Ба аксар ҷаласаҳои расмӣ, семинару машғулиятҳои сиёсӣ ва амсоли он, ки вақти зиёдеро мегирифт, иштирок намекард. Бо рафиқону ҳамкорон чунин менамуд, ки тариқи расмӣ суҳбат дорад. Вақти зарурӣ дар саҳна пайдо мешуд ва нақши худро бо тамоми ҳастӣ иҷро мекард. У ҳамеша бо хеш буд. Бо мусоҳиб ҳарчанд дар гуфтугу бошад ҳам, валекин ҳушу ёди у ба самти дигаре ба ҷаҳони рангини маҳорат ва матонат парвоз мекард. Ман мушоҳида накардаам, ки у ягон дақиқаи вақти хешро ба корҳои беҳуда сарф карда бошад. Уро ба бисёр ҷойҳо даъват мекарданду мехостанд. Вале у ягон сабаб оварда, узр мехост ва ҳол он ки дар чунин мавридҳо шабона дар толори хурди ошёнаи сеюм, дарро аз дарун маҳкам мебаст ва пайваста машқ мекард. Маҳмуди Воҳид дар он ақида буд, ки тамошобин ҳунарманди асилро бояд танҳо дар саҳнаи театр бубинад, на дар саҳначаҳои телевизионӣ. Дар роҳ, дар хона, дар ҳама ҷо фикру зикри у банду басти ҳифзу қироату гуфтор ва такрор буд. Лаҳни гуфтораш дилнишину марғуб ва шевою мутаассир буд. Ҳамаи ин маҳорат ва санъати волояш натиҷаи машқу тамрин буд. (Равонаш шод бод!)

Қитъа:

Ёд дорӣ, ба вақти зодани ту?

Ҳама хандон буданду ту гирён,

Он чунон зӣ, ки вақти мурдани ту,

Ҳама гирён бошанду ту хандон.

УСТОД

Он чӣ дорам, ҳама аз каломи устод дорам. Каломи устод ба ҷони хастаи ман руҳу нишот ва тараб мебахшад. Гоҳе диламро саропо шавқу умед ва орзу мекунад ва гоҳе чун сели муҳиб ва мудҳиш умеду орзуямро ба ғорат мебарад.

Дар муқобили як калимаи устод дарҳам мешиканам, хурду нобуд мешавам. Дар як калимаи устод пар мегирам ва парвоз мекунам ва ба Арши Худо меравам, малоикро дармеёбам, каломи устод ба додам мерасад ва аз бероҳа ба роҳам мехонад:

Гар марди раҳӣ миёни хун бояд рафт,

Лз хештани хеш бурун хоҳад рафт.

Ту пой ба роҳ гузору аз роҳ маҳарос,

Худ роҳ бигуядат, ки чун бояд рафт.

Каломи устод дидаи басиратам боз мекунад ва баду хуби ҷаҳонро ба ман мекушояд.

Эй устод, ин дили муштоқи каломат ҳар бор аз мактаби ту шуре дигар ёфт. Агар дар баробари сеҳри каломат масту маҳбут бимонам, агар гунгу хомуш чашм ба даҳони гуёи ту бидузам, агар дар муқобили суолат дармонам, агар забонам дар ҷустуҷуйи ҷавоб ба лакнат биафтад ва лабҳоям ба ҳам барнаояд, агар калимаҳоро натавонам ба ҳам пайвандам ва аз он миён ҷумла муносиби суолат бисозам, чӣ гуноҳ ва хатое дорам? Гуноҳ аз каломи туст, ки ҷоду мекунад ва забонамро ба банд меоварад. Ман куҷо қудрат дорам дар муқобили каломи ту лаб ба сухан бикушоям.

Ҳар дам, ки аз ҳаводис ва ноҷурии зиндагӣ дилам ба дард омад, ҳар бор, ки шуълаҳову шарораҳои оташи дарунам забона кашида ва вуҷуди ҳастиямро сузонд, ҳар вақт, ки қатраҳои гарми ашк ба ёриям шитофт ва обе бар оташи фурузони дил пошид, ҳар дафъа, ки ҷонам ба лаб расиду ҳарорати сузу оҳам лабҳои сарду берангамро сузонад, девонавор ба суйи ту шитофтам ва чашмҳои ашколудамро ба чашмҳои пурфуруғу мунаввари ту духтам. Он қадар дар мактаби ту мондам, то дили ноумедам умедвор шуд ва ҳаяҷони дарунам фуру нишаст ва руҳи озурдаам нишот ёфт ва сафои каломат ҷонамро сафо бахшид.

Эй устод, чӣ сеҳру ҷодуе дар каломи ҷонпарвари худ дорӣ, чӣ розҳо ва рамзҳо дар суханони волоят ниҳон аст?!

Пас, шумо шогирдони гиромӣ, агар моилед, ки дар оянда нотиқу сухандони варзида гардед, яъсу ноумедиро аз худ дур созед ва ҳатто ба лавҳи хотир ҳам наоред, ки дар сухандонӣ ва суханронӣ аз дигарон камӣ ё ноқисие доред. То имкон доред, ҳунари сухангуйиву суханвариро ёд гиред, ки бузургии суханварони дунё низ дар ҳамин аст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *