Фанни Суханвари (риторика)

Суханварӣ дар рум

Дар қарни дувуми пеш аз милодӣ дар Мағрибзамин давраи румиён оғоз гардид. Румиён дар аввал қавми дурушту дағал, бадху ва бетарбият буданд. Онҳо ба ҷуз зуриву ҷанговарӣ ва кишваргирӣ дигар ҳунаре ва хираде надоштанд. Дар зарфи чандин аср, ки аз таърихи он огоҳӣ дорем, ҳарфе аз илм, адабу ҳикмат, санъат ба миён намеояд, то замоне ки мулки Рум ба

Юнон пайваст ва бо мардуми он сарзамин омезиш карданд ва аз муошират, кам-кам илм ва адабу фарҳанг бархурдор гардиданд. Суханвариро низ румиён дар ҳамин айём аз юнониён омухтанд.

Яке аз нахустин суханварони румиён бо исми Катон аст, ки аз мардони сиёсии номии Рум аст ва аҳволи шигифтовари у дар таърихи Рум сабт ёфтааст. Катон табиатан марди хирадманд ва устувору қавиирода, ростгу ва ҳақиқатҷу буда, суханварияш низ монанди равиши зиндагонияш мардона ва беороишу мустақим буд.

Замоне ки юнониён барои ислоҳи давлатдории Рум сӣ нафар файласуф ва хатиб ба Рум фиристоданд, Катон чун сухани эшонро шунид ба ҳамшаҳриёнаш гуфт, ки ин чарбзабононро бояд зуд ба диёрашон баргардонед, ки ҳар чӣ мехоҳанд бо забонбозӣ ҷавонони моро гумроҳ месозанд.

Дигар суханвари Румӣ — Ситсерон аст, ки шуҳрати беандоза дорад. Ситсерон бархилофи Котон ба илм ва адаби юнонӣ такя ва тарғибу ташвиқ менамуд, каломи худро ороиш медод ва нуктасанҷон гуфтаанд: Думистанис ҳангоме ки сухан мегуфт, худ ва суханвариро фаромуш мекард ва ғарқи матлаб, мавзуъ, эҳсосот ва афкор мегардид ва шунавандагон ҳам чунон маҷзуби баёни у мешуданд, ки шахс Думистанис ва суханвариро фаромуш мекарданд. Аммо вақте ки Ситсерон суханронӣ мекард, шунавандагон мутаваҷҷеҳи ҳусну баёни у мегардиданд ва у ҳамеша дар суханварӣ қасди ҳунарнамоӣ дошт; бисёр худписанд ва худсито буд. Валс бо вуҷуди ин, Ситсерон яке номдортарин суханварони ҷаҳон шинохта шудааст. Бо инқирози Рум Ситсерон аз майдони сиёсат канор рафта, ба ҳикмату адаб пардохт ва рисолаҳое дар фунуни суханварӣ навишта маъруф гардид.

Дар замони нахустин императори Рум Паёмбари Худо — Исои Масеҳ (а) дар сарзамини Фаластин ба дунё омад. Ин ба давраи салтанати Ашкониён дар Эрон рост меояд. Маҳз дар ҳамин давра дини насронӣ (масеҳӣ) миёни мардуми Рум (Рим) интишор ёфт ва тадриҷан аз Фаластин ба Шом, Миср, Осиёи Хурд, Юнон ва Италия рафта, бар ҷойи буткадаҳо калисоҳо бунёд гардиданд. Пас аз давраи қайсар ва Ситсерон авзои давлати Рум дигаргун гардид. Ҷумҳурӣ ба сохти имперотурӣ табдил гардида, анчуманҳои миллӣ аҳамияти худро гум кард ва суханварӣ низ мақом ва нақши хешро аз даст дод.

Пас аз сипарӣ шудани даврони азамати Руми Ғарбӣ (Рим) мутафаккирони Аврупо ба эроди хитобаҳои динӣ пардохтанд ва мавъизарониро дар қаламрави калисо ба ихтиёри худ гирифтанд. Маъруфтарини онон хабаре, ки шунида ва таҳти таъсир қарор гирифта буд, ба пиндори худ барои раҳонидани мадфани Исои Масеҳ аз тасарруфи мусалмонон онҳоро ба ҳам барангехт. Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ дар «Маснавии маънавӣ»-и худ дар мазаммати

суханони таассубомезу орӣ аз ҳақиқат, ки афроди тиҳимағз ҳамчун Пирҳармит бар забон ронда ва афкори мардумро ба нестӣ мебурданд, чунин мефармояд:

Золим он қавме, ки чашмон духтанд,

В-аз суханҳо оламеро сухтанд,

Оламеро як сухан вайрон кунад,

Рубаҳони мурдаро шерон кунад.

Дар Британия Фронсис Бекон файласуфи маьруф ва суханвари барҷаставу машҳур ба шумор мерафт. Аз Белгия Кординал Марсия шуҳрати бисёр дошт. У барои бартараф намудани ихтилофи фирқаҳои мухталифи насронӣ (масеҳӣ) ба тамсили Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ (дар бораи курҳо ва филу шаби тор) истинод мекунад ва дарвоқеъ, барои баёни мақсаду ҳадафи хеш равиши Мавлавиро ба кор мебарад. Инак, ҳикояте аз «Маснавии маънавӣ» -и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ:

Кудаке дар пеши тобути падар,

Зор менолиду бармекуфт сар.

«К-эй падар, охир куҷоят мебаранд,

То туро дар зери хоке биспаранд.

Мебарандат хонаи тангу заҳир,

Не дар у қоливу на дар вай хасир.

Не чароғе дар шабу не руз нон,

Не дар он буйи таому не нишон.

Не дарун маъмуру не сақфу на бом,

Не бар у баҳри зиёе ҳеч ҷом.

Не дар он аз баҳри меҳмон оби чоҳ, Не яке ҳамсоя, к-у бошад паноҳ.

Ҷисми ту, ки бусагоҳи халқ буд, Чун равад дар хонаи куру кабуд?

Хонае бе зинҳору ҷойи танг,

Ки дар у не руй мемонад на ранг».

3-ин насақ, авсофи хона мешумурд,

В-аз ду дида ашки хунин мефушурд,

Гуфт ҷуҳӣ бо падар: «К-эй арҷманд,

Валлаҳ, инро хонаи мо мебаранд».

Гуфт ҷуҳиро падар: «Аблаҳ машав»,

Гуфт: «Эй бобо, нишониҳо шунав!

Ин нишониҳо, ки гуфт у як ба як,

Хонаи морост бетардиду шак.

Не ҳасиру не чароғу не таом,

Не дараш маъмуру на саҳну на бом».

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *