Фанни Суханвари (риторика)

Танзими сухан ё суханпайвандӣ

Суханвар чун марҳалаи суханофариниро паймуд, он маъниҳое, ки бо овардани далелу ҳуҷҷат ва санад барои исботи мақсад лозим аст, дар хотир нигоҳ дорад. Зеро ҳар андоза маънӣ хубу мақбул бошад ҳам, агар суханвар ҳар якеро дар ҷову мавқеи худ нагуяд, тартиби муйянеро дар он риоят нанамояд, парешонгуйӣ хоҳад кард ва ба мақсуд набояд расид ва суханаш монанди муште марвориди ба ришта кашиданашуда пароканда аст. Суханвар низ барои гуфтори худ бояд тарҳе бирезад ва агар чунин кард, пас аз ёд кардани маъонӣ, тартиби пасу пеши онҳоро ҳам дар назар гирифт ва нақшаи онро кашида, дар марҳалаи сеюм, ки баёни маъонӣ бошад, мушкиле нахоҳад дошт.

Ҳар суханваре чун хоҳад гуфтор кунад, се кор дар пеш дорад ё се марҳаларо бояд бипаймояд: аввал, ин ки чӣ бигуяд, дувум, ин ки ба чӣ тартиб бигуяд, севум, ин ки чӣ гуна бигуяд.

Марҳалаи аввал дарвоқеъ, офаридан ва эҷоди маънӣ аст, ки бояд бипарваранд ва албатта, то маъонӣ дар дил маъво нагирад, лафз наметавонад ба забон оварад. Пас ин марҳаларо иншо ё суханофаринӣ меноманд.

Марҳалаи дувум ин аст, ки маъонӣ, ки бояд ба забон оварад, аз кадом бояд оғоз кунад ва кадомро бояд ба дунбол оварад ва шак нест, ки пас ва ё пеш овардани матолиб дар некугуфторӣ ва таъсири сухан аҳамияти тамом дорад. Ин марҳала танзим ё суханпайвандӣ номида мешавад.

Суханварон пас аз паймудани марҳалаи суханофаринӣ ва суханпайвандӣ, ки маъниро ба ёд оварад ва тартиби пасу пеши матлаб ва бахшҳои мухталифи гуфтори худро дар назар гирифта, ба марҳалаи суханпардозӣ мерасад, то маъонӣ ба тартиби ба назар гирифта ба лафзу иборат дароварад. Ин бахши суханварӣ аз ду қисмати аввал осонтар нест, балки душвортар аст ва суханварро ранҷ бисёр бояд кашид, то хома ва забонаш ба сухани нек гуфтан парварда ва варзида шавад.

Аз ин ишораҳо муроди мо он нест, ки суханофаринӣ, яъне эҷоди маъониро метавон осон гирифт ё суханвар эҳтимоми худашро ҳама бояд дар суханпардозӣ бояд ба кор барад. Шакке нест, ки асл дар сухангуйӣ маъонӣ парваридан аст ва чунонки пеш аз ин ишора кардем, сухангуйе, ки маънипарвар набошад, ёвагуй аст ва бадтарин айби сухан ин аст, ки лафзи он бар маънӣ бартарӣ дошта бошад. Мутаассифона, ин айб дар сухангуёни мо бештар ба чашм мерасад ва ба ҷуз лафз парваридан чизе намехостаанд ва беҳтарин

дастурро, ки Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар сухансароӣ ба даст додааст, аз ёд бурдаанд, ки мефармояд:

Бо ақлу фаҳму дониш доди сухан тавон дод,

Чун ҷамъ шуд маъонӣ, гуё баён тавон зад.

Чунонки гуфтем, суханпардозӣ аз суханофаринӣ душвортар аст. Аз ин ҷиҳат аст, ки суханофариниро ба василаи фанни махсус натавон омухт, зеро суханофаринӣ мағзи пурмоя мехоҳад ва дониш фаровону андешаи бисёр. Ҳар касе, ки ин сарвату бизоатро дорад, суханофаринӣ ба осонӣ муяссараш хоҳад гашт ва он ки надорад, беҳтар он ки даст ба нигориш набарад ва лаб ба суханварӣ накушояд. Соиби Табрезӣ дар ин маврид фармуда:

Ту, ки ҳаргиз сухани аҳли сухан нашнидаӣ,

Чун сухансозу суханфаҳму сухандон шудаӣ?

Аммо суханпардозиро метавон омухт ба ранҷу заҳмати бисёр ва ба шарти доштани завқ ва табъу истеъдод ва эҳтимоме, ки дар он бояд ба кор барад, се фиқра аст: аввал, фаро гирифтани қавоид ва усул, дувум, мутолиа дар суханони қиссаҳо ва ҷой додан ба зеҳн ба калимоту ишорот, сеюм, машқ ва варзиш ва ин ҷумла қисмати муҳиме аз илми адаб мебошад ва фаннест ҷудогона, ки суханвар аз омухтанаш ногузир аст. Заифии мо аз фаромуш кардан ва аз даст додани калимот ва усулест, ки суханвар дар суханпардозӣ, албатта, бояд риоя намояд ва такмили дониши илми адабро ба дастури забону иншо, маънӣ ва баёну фунуни дигар ҳавола мекунем. Имлои Бухороӣ фармояд:

Қуввати ҳарфи сухангу аз суханкаш мешавад,

Гар замин қобил набошад, ҷуши боронро чӣ ҳаз?

Дар суханварзӣ чанд амри асосӣ лоим аст: равонии сухан, дилпазирӣ ва оростагӣ ва равонӣ ба дилпазирӣ ва оростагӣ муқаддам аст, чи ғараз аз сухан, аввалан, он аст, ки шунаванда муроди гуяндаро ба дурустӣ ва хубӣ ва осонӣ дарёбад ва ин мақсуд ба равонии сухан ҳосил мешавад ва агар сухан равон набошад, дилпазир нахоҳад шуд ва мардум ба шунидан ё хонданаш роғиб нахоҳад гардид ва бинобар ин, ороиш карданаш беҳуда аст ва Хоҷа Ҳофиз мефармояд:

Онро, ки хондаӣ устод гар бингарӣ ба таҳқиқ,

Санъатгарист, аммо табъи равон надорад.

Ҳофизи Шерозӣ равонии суханро ба ороиши он ки ба санъат бошад, басе бартарӣ медиҳад ва касеро ки суханаш равон набошад, устод намеҳисобад.

Марҳалаи севум он аст, маъоние, ки дар дил гирифта мешавад, ба тартиби барои онҳо манзургардида, ба чӣ иборат бояд пардохт ва чӣ гуна бояд ба забон овард ва ин натиҷаест, ки аз андешаи суханвар барои шунавандагон ҳосил мешавад. Ин марҳаларо суханпардозӣ меноманд. Сайидои Насафӣ дар ин боб фармуда:

Зи базми шеър набвад баҳрае афсурдатабъонро,

Бувад килки суханпардоз чун шамъи мазор ин ҷо.

Риояи ин се амр бар ҳар суханваре воҷиб аст: чи назм бигуяд, чи наср ва ё чизи дигар. Балки метавон гуфт, риояи ин амрҳо танҳо ба фанни суханварӣ маҳдуд нашуда, дар ҳар фанне, ки соҳиби фан бихоҳад асаре ба вуҷуд биёварад, зарур аст ва ҳар кас ин тартибро риоя накунад ва шароити ҳар якеро ба дурустӣ ба ҷо наёварад, хусусан, дар суханварӣ бошад, суханаш сазовори шунидан набувад ва агар дар фунуни дигар бошад, чизе ба вуҷуд нахоҳад овард, ки дарде даво кунад, зеро ки суханвар агар маъонӣ дар дил надошта бошад, сухангуй нест, балки ёвагуст. Агар барои маъонӣ тартиби саҳеҳ манзур надорад, шунавандаро қаноат натавонад кард ва суханаш ба ҷойи лаззат озор хоҳад дод, ҳамчунин парешонгуйӣ ва агар дар таъбир кутоҳие кунад ва алфозу ибораҳоро бо маъонӣ мутаносиб насозад, гушхарошу сабаби ранҷиш хоҳад шуд.

Сухан ва гуфтор як ё якчанд қолаби махсус надорад, ки битавонем онҳоро пешкаш намоем. Беҳтарин дастур барои дарёфти румузи суханварӣ мутолиаи гуфтори суханварони пешин аст. Аммо завқи салиму салиқаи мустақими суханвар низ бояд муносибату мавқеъ ва мақоми мавзуъро бисанҷад ва ба табиати ҳол амал намояд.

Тартиби маъмул дар суханварӣ ин аст, ки суханвар дар оғоз муқаддимаи муносиб мечинад, то

шунавандагонро мутаваҷҷеҳ созад ва диққати шунавандагонро ба худ ҷалб намояд, то ба суханаш дил бидиҳанд. Пас аз он мавзуи гуфторро баррасӣ намояд. Агар барои равшан кардани матлаб лозим бошад, суханро қисмат мекунад, воқеае агар ҳаст, нақл мекунад. Он гоҳ тавассути боваркунонӣ ҳуҷҷату далел меоварад. Чун матолибро равшан кард ва хотирҳоро гарм намуд, шуре дар дили шунаванда барангехт, натиҷа мегирад ва барои амре, ки дар назар дорад, тарғибро сурат медиҳад. Ҳамчунон ки ҳар шахси солимақл табъан қоидаҳои мантиқӣ ҳангоми суханронӣ ба кор мебарад, ҳар соҳибзавқ ҳам дар баёни матлаби худ қоидаҳои суханвариро риоя мекунад.

Хулоса, таркиби гуфтор аз ин ҷузъҳо иборат аст: муқаддима ё даромади сухан, тақсими матлабу нақли воқеа, исботи муддао ва ҳалли мушкилот, фуруд ё ҳусни хотима. Албатта, басо мешавад, ки гуфтор ҳамаи ин ҷузъҳоро дар бар надорад, гоҳе бе муқаддима шуруъ ба матлаб мекунанд, гоҳе матлабро тақсим намесозанд, гоҳе воқеаро нақл мекунанд ва гоҳе сарфи назар менамоянд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *