Фанни Суханвари (риторика)

Сухан аз лиҳози кайфият ва мафҳум

Вобаста ба таносуби мавзуъҳо ва тобишҳои мухталифи зиндагии иҷтимоӣ гуфторҳо чанд навъанд:

Гуфтори сиёсӣ: Нутқи сиёсӣ бояд бо ҳадафи лозима манзури ошно сохтани афроди миллат бо ҳақиқати зиндагии иҷтимоӣ бар забон ронда шавад. Гоҳе иттифоқ меафтад, ки намояндагони сиёсӣ, иқтисодӣ ё фарҳангии ду ва ё зиёда миллат дар ҷаласаи муштарак ҳузур меоянд ва ҳамкориҳои мухталиф бар асоси қарордодҳо сурат мегиранд.

Аз муҳимтарин навъи нутқи сиёсӣ, суханони намояндаи миллат, барои ҳақиқат ва масъалаҳои ҷаҳонии байналмилал аст. Дар чунин нутқ суханвар бояд ҳамаи усулу қоидаҳои ҷаҳониро бидонад ва қудрати калом, неруи фанни баён бархурдории бисёр дошта бошад, то битавонад намояндагони дигар миллатҳоро ба ҳаққонияти худ ташвиқ созад. Дар нутқҳои сиёсӣ аз иборапардозӣ парҳез намуда, бештар ба масоили асосии кишвар ҳарф зад. Агар суханвар дар нутқи сиёсӣ аз имон, ихлосу таҷриба ва ҳушёрии кофӣ бархурдор бошад ва илмҳои муҳими замонро то ҳадде бидонад, ташкилоти идоравии кишвар, одобу русум, дину мазҳаб, умури иқтисодии миллати худро ба дурустӣ ташхис бидиҳад, ҳамеша нуфузи у дар байни мардум бештар хоҳад гашт. Мирзо Абдулқодири Бедил дар ин маврид мефармояд:

Садоест печида дар коинот.

Ки пур карда аз шавқ зарфи ҷиҳот,

Ба дил оташафкан, ба лаб барқзан,

Дар андеша маънӣ, ба гуфтан сухан.

Ба лабҳо ҳануз он садо меравад,

Бубин, к-он қиёмат куҷо меравад?

Сухан корвонест бе кайфу кам,

Равон аз адам ҳам ба суйи адам.

Сухан чист? Он маънии бенишон,

Ки ҷое хамушист, ҷое баён.

Сухан гар набахшад зи ашё хабар,

Ҷуз ашколи ваҳйе чӣ бинад назар?

Бувад бе сухан дар ҷаҳони маҷоз.

Забон беҳису гуш беимтиёз,

Ҳақиқат ҳамон маънии рози у,

Ба таҳқиқи мафҳум овози у.

Сухан то нагардид маънибаён,

На ном ошкоро шуду не нишон.

Сухан гашт ойинаи неку бад,

Сухан кард ифшои ҷаҳлу хирад,

Сухан гар намезад ба ҳастӣ қадам.

Кӣ медод бар мо паёми адам?

Сухан хокро ранги ҷон додаст,

Чу ман хомушеро забон додаст.

Ба васфи сухан нест ёрои ман,

Магар васфи худ бигуяд сухан.

Агар бешу гар кам сухан мекунем,

Ту хуш бош, мо ҳам сухан мекунем.

Сухан нест, ин ҷони поянда аст,

Чӣ ҷон? Балки ҷонофарин асту бас.

Ба ҳар ҷо сухан нест, мавҷуд нест,

Зи ҳастӣ ба ҷуз ҳарф машҳуд нест.

Ба олам на марду на аз зан мондааст, Ҳама рафтаанду сухан мондааст.

Бифаҳмӣ агар рамзи лавҳу қалам,

Бағайр аз сухан чист он ҷо рақам?

Ба сарриштаи ваҳм дигар мапеч,

Ки ғайр аз сухан дар ҷаҳон нест ҳеч.

Нутқи додгоҳӣ (қазоӣ, судӣ). Дар Юнони бостон, ки ҳамаи даъво ва додгоҳҳои маҳаллӣ ҳаллу фасл мешавад, кори суханварии додгоҳӣ (қазоӣ, судӣ) равнақи босазо дошт. Дар он додгоҳҳо дифоъ аз душманон тавассути нотиқони забардаст сурат мегирифт. Дар Руми қадим бештар нутқҳо ҷанбаи сиёсӣ доштанд. Дар кишварҳои исломӣ қозӣ, муфтӣ (додситон, прокурор), додёр (судя) маҳорати баланди суханварӣ бояд медоштанд, то битавонанд бо далелҳои мантиқӣ ва баёни расо дар мақоми ҳақ сухан гуянд. Додситон ҳам, ки мудофеи ҳуқуқи умумист, ба хотири саломатии ҷомеа агар ба хато ё гунаҳкории касе боварии комил дошта бошад, бо нутқи бурро ва бурҳони қотеъ онро сабаби барҳам хурдани низоми иҷтимоӣ дониста ва дар гунаҳкории он доди сухан медод. Лекин ҳатто додситон ё намояндаи у бояд бар хилофи суханрониҳои иҷтимоӣ ва адабӣ гоҳе ба зикри ҷузъиёт мепардохт ва ҳеч нуктаро фаромуш намекард, зеро агар матлаби хурде ба туҳмат тавъам бошад, метавонад касеро, ки гунаҳкор қаламдод шудааст, бегуноҳ нишон диҳад.

Масалан, агар байни ду марди ҳамсоя бар сари ихтилофоти сода ва камаҳмият низое ба вуҷуд биёяд ва яке аз онҳо дар гармогармии ситезаҷуйӣ, ки тибқи одат тамошогарони зиёде ҳам ҷамь шудаанд, бигуяд: «Ман туро мекушам». Ин хитоб бар ҳукми тасодуф ё интиқомҷуйии яке аз тамошогарон, ки бо вай кинаи дерина дошта бошад, ба қатл бирасад. Табиист, ки муттаҳам (шахси гумонбар) дар назари додгустарон ҳамон нафарест, ки рузе пеш бо вай ба хусумат пардохта буд. Дар сурате ки мумкин аст ба ҳеҷ ваҷҳ дар ин кор дахолате надошта бошад.

Аз он чи гузашт, бармеояд, ки вакил (адвокат), додситон (прокурор), додёр (судя), бозпурсу (муфаттиш), додрасон бояд муъмин, худотарс, беғараз, қонундон ва дар айни ҳол саршор аз лутфи инсонӣ бошанд, то ҳам гуфтор ва кирдори онҳо ҷомеаро розӣ кунад ва ҳам битавонанд худро пуштибони адолат, дилсузи дармондагон ва мазлумон, бо ойини мурувват, адолат, ҳимояи ҳақ ва ҳақиқат муаррифӣ намоянд.

Баёни илмӣ: Дар ин навъ суханварӣ маъмулан, касоне, ки довталабони ҳалли масоили илмианд ва касоне, ки мехоҳанд дар риштаи маънӣ бар дониши худ бияфзоянд, ширкат мекунанд ва гоҳе ҳам шунавандагон бештар аз тибқи донишҷуён, талабгорони илманд. Чунончи, суханвар аз донишмандон ба шумор рафта, ҷамъе аз шунавандагонро уламои фан ташкил медиҳанд ва дар ин сурат суханвар чандон ниёзе ба риояи ҳамаи қонунҳои фанни баён барои ҷалби шунавандагон ва рахна кардан дар дили онон надорад, зеро онҳо бо иштиёқи тамом ҷиҳати баҳра бурдан аз мавзуе, ки худ дар он ҳаққи изҳори назар доранд, ширкат кардаанд. Аз ин ҷиҳат кори нотиқ осонтар мешавад. Бо вуҷуди ин, суханвар бояд барои дафъи хастагӣ гоҳе ба тамсил, хотираҳое аз донишмандон нақл намояд ва худ бикушад, ки гуфтораш бидуни муроҷиат ба ёддошт бошад ва агар аз фанни суханронӣ баҳраи кофӣ надорад, ончиро ки бояд бигуяд, қаблан дар зеҳн ҳозир кунад ва аз диққат дар аҳволи шунавандагон ғофил намонад, то ҳама матолиби илмиро бо майле гуш надиҳанд, суханронро хушк ва берӯҳ донанд.

Тадрис (дарс)-ро метавон навъе аз баёни илмӣ донист, ба хусус таълими баъзе аз дабирон ва устодон бо суханронӣ истифода аз ҳамаи хусусиятҳои нутқ ҷомаи амал мепушад ва ба хубӣ медонанд чӣ гуна мавзуи фанниро ба шогирдони худ бо алоқаву рағбати комил дарс диҳанд. Албатта, танҳо дар гуфтор масъалаҳои фанро наметавон суханварии илмӣ донист. Нуктаҳои адабӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ ва баъзе илмҳои дигар ҳам дар шумори суханрониҳои илмӣ мебошанд ва дар ҳамаи ин навъ суханрониҳо низ аз андоза берун набояд рафт, то он ҳадде, ки ба натиҷагирӣ зиён расад, парҳез бояд кард.

Овардаанд, ки чун Аристотолисро вафот наздик омад, писарро пеши худ хонд ва гуфт: — «Эй писар, дар асрори улум ва дақоиқи ҳикмат умри худро базл кардам ва бисёр гиреҳҳо ба нури ҳикмат кушода гардонидам, валекин маргро ҳеч ҳилат надонистам.

Пас, бидон, ки иззу давлате, ки аз мол бувад, зуд фано шавад ва нест гардад. Иззату шараф дар илм аст, ки аз таҳвилу интиқол ва фанову завол берун аст ва ба тағайюри рузгор ва табаддули давлатҳо интиқол напазирад…

Агар падари туро илму адаб набудӣ, у мар мулукро мисоли харе будӣ боркаш ё парастанда бандае будӣ коркун. Пас илм ҳосил кун, то шарафу иззат биёбӣ ва аз мазаллати гумномӣ халос ёбӣ». (Авфии Бухороӣ).

Овардаанд, ки яке аз ҳакимони араб, ки уро Шан хондандӣ ва дар камоли дониш ва ҳикмат назир надошт. У аҳд карда буд, ки занеро дар никоҳ орад, ки дар дониш ҳамтои у бошад. Чандон ки гирди ҷаҳон мегашт ва чунин ҷуфте металабид, ба даст намеомад ва ҳамчунин дар меҳнати ғарибӣ рузгор мегузаронид, то рузе иттифоқо дар роҳе мерафт, марде бо вай ҳамроҳ

ш уд.

Шан уро гуфт: «Ту маро бармегирӣ ё ман туро баргирам?» Мард гуфт: «Аҳмақ мардӣ ту, ман бори аммомаи (саллаи) худ барнаметавонам гирифт, туро чӣ гуна бардорам?!»

Шан хомуш шуд. Порае роҳ рафтанд, киште диданд бағоят хуш ва хушаи бисёр. Шан гуфт: «Кӣ донад, ки ғаллаи ин кишт хурдаанд ё не?»

Он мард гуфт: «Магар ту девонаӣ? Ҳануз

надаравидаанд, чӣ гуна хурда бошанд?!»

Пас, хомуш мебуд, то рузе чанд дигар баромад ва дар деҳе яке вафот карда буд ва уро бар ҷаноза ниҳода буданд ва мебурданд. Шан гуфт: «Чӣ гуйӣ ин мард мурдааст ё зинда?»

Он мард гуфт: «Савганд хурам, ки дар ҷаҳон аз ту аҳмақтар набошад, ки мардеро бар ҷаноза ниҳодаанд ва ба гуристон мебаранд, ту аз ман суол мекунӣ, ки зинда аст ё мурда?».

Ниҳоят, ба назди хонаи он мард расиданд. Шанро чун меҳмон ба хонаи худ даъват кард. Уро духтаре буд зираки доно. Мард қиссаи роҳро ба духтар нақл кард.

Духтар гуфт: «Азим бад кардӣ, ки ҳаққи он мард нашинохтӣ, чӣ он мард ҳакиме оқил аст ва ҳар чӣ гуфтааст, натиҷаи ҳикмат ва доноӣ гуфтааст. Сухани аввали у он буда, ки ту ҳикоят гуйӣ ё ман гуям, то ранҷи роҳ камтар шавад. Дувум, ишорат ба-дон аст, ки шояд соҳиби кишт қарздор бошад, ғалларо фурушад ва ба қарздор бидиҳад. Севум, ишорат бад-он аст, ки ин мард фарзанде дорад ва ё шогирде гузоштааст, ки номбардори вай бошад, ё ақаллан хайре ва садақае кардааст. Падар, бирав, узре бипурс ва уро меҳмондорӣ намо». Падари духтар бирафт ва гуфт: «Дар ин замон хотири ман мушавваш буд ва ба ҷавоби инҳо намепардохтам».

Шан гуфт: «Ин лоиқи табиати ту нест. Ин суханон аз кӣ омухтӣ ва туро бад-ин нуктаҳо кӣ воқиф гардонид?» Мард дармонд ва гуфт: «Духтаре дорам, ки дар доноӣ бар мардони ҷаҳон хандад ва ақлро кор бандад».

Шан чун ин суханон аз у бишнид, духтарро аз падар бихост ва падар бад-он ризо дод ва он духтарро дар никоҳи худ даровард ва ҳар ду мувофиқи якдигар буданд.

(Аз «Ҷомеъ-ул ҳикоёт»).

Мавъиза: Мавъиза аз суханварӣ фарқ дорад. Суханварӣ санъатест, ки ҳадафи он таҳрики эҳсосот ва лутф аст. Агар ҳадафи суханвариро қонеъ намудани шунаванда бидонем, мавъиза низ қисмате аз суханварист, аммо маъмулан, мавъиза дар ҷое гуфта мешавад, ки калимоту ҷумлаҳои талқиншаванда ба таскини ғазабе равона гардад ва дил ба суйи Худо мутаваҷҷеҳ шавад. Дар ҳақиқат, мавъиза ёдоварии қалб аст. Нисбат ба хубиҳо, бурдбориҳо ва манъи мардум аз ҳавопарастӣ, шаҳватпарастӣ, рибохорӣ ва риёкорӣ, зикри марг ва қиёмат, натиҷаи амалҳои ин дунё ва охират.

Он чи мавъизаро дар дилҳо муассир месозад ин аст, ки мавъиза шунавандаро ба суйи он чизе, ки шунавандагон мехоҳанд, моил созад.

Таърихи ислом намоёнгари ин матлаб аст, ки аз ибтидои пирузии бинои ислом дасти мубораки Пайғамбари акрам (с) сангари ҳидоят, даъват ба худопарастӣ, мубориза бар зулму ситам ҳамоно минбару меҳроб, вазъу суханварӣ буду ҳаст. Шахсиятҳои бузурги таърихи ислом аксар гуфтор ва пайғоми худро ба василаи ҳамин сангари муқаддас ба гуши мардум расонидаанд.

Мавъизаи намози ҷумьа яке аз навъҳои нутқҳоест, ки ҳам ҷанбаи сиёсӣ ва ҳам иҷтимоӣ дорад ва ҳам ҷанбаи он аз баёни ахлоқӣ ва маънавӣ бархурдор мебошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *