Фанни Суханвари (риторика)

Рефератхо ва лексияхои точики аз фанни Суханвари (риторика)

  • Адаб ва Адабиёт

    Адаб ва Адабиёт Маънои адаб Адаб хулқи хушу рафтори рафтори некўи қобили таваҷҷўҳро мегўянд. Шахси хушхулқу боадабро муаддаб гуфтаанд. Абдураҳмони Ҷомӣ муаддаб буданро сарчашмаи сиришти инсонӣ медонад ва мегўяд: Таълими одоб ўро чӣ ҳоҷат, К – ў худ зи оғоз омад муаддаб. Адаб аз маҷмўаи муомилаҳои инсонӣ ва русуми одатию…

    Муфассалтар »
  • Калом ва сухан(Гуфтор)

    Маънои калом Калом ба маънои қавл ва суханест, ки дорои маънии том бошад, иборат ва ҷумлаи аз сараъзо ва аъзои пайрави ҷумла таркиб ёфта ва дорои маъниро калом мегўянд. Калом ва сухан ҳамчун муродифҳои истилоҳӣ истифода мешаванд. Калом чун истилоҳ ба маънои низоми андешаи махсус, ки аз масоили бунёдии оини…

    Муфассалтар »
  • Фанни Хитоба (Риторика)

    Инкишофи суханварй боиси ба вуҷуд омадани фанни махсус гардид. Дар Юнони қадим аввал фанни шеър (поэтика) ба вуҷуд омад ва баъд хитоба. Хитоба дар ибтидо илм дар бораи суханварй ва наср буд. Пайдоиши илми хитоба дар ҳамаи адабиётҳо як равиш надорад. Дар адабиёти араб ва форсу тоҷик қонунҳои суханварй ба…

    Муфассалтар »
  • Назм ва наср

    Назм дар луғат ба маънои ба ҳам пайвастану дар ришта кашидани донаҳои ҷавоҳир омадааст. Дар истилоҳ суханни дорои вазну қофияро назм мегўянд. Ба сифати муродиф ва синонимии он калимаи шеър низ истифода мешавад. Аммо бо мафҳуми назм паҳлуи шаклӣ (вазну қофия) ва шеър ҷиҳатҳои маъноӣ эътибор пайдо мекунад, зеро лафзи…

    Муфассалтар »
  • Анвои сухан

    Мақсад аз сухан табодули назар, дарки воқеот, огоҳи аз диди сиёсӣ, иҷтимоӣ, динию мазҳабӣ, илмӣ ва ташвиқи марому мавқеъҳои гуногун мебошад. Анвои асосии сухан аз инҳо иборатанд : Диалог ё гуфтугўи дунафарӣ ки аз баҳси ду нафари дар мақоми илмию фарҳангӣ ҳампоя ва баробар иборат аст. Ин навъ гуфтугўҳо дар…

    Муфассалтар »
  • Мавзӯи баҳси фанни «Балоғат ва суханварӣ»

    Мавзӯи баҳси фанни «Балоғат ва суханварӣ» Дар солҳои охир ба барномаи таълми мактабҳои миёна ва баъдан мактаби олӣ фанни тозае ворид карда шуд, ки мақсади он омўзонидани ҳунари суханварӣ мебошад. Дар шароити имрўзаи Тоҷикистон, бахусус баъди ба мақоми забони давлатӣ бардоштани забони тоҷикӣ ва пастравию нузуле дар сатҳи фарҳангии забон,…

    Муфассалтар »
  • Илми баён

    Илми баён, мувофиқи тақсимоти қудамо, бо иловаи маонӣ яке аз ду фанни балоғат аст. Дар луғат баён пайдо кардан, ба зоҳир овардани чизеро мегўянд. Таърифи баён ҳамчун навъи дониш чуни наст. Маърифати эроди маънии воҳид ба тариқи мухталиф аст, ки аз сабабҳои зиёди ваҷҳи далолати ақлӣ сар мезанад. Ба воситаи…

    Муфассалтар »
  • Илми маонӣ

    Улуми балоғатро донишмандон ду навъ тасниф кардаанд. Донишмандони аҳди қадим, то асри XV илмҳои маонию баёнро мансуб ба балоғат медонанд ва бадеъро тобеи илми фасоҳат кардаанд. Сабаби ин тасниф ба маънии калом дахл доштани маъонию баён ва ба шакли сухан мансуб будани бадеъ мебошад. Баъдҳо баён ва бадеъро ба ҳам…

    Муфассалтар »
  • Муҳоварот ва суханварӣ

    Одоб ва шароити муҳовара Инсон бояд сухангўй сухандон бошад ва ин аз фазилатҳои аввалини ўст. Аммо сухан одоби гуфтан дорад, ки аз маврид ва мусоҳиб вобаста аст. Унсурулмаолии Кайковус суханро иборат аз ҷаҳор навъ медонад: 1. Надонистаниву нагуфтанӣ оид ба чизҳост, ки дар бораи онҳо надонистан ва нагуфтан барои шахс…

    Муфассалтар »
  • Таърихи пайдоиши суханвари

    Барои фанни суханварӣ оғозу анҷоме нест, вале низ равшан нест, ки кадом шахсони муайян нахустин суханварони ҷаҳон шинохта шудаанд. Баъзе падидаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар оғоз барои иртибот таъсири худро ба ҷамъият расонидан, бартарӣ доштан аз дигарон бар башарият эҳтиёҷи сухандонӣ ва суханварӣ пайдо шудааст. Маҳз ҳамин омилҳоро…

    Муфассалтар »
  • Тарзи баёни афкор

    Пас аз пайдо шудани малакаи аввалини суханронӣ ин ҳунарро бояд такмил ва сайқал дод. Маҳаки асосии суханронӣ пас аз саводи дуруст ҳосил кардан донишу таҷриба аст. Сухан бояд бо тарбия тавъманд бошад ва дар ҳамин поя устувор гардад. Донистан ва фаҳмидани ҳама чиз имкон надорад. Наметавон дар тули кутоҳи умри…

    Муфассалтар »
  • Фасоҳату балоғат дар суханвари

    Фасоҳат дар луғат ба маънии равшанбаёнӣ, салосат ва равонии сухан гуфтан аст, вале дар истилоҳи адабӣ холӣ будани каломеро аз се айб гуянд: -Душвории маънӣ -Мушкил будани талаффуз -Хилофи қоидаҳои дастури забон. Агар дар навишта ва гуфтори шахсе ба ҷумлаҳо ва ифодаҳое дучор оем, ки маънии онҳоро надонем, дар талаффузи…

    Муфассалтар »
  • Таъсири суханронӣ бар ҳадафи шунаванд

    Ҳар амали хубе, маҳорате, санъти волое қабл аз ҳама ба шавқу ҳавас ва рағбат вобаста аст. Ҳатто агар сухандоне қонуниятҳои сухандониро комилан риоя намояду панду ҳикматҳои бисёре донад ҳам, агар нисбати ҳарфи гуфтааш бетафовут бошад, тир ба ҳадаф нахоҳад расид. Бинобар ин, муҳимтарин нуктае, ки дар ин ҷода бояд ба…

    Муфассалтар »
  • Шароит, омилҳои суханвар ва суханронӣ

    Оё сухангуй ба илҳоме, ки аз дил бармехезад, бовар дорад ё аз роҳи омузиш, парвариш ба нуфуз дар қалбҳо ноил мегардад? Ҳамин ки кудаке ба дунё меояд, зеҳни у чун иншои аккосӣ соф, бенақшу нигор аст, аммо дар айни ҳол барои пазириши тасвири истеъдод омодагӣ дорад. Бинобар ин, навзод ба…

    Муфассалтар »
  • Фардияти суханвар

    Дар санъату маҳорати суханварӣ ба ҷуз таҳия намудани гуфтори хуб омили муҳимтарин фардияти сухангуй аст. Шарҳу тафсир ва рушанӣ андохтан ба он ки шахси сухангуй (нотиқ) чӣ гуна хусусиятҳои фардӣ дошта бошад, то андозае мушкил аст, зеро фардият аз тамоми хусусияти як инсон: ҳолатҳои руҳӣ, ҷисмӣ, шуур ва ҳолати мухталиф,…

    Муфассалтар »
  • Фасоҳати сухан

    Лафзу иборат бояд фасеҳ бошад ва ҳарчанд ин марбут ба илму адаб аст, аз ҷиҳати аҳамияташ наметавонем аз зикру усули он худдорӣ кунем. Фасоҳат, чи дар лафзи муфрад ва чи дар иборати мураккаб, аз панҷ шарт иборат аст: 1. Холӣ будан аз танофур. 2. Дуруст ва беғалат будан ва мувофиқат…

    Муфассалтар »
  • Таҳияи нутқ

    Омодагии комил барои суханварӣ бар манбаи асосии имон, алоқа ба сират, маълумоти кофӣ, азм, иродаи қавӣ, машқ устувор аст. Касе, ки бихоҳад бар маснади суханварӣ такя занад, ба парвариши фикру зеҳн пардозад ва рисолати худро дар ҳамин заминаи ҳаққу ҳақиқат амалӣ созад: нахуст аз худ шунавандаи солиму алоқаманд бисозад, яъне…

    Муфассалтар »
  • Таъкид бар калимоти муҳим ва тағйири

    САДО БА ТАНОСУБИ КАЛИМА ВА ҶУМЛА Гуфтор аз ду омил: маънавӣ (андеша) ва моддӣ (суръат, калима, ҷумла ва калом) ба вуҷуд меояд. Ба ибораи дигар ҳамин ки ҳадаферо барои дар миён гузоридан бо дигарон интихоб кунем, василаи ҷилавгир шудани онро луғат ва бо баёни дурусту таъсирбахшу хушоянди он метавонем иҷрои…

    Муфассалтар »
  • Ҳунари сухан гуфтан

    Шайх Саъдӣ дустонро ба се навъ тақсим намудааст: Дило, ёрон се қисманд, ар бидонӣ, Забонианду нонианду ҷонӣ, Ба нонӣ нон бидеҳ, аз дар биронаш! Навозиш кун ба ёрони забонӣ! Валекин ёри ҷониро ба даст ор! Ба ҷонаш ҷон бидеҳ, ар метавонӣ. Пас аз таъмини саломатӣ ва дарёфти дустони ҷонию рафиқони…

    Муфассалтар »
  • Шунаванда кист ва ҳадафи ӯ чист?

    Инсон дар иртибот бо дигарон ҳамеша ду нақшро иҷро мекунад. Яке сухангуй ва дигаре шунаванда (сомеъ). Шахс дар баробари он ки сухан мегуяд, бояд ҳарфи дигаронро низ шунавад. Ҳар яки ин нақшҳо ҳадду андозаи худро дорад. Ба қавли мардум: «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад». Шунаванда, ки дар ҷаласаву…

    Муфассалтар »