Фанни Суханвари (риторика)

Меъёри хурок дар санъати сухангуён

Онҳое, ки ба санъати суханварӣ меҳру муҳаббат доранд, бояд меъёри хурдани хурокро қатъӣ риоя намоянд. Ба ҳеч кас пушида нест, ки хурдани ғизои барзиёд ва бемаврид зиён дорад, бахусус, ашхосе, ки ба илму маърифат таваҷҷуҳи бештаре дошта, барои ҳифзи сабақи лозима камар бастаанд. Хурок барои дарки маънӣ, бахотироварӣ, неруи босира ва хотира таъсири манфӣ мерасонад. Махсусан, барои шахсоне, ки бояд дар ҷаласае, маҳфиле, толоре сухан гуянд, қабл аз сухангуйӣ бояд ғизо тановул накунанд. Масалан, муллобачагони мадрасаҳо баъд аз он ки намози бомдодро хонанд, чанд муддат ба қироату тиловат машғул мешаванд, ки ин амали оқилона манфиати бештаре дорад. Бинобар ин, ҳар яке аз суханвар ба хурдани ғизо бояд диққат намояд. Парҳезкорӣ яке аз сифатҳои хубу писандидаи фарди сухангуй ва поктинат аст. Танро ба илму фарҳанг бояд одат кунонд, на бо хурок. Мутафаккири бузурги форсу тоҷик Маҷди Хофӣ дар «Хористон» ном асараш ба ин маънӣ ҳикояте оварда:

«Ба нақл маълум аст, ки ҳукамои Ҳиндро умр дароз аст ва ҳикмат зиёд аст. Сабаби зоҳирии он кам хурдан аст, ки яке аз эшон ҷуз ба қадри бодоммағзе таом намехурад ва дар ҳар се руз он миқдор ба кор мебарад.

Қитъа:

Шунидаам зи ҳакиме, ки гар касе пурсад,

Зи мурдагон, ки чӣ чиз аст иллати мурдан.

Зи сад яке набувад, к-ин ҷавоб менадиҳад,

Ки ҳаст иллати мурдан, таом пур хурдан».

МАШҚИ САДО

Баъзе суханварони машҳур, амсоли Курузо ва Голи Гури дар таҷрибаи хеш собит сохтаанд, яке аз омилҳои асрори суханварӣ зимни машқ пайваста ҳиҷоҳоро бо нуги забон такрор кардан аст. Шояд ин ба он маънӣ, ки қисми ақиби забонро беҳаракат бигузоранд, зеро ҳаракати ин қисми забон ларзиши номуносибе ба гулу дода ва боиси харобии садо мешавад. Барои варзиши нуги забон бояд ба миқдори зиёд садои «р»-ро талаффуз кард.

Ҳакиме фармудааст: «Худованд ҳама чизро ба нархи арзон дар ихтиёри инсон гузоштааст». Нархи арзоне, ки бояд дар муқобили хуб шудани садо бидиҳем, аз машқу тамрини бардавом иборат аст. Набояд фаромуш кард, ки хубии суханронӣ фақат ба тарзи гуфтани он вобастагӣ дорад, на ба хубии матолиби он.

Ҳунарманди саҳна калимоти гуфтори худро бо нигоҳ, ҳолати сурат, қадамзанӣ ва тарзи баён ба он руҳ ва ҷон бахшад, натиҷаи судманде ҳосил хоҳад кард. Шунаванда ва бинанда бояд дарку эҳсос намоянд, ки сухани лозимӣ аз қалб ва руҳи гуянда ба қалб ва руҳи инҳо фиристода мешавад.

ҲИКОЯТ

Обидеро ҳикоят кунанд, ки шабе даҳ ман таом мехурд ва то саҳар хатме мекард. Соҳибдиле инро бишнид ва гуфт:

-Агар нимноне мехурду мехобид, бисёр аз ин фозилтар мебуд:

Андарун аз таом холӣ дор,

То дар у нури маърифат бинӣ.

Тиҳӣ аз ҳикматӣ ба иллати он,

Ки пурӣ аз таом то бинӣ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Як шарҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *