Фанни Педагогика

Барномаи педагогии воситаҳои омӯзиш

Навъҳои барномаи педагогии воситаҳо (БПВ).

Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки мавзӯи мазкур бо мавзӯи «Методҳои омӯзиш» робитаи ногузастанӣ дорад ва мо нисбати воситаҳои аёнӣ дар мавзӯи номбурда ва «Принсипҳои омӯзиш» ба таври муайян маълумот дода будем. Аммо дар ин ҷо зарурат талаб мекунад, ки бо дастовардҳои навини илми педагогика нисбати онҳо муфассалтар таваққуф намоем, то ки муаллимони оянда бо воситаҳои аёнии предметӣ (ашёӣ) маҳдуд нашуда, бо дигар намудҳои он ҳам мусаллаҳ шаванд. Ба таври алоҳида мукаммал гузаштани ин мавзӯъро ҳанӯз барномаи «Назария, система, технологияи педагогика», ки солҳои 90 – уми асри гузашта ба таври ҳаққонӣ ба миён гузошта буд.

Барномаи педагогии воситаҳо (БПВ) ҳамчун системаи дидактикӣ дорои чунин гурӯҳбандӣ мебошад: воситаҳои ашёӣ (предметӣ), амалӣ (намоишдиҳии таҷрибаҳо), зеҳнӣ (ҷустуҷӯии ақлонӣ), пуртаъсир (хурӯшонӣ).

Алалхусус, чуноне, ки мебинем, ба системаи БПВ тамоми асбобҳои аёнӣ, аз он ҷумла воситаҳои техникии замонавии омӯзиш, таҷҳизоти лабораторӣ, маводҳои дидактикӣ, адабиёти таълимӣ, далелҳои эҳсоиявӣ, асбобу лавозимоти зарурӣ барои омӯзиши фанҳои меҳнат, табиатшиносӣ, биолгия, кимиё, физика, таърих, ҷуғрофия, тарбияи ҷисмонӣ ва ғайра дохил мешавад. Илова бар ин БПВ намудҳои намоиш додани таҷрибаҳо, барои рушду нумӯъи ақлонии толибилмон воситаҳои зеҳнӣ ва пуртаъсирро дар шароити кабинетӣ, лабораторӣ, устохона, қитъаи таҷибавии наздимактабӣ низ истифода мебаранд. Бахусус восиатҳои омӯзиш дар ҳар синф аз ҳамаи фанҳои тадрисӣ бо назардошти ба ҳисоб гирифтани синну сол ва сатҳи дониши дастпарварон сурат мегирад. К. Д, Ушинский зурурияти аёниятро ин тавр асоснок карда буд: бачаҳо бо рангу бор, шаклҳо ва образҳо фикр мекунанд, аз ин рӯ ҳамаи чизҳои бо ёрии аёният омӯхташаванда ҳам тез – тез аз худ карда мешаванд ва ҳам дуру дароз пойдор мемонанд.

Ҳамин тавр, аёният сифати азхудкунии маводи таълимиро баланд бардошта, боиси равшану возеҳ ва бошуурона фаҳмидашавии донишҳои талабагон мадад мерасонад. Ҳоло мо ба шарҳи ҳар як гурӯҳи БПВ таваққуф мекунем.

Воситаҳои предметӣ (ашёӣ) ба ин гурӯҳ маҷмӯи воситаҳои зиёди ашёҳои дидактикӣ, ки мавриди таълим истифода бурда мешаванд, тааллуқ доранд. Онҳоро мо боз шартан ба чунин қисматҳо тақсим мекунем: асли воситаҳо (китобҳои дарсӣ, меваҷот, сабзавот ва ғ.), воситаҳои гуногуни тасвирӣ (сурати ашёҳо, ҳайвонот, растанӣ, мошин ва ғ.), графикӣ (ҷадвалҳо, нақшаҳо, тарҳҳо, феҳрист), мулӯҳ (мева, сабзавот ва ашёҳои аз мум, гаҷ сохташуда), хӯсаҳо (ҳайвонот ва паррандаҳое, ки ба пӯсташон коҳ ҷой карда барои намоиш мегузоранд: хирс, гуроз, уқоб ва ғ.), воситахои рамзӣ (глобус, харитахо, атласҳо, нишони давлатӣ ва ғ.), реактивҳои кимиёвӣ, препаратҳои таълимӣ (организми ҳайвон ё растанӣ: ситораи баҳрӣ, кирмаки пилла, калтакалос, мор, қурбоқа, ки дар зарфҳои шишагӣ нигоҳ дошта мешаванд), скелет (устухонбандии ҳайвонот, одам ва ғ.), воситаҳои техникӣ (кино, радио, диафилмҳо, диапозитивҳо, компютер ва ғ.).

Иддаи намсудҳои муҳими аёнияти ҳамин қисматро, ки барои ҳалли вазифаҳои маърифатҷӯии талабагон бештар вобастагӣ доранд, дида мебароем.

Роҳҳои истифодабарии аёният. Тамоми воситаҳои аёнии номбурда аз тарафи омӯзгор ба тариқи шифоҳӣ бо ду роҳ истифода бурда мешавад: тасвир ва намоиш.

Роҳи тасвир онро гӯянд, ки муаллим маводи таълимиро бо нишон додани асли ашёҳо: сурат, ҷадвал, харита ва ғайраҳо баррасӣ менмояд.

Роҳи намоиш бошад, одатан, ба намоиш додани асбобҳо, таҷрибаҳо, препаратҳои гуногун, кинофилм, диафилмҳо ва ғайраҳо вобаста аст. Чунончи, муаллим дар синфи IV аз табиатшиносӣ сабаби пайдоиши бод (шамол) – ро бо намоиш додани таҷрибаи оддӣ исбот мекунад: пайдоиши бод аз ҷойивазкунии ҳавои сарду гарм ба миён меояд. Ҳавои сард вазнин, ҳавои гарм сабук аст. Ҳавои сард ҳавои гармро ба боло фишор медиҳад. Инро мо ҳозир таҷриба карда месанҷем. Муаллим шамъро гиронда, дари синфхонаро кушод ва шамъро дар остонаи дар нигоҳ дошт – забонаи шамъ ба дохил майл кард. Сипас шамъро ба болои дар гузошт ва забонаи он ба берун майл намуд. Муаллим фаҳмонд, ки аз поёни дар ба дарун ҳавои сард ва ба берун ҳавои гарм ҳаракат дорад. Ин гардиши ҳаво дар берун яъне дар фазои озод шамолро ҳосил мекунад, баъзан он сахт мевазад.

Намоиши кинои таълимӣ. Истифода бурдани намоиши кинои таълимӣ ё аёнияти муҳаррикӣ дар таҷрибаи омӯзиш ба ҳодисаи анъанавӣ табдил ёфтааст, кӯдаконро барои чуқур омӯхтани маводи тадрисӣ меангезонад. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо филматекҳо ташкил карда шудааснд, ки бо дархости муаллимон филмҳои заруриро мефиристанд. Рӯйхати филмҳои асосии таълимӣ дар барномаҳои мактаб инъикос ёфтаанд, ки дар интихоби онҳо ба муаллимон сабуқи меорад. Дар раванди таълим филмҳо вобаста ба талаботи мавзӯъ гоҳ пурра ва гоҳ кинопарчаҳо намоиш дода мешаванд. Кинопарчаҳо бо масъалаҳои алоҳидаи мавзӯъ мансубанд. Барои омӯхтани мавзӯи нав ва мустаҳкам кардани он филмҳои таълимӣ аҳамияти калон доранд.

Пеш аз он ки филм ба талабагон намоиш дода шавад, муаллим онро бояд аз назар гузаронад, саволҳои зарурӣ тартиб диҳад ва мавриди намоиш диққати шогирдонро ба он масъалаҳои асосӣ ҷалб намояд. Дар охир аз намоиши филм хулосаҳо бароварда мешавад.

Намоиши телевизиони таълимӣ. Намоиши аёнии телевизиони таълимӣ оммавӣ гаштааст. Барои мактаб, омӯзишгоҳҳои техникӣ ва мактабҳои олӣ телефилмҳои зиёд тахия карда шудаанд. Ба ин муносибат дар баъзе мактабҳо ҷадвали машғулиятҳо тартиб дода шудаанд ва онҳоро дар кабинетҳои таълимӣ намоиш медиҳанд.

Ҳоло истифодабарии видеомагнитафони телевизионӣ хеле вусъат ёфтааст, ки барои сабт кардан ва такроран нишон додани намоишҳои телевизионӣ имконият медиҳад.

Воситаҳои амалӣ ба фаъолияти тарафайн – муаллиму талабагон молик аст. муаллим пеш аз он ки ба дарс дарояд, воситаҳои амалии ба маводи таълимӣ дахлдорро ба нақша мегирад. Агар мавод намоиши ягон таҷрибаро талаб кунад онро дар амалиёти шахсии худ хуб санҷида бо тайёрии пухта ба дарс медарояд ва онро намоиш медиҳад.

Ба воситаҳои амалии тарафайн намоиш додани ҷадвалҳо, машқҳои хаттӣ, таҷрибаҳо, фаъолияти меҳнатию эҷодӣ, корҳои хаттӣ (диктант, нақли хаттӣ, иншо, корҳои контролӣ ва ғ.) низ мансубанд.

Воситаҳои амалии талабагон намудҳои гуногунро дар бар мегиранд: машқҳои мустақилонаи хаттӣ – иҷрои супоришҳои амалии забони модарӣ, забони русӣ, риёзӣ ва ғайра. Дар раванди машқҳои амалӣ талабагон донишҳои назариявии гирифтаашонро истифода мебаранд. Яке аз намуди иҷроиши машқҳо мушаххас шарҳ додани онҳо мебошад, ки дар ин асно талаба амалиёти пешакӣ кардаашро чуқуртар дарк мекунад. Ва аз ин тафсири талаба муаллим хатоҳои типикии ӯро пай бурда ислоҳ менамояд.

Воситаҳои амалии дигари шогирдонро машғулиятҳои лабораторӣ ташкил мекунад, ки он набояд тамоми дарсро фаро гирад, балке як қисми муҳими натиҷагирии мавзӯи нав бошад. Ҳамчунин ба воситаҳои амалӣ вазифаҳои меҳнатии дар устохона, сехҳо, бригадаи истеҳсолии талабагон иҷрошаванда ҳам иҷро мешавад. Ин фаъолият бо қоғаз, картон, чӯб, фулузот коркуниро дар бар мегирад ва дар ҳалли онҳо аз асбобу ускунаҳои гуногун, дастгоҳҳо, механизмҳо истифода мебаранд. Дар ин намуди фаъолият талабагони синфҳои ибтидоӣ супоришҳои кӯдакистонҳоро иҷро мекунанд.

Ба воситаҳои амалии синфҳои ибтидоӣ аз рӯи асл тасфир кардани ашё, аз пластелин, қоғазу чӯб сохтани ҳар гуна бозичаҳо, нақшофарӣ дар саҳначаҳо, дар зери садои мусиқӣ суруд хондан ва ғайраҳо ҳам шомил мешаванд.

воситаҳои зеҳнӣ. Дар ин қисмати таълимӣ муаллим аз захираи дониши худ пайваста ба мавқеи маводи омзӯиш воситаҳоеро истифода мебарад, ки шогирдонро ба фикркунӣ, ҷустуҷӯии шавқовар ҳидоят намуда, ақлу заковат ва зеҳнашонро метезонад, қоибияти маърифатҷӯиашонро ташаккул медиҳад. Ба ин воситаҳо инҳоро дохил кардан мумкин аст: саволҳои эвристикӣ, муаммоҳо, чистонҳо, тезгӯякҳо, байтбарак, чайнвордҳо, кроссвордҳо, ва ғайра.

Муаллим аз табиатшиносии синфи чорум пайваста ба мавзӯи «Бод, абрнокӣ ва боришот» чунин саволи эвристикӣ (проблемавӣ) мегузорад: «оё аз осмон моҳӣ меборад?». Ба ин савол қариб тамоми синф баҳои рад медиҳад. Муаллим диққати шогирдонашро ба атрофи ҳамин савол ҷалб намуда, маводи навро аз нигоҳи принсипи илмӣ шарҳ медиҳад. Вақте ки талабагон дар бораи ҳосилшавии бод, тӯфон, гирдбод тасаввурот пайдо карданд, ба ҳалли саволи номбурда мегузарад. Вай бар иловаи маводи таълимӣ мефаҳмонад, ки дар дашту биёбонҳои васею ҳамвор ва уқёнусҳо баъзан чунон гирбодҳои сахт мешаванд, ки ҳатто шутурро ба ҳаво мебардорад, гардиши чархзанони гирдбод дар уқёнус обро печонда боло мебардорад, сустунӣ обӣ ҳосил мекунад. Агар чунин гирдбодҳо аз болои кӯлу дарёҳо гузаранд чӣ? Талабаҳо акнун фикр карда ба саволи фавқ чунин посух медиҳанд: гирдбод қисми оби кӯл ва дарёро печонда ба ҳаво мебардорад ва баъди масофаеро тай намудан суст шуда, обро ҳамроҳи моҳию қурбоққаҳо ба замин мерезад. Муаллим бо чунин хулоса дарсро ҷамъбаст кард ва тарбияи ҷаҳонфаҳмии илмӣ дод. Ин гуна ҳодисаҳои моҳиборӣ дар таърих бисёр рӯй додааст.

Муаммоҳалкунӣ (сухани сарбаста ба таври рамз) ҳам зеҳнӣ талабагонро метезонад. Муаллим дар дарс аз ин восита ба маврид метавонад истифода барад, бахусус дар асарҳои назмию насрии ниёгонамон муаммоҳо хеле фаровонанд.

Аз миён бархез, эй сарви барин,

Ҷои ту ин нест, болотар нишин.

Дар ин муаммо «сарви барин» киноя аз ҳарфи алиф буда, агар аз миёни калимаи «миён» алиф хеста болотар, яъне дар аввали калима нишинад, номи «Амин» ҳосил мешавад.

Син миёни инон барҷаст, зисту ном бардошт,

Лек зи кирдори хеш баҳри мардум чӣ гузошт?

Инҷо ҳарфи «син» (с) миёни калимаи «инон» ҷаста, «инсон» – ро ҳосил мекунад, яъне ҳар кас бо номи инсон ба дунё омада умр ба сар мебарад, аммо аз худ ба мардум чӣ мегузорад – некӣ ё бадӣ?

Чистон ҳам яке аз воситаҳои ташаккулдиҳии зеҳнӣ, анъанаи дилчаспи кӯдакон аз қадимулайём байни мардум арзи вуҷуд дорад. Чистон «аслан аз ибораи «чист он?» гирифта шудааст»[1]. Чистон аз муаммо бо он фарқ мекунад, ки дар чистон чизи ниҳондоштаро ном набурда, онро аз аломат ва нишонаҳояш меёбанд, аммо дар муаммо он чиз ё шахс ном бурда мешавад ва онро бо қоидаҳои маълуми рамзёбӣ ҳал мекунанд.

Дар чистонгӯии хонавода, агар чистон душвор бошад, ҳозирон ба фикр фурӯ рафта, ноилоҷ, ки монданд, аз гӯяндаи чистон «Ҷондор аст ё беҷон?», «Дар куҷо мешавад?», «Паррандааст ё чарранда» – гӯён мепурсанд. Агар чистон кушода нашавад, ёбандагон худро мағлуб шуморида «Шаҳрашонро» медиҳанд, ки ин аз бохти онҳо далолат медиҳад ва шахси чистонгӯй ҳарифони мағлубшудаи худро ба таври зайл таънаю мазамат мекунад:

Шумоён бандаи ман,

Бандаи шармандаи ман.

Шаҳри шумо аз они ман,

Мардумаш ғуломи гӯшбуридаи ман»[2]

Тезгӯякҳо, бозиҳои адабӣ нафақат воситаи ташаккули зеҳнӣ, инчунин воситаи инкишофи нутқи кӯдакон низ ба шумор мераванд. Муаллим дар синфҳои ибтидоӣ аз ин воситаҳо ба мақсади пешгирӣ намудани хасташавии кӯдакон дар дарсҳо, барои буррогии нутқи онҳо истифода мебарад.

Ба бозиҳои адабӣ инҳоро дохил кардан мумкин аст: «байтбарак», «Оё маро медонед?», «Аз кадом китоб аст?», «Хониши нақшҳо» ва ғайра.

Байтбарак аз қадимтарин бозиҳои адабӣ – маърифатии мардуми мо мебошад, ки аз он дар дарсҳо, маҳфилҳо, хонадонҳо истифода мебаранд. Байтбаракро мо шартан ба гӯрӯҳҳои зайл тақсим мекунем:

Байтбараки шергӯӣ. Муаллим ё талаба унвони ягон шеърро ном бурда, байти аввали онро мегӯяд ва дигарон навбат ба навбат байтҳои онро то ба охир азёд мегӯянд.

Байтбараки мавзӯӣ. Муаллим ягон мавзӯъро (чунончи, «Ватан», «Модар», «Китоб», «Сулҳ» ва ғ.) ном мебарад ва дигарон бо он мавзӯъ шерҳои азёд кардаашонро мехонанд.

Байтбараки аслӣ. Дар ин намуди байтбарак яке байтеро мегӯяд, дигаре (ё дигарон) дар ҷавоб байтеро мегӯяд, ки ҳарфи аввалини он аз ҳарфи охири байти гуфташудаи ҳариф оғоз гирад (аа, аб, бв, вг…) ва як байтро ду бор такрор кардан мумкин нест. Ин то он даме давом мекунад, ки ҳарифе ё тарафе ба ҳарфи охирини байти гуфташуда байти дигаре ёд надошта бошад ва вай бойдода ҳисоб мешавад.

Ду намуди байтбараки аввал хеле осон буда, ба хусусияти талабагони синфҳои ибтидоӣ мувофиқат мекунанд. Аммо намуди сеъм ба талабагони синфҳои болоӣ хос аст.

«Оё маро медонед?» ном дорад яке аз бозиҳои адабӣ. Талабае, ба ҳайси муаллиф, шеъри шоиреро мехонад ва рӯ ба рафиқон оварда мепурсад, ки оё маро донистед? Ман ҳамон шоире ҳастам, ки ҳозир як шерамро хондам. Кани гӯед, ман кистам? Бачаҳо даст боло карда, аз рӯи шеъри хондашуда ҷавоб мегардонанд, ки шуморо шинохтем, шумо Рӯдакӣ, Мирсаид Миршакар (ё Убайд Раҷаб ва ғ.) ҳастед.

Талабаи шеърхонда маъқул мекунад ва мепурсад, ки кадоме аз шумо ягон шеъри маро азёд медонад?

Бозии дигари адабӣ «Аз кадом китоб аст?» ном дорад. Муаллим ё талабае чанд қаҳрамони асареро ном бурда, аз талабаҳо мепусад, ки ин қаҳрамонон аз кадом китобанд?

Ё парчаеро ё воқеаеро баён карда мепурсад, ки ман аз кадом китоб мисол овардам?…

Дар бозии адабии «Хониши нақшҳо» муаллим аз чандин нафар хоҳиш мекунад, ки ба назди тахтаи иснф бароянд ва ҳар яке нақшеро иҷро кунанд. Бачаҳо ба сарашон ниқоби ҳамон қаҳрамонро кашида нақшро мебозанд. Муаллим нақши муаллифро иҷро мекунад.

Воситаҳои пуртаъсир. (хурӯшонӣ, эмотсионалӣ). Ба ин воситаҳои таълимӣ маҷмӯи лаҳзаҳои ҳаяҷоновару ба эҳсосоти талабагон таъсиррасон, аз қабили рӯҳафзоӣ, ҳаловатбарӣ, шодию сурур, раҳму шафқат, инчунин оташинию хурӯшонӣ, ғазабу нафрат нисбати беадолатӣ, золимӣ, ваҳшигарӣ шомил мегардад. Муаллим пайваста ба маводи мавзӯи таълимӣ аз «хазинаи» таҷрибаи худ воситаҳои ҳаётии мувофиқро интихоб карда, ба дарс меояд, ки ҷолиби диққат бошанд ва шогирдонро дар рӯҳи одаму одамгарӣ тарбия кунад.

Яке аз ин ҳодисаҳои таъсирбахш, ки эҳсосоти одамро нохун мезанад, лаҳзаҳои ватандӯстӣ мебошад, зеро Ватан барои инсон муқаддас аст. Аз ин ҷост, ки онро Ватан – модар меноманд. Ғояи ватандӯстӣ, чӣ дар гузашта, чӣ дар ҳозираю минбаъда ҳамчун идеали асосии фарзандони содиқи Ватан буд, ҳаст ва мемонад. Дар ин хусус лаҳзаҳои зиёди басо таъсирбахш гуфта ва навишта шудаанд. Чунончи, дар «Шоҳнома» – и безаволи Фирдавсӣ омада:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душаман диҳем.

Чунин лаҳзаи таъсирбахшро такроран аз очерки таърихии устод С. Айнӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» низ пайдо кардан мумкин аст. Баъди ҳалок шудани Темурмалики шуҷоъ дар миёнбанди ӯ халтачае ёфтанд, ки як каф хок ва як парча қоғази хатнок дошт. Дар хатча нивишта шуда буд: «Эй, он ки мурдаи ман ба дастат меафтад, агар некхоҳи одамон ва ватандӯст бошӣ, маро бо ин як каф хок гӯрон, ки ин ёдгории ватании азизи ман аст!

Дар охири хат ин байт ҳам оварда шуда буд:

Атри кафан зи хоки ватан кардам орзу,

Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок!

Чунин лаҳзаҳои таъсиррасони рӯҳиро дар ҳар фан ва ҳар соҳа хеле фаровон пайдо кардан мумкин аст, азҷумла дар касби омӯзгорӣ ҳам. Яке аз хусусиятҳои умдаи пешаи муаллимӣ ин шахсияти кӯдаконро эҳтиром кардан, нисбати онҳо фидоӣ будан аст. Дар ин ҷода корнамоии духтур ва педагоги машҳури поляк шодравон Януш Корчак шоёни таҳсин мебошад. Вай бо кӯдакони ятим мунису ғамхор буд, барои ҳамин ҳам вай ягон вақт «браки» педагогӣ намедод. Вақте, ки гитлерчиён шогирдони ӯро барои куштан ба камераи газии Треблинк мебурданд, ба вай пешниҳод карданд, ки бе бачаҳо зинда монданро интихоб мекунад ё ҳамроҳи онҳо маргро, вай бе ҳеҷ шакку шубҳа маргро интихоб намуд ва дар сафи кӯдакони ятим ҷо гирифт. «Ҷаноби Гольдшмид, — гуфт ба вай Гестапочӣ, — мо шуморо чун духтури хуб медонем, ба Треблинк рафтанатон шарт нест» — «Ман виҷдон савдо намекунам» — ҷавоб дод Януш Корчак…[3]

Барномаи педагогии воситаҳои замонавиро бидуни омӯзиши автоматонӣ, нимавтоматонӣ, роботонӣ, компютерӣ ва ғайраҳо тасаввур кардан мумкин нест. Инро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” низ талаб мекунад: “Мутобиқати маълумот бо сатҳи ҷаҳонӣ”.

Системаи омӯзиши автоматонӣ (СОА) – ин таъмини системаи барномавӣ, МЭҲ, ки барои пешакӣ муайян кардани коркард ва муҳайёкунии омӯзиши барнома, идоракунии раванди омӯзиш дар шакли диалогӣ, ҷамъ ва коркарди натиҷаҳои омӯзиш истифода бурда мешавад.

Системаи омӯзиши автоматонӣ имкониятҳои зеринро дорост:

а) истифода бурдани МЭҲ баҳри омӯзиш, назорати донишҳо, адои вазифаҳои машварат ва маълумотнома нисбати фанҳои гуногун;

б) сарфа кардани вақт ва баланд бардоштани сифати омӯзиш зимни муносибати фардӣ бо талабагон;

в) тахминан 5 маротиба сарфа кардани вақти коркарди барномашудаи алгоритм нисбат аз барномаи таълимӣ;

г) ташкили ҷамъ ва ҳисоби эҳсоиявии маълумотҳо оиди гурӯҳ ва ҳар як толибилм дар раванди таълим.

Ба СОА як қатор талабот гузошта мешавад: он бояд адаптатсия (мувофиқ) кунонида шавад, яъне бо зарурати аниқи раванди таълим мувофиқ гардонидан, нисбати раванди омӯзиш муносибати гуногуни ҳамкорӣ доштан, ба он дар педагогика имконияти истифодабарии тадқиқоту озмунбарӣ ва хусусияти вусъатдиҳӣ ва фардикунонии барномаи таълимӣ ва маводҳо додан.

Дар айни замон системаҳои таълимии зиёд хеле интишор ёфтаанд: “СОА ВУЗ”, “Школьница”, “Рига”, “Радуга” (барои МЭҲ – и шахсии навъҳои гуногун). Маслан, системаи “Школьница” чунин имкониятҳо дорад: шинос кардани мактаббачагон бо имкониятҳои МЭҲ, ба шакли муайян даровардани маҳорат ва малакаҳои барномашуда, ташкили идораи раванди таълим, ташкили назорати автоматикии донишҳои талабагон, таъмини ҳалли вазифаҳои риёзӣ, физикӣ ва дигарҳо, гузаронидани машқ, истифода бурдани барномаи тарҳсозӣ ва такрори физикӣ ва равандҳои дигар ва ҳодисаҳо, инкишоф додани рағбат ба фаҳмидагирӣ дар асоси вазъияти возеҳ, истифода бурдани МЭҲ ба сифати таъмини системаи ахборот ва ғайра.

Нимавтоматонӣ гуфта, сохти мошин, аппарат, асбобу дастгоҳҳоеро гӯянд, ки силсилаи асосии марҳалаи коргарӣ ба воситаи автоматика, вале як қисмати амалии истеҳсолкунӣ аз тарафи одам дастӣ иҷро карда мешавад. Ҳамаи сохти ғайримарказии ҳисоб – мошинҳои электронӣ (МЭҲ) – ро ба ҳамин нимавтоматонӣ дохил кардан мумкин аст.

Роботонӣ. Робот автомате, ки амалиётҳои мураккабро мисли одам моҳирона иҷро мекунад. Истилоҳи “робот” аз ҷониби нависандаи чех Карел Чапек дар соли 1920 ҳамчун номи коргарони механикӣ (механические рабочие), ивазкунандаи одамон дар корҳои мушкили ҷисмонӣ дар пъесаи фантастикии “R. U. R.» Истифода шудааст.

Дар замони ҳозира дар олам зиёда аз 600 намунаи (модели) истеҳсолии роботҳо истифода бурда мешавад.

Ахбороти педагогӣ – маҷмӯи огоҳӣ, баён, маълумотҳои амалии педагогие, ки инсон бо органҳои ҳиссии худ бевосита ё бавосита қабул мекунад. Маълумотҳои гуногуни олами беруна, ҳодиса ва воқеаҳои ҳаёти ҷамъиятие, ки инсон дар вақти омӯзиш, хондан, шунидан ё ба воситаи ягон асбоб ва ё мубодилаи афкор ба даст меорад, ахбороти педагогӣ ном мебаранд.

Баъзан ахбори педагогӣ ба воситаи сигналҳои гуногун ба шахс ворид мешавад, ки дар ин нақши кибернетика калон аст. Кибернетика, қатъӣ назар аз шакл, мазмун ва табиати системаи сигнал (яъне хоҳ табиати зиндаву хоҳ ғайризинда), қонуниятҳои қабул, нигаҳдориву ҳифз, аз нав кор карда баромадан ва интиқоли ахборро меомӯзад. Раванди идоракунӣ раванди ахборотдиҳӣ аст. Барои ҳамин ҳам мафҳуми ахбор бештар ба кибернетика мансуб аст. Қонуният ва хусусиятҳои ахборотро назарияи ахборот татқиқ мекунад. Ахбор дар эҳсоияи риёзӣ васеъ истифода мешавад.

Ахбороти педагогӣ ба мактаббачагон имконияти донистагирии ҳодисаҳои муҳити атроф, оқилона истифода бурдани анбӯҳи ахбор ва таҳлил кардани мазмуни онҳо, дар амал татбиқ намудани равобити ахбори мустақим ва бозгашт ба мақсади мутобиқаткунӣ ба перомуни атроф ва такомулоти он дар сохти сиёсӣ, иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва экологиро медиҳад.

Чунонки мебинем, аҳамияти воситаҳои махсуси омӯзиш хеле бузург аст. муболиға намешавад, агар бигӯем, ки раванди таълим дар мактаб натанҳо раванди дутарафаи муаллиму талабагон, балки раванди сетарафа – муаллим, талабаҳо ва воситаҳои омӯзиш мебошад. Муаллим кӯдаконро маҳз тавассути воситаҳои таълим меомӯзад, кӯдакон маводи таъилмиро бо ёрии воситаҳои аёнӣ қабул карда, мустаҳкам мекунанд ва дар амал истифода мебаранд. Бидуни воситаҳои махсуси таълимӣ раванди омӯзиш вуҷуд дошта наметавонад, хусусан дар синфҳои ибтидоӣ БПВ ҳамчун обу ҳаво лозиманд.

Санҷиши контролӣ

Воситаҳои таълимии ашёӣ барои чӣ лозим?

Воситаҳои таълимии амалиро чӣ тавр мефаҳмед?

Аҳамияти воситаҳои зеҳнӣ дар чист?

Ба воситаҳои зеҳнӣ мисолҳо оред.

Воситаҳои таълимии пуртаъсир чӣ аҳамият доранд? Ба онҳо мисол оред.

Наомиши кино ва телевизиони таълимиро чӣ тавр истифода мебаред?

Аҳамияти компютер дар чист?

Ба чистону муаммо мисол оред.

Байтбарак чӣ аҳамият дорад?

Ба бозиҳои бадеӣ мисолҳо оред.

Аҳамияти тезгӯякҳо дар чист?

Нақшофарӣ дар ташаккули мактабиён чӣ аҳамият дорад?

Адабиёт барои худомӯзӣ

Информатика в понятиях и терминах. (Под ред. В. А. Извозчикова). – М., 1991.

Лутфуллоев М. Дарс. – Душанбе, 1995.

Лутфуллоев М. Дидактикаи муосир. – Душанбе, 2001.

Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. – Душанбе, 2000.


[1] Сўфиев А. Фолклор – санъати сухан. – Душанбе, 1985, с. 141.

[2] Њамон ҷо, с. 143.

[3] Сухомлинский В. А. Сердце отдаю детям. Киев, 1974, с. 10.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *