Фанни Педагогика

Мақсади омӯзиш

Қонуни мақсади омӯзишро мо дар фасли аввал дида баромада будем, он ҳамчун ногузир амал мекунад ва дар системаи раванди омӯзиш зерсистема буда, хеле бештар ба тарбия мансубият дорад. Мақсади умумии таҳсилот аз мақсади тарбия ҷорӣ мегардад ва бо он ҳамчун як қисми яклухтро ташкил медиҳад.

Қонунҳои асосии инкишофи иҷтимоӣ ва давлатӣ – маълумот, рӯҳиёт, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангиро Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон мекунад. Маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсади ташаккули мустақилият, озод, маданӣ, маърифатии шахсият, масъулиятшиносӣ нисбати оила, ҷомеа ва давлат, эҳтиромкунии ҳуқуқ, озодии дигар шаҳрвандонро дорад. Конститусия ва қонунҳо қобили ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни одамон, халқҳо, нажотҳои гуногун, миллатҳо, этникӣ, динӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошанд.

Вазифаҳои асосии мактаби маълумоти ҳамагонӣ:

таъмин кардани талаботи миллӣ – фарҳангии аҳолӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва ахлоқан солими наслҳо;

таъмини талабагон барои азхудкунии системаи донишҳои муайянкардаи талаботи ҷомеа ва истеҳсолот;

ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқи маданӣ, арзишҳои гуманистӣ ва идеалҳо, тафаккури эҷодӣ, мустақилонагӣ дар ғановати дониш;

дар ҷавонон ҳосил кунонидани коркарди мавқеи шууронаи шаҳрвандии ҳақиқӣ, шоистагии одамият, кӯшиш ба иштироки худидоракунии демократӣ, масъулиятнокӣ ба рафтор.

Қисматҳои маълумоти мактабӣ – фанҳо, асосҳои дониш, маҳорате, ки ҳаҷмашон аз 30 – 40% ҳаҷми умумии донишҳо зиёд набошад, барои омӯхтан ва барои ҳамаи талабагон дар тамоми намудҳои муассисаҳои таълимӣ ҳатмист. Қисматҳои таҳсилоти мактабӣ имконияти қонеъгардонии талабот ва дархостҳои гуногуни талабагонро мутобиқи шароити минтақавӣ, миллӣ, истеҳсолӣ ва омилҳои шахсият таъмин мекунад.

Мазмуни раванди омӯзиш

Мафҳуми «мазмун» ифодаи мундариҷа ва мӯҳтавиётро дорад, ки он тамоми аносири таркибӣ ва ҷиҳати асосии таҳсилоти муосирро фаро мегирад. Ин қоида чунин саволҳоро ба миён мегузорад: чаро мазмуни маълумот ҷиҳатҳои асосии маълумоти ҳозиразамонро фаро мегираду дигарашро не? Барои он, ки мактаб тамоми донишҳои умумибашариро дар бар гирифта наметавонад, чунки ҳаҷми он беканор аст. Инҷо пешгӯикардаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро такроран овардан ҷоиз аст:

Умр кам, фазлу адаб бисёр аст,

Касби он кун, ки туро ночор аст.

Биноан мактаб бо талаботи ҷомеа, бо назардошти инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ ва муносибатҳои ночори истеҳсолии замон ба раванди омӯзиш фаро гирифта мешавад, ки барои инкишофи зиндагӣ ва ҷомеа бағоят заруранд.

Аз ин лиҳоз зимни мазмуни маълумот он системаи донишҳои асоии илмӣ, маҳорату малакаҳои амалӣ, ғояҳои ҷаҳонбинии илмӣ ва маънавию эстетикие, ки дар раванди тадрис барои талабагон дар айни замон зарур аст, ҳамонро меомӯзанд. Ин омил ҳамчун яке аз қонунияти ташаккули мазмуни таҳсилот буд ва бокӣ мемонад.

Дар байни системаҳо дараҷаи калонтарин, ки ба ташаккули мазмуни маълумот сабаб мегардад, инҳо мебошанд: 1) мақсадҳои қабулкардашуда; 2) комёбиҳои иҷтимоӣ ва илмӣ; 3) талабаоти иҷтимоӣ; 4) талаботҳои шахсӣ; 5) имкониятҳои педагогӣ ва ғайра. Нақшаи ташаккули мазмун таҳти таъсири ҷудокунии системаҳо дар нақшаи 19 пешниҳод карда шуд.

Системаи талабот (иҷтимоӣ ва шахсӣ) бо муоинакунии системаи баландтари мақсад бо ҳам зич алоқаманданд. Дар марҳалаи ҳозира сохти маълумоти мактаби тоҷик бояд асоси барпокунии давлати нави демократии ҳуқуқбунёд, маданӣ, эҳёгари рӯҳии давру замон дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти одамият, аз нав ташкил дода, ташаккули ҷомеаи демократӣ ва муносибати бозорӣ, болоравии сатҳи инкишофи илм ва техника то стандартҳои беҳтарини оламиён бошад. Ниҳоят бояд проблемаҳои зайл ҳалли худро дарёбад: чӣ тавр ба дараҷаи беҳтарин мувофиқона пайвастани манфиати ҷомеа ва шахсият, дар ҳамин радиф рӯоварӣ ба қонеъгардонии талаботи ҷомеа, маълумоти муҳими шахсиятро ба дараҷаи даркорӣ ва диққатҷалбкунанда баланд бардоштан.

Системаи иҷтимоӣ ва комёбиҳои илмӣ барои ташаккули мазмуни маълумоти мактабӣ моҳияти зиёди анъанавӣ дорад. Татқиқотҳои дар соҳаи ҷорӣ кунонидани комёбиҳои илмӣ ба мазмуни маълумот нишон доданд, ки дар вақти пайдо шудани ихтироъи нави илмӣ ё ғояи нави иҷтимоӣ аснои дар ибтидои системанок омӯзонидани онҳо дар мактаб бемайлон кам мешавад. Дар вақти ҳозира онҳо ба дараҷае кам шуданд, ки инъикоси ғояҳои нав фақат баъди чоп шудани китобҳои дарсӣ муайян мегарданд. Чунончи, омӯзиши телеграфи Морзе дар мактаб баъди 60 соли ихтироъшавиаш, омӯзиши таҳаввулоти Дарвин баъди 56 сол, радио (Понов) баъди 40 сол ва ғайраҳо ҷорӣ гаштанд.

Ниҳоят, системаи имкониятҳо, ки нисбати моҳияти он борҳо дар муносибати иҷро кардани раванди тарбия гуфтем, нақши танзимаи гуногунро, ки ба мазмуни маълумот шомил шудан ё нашуданро муайян мекунад, мебошад. Дар ин система пурмаъногӣ маҳдудияти хусусиятҳои синнусолӣ дида мешавад. Дар аввали солҳои 70 – уми асри XX дар дидактикаи умумиҷаҳонӣ ҳаракат барои такмилдиҳии мазмун бо роҳи ҷорӣ намудани қисматҳои мураккабе, ки пештар дар синфҳои боло ва донишгоҳҳо меомӯхтанд, ба барномаҳои мактабӣ дохил намуданд, вале натиҷаи дилхоҳ надод, зеро синну солро ба назар нагирифта буданд. Ҳоло ба таври раднашаванда исбот шудааст, ки барои дарки масъалаҳои омӯзиш дараҷаи пайдарҳамии донишҳо ва муайяни инкишоф ҳатмист.

Талаботи ба мазмуни омӯзиши мактаби таҳсилоти ҳамагониро мақомоти давлатӣ муайян мекунад. Ба мазмуни маълумот ду ҷанбаи омӯзиш гузориш ёфтааст – миллӣ ва умумиинсонӣ. Асосҳои умумии мазмуни омӯзиши мактабро инҳо муайян мекунанд: майли гуманистӣ, таълими тафриқавӣ, ҳамгироии (интегратсияи) фанҳо, васеъ истифодабарии ахборотҳои нави технологӣ, ташаккули эҷоди шахсият

Консепсияи мазмуни маълумоти муосир. Давлати соҳибистиқлоли демократию ҳуқуқбунёд ва дунявии мо дар асоси талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуни нави маълумоти мактаб ва сохтори онро дар нақшаю барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва васоили таълимӣ зимни назардошти афкори педагогикаи гуманистии халқӣ, ниёгон, комёбиҳои пешқадами мактаби ҷумҳурӣ муайян кард. Чунин мазмуни маълумот аз як тараф ба манфиатҳои давлати соҳибистиқлол ва мактаби миллӣ созгор бошад, аз тарафи дигар, ба стандартҳои умумиҷаҳонии маълумот мувофиқанд.

Алалхсус мазмуни маълумоти мактаби тоҷик кунун дар асоси ақидаю хулосаҳои назариявии педагогикаи муосир таҳия гардида, талабагон пай дар пай маълумоти ибтидоӣ, назарияи асосии асосҳои илм ва мусалсал ба даст меоранд ва ба омӯхтани касбу пеша омода мегарданд. Дар мазмуни маълумоти миёна соҳаҳои гуманитарӣ, табиӣ – риёзӣ ва бадеӣ – эстетикӣ пешниҳод шудаанд, ки ба ҳаёт омода сохтани толибилмонро дар назар дорад. Ба ин муносибат мазмуни маълумот аз системаи донишҳое, ки асоси илмии фанҳоро ташикл медиҳанд ва системаи дониш ва машқу мисолҳое, ки фаъолияти амалии истеҳсолотии мактаббачагонро таъмин мегардонанд, иборат дониста шудааст.

Мактаби миллии тоҷик кунун дар мазмуни маълумоти худ маҷрои эҳёи муносибати тафриқа ва ҳамгироӣ мӯҳтавои фанҳо иқдомат дорад, ки дар гузашта чунин равия хоси мактаби Шарқ буд. «Дар мазмуни маълумоти мактаби миллӣ алҳол муносибати тафриқа ва ҳамгиро рӯйдоди нав аст. Ҳам тафриқа ва ҳам ҳамгиро аслан аз таҷрибаи мактаби Шарқ (Тоҷикистон низ) сарчашма гирифта, дар ғарб низ асоси назариявӣ пайдо карда, боз ба сарзамини мо, ба мазмуни маълумоти мактабӣ дохил гаштааст»[1] барҳақ зикр кардааст Ф. Шарифов.

Таълими тафриқа ҳанӯз солҳои 20 – уми асри XX дар аврупои ғарбӣ ва Амрико пайдо шудааст. Дар кишвари мо таъсири он то солҳои 30 – юм давом карда, баъд «Барои системаи яккаҳизбию салтанати марказӣ тарзи таълиме лозим буд, ки ҳамаро ба як гаврона пеш кунад, ҳама як хел фикр кунад, андеша ронад, тахминан дониши умумии миёна дошта бошанд»[2] аз байн бардошта шуд. Дар мазмуни маълумот, нақшаҳои таълимӣ, барномаҳо барои ҳамаи ҷумҳуриятҳо ягонагии омӯзиш сурат гирифт. Аз ин боис қобилият ва истеъдодҳои зиёд ошкор нашуда мемонданд.

Ба шарофати бозсозӣ, аниқтараш соли 1989 дар пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии ҷумҳурӣ аввалин бор лабораторияи алоҳидаи таълими муштарак ва тафриқа таъсис дода шуд. Мақсади лаборатория аз нигоҳи назарӣ асоснок кардани таълими тафриқа, пешниҳод намудани нақшаҳои тафриқавии омӯзиш ва татбиқи амалии онҳо дар шароити мактабҳои миллии тоҷик мебошад. Пас таълими тафриқа чист ва он дар кадом синфҳо мавриди истифода қарор мегирад?

Таълими тафриқа асосан бо назардошти қобилият, лаёқат, дониш, пешрафт, талаботи замон, шароиту имконият ва шавқу ҳаваси толибилмон баргузор мегардад. Талабаҳо аз ин ҷиҳатҳо дар мактаб ба гурӯҳ ё зергурӯҳҳо тақсим карда омӯзонида мешаванд. Аммо, агар кӯдак қобилият, рағбат дошта бошаду шароиту имконият набошад ва ё баръакс шароиту имконият бошаду шавқу ҳавас, саъю кӯшиши шахсӣ набошад, қобилият нашкуфта мемонад. Дар ин ҷо талаботи зиндагӣ низ дар рушду нумӯъи талабаҳо нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ ба онҳо фаҳмондани талаботу зарурати зиндагӣ ҳам ба қобилияти онҳо такони рӯҳӣ мебахшад. Бинобар ин барои ошкор намудан ва рушд додани қобилият таълими тафриқа заминаи муҳим мебошад.

Дар баъзе мамлакатҳо таълими тафриқаро бо роҳи интихобкрадаи худ пеш мебаранд. Чунончи, дар Амрико ва Канада ба он аз имтиҳони охири соли хониши синфи I шурӯъ мекунанд. Натиҷаи имтиҳонро ба назар гирифта, талабаҳоро аз ҷиҳати қобилияташон тахминан ба се гурӯҳ (синф): А. Б. В. тақсим менамоянд ва онҳо дар синфи II А. (онҳое, ки дар имтиҳон баҳои «5» – у «4» гирифтаанд), дар синфи II Б. (ононе, ки баҳои «4» – у «3» гирифтаанд) ва дар иснфи II В. (онҳое, ки синфи якумро бо баҳои «3» – у «2» тамом кардаанд) таҳсилро идома медиҳанд. Ҳамин тавр, дар ҳар синф охири соли таҳсил баъди имтиҳонҳои аз синф ба синф гузаронӣ кӯдакон ба 3 гурӯҳ тақсим карда мешаванд, ки ин ҳолати тафриқавӣ то синфи VIII идома меёбад. Бояд зикр кард, ки то солҳои охир дар илми педагогикаи мо ин тарзи тафриқаро танқӣд мекарданд.

Дар таълими тафриқавии пешгирифтаи мо ду хели тафриқа истифода бурда мешавад: тафриқаи муфассал ва тафриқаи мухтасар ё маҳдуд.

Тафриқаи муфассал аз синфи V оғоз ёфта, то охири синфи VIII давом мекунад, тибқи вазифа, ҳамоҳангӣ ва робитаи дохилии фанҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: гурӯҳи фанҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ ва гурӯҳи фанҳои табиӣ – риёзӣ. Ин гурӯҳҳо ҳамаи фанҳои таълимиро фаро мегиранд. Талабаҳо дар синфҳои V – IX дар асоси дониши ҷамъбастии охири синфи IV ва бо майлу рағбаташон ба ду гурӯҳи номбурда тақсим шуда, таҳсил мекунанд. Дар ҳамин радиф синф ё гурӯҳҳои умумӣ ҳам фаъолият мекунанд. Онҳое, ки дар ҷамъбасти ҳар чоряк ва сол аз фанҳои интихобии худ баҳои «3» ё «2» мегиранд, ба гурӯҳи умумӣ баргардонда мешаванд.

Тафриқаи маҳдуд дар доираи гурӯҳҳои муфассали ҷамъиятӣ – гуманитарӣ ё табиӣ – риёзӣ ташкил ёфта, миқдори нисбатан маҳдуди фанҳоеро дар бар мегирад, ки бевосита ба ихтисоси ояндаи талаба вобаста бошад. Тафриқаи маҳдуд ба синфҳои IX – X хос аст. Дар синфҳои X – XI таълими тафриқа аз рӯи тамоюлҳои зайл метавонад фаъолият бинмояд: гуманитарӣ, забон ва адабиёт, забонҳои хориҷӣ, ҷамъиятӣ – иқтисодӣ, санъату маданият, мадраса, физикаю риёзӣ, кимиё ва табиӣ, техника – иқтисодӣ ва ғайра.

Муносибати тафриқа талаб мекунад, ки мазмуни маълумоти фанҳои алоҳида мувофиқи қобилият, майлу хоҳиши талабагони боқобилият амиқтар, мукаммал васеътар мураттаб гузаронида шаванд. Чунин муносибат, пеш аз ҳама, раванди педагогиро аз чорчӯбаи шах шуда мондаи якнавохту дилгиркунанда раҳо намуда, ба талошҳои мустақилона, эҷодкории таълимгирандагон имконият медиҳад; талаботи инфиродии илмомӯзии толибилмонро қонеъ мегардонад; ҷомеаро бо ихтисосмандони дӯстдоштаи касб, одамони бомаълумоту боистеъдод, лаёқатманду кордон таъмин мекунад. Ин нуқтаҳоро ба инобат гирифта, мазмуни тафриқавии маълумот дар асоси тамоюл ва равияҳои умумӣ, ҷамъиятию гуманитарӣ, табиию риёзӣ ба нақша гирифта шудаанд. Тамоюли ҷамъиятию гуманитарии мазмуни маълумоти мактабӣ ба он майл дода шудааст, ки насли навраси ҷумҳурии соҳибистиқлоламон аз мутоии маънавӣ, ахлоқӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ худро раҳо намуда, ба арзишҳои умумимиллӣ бо ифтихор огоҳӣ ёбанд. Дар ин кор мазмуни фанҳои таърихи халқи тоҷик, забони модарӣ, адабиёт, одобнома, адабиёти халқҳои ҷаҳон, инсон ва ҷомеа, асосҳои маданияти ҷаҳон, таърихи умумӣ ва ғайра мусоидат мекунад.

Яке аз талаботҳои мазмуни маълумоти муосир робитадории байни фанҳои таълимӣ ба шумор меравад, ки ба ин масъала ду омили асосӣ ба назар гирифта мешавад. Яке аз онҳо ҳамгироии (муштаракии) фанҳои мантиқан ба ҳам наздик ва дигаре фанҳои алоҳида мебошад. Ҳамгироии мазмуни маълумот аз синфҳои ибтидоӣ то синфҳои болоӣ дар назар дошта шудааст. Дар синфҳои ибтидоӣ фанҳое, ки қаблан алоҳида – алоҳида тадрис мешуданд, ҳоло ба як фан ҳамгиро омӯзонида мешаванд, чунончи, забони модарӣ, санъати миллӣ ва меҳнат ва ғайра. Дар синфҳои боло низ чунин ҳамгироӣ арзи вуҷуд мекунад, масалан, фанҳои биология ва кимиё.

Дар фанҳои алоҳида бошад, алоқамандии байни фанҳо низ таъмин карда мешавад, чунончи омӯзиши физика дар заминаи алгебраю риёзӣ сурат мегирад.

Мазмуни маълумот бояд ба имконияти синнусолии талабагон мувофиқат кунад. Дар акси ҳол аз сабаби ба ҳисоб нагирифтани имкониятҳои талабагон ва сербории маводи таълимӣ сифати омӯзиш паст мегардад.

Мазмуни маълумотро бидуни таълими политехникӣ тасаввур кардан мумкин нест. Ин талаботи мазмуни маълумот – талаботи давру замони инкишофи илму техника ва фарҳанг аст. Маълумоти умумӣ бо таълими политехникӣ ва унсурҳои тайёрии касбию меҳнатӣ созгор аст.

Политехника аз истилоҳи юнонӣ poli – бисёр ва tehum – ҳунар, санъат иборат буда, толибилмонро бо соҳаи муҳимтарини истеҳсолоти замонавӣ шинос намудан, маҳорати умумии бисёртехникӣ малакаҳои меҳнатӣ ҳосил кардан ва мувофиқи табъи худ интихоб намудани касб омода месозад.

Дар таълими политехникӣ педагогика инҳоро тавсия медиҳад: истеҳсоли барқ, истеҳсоли механистӣ, истеҳсоли кимиёвӣ, асосҳои агрономӣ ва электриконӣ. Дар мазмуни таълими политехникии мактаб ба омӯзиши масъалаҳои зерин эътибор дода мешавад:

воситаҳои асосии ҳосилкунии ҷараёни барқ, қувваи гармӣ ва механистӣ ва истифодбарии онҳо дар хоҷагии халқ;

принсипҳои сохти умумӣ ва кории мошинҳо (асосҳои механистии истеҳсолот);

воситаҳои асосии истеҳсолоти моддаҳои кимиёвӣ ва истифодабарии онҳо дар саноат ва истеҳсолоти кишоварзӣ;

асосҳои хоҷагии кишоварзӣ – зироатпарварӣ, чорводорӣ, механиконӣ, электриконии хоҷагии деҳот;

системаи ташкили истеҳсолоти касбу ҳунарҳои миллии ҷомеаи демократӣ.

Дар шароити имрӯза унсури муҳими таълими политехникӣ ин омӯхтани техникаи оморӣ – компютерӣ, иттилоот ва истифодабарии онҳо дар истеҳсолот ва омӯзиш мебошад.

Мазмуни таълими политехникӣ бояд инҳоро дар бар гирад: ба талабагон додани маҳорату малакаҳои амалии меҳнатӣ ва ағлаб, онҳоро ба муомила карда тавонистани олоти оддии меҳнатӣ (арра, ранда, болға, искана, парма ва ғ.) омӯзад, кори мошину дастгоҳҳои бештар паҳншударо (дастгоҳҳои харротӣ, муҳаррикӣ, дарунсӯз, трактор, компютер, автомобилҳоро) ёд диҳад; талабгон бояд иҷрои корҳои оддии васлкунии электр, радиотехникаро дар амал иҷро карда тавонанд; воситаҳои сабзонидан ва нигоҳубин кардани набототро донанд, ба касбу ҳунарҳои миллӣ шуғл варзанд.

Маълумоти касбӣ аз маълумоти умумӣ ва таълими политехникӣ бо хусусиятҳои худ фарқ мекунад. Вазифаю мазмуни он – тайёр кардани талабагон ба ихтисоси муайяни фаъолият, дар таълими тафриқа ташаккул додани онҳо ба ҳайси мутахассиси ину он соҳа ва ҳаёти маънавӣ. Адои тайёрии ин вазифа дар мактаб аз синфҳои ибтидоӣ сарчашма мегирад, то комбинатҳои таълимӣ – истеҳсолӣ, коргоҳу дастгоҳҳои таълимии мутахассисҳои саноатӣ, колхозу совхозҳо, омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, мактабҳои миёнаи махсус, литсей, коллеҷ ва мактаби олӣ бурда мешавад. Маълумотҳои зикрёфта аз ҳамдигар тафовут кунанд ҳам, дар асл ба ҳамдигар робитаи мустаҳкам доранд. Аз инҳо маълумоти умумӣ пойдевори маълумоти политехникӣ ва касбӣ ба шумор меравад. Талабагон дар ин пойдевор асосҳои илмиро дар бар карда, баҳри омодагии ихтисоси ояндаашон заминаи политехникӣ мегузоранд. Таълими политехникӣ асосан тавассути омӯзиши риёзӣ, физика, кимиё, биология ва ғайра гузошта мешавад. Дар навбати худ маълумоти касбӣ маълумоти умумӣ ва политехникии онҳоро низ такмил медиҳад.

  1. . Шарифов Ф. Назария ва амалияи таълими ҳамгиро дар марҳилаи ибтидоии мактаби миёна. – Душанбе, 1997. С. 87.

  2. . Лутфуллое М. Дарс. – Душанбе, 1995. С. 136.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *