Фанни Педагогика

Методҳои баёни шифоҳии донишдиҳӣ аз тарафи муаллим ва фаъолгардонии талабагон

Дар ин гурӯҳ моҳият ва вазифаҳои методҳои даҳанакии ҳикоя, эзоҳ, лексияи мактабӣ, тасвир ва намоиш мухтасар маънидод карда мешаванд.

Ҳикоя (нақл) – методи хеле маъмули раванди таълими синфҳои ибтидоӣ. Ҳикоя методи баёни нақлу хабардиҳии муаллим нисбати маводи таълимӣ ва барангехтану фаъол гардонидани диққати талабагон ба дарс мебошад. Ин метод барои мактабиёни хурдсол дар маълум кардани маълумотҳои ҳаётӣ хеле писанд меояд. Ҳикоя бештар мавриди омӯзонидани мафҳумоти илмӣ, қонунҳо, кашфиётҳои илмӣ, воқеаҳои аҷоиби таърихӣ, тарҷумаи ҳоли олимон, донишмандон, адибон истифода бурда мешавад. Ҳикоя бояд, мувофиқи хусусияти худ бо образҳои таъсирбахш, пурмазмун ва мантиқан дуруст ба шогирдон баррасӣ гардад.

Таваҷҷӯҳи кӯдакони синни хурди мактабиро, табиатан, бештар ҳикоя, нақлу ривоят ва афсонаҳои аҷоибу ғароиби ҳаётӣ ба худ ҷалб мекунанд. Барои ҳамин ҳам дар китобҳои дарсӣ, хусусан дар хониш ва инкишофи нутқ ва одобномаи онҳо, ин қабил маводҳои таълимӣ хеле зиёданд.

Методи ҳикоя бо назардошти муаллим ва хусусияти маводи омӯхташаванда, метавонад мухтасар, канда – канда (дар аввал, мобайн ва охири дарс), вале мантиқан ба маънои том муфассал бошад. Мавриди нақл аз воситаҳои аёнӣ истифода бурдан аз фоида холӣ нест. Ҳикоя бо методи эзоҳ алоқамандӣ дорад.

Эзоҳ (шарҳ) – методи асосии исботи илмӣ, омӯхтани мафҳумҳои илмӣ ва қоидаҳо, қонуну қонуниятҳо, фаҳмондани корҳои амалӣ ва машқҳо, принсипи кори асбобҳои таълимӣ ва ғайра. Агар методи ҳикоя хусусияти баёни нақлию хабардиҳии донишҳоро дошта бошад, методи эзоҳ бо шарҳ додан, таҳлил намудан ва исбот кардани қоидаҳои гуногуни маводи таълимӣ вобастагӣ дорад.

Дастрасии фаҳмиш аз бисёр ҷиҳат ба услуби баёни мавод вобаста аст. Истилоҳоти алоҳидае, ки ба кӯдак нофаҳмо аст, бояд қаблан ё дар рафти шарҳдиҳӣ фаҳмонда шавад, хусусан дар синфҳои ибтидоӣ. Дар эзоҳ нутқи муаллим бояд фаҳмо, боисрор, боварибахш ва диққатҷалкунанда бошад. Барои ҳамин ҳам муаллим бояду шояд мақомҳои (мотивҳои) омӯзиши мактабиён, хусусиятҳои рӯҳии онҳоро хуб донад, то ки диққати онҳоро ба омӯзиш ҷалб намояд.

Лексияи мактабӣ. Баёни муфассали маводи таълимӣ ба лексияи мактабӣ тааллуқ дорад, ки он дар синфҳои боло гузаронида мешавад. Лексия истилоҳи лотинӣ буда, маънои хондан, қироат карданро дорад. Лексияи мактабӣ методи омӯзише фаҳмида мешавад, ки муаллим маводи таълимии ҳаҷман калонро дар муддати бардавом бо истифодабарии усулҳои гуногуни маърифатӣ ба талабагон шифоҳӣ ифода мекунад.

Фарқияти асосии лексия аз ҳикоя ва эзоҳ дар он аст, ки он тамоми дарсро фаро мегирад ва бо хусусияти тасалсули худ тафовут мекунад. Лексияи мактабӣ равону возеҳ, таъсирбахш, ҷозибадор, мантиқан дуруст бо мисолҳои ҳаётии фаровон сурат мегирад. Суръати баёни лексия тавре бояд сурат гирад, ки талабагон ба навишта гирифтани ҷойҳои муҳимаш: қоидаҳо, иқтибосҳо, хулосаҳо ва ғайра имконият пайдо кунанд.

Муаллим метавонад дар рафти лексия аз методҳои ҳикоя, эзоҳ, сӯҳбат, намоишдиҳӣ ба маврид ва самарабахш истифода барад. Хусусияти проблемавӣ гирифтани лексия ба мақсад мувофиқ аст. Набояд фаромӯш кард, ки лексия ҳаҷми зиёди маводи таълимиро дар бар мегирад ва аз ин лиҳоз он бояд ба нақша гирифта шавад. Нақшаи онро ба шогирдон нафақат шифоҳӣ баён кардан, ҳатто онро дар тахтаи синф навиштан ҳам мумкин аст, то ки сомеон кадом масъалаҳоро дар бар гирифтани мавзӯъро аз ибтидо дарк кунанд ва ба омӯхтани он омода гарданд.

Тасвир ва намоиш. Тамоми маводҳо, ки тибқи методҳои баёни шифоҳии муаллим сурат мегирад, ба истифодабарии воситаҳои аёнӣ вобаста аст. Ин, пеш аз ҳама, ба синфҳои ибтидоӣ мансубият дорад. Барои ҳамин ҳам методи тасвир ва намоиш ҳамчун воситаи муҳими дидактикӣ ба шумор меравад. Моҳияти методи тасвир ва намоиш аз он иборат аст, ки дар раванди корҳои таълими муаллим баёни маводро тавассути намоиши аёнӣ ба талабаҳо тақдим мекунад.

Нутқи образнок ва пуртаъсири муаллим ҳам дар тасаввурот ба хусусияти аёнӣ моликият дорад. Барои ин, ҳадди ақал, ба ду шароити дидактикии беаёният тақдимкунии дониш риоя бояд намуд, то ки диққати шогирдон ба дарс муттамарказонида шавад: аввалан, баёни маводи таълимӣ аз ҷониби муаллим бояд пурмазмун, бо мисолҳои барҷастаи ҳаётӣ ва шавқовару ҷаззоб бошад; сониян, дар ҷараёни баёни даҳанакӣ ҳатман аз усулҳои муҳими педагогие, ки шогирдонро ба фаъолияти фикркунӣ меангезонад ва ба ваҷд меорад, бояд истифода бурд. Яке аз ин усулҳои муқоиса кардани далелҳо, мисолҳо бо қоидахои нав ва қаблан омӯхташуда, чунки муқоиса асоси ҳар гуна фаҳмиш ва фикркунист.

Дар дарсҳои забони модарӣ, санъати миллӣ ва меҳнат, табиатшиносӣ ва ҷадвал, суратҳои тасвирёфтаи рустанӣ ва ҳайвонот, мулӯҳ (мева ва сабзавотҳои аз мум сохташуда, амсоли себ, бодиринг, пиёз ва ғ.), хӯсаҳо ё худи зироату ашёҳо, препаратҳо бо узвҳои ҳайвонот, гербарияҳо намоиш дода мешаванд. Аммо «калиди» ифшои ҳар тасвир ва намоиш ин нутқи муаллим аст, зеро маҳз зимни шарҳи ӯ аёнияти беҳаракат «ҷон» мегирад.

Ба ин гурӯҳбандӣ мо методи мушоҳидаро ҳам шомил мекунем, зеро он ба методи тасвир ва намоиши гурӯҳи якӯм – методҳои баёни шифоҳӣ ва ҳам ба гурӯҳи дуюм – методҳои мустаҳкамкунӣ тааллуқ дорад.

Методи мушоҳида. Мушоҳида яке аз методҳои фаъоли бедор намудани ҳиссиёти маърифатҷӯии талабагон, хусусан синфҳои ибтидоӣ, мебошад. Мушоҳида таҳти роҳбарии муаллим ва ё бо таъкиди ӯ ҳангоми мушоҳидакунии падидаҳои табиат, ашё ва ҳодисаҳо, ҳангоми сайру саёҳат, иҷрои супоришҳои хонагӣ пардохта мешавад, ки аҳамияти калони таълимӣ ва тарбиявӣ дорад.

Муаллим мавриди мушоҳидаи ягон ашё ва ё мавзеъ дар навбати аввал худаш маълумоти шифоҳӣ дода, сипас барои мустаҳкам кардани маълумотҳои гирифтаи шогирдон супоришҳои мустақилона медиҳад.

Талабагони синфҳои ибтидоӣ дигаргуниҳои фаслҳои сол, зироат, ҳайвонот, падидаҳои табиат ва ғайраро мушоҳида намуда, маълумотҳои нав ба нав ҳосил мекунанд.

Мушоҳида ду навъ мешавад: кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат. Мушоҳидаи кӯтоҳмуддат ҳодисаҳои ҳамарӯза (обу ҳаво, ҳосилшавии шабу рӯз, аз назар гузаронидани препаратҳо ва ғ.), мушоҳидаи дарозмуддат ҳодисаҳои бардавом (тағйироти фаслҳои сол, сабзиши зироати кишткарда ва амсоли инҳо) – ро дар назар дорад. Натиҷаи мушоҳидаҳоро дар рӯзномаи шахсӣ қайд кардан низ аҳамияти калон дорад.

Методҳои мустаҳкамкунии маводҳои омӯхташуда.

Донишҳои илмӣ баъди гузаштани зинаҳои муайян дар хотир нақш мебандад, пойдор мегардад, ки барои он хизмати методҳои сӯҳбат, мушоҳида ва кор бо китоби дарсӣ калон аст.

Методи сӯҳбат. Сӯхбат методи шифоҳӣ буда, истифодаи он бештар дар мустаҳкамкунии маводи таълимӣ рост меояд. Ин воситаи хеле маъмули омӯзиш дар мавридҳои дигари дарс ҳам, чунончи, ҳангоми санҷиши вазифаи хонагӣ, корҳои мустақилона, баёни мавзӯи нав ва такрорӣ, ҷамъбасти машғулиятҳои таълимӣ, аснои ба саволҳои ҷавобгирӣ истифода бурда мешавад.

Ҳикоя, эзоҳ, лексияи мактабӣ хусусияти монологӣ (гуфтори муфассали як кас), вале сӯҳбат ба методи диалогӣ (гуфтугӯи ду ва ё зиёдаи одамон) мансубият дорад. Сӯҳбат воситаи хуби алоқаи бозгашт дошта, муаллим зимни он чиро донистан ва надонистани талабаро фаҳмида мегирад ва дар рафти сӯҳбат камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ мекунад.

Методи сӯҳбат дар ҳамаи синфҳо истифода бурда мешавад, вале он дар синфҳои ибтидоӣ аҳамияти хоса дорад. Одатан шарҳи маводи нави таълимӣ дар синфҳои ибтидоӣ аз сӯхбат оғоз мегардад.

Дар омӯзиш асосан ду навъи сӯҳбат истифода мешавад: катеҳесисӣ ва эвристикӣ. Сӯхбати к а т е ҳ е с и с ӣ (аз юн. katechesis – насиҳат кардан) дар ибтидои омӯзиш, мавриди санҷиш ва баҳодиҳии дониши талабагон, мустаҳкамкунии ҳофиза, ҳамчунин ҳини таҳлили матнҳои хондашуда мавриди истифода қарор мегирад.

Сӯҳбати э в р и с т и к ӣ (аз юн. heurisko – ҷустуҷӯ мекунам, мекушоям) – ро м е т о д и с у қ р о т ӣ ҳам меноманд. Методи эвристикии Суқрот дар мубориза алайҳи омӯзиши догматизм ба вуҷуд омада, то замони мо дар таҷрибаи кории муаллимони пешқадам арзи вуҷд дорад. Фарқи методи сӯхбати эвристикӣ аз сӯҳбати муқаррарӣ дар он аст, ки муаллим саволро умумӣ ба миён мегузорад ва аз талабае, ки ба савол ҷавоб меёбад, даст боло карда посух медиҳад. Ин метод ҳавасмандии шогирдонро афзун намуда, онҳоро ба фикркунӣ, ҷустуҷӯӣ ва эҷодкорӣ ҳидоят мекунад. Дар айни замон ин навъи сӯҳбат дар таълими проблемавӣ васеъ истифода бурда мешавад.

Бо вуҷуди ин ҳама, истифодабарии методи сӯҳбат дар системаи омӯзиш маҳдудият дорад, на ҳамаи маводро бо ёрии сӯҳбат ҳал кардан мумкин аст. Чунки ин метод бештар он вақт гузаронида мешавад, ки мавзӯи омӯхташаванда нисбатан мураккаб набошад ва талабаҳо нисбати он захираи муайяни тасаввурот ё мушоҳидаи ҳаётӣ дошта бошанд. Агар маводи омӯзиш мураккаб бошад, ё талабагон нисбати он тасаввуроти зарурӣ надошта бошанд, он гоҳ онро бо ёрии методҳои ҳикоя, эзоҳ, лексияи мактабӣ баён кардан мувофиқи матлаб аст, зеро методи сӯҳбат вақти зиёдро мегирад.

Кор бо китоби дарсӣ. Ҳар фанни таълимӣ китоби дарсӣ ва китобҳои ёрирасон дорад, ки онҳо барои мактаббачагон манбаи басо муҳими сабақомӯзӣ, машқу тамринот, мастаҳкамкунии дониш ва ба қавли Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ «Фурӯғи субҳи доноӣ» ба шумор мераванд.

Ҳангоми омӯзонидани мавзӯъҳои мураккаб ва душвор муаллим баъди баёни маводи нав на ҳама вақт барои мустаҳкамкунии дониши шогирдонаш имконият пайдо мекунад. Дар чунин вазъият ӯ аз китоби дарсӣ ва дигар китобҳои мададрасон хонда омадани мавзӯъро ба талабаҳо тавсия медиҳад. Аснои мутолиаи мустақилонаи китоб ё машқ шогирдон ба таъинот ва саволҳҳои қаблан пешниҳод кардаи муаллим такя намуда, ҷавобҳо тайёр мекунанд ва он ҷавобҳои худро дар машғулияти навбатӣ иброз менамояд.

Бояд гуфт, ки методи кор бо китобро на ҳамаи муаллимон дуруст ташкил мекунанд. Муаллимоне ҳастанд, ки баъди баёни мавзӯъ «акнун китобҳоятонро кушоед ва мавзӯи навро хонед» мегӯянд ва талабагон бидуни ягон талаботи асосӣ мехонанд. Чунин тарзи корбарӣ бархилофи талаботи ин метод аст. Талабагон бояд дар асоси саволҳои гузошташуда ва барои чуқур фаҳмидагирии мавод бо масъулият хонанд ва супоришҳои амалиро иҷро кунанд. Дар рафти мустақилона хондан ва иҷро кардани корҳои амалии талабагон дар синф муаллим бояд мушоҳида барад, ба назди шогирдони алоҳида, ки ба ёрӣ мӯҳтоҷанд, омада, онҳоро ба ҷавоби масъалаҳои гузошташуда, рӯҳбаланд намояд.

Китобҳои дарсӣ аз синфи якӯм сар карда, ҳамааш барои дар синф мустаҳкамкунии маводи тадрисӣ ва дар хона мустақилона кор кардани талабагон мусоидат мекунанд, зеро онҳо нафақт қоидаҳои назариявӣ, ҳамчунин супоришу машқҳои зиёдеро фаро мегиранд. Аз ин лиҳоз бо китоб кор карданро аз синфҳои ибтидоӣ бояд оғоз намуд.

Методҳои кори мустақилонаи талабагон оиди фаҳмидагирӣ ва азхудкунии маводи нав

Бидуни корҳои мустақилонаи таълимӣ дониш пойдор нахоҳад шуд. Барои ин аз методи кор бо китоби дарсӣ, корҳои лабораторӣ истифода бурда мешавад.

Кор бо китоби дарсӣ. Дар мустақилона донишандӯзии толибилмон ҳам китоби дарсӣ ва дигар адабиётҳои мададрасон нақши муҳим мебозанд. Афроде, ки дил ба худомӯзӣ мебандад, кӯллаҳои баланди муроди хеш фатҳ менамояд. Низомии Ганҷавии бузург фармудаанд:

Ҳар ки зи – омӯхтан надорад нанг,

Дур барорад зи обу лаъл аз санг.

Методи кор бо китоби дарсӣ намудҳои гуногун дорад ва он аз толибилмон барои азхудкунии донишҳои нав ба нав бо диққат омӯхтани маводро тақозо мекунад. Чунки аз он хулосаҳои назариявии қоидаҳо, хулосаҳо, қонунҳо ва ғайраҳо бармеоянд.

Дар ҳамин қатор китобҳо азхудкунии донишҳо, маҳорати бо китоб коркунии шогирдонро ташаккул медиҳанд.

Муаллим аснои машғулиятҳо вазифадор аст, ки дар мавридҳои мушаххас тарзи аз китоб истифодабариро донад, талабагонро ба он ҳавасманд гардонад ва аз нафаҳмида хондан онҳоро худдорӣ намояд. Аз ин ҷиҳат ба талаботи зайли дидактикӣ риоя бояд кард:

а) мувофиқи принсипи алоқадри ҳол дуруст интихоб намудани маводи (мавзӯи) мутолиа, зеро бисёри мавзӯъҳо шарҳу эзоҳталабанд, шогирдон онҳоро бидуни пешакӣ фаҳмондани муаллим азхуд карда наметавонанд. Ин қабил мавзӯъҳоро ба мустақилона тавсия намудан нашояд, онҳоро бояд худи муаллим баён кунад;

б) ҳар гуна кор бо китоби дарсӣ ва адабиёти таълимӣ бояд пешакӣ бо сӯҳбати муқаддимавии муаллим пешниҳод гардад, то ки талабаҳо ба кодом масъалаҳои асосии мавод эътибор доданашонро донанд ва ба тартиби кори мустақилона риоя намоянд;

в) ба муаллим лозим аст, ки дар рафти машғулиятҳо аз болои кори мустақилонаи талабагон мушоҳида барад ва ба шогирдони алоҳида, ки душворӣ мекашанд, ёрӣ расонад;

г) кор бо китоб дар синфҳои ибтидоӣ на тӯл кашад. Онро бо дигар шаклу методҳои омӯзиш омехта бурдан беҳбудӣ дорад. Баъди кор ҳатман сифати азхудкунии маводи омӯхташуда санҷида шавад. Таҷрибаҳои амалие, ки барои ҳосил намудани маҳорат ва малакаҳо, инчунин баҳри чуқур гардондани донишҳо гузаронида мешаванд, муайян карда шаванд;

д) дар асоси китоби дарсӣ ба ҳосил кардани маҳорати мустақилона сарфаҳмравӣ ва ҳазмкунии маводи нав эътибори ҷиддӣ додан. Б. П. Есипов қайд мекунад, ки дар синфҳои ибтидоӣ ин гуна кор аз мустақилона хондани ҳикояҳои хурди бадеӣ оғоз меёбад, вале сипас навбат ба мақолаҳои илмӣ – оммавӣ, бо нақлкунии мазмуни онҳо ё ҷавоб ба саволҳои муаллим мерасад. Чунин усул бояд дар мавридҳои аввали синфҳои мобайнӣ ҳам истифода бурда шавад. Минбаъд шоигрдонро ба он майл додан лозим аст, ки мавриди кор бо китоб масъалаҳои асосиро муайян кунанд, нақшаи маводи хондаашонро ба тарзи саволҳо ва тезиз мустақилона тартиб дода тавонанд, қоидаҳои муҳимро бо далелҳо исбот намоянд, кӯчонда гиранд, мавриди мутолиа аз луғатҳо истифода баранд, тасвирҳои дар китоб ҷойдоштаро таҳлил намоянд ва ғайра.

Дар мутолиаи китоб ба принсипи пайдарҳамӣ, яъне мантиқан зина ба зина фаҳмида хондан риоя бояд кард. Тошхӯҷаи Асирӣ чунин фармудаанд:

Сад хона китоб хондию нест ба ёд,

Бояд, ки китобхона дар сина бувад!

Корҳои лабораторӣ. Лаборатория номи худро аз калимаи лотинии laborare гирифтааст, ки маънои кор карданро дорад. Машғулиятҳои лабораторӣ – ин методи таълимиест, ки тавассути он талабаҳо таҳти роҳбарии муаллим ва бо нақшаи қаблан муайянкардашуда таҷрибаҳо ё вазифаҳои амалӣ мегузаронанд ва дар рафти онҳо донишҳои нав ҳосил мекунанд.

Корҳои амалию лаборатории талабагони синфҳои ибтидоӣ бештар дар дарсҳои санъати миллӣ ва меҳнат, табиатшиносӣ ва дар қитъаи таҷрибавии наздимактабӣ иҷро карда мешаванд. Корҳои амалии лабораторӣ дар мавзӯи муайян гузаронида мешавад ва тайёрии хуби пешакиро талаб мекунад. Чунончи, мавриди гузаронидани таҷрибаҳои марбут нисбати омӯхтани моддаҳои маҳлулшаванда ва маҳлулнашаванда, талабагон бо маҳорат ва малакаҳои ибтидоии кор кардан бо асбобҳои кимиявӣ ва реактивҳо, бо техникаи бехатарии зарурӣ шинос мешаванд.

Ин гуна машғулиятҳои амалӣ барои чуқуртар омӯхтани назария, ташаккули қобилияти таҳлили илмӣ ва иҷрои вазифаҳои таълими политехникӣ мусоидат мекунанд. Муаллим талабагонро бо корҳои истеҳсолии саноат ва хоҷагии кишоварзӣ, ки аз бисёр ҷиҳат ба амалиёти лабораторӣ вобастагӣ доранд, шинос мекунад.

Корҳои лабораторӣ дар синфҳои болоӣ ба силсилаи фанҳои табиатшиносӣ (кимиё, физика, биология) бештар тааллуқ доранд.

Машғулиятҳои лабораторӣ ба мақсади дарк кардани маводҳои нави таълимӣ бурда мешаванд ва онҳо усулҳои зайлро дар бар мегиранд: 1) гузориши мавзӯи машғулияти лабораторӣ; 2) муайян кардани тартиби кори лабораторӣ, ё марҳалаҳои алоҳидаи он; 3) бевосита иҷро кардани корҳои лабораторӣ аз ҷониби талабагон ва назорати муаллим аз болои рафти машғулият ва қатъӣ риоя кардани қоидаҳои бехатарӣ; 4) ҷамъбаст кардани кори лабораторӣ ва тасвияти хулосаҳои асосӣ.

Корҳои лабораторӣ, ҳамчун методи омӯзиш аз бисёр ҷиҳат хусусияти татқиқотӣ дорад. Тибқи машғулиятҳои лабораторӣ толибилмон ҳодисаҳои табиати атрофро бо шавқ меомӯзанд, нисбати онҳо итминони комил пайдо мекунанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *