Фанни Педагогика

Кумитаи волидайни мактаб ва маърифати педагогию психологии он

Яке аз шаклҳои муҳими фаъолияти ҳамкории педагогии мактаб ва оила тавассути кумитаи ҷамъиятчигии волидайн пардохта мешавад. Нисбати ҳамкории кумитаи волидайн ва университети падару модарон дар баъзеи мавзӯҳои гузашта аз ҷиҳати мавқеашон каму беш маълумот дода будем, аммо инҷо оиди сохтору фаъолияти онҳо муфассалтар таваққуф мекунем.

Кумитаи падар ва модарони мактаб ба мақсади барқарор намудани алоқаи мустаҳками мактаб ва оила созмон дода мешавад. Кумитаи волидайн дар ҷамъомади умумӣ (дар мактабҳои калон дар конференсияи) падару модарон бо тавсияи муаллимони синфҳои ибтидоӣ ва роҳбарони синфҳои болоӣ интихоб мешавад. Дар ҳайати он раис, як ё ду ҷонишин, котиб ва се – панҷ аъзо пешбарӣ мегардад. Ҳайати кумитаи волидайни ҳар як синф, ки дар ҷамъомади умумии падару модарони синф интихоб мешаванд, ба кумитаи волидайни умумимактабӣ аз худ вакил пешниҳод мекунанд.

Кумитаи волидайни синф ва мактаб дар корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ аз қабили худхизматрасонӣ, меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ, корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ ва ғайра ёрии амалӣ мерасонанд. Нисбати корҳои тандурустии мактаббачагон, тарғиботи донишҳои педагогӣ дар байни ахолӣ, мустаҳкам намудани хоҷагӣ ва базаи моддию таълимӣ мадад мерасонанд. Барои роҳбарӣ ва назорати паҳлӯҳои гуногуни таълимӣ ва тарбиявӣ аз байни падару модарони фаъол чунин комиссияҳо ташкил карда мешавад: оид ба таълими умумии ҳатмӣ, оид ба гурӯҳҳои шуғли бардавом, оид ба корҳои наврасон ва амсоли инҳо. Кумитаи волидайн бо якҷоягии роҳбарон, коллективи педагогии мактаб бо кумитаҳои волидайни назди ҳавлиҳо, манзилгоҳҳо, шӯрои мададрасони оила ва мактаб алоқаи узвӣ пайваста, якҷоя бо онҳо баҳри тарбияи солими насли наврас кор мебаранд.

Хуб мешуд, агар аз аъзоёни обрӯманди кумитаи волидайн як комиссия ё патрули босалоҳияти панҷ – ҳафт нафараи чораҷӯии таъҷилӣ таъсис дода мешуд ва он хатарҳои аз беназоратии волидайн содиркардаи мактабиён шуғл меварзид. Комиссияи чораҷӯии таъҷилӣ дар асоси сигналҳои муаллимон ва роҳбарони синф ба талабагоне, ки ба корҳои ношоям – мактабтарккунӣ, дайдугӣ, дуздӣ, қиморбозӣ, нашъакашӣ, бадахлоқӣ ва ғайра даст задаанд, тадбирҳои фаврӣ меандешид. Барои пешгирӣ намудани чунин рафторҳои нанговар ба назди падару модарон рафта, бонги хатар зада, маслиҳатҳо медод, агар лозим ояд, ба ҷои кори онҳо рафта мадади ҷамоатчигӣ мепурсид. Ин гуна комиссия дар тарбияи шоистаи кӯдакон ва наврасон саҳми ниҳоят арзанда гузошта метавонист.

Муаллимони синфҳои ибтидоӣ ва роҳбарони синф дар ҳар чоряки таълимӣ дар ҷамъомади умумии падару модарон аз рафти таълимӣ ва рафтори талабагон ҳисобот дода меистанд.

Маърифати педагогӣ ва психологии волидайн бештар тавассути университетҳои падару модарон таъмин карда мешаванд. Нисбат ба семинарҳои махсус, машварату маслиҳатҳо ва мубодилаи таҷрибаҳои муфид хизмати университетҳои халқии донишҳои педагогии наздимактабӣ хеле бузург аст. Дар университетҳои волидайн мӯҳлати таҳсил, ҳамчун қоида, ду сол аст. Дар он машғулиятҳоро бо як системаи муайян мегузаранд. Университетҳои падару модарон муассисаи таълимӣ ҳисоб мешаванд, барои онҳо барнома тартиб медиҳанд, ки он мазмун ва методҳои тарбияи кӯдакон, маълумотҳо роҷеъ ба анатомия – физиология, психологияи синнусол, ҳифзиссиҳа, педагогикаи оила ва ғайраро фаро мегирад. Нақшаи кории машғулиятҳо мувофиқи шароити маҳал ва миқдори шунавандагон тартиб дода мешавад. Машғулиятҳо дар шакли лексия, сӯҳбат, семинар, экскурсия ба муассисаҳои бачагона, машварат ва ғайра гузаронида мешавад. Охири сол шаби мубоҳиса, саволу ҷавоб ва конференсия баргузор мегардад, ки дар он роҷеъ ба таълиму тарбияи кӯдакон таҷриба мубодила мекунанд.

Дар университети волидайн имтиҳоноти қабулу хатмкунӣ нест. Барои гузаронидани машғулиятҳои он муаллимон, мураббиён, коркунони ботаҷрибаи муассисаҳои томактабӣ ва беруназмактабӣ, олимон, духтурон ва дигар мутахассисон ҷалб карда мешаванд. Ба хатмкунандагон диплом дода мешавад.

Мавзӯҳои тахминии машғулиятҳои университетҳои падару модарон: «Асосҳои тарбияи кӯдакон дар оила», «Омӯзиш ва ташаккули олами маънавии кӯдакон дар оила», «Бозӣ – омили муҳими кӯдакон», «Одоби муошират ва этикаи муносибатҳои калонсолони оила нисбати кӯдакон», «Тарбияи меҳнат ва ба он рағбатонӣ», «Дар оила бедор кардани завқи эстетикии кӯдакон», «Хусусиятҳои тарбияи писарону духтарон дар оила», «Дар кӯдакон тарбия кардани рафтори маданӣ», «Намунаи ибрат будани волиайн дар ҳама кор» ва ғайра.

Тавассути машғулиятҳои университети падару модаронро ба танзим даровардан лозим аст,, то ки онҳо аз адабиёти илмӣ – оммавии марбут мустақилона баҳра бардоранд. Ва аз насиҳати зайли ба фарзандонаш кардаи Унсурулмаолии Кайковус низ хулосаи даркорӣ бароранд: «…ҷаҳд кун то ба хирад тавонгар бошӣ, ки тавонгарии хирад аз тавонгарии мол беҳтар бошад ва ба хирад мол тавон ҳосил кард ва ба мол хирад ҳосил натавон кард. Ва ҷоҳил аз мол зуд дарвеш гардад ва хирадро дузд натавонад бурдан ва обу оташ ҳалок натавонад кардан»[1].

Алалхусус, шаклҳои ҳамкории мактаб ва оила паҳлӯҳои гуногун дорад. Дар ҷумҳурии мо роҷеъ ба ин масъала тадқиқотҳои зиёде бурда шудаанд. Яке аз ин тадқиқотҳо, ки нисбати ҳамкории мактаб ва волидайни талабагони синфҳои ибтидоӣ қарор ёфта буд, моро ба чунин хулосабарорӣ овард: «Аз ҷумла шаклҳои ташкили кори якҷояи муаллимони синфҳои ибтидоӣ бо падару модарон, чӣ тавре, ки тадқиқоти мо нишон дод, аз ҳама самараноктараш дар роҳи маърифати педагогии падару модарон ва таъмин намудани талаби ягонаи ахлоқии оила ва мактаб ба бачагон инҳо мебошанд:

а) сӯҳбати инфиродӣ бо падару модарони хонандагон дар мактаб ва ҳангоми ба хонаи талабагон рафтан;

б) маҷлиси синфии падару модарон;

в) лексия, сӯҳбатҳои гурӯҳӣ ва машваратҳо дар мавзӯъҳои тарбиявӣ;

г) конференсияи падару модарон оид ба иваз намудани таҷриба дар боби тарбияи хонандагони синфҳои ибтидоӣ;

д) гӯшаи «синфии падару модарон»[2];

Алалхусус, баҳри минбаъда баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва бинои мӯҳташами идеали демократӣ ҳароина ҳамкории ваҳдати ин сегона абарқудрат гашта, дар тайёр кардани кадрҳои сазовор басо заруранд. Биноан дар ин кори хайр ҷонибдорон ҳар қадар пешдастӣ кунанд, ҳамон қадар ба мараи орзуву умедҳо наздик мегарданд.

Санҷиши контролӣ

  1. Дар таҳти «Мактаб – ташкилотчии ҳамкор дар боби тарбия» чиро мефаҳмед?
  2. Масъалаҳои асосии тарбияи оиларо шумо дар чӣ мебинед?
  3. Ҳамкории мактаб ва ҷамоатчигӣ чӣ гуна сурат мегирад?
  4. Нисбати кумитаи волидайни мактаб ва вазифаҳои асосии он маълумот диҳед.
  5. Ба маърифати педагогию психологии волиайн кадом шаклҳои корӣ мадад мерасонад?
  6. Вазифаҳои асосии фаъолияти кумитаи волидайни мактаб ва синф дар чист?
  7. Дар сӯҳбат бо муаллими синфи якӯм, волидайн ва мураббии кӯдакистон сабаби дар омӯзиш ақибмонии яке аз кӯдаконро муайян кунед ва чораҳои ба вай мададрасониро андешед.

Адабиёт барои худомӯзӣ

Лутф. М. Педагогикаи шафқат. – Душанбе, 1994.

Лутфуллоев М. Эҳёи педагогикаи Аҷам. – Душанбе, 1997.

Луғати тафсирии истилоҳоти педагогика. – Душанбе, 1988.

Макаренко А. С. Книга для родителей. Соч.: в 7 т. Т. II. – М., 1957

Нуров А. Кори якҷояи оила ва мактаб дар тарбияи ахлоқии мактаббачагони хурдсол. – Душанбе, 1989.

Раҳимов Х. Педагогика. – Душанбе, 1997.

Сухомлинский В. А. Родительская педагогика. Избр. Пед. соч.: В 3 т. Т. 3 (Сост. О. С. Багданова, В. З. Смаль и А. Сухомлинская). – М., 1981.

Унсурулмаолии Кайковус. Қобуснома. – Душанбе, 1979.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ. Ахлоқи Мӯҳсинӣ. – Душанбе, 1991.


[1] Унсурулмаолии Кайковус. Ќобуснома. – Душанбе, 1979, с. 15.

[2] Нуров А. Кори якҷояи оила ва мактаб дар тарбияи ахлоқии мактаббачагони хурдсол. – Душанбе, 1988, с. 70.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *