Фанни Педагогика

Ҳуҷҷатҳои меъёрии мазмуни маълумоти мактаб

Меъёри мазмуни маълумоти мактаби муосирро се ҳуҷҷати асосӣ – нақшаи таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсию дастурҳои таълимӣ муайян мекунанд.

Нақшаи таълимӣ, санади муҳими давлатӣ буда, аз тарафи Вазорати маориф тасвиб мегардад. Он меъёру ҳайати фанҳои тадрисии мактабҳоро муайян намуда, тартиби омӯзиши онҳоро ба солҳои хониш ва миқдори соатҳои ҳафтаинаи онҳоро дар ҳар синф муқаррар менамояд. Ҳар муассисаи таълимӣ ва тарбиявӣ мувофиқи хусусияти худ дорои нақшаи таълимии хос мебошад: нақшаи таълимии мактаби ибтидоӣ, мактаби миёнаи ҳамагонӣ, мактаби шабона, ғоибона, мактаби олӣ ва ғайра.

Дар нақшаҳои таълимӣ принсипҳои муҳими системаи маориф инъикос мегардад. Дар муайян кардани ҳайати фанҳои тадрисӣ зарурати инкишофи ҳамаҷонибаи шахсияти толибилмон ба ҳисоб гирифта мешавад ва фанҳое ба нақша шомил карда мешаванд, ки ба тайёрии маълумоти умумӣ ва политехникӣ, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ, ҳамчунин омӯзиши касбу ҳунар, фарҳанги миллӣ ва ғайра мувофиқат кунанд.

Дар нақшаи таълимии ҳозираи ҷумҳурӣ барои муайян кардани мазмуни маълумоти мактаб фанҳои таълимӣ ба се гурӯҳ ҷудо карда шудаанд: силсилаи фанҳои тадрисии умумибашарӣ, силсилаи фанҳои моҳияти ҷумҳуридошта ва фанҳое, ки худи мактаб муайян мекунад (фанҳои интихобӣ, факултатив ва машғулиятҳои иловагӣ).

Дар ҳамин асос нақшаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва вилоятӣ кор карда мешавад, ки ғайр аз ин зимнан аз ҳисоби силсилаи фанҳои таълимии ҷумҳурӣ ва мактабӣ дар синфҳои мобайнӣ ва болоӣ омӯзиши тафриқа таъмин карда мешавад. Ин барои майлу қобилиятдорони риёзиёт, физика, адабиёт, забонҳои хориҷӣ ва дигар фанҳо тааллуқ дорад.

Нақшаҳои таълимӣ бо мактуби эзоҳӣ ва баъзан бо тавзеҳот оғоз мегарданд, ки дар он оғозу хотимаёбии соли хониш, чорякҳо ва идомати онҳо, таътилҳо, тартиби гузаронидани имтиҳонот, фанҳои тадрисие, ки ба гурӯҳ ва зергурӯҳҳо ҷудо карда омӯзонида мешаванд, таълими тафриқа ва ғайраҳо зикр меёбанд.

Дар айни замон мактабу таълимгоҳҳои чумҳурии мо аз рӯи нақшаи таълимие фаъолият мекунанд, ки онро «нақшаи ягонаи таълими такягоҳи мактабҳои маълумоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном мебаранд. Ин нақша барои нусхаҳои гуногуни нақшаҳои таълими мактабу таълимгоҳҳо ҳамчун замина хизмат мекунад. Мактабу таълимгоҳҳо – литсей, гимназия, мактаби интернат, мактабҳои тафриқа, хусусӣ, соҳавӣ ва ғ. метавонанд яке аз нусхаҳои нақшаи таълимиро, ки дар асоси нақшаи таълими такягоҳ мураттаб шудаанд, интихоб намуда, ба шароити таълимгоҳ мусоид созанд.

Ҳоло мо дар ин ҷо бо овардани фақат «Нақшаи ягонаи таълими такягоҳи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳдуд мешавем, то ки ба донишҷӯён тасаввуроти умумӣ пайдо шавад.

Чунонки мебинем, дар нақша соҳаҳои маълумот ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд: маъумоти асосӣ ва интихобӣ. Соҳаи маълумоти асосӣ барои ҳама мактабҳо ва таълимгоҳҳо ҳатмист. Ба ин гурӯҳ фанҳои дар нақша нишондода соҳаҳои марбутро ба худ мегиранд: фанни забони модарӣ (тоҷикӣ) дар мактабҳои (синфҳои) ғайритоҷикӣ дар назар дошта шудааст. Соҳаи фанҳои «Забон ва адабиёт» барои ҳамаи мактабҳо, новобаста аз забони таълим пешбинӣ шудааст. Ин соҳа фанҳои алифбои ниёгон, мантиқ ва суханварӣ, забон ва адабиётро ба забони худ (миллӣ) меомӯзанд.

Соҳаи шаҳрвандшиносӣ чунин фанҳоро фаро мегирад: «Инсон», «Одоби оиладорӣ», «Таърихи халқи тоҷик», «Таърихи умумӣ», «Таърихи дин», «Фани инсон», «Одобнома», (синфи се, чор, панҷ, шаш), «Бузургии инсон», (синфи 7), «Инсон ва ҳаёти солим», (синфи 8), «Инсон ва ҳуқуқ» (синфи 8, 9), «Инсон ва муҳити зист» (синфи 9), «Инсон ва ҷомеа» (сифи 10, 11).

Фанҳои таълимӣМиқдори соатҳои ҳафта дар синфҳо
ИбтидоӣАсосӣМиёнаҶамъ
123456789101112
Фанҳои маълумоти асосӣ Забони давлатӣ Забон ва адабиёти тоҷик Забони русӣ ва хориҷӣ Шаҳрвандшиносӣ Санъат ва тамаддун Рёзӣ Фанҳои табиӣ 2.Фанхо ва машғулиятҳои интихобӣ 10 2 2 4 4 2 8 2 2 4 5 2 8 4 1 2 4 6 2 6 4 1 2 4 2 7 2 5 4 3 2 5 3 8 2 5 4 3 2 5 4 10 2 5 4 3 2 5 5 10 2 5 4 3 5 6 11 2 6 4 4 6 6 10 6 4 2 2 6 6 12 6 4 2 2 6 6 12 16 70 40 22 18 54 38 95
Ҳамагӣ2223272832353636383838353

Соҳаи «санъат ва тамаддун» омӯзиши санъати тасвирӣ, асосҳои тамаддуни ҷаҳон, мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумиро дар робита бо анъана ва расму русуми ноҳияҳо ва минтақаҳои ҷудогонаи ҷумҳурӣ дар назар дорад.

Соҳаи «Фанҳои табиӣ» аз фанҳои зайл иборат аст: «Табиатшиносӣ», «Биология», «Физика ва нуҷум», «Кимиё», «Ҷуғрофия».

Соҳаи «Фанҳои риёзӣ» инҳоро фаро мегирад: «Арифметика», «Алгебра», «Геометрия» (ҳандаса), «Тригонометрия», «Асосҳои информатика ва техникаи ҳисоббарор».

Соҳаи дуюм – «Фанҳо ва машғулиятҳои интихобӣ» мебошанд. Соатҳои ин соҳа ба фанҳои «Тарбияи ҷисмонӣ», «омодагии дифоӣ» ва касбу ҳунарҳои раводид низ дахл доранд.

Соҳаи касбу ҳунари миллӣ «Аз таълими меҳнат, касбу ҳунар (вобаста ба амал), нақшакашӣ иборат аст.

Мактаб ва литсейҳо мувофиқи салоҳдиди худ метавонанд нисбати ҷорӣ кардани равияҳо дар таълими тафриқа соатҳои ин ё он фанҳои интихобкардаро аз ҳисоби соатҳои интихобӣ зиёд кунанд. Миқдори соатҳое, ки дар нақшаҳои таълимии ба ҳар як фан ҷудо карда шудааст, барои сифатан беҳтар аз худ кардани маводи таълимӣ мусоидат мекунад ва асоси стандарти давлатии маълумотро ташкил медиҳад.

Дар асоси нақшаи такягоҳ боз чор – панҷ нусхаи дигар пешниҳод карда мешавад, ки онҳоро мухтасар шарҳ медиҳем.

Нусхаи 1 муқаррарӣ буда, барои зинаҳои ибтидоӣ (синфҳои 1 – 4), асосӣ (синфҳои 5 – 9) ва миёна (синфҳои 10 – 11) пешниҳод мегардад. Ин нақшаҳо нусхаи нисбатан пурраи нақшаи такягоҳ ба ҳисоб меравад. Аз рӯи онҳо тамоми мактабҳои ибтидоӣ, асосӣ ва миёнае, ки дар ҷумҳурии мо амал мекунанд, истифода менамоянд.

Дар нусхаи 3 нақшаи ягонаи таълими мактабҳои таҳсилоти ҳамагоние, ки дар онҳо зинаи ибтидоӣ равия ташкил карда, (синфҳои 5 – 9) мешавад, пешниҳод мегардад.

Дар нусхаи 4 нақшаи ягонаи мактабӣ мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ, ки баъди синфи 9 равия ташкил медиҳад, пешниҳод шудааст. Дар он равияҳои забон ва адабиёт, равияи омӯзгорӣ, равияи тиб, равияи ҷамъиятию иқтисодӣ, равияи физика, равияи табиию риёзӣ ва равияи кимиё ва биология таҳия шудааст.

Сарбории хонандагон дар ин равияҳо аз 36 соат иборат аст.

Барномаҳои таълимӣ. Побанди нақшаи таълимӣ буда, дар асоси меъёри соатҳои муайянкардаи нақша тартиб дода мешаванд ва онҳоро ҳам Вазорати маорифи ҷумҳурӣ тасдиқ мекунад. Дар ин санад мазмуни маълумот нисбати ҳар фанни таълимӣ барои ҳар синф зикр карда мешавад. Барномаи таълимии ҳар фан ҳаҷми донишҳои назариявии ҳатмӣ, маводҳои воқеӣ, маҳорат ва малакаҳое, ки бояд ҳар як талаба аз худ намояд, муайян мекунад.

Барномаи таълимӣ бояд аз ҳар ҷиҳат ба талаботи илмӣ – педагогӣ ва мазмуни малумоти муосир ҷавоб дода тавонад ва ба дараҷаи назариявии маълумот, системаи ғояҳои илмӣ, омодагии политехникии талабагон, ҳамчунин ҳалли комплексии вазифаҳои тарбияи ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва беҳдоштро таҷассум намояд.

Ҳар барномаи таълимӣ мактуби эзоҳӣ дорад, ки дар он вазифаҳои маълумотдиҳӣ, тарбиявӣ ва инкишофдиҳии фанни тадрисӣ, ба он муносибати психологию педагогӣ ва методӣ кардани омӯзгор мухтасар эзоҳ дода мешавад.

Барномаҳои таълимӣ бо ду роҳ сохта мешаванд: бо роҳи мутамарказ ва бо роҳи мунтазам. Дар танзими барномаҳои мутамарказ баъзе қисм, мавзӯъ ё тамоми курси маводи таълим дар синфҳои минбаъда ба тариқи муфассалу мураккаб такрор меёбад. Барномаи мутамарказ маводи таълимиро дар зинаи аввали омӯзиш аз умумият содда оғоз намуда, дар синфҳои оянда онро пай дар пай мукаммал меомӯзонад. Чунин барнома барои маълумоти мактабӣ ногузир аст, зеро он ба хусусиятҳои синннусолӣ ва дараҷаи дониши талабагон бояд ҳамоҳангӣ дошта бошад.

Сохти барномаҳои мунтазам аз он иборат аст, ки маводи таълимӣ дар зинаи минбаъда ҳамчун давоми мантиқии маводи омӯхташудаи зинаи пештара мунтазам бидуни такрор як маротиба омӯзонида мешавад. Ин услуб вақтро сарфа намуда, асосан дар синфҳои охирин истифода бурда мешавад.

Дар мактаби ибтидоӣ мувофиқи хусусиятҳои синнусолии кӯдакон ва сатҳи дониши онҳо асосан барномаҳои мутамарказ амал мекунанд, чунки талабагони синфҳои ибтидоӣ маводҳои навомӯзӣ хонда, минбаъд дар синфҳои оянда амиқу васеътар меомӯзанд. Барномаҳои таълимии синфҳои ибтидоиро мураттибон одатан дар маҷмӯъ ба як китобча бо номи «Барномаҳои мактаби ибтидоӣ» ё «Раҳнамои муаллим» тартиб медиҳанд. Дар аксарияти ин барномаҳо корҳои берун аз синф, амсоли саёҳат, хониши беруназсинфӣ ва ғайра ба назар гирифта мешавад.

Омӯзгорони фан дар тамоми синфҳо бояд ба талабот ва нишондодҳои барномаҳои таълимӣ бо қатъият риоя кунанд, агар ягон мавзӯи нишондодаи барнома дар китоби дарсӣ набошад, онро аз дигар махазҳо ҷустуҷӯ намуда ҳатман ба талабгон баррасӣ намоянд. Чунки барномаи таълимӣ – рукни асосии стандарти давлатии маълумот. Дониши талабагони ҳар синф дар сатҳи барномаи таълимиашон арзёбӣ карда мешавад.

Китобҳои дарсӣ. Мазмуни маълумот мунтазам дар китобҳои дарсӣ ифшо меёбад. Китоби дарсӣ – яке аз адабиёти муҳими манбаи дониш ва омӯзиши мактабиён. Ба он ёрирасон инҳо мебошанд: маълумотномаҳо, китобҳои хониши иловагӣ, атласҳо, харитаҳо, маҷмӯи вазифа ва машқҳо ва ғайра. Аз сифати адабиётҳои таълимӣ вобаста аст, натиҷаҳои омӯзиш.

Китоби дарсии хуб бояд ба ҳамаи талаботи гузошташуда, хусусан мазмуни маълумот ҷавобгӯ, ҳамчунин барои толибилмон шавқовар, ба қадри имкон мухтасар, фаҳмо, бо нақшу нигор, мувофиқи эстетикӣ ҷолиби диққат бошад. Дар ҳамин қатор китоби дарсӣ бояд стабилӣ буд. Барои он ки китоби дарсӣ ба талаботи стабилӣ ҷавоб диҳад, бояд асосҳои устувори раднопазир дошт. Аз ин рӯ дар ҷомеаи муттамаддин китобҳои дарсӣ бо нусхаҳои алтернативӣ нашр карда мешаванд, то ки муаллимон ва талабагон имконияти интихобкунии беҳтаринаш гарданд.

Ҳар китоби дарсӣ бояд таъмингари шуурона ва фаъолона муносибаткунии талабагон ба раванди омӯзиш, пурра азхуд кардани маводи таълимии онон бошад.

Ба муносибати ҳалли ин вазифаҳо китоби дарсӣ вазифаҳои дидактикии зеринро адо мекунад:

Мотивонӣ, тибқи нишондодҳои барномаи таълимӣ ва бо назардошти синну соли толибилмон далелҳое бояд дошта бошад, ки талабгонро ба омӯзиш ангезонад, нисбати фанни мазкур муносибати мусбату ҳавас падо кунонад.

Ахборотдиҳӣ, ба талабагон барои вусъат додани ҳаҷми донишҳо ба тарзи оммафаҳм маълумотҳо фароҳам орад.

Назоратию ислоҳкунӣ (машқӣ), ки имконияти санҷишӣ, худомӯзию худбаҳодиҳӣ ва дар рафти фаъолият ва натиҷаҳои омӯзиш, ҳамчунин иҷрои машқҳои амалӣ тасҳеҳкунӣ ва баҳри ташаккули зарурати маҳорату малакаҳо маводҳои мувофиқ дошта бошад.

Маҷмӯи ин дархостҳо ин аст, ки китоби дарсӣ вазифаи бошарафи худ: маълумот, таълим, тарбия ва инкишофро анҷом диҳад.

Санҷиши контролӣ

Раванди омӯзиш гуфта чиро мефаҳмед?

Хусусиятҳои муҳими раванди омӯзиш кадомҳо?

Дидактика чист?

Аз категорияҳои дидактикӣ ном баред.

Системаи дидактикӣ чист?

Моҳияти дидактикии «анъанавӣ» – и Гербарт дар чист?

Моҳияти дидактикии «прогрессивӣ» – и Дьюи дар чист?

Хусусияти дидактикаи муосирро кадом аломатҳо муайян мекунанд?

Намунаҳои омӯзиш чист?

Моҳияти намунаи ахборот дар чист?

Намунаи анъанавии омӯзиш ба кадом звеноҳо ҷудо мешавад?

Таксономияи мақсади омӯзиш чист?

Мазмуни раванди омӯзиш чист?

Мақсади умумии таҳсилоти мактаби муосир чист?

Мазмуни таҳсилот чӣ тавр ташаккул меёбад?

Ба мазмуни омӯзиш чӣ гуна талабаот гузошта мешавад?

Нақшаи таълимӣ чист?

Барномаҳои таълимӣ чист?

Китоби дарсӣ чӣ гуна бояд бошад?

Адабиёт барои худомӯзӣ

Брайан С. Общество и образование. – М., 1989.

Буйдоқов Х. Асосҳои дидактика. – Душанбе, 1996.

Зорина Л. Я. Программа – учебник – учитель. – М., 1989.

Лутфуллоев М. Дидактикаи муосир. – Душанбе, 2001.

Оконь В. Введение в общую дидактику. – М., 1990.

Подласый И. П. Педагогика. – М., 2000.

Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. – Душанбе, 2000.

Сангинов Н. Дидактика. – Душанбе, 1992.

Скаткин М. Н. Проблемы современной дидактики. – М., 1984.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *