Фанни Педагогика

Хусусиятҳои сохти дарсҳои дигар

Дарсҳои баёни маводи нав. Одатан, ин намуди дарсҳо мазмунан маводи васеи таълимиро фаро мегиранд ва бо методи нақли эзоҳӣ дар пайвастагии сӯҳбат ва намоишдиҳии воситаҳои аёнӣ мегузаранд. Ин навъи дарсҳо лаҳзаҳои зеринро доранд: а) омода намудани хонандагон ба машғулият; б) пурсиши мухтасари масъалаҳои муҳими мавзӯи гузашта ба матлаби барқароркунии алоқамандии мавзӯи нав бо гузашта; в) гузориши мавзӯъ ва муайян кардани мақсади асосии он, инчунин баррасӣ намудани нақшаи маводи нав; г) баёни мавзӯи нав; д) мустаҳкамкунии маводи нав; е) супориши хонагӣ. Мавриди гузаронидани ин гуна дарсҳо вақти асосӣ ба мавзӯи нав ва мустаҳкамкунии он сарф карда мешавад. Барои он ки талабагон ба дарс шавқу рағбат пайдо карда, фаъол иштирок намоянд муаллим мисолу далелҳои ҳаётӣ меорад, таҷрибаҳои амалӣ мегузаронад ва воситаҳои техникӣ намоиш медиҳад.

Дарсҳои мустаҳкамкунӣ. Ин намуди дарсҳо ба мақсади тақвият додани донишҳои ҳосилкардаи хонандагон дар тамоми синфҳо истифода бурда мешавад. Муаллим баъди хотима ёфтани системаи силсилаи дарсҳои қисми барномаи таълимӣ барои ҷамъбаст кардани дарсҳои гузаштаи пароканда дарси такрорӣ ташкил мекунад, ки он чунин лаҳзаҳо дорад: а) лаҳзаи ташкилии дарс; б) гузориши вазифаҳо; в) санҷиши вазифаи хонагӣ ва мустаҳкам кардани маводи омӯхташуда дар намуди машқҳо, машғулиятҳои амалӣ, лабораторӣ, корҳои мустақилона; г) ҷамъбасти дарс ва вазифаи хонагӣ.

Воситаи асосии мустаҳкамкунии донишҳо дар синфҳои ибтидоӣ машқҳо, корҳои амалӣ мебошад. Аз фанҳои дахлдор кори контролӣ, диктант, нақли хаттӣ ва ғайра низ гузаронида мешавад.

Дарсҳои такрорӣ. Ин хели дарсҳо, одатан, дар охири мавзӯъҳои силсилавии калон, охири чорякҳо, соли таҳсил гузаронида мешаванд. Сохтори дарсҳои такрорӣ: а) лаҳзаи ташкилии дарс; б) гузориши вазифаҳо; в) такрори маводи гузаштаи таълимӣ; г) ҷамъбасти такрорӣ, санҷиши натиҷаи корҳои таълимӣ, вазифаи хонагӣ. Хусусияти ин гуна дарсҳо дар он аст, ки муаллим барои такрори маводҳои барномаи таълимӣ баҳри ба танзим овардани маводҳои гузашта ва ҷамъбаст кардани донишҳои талабагон ҷиҳатҳои асосиро ба назар мегирад.

Дар ин дарсҳо аз методҳои сӯҳбат, ташкили машқҳо, пурсиши шифоҳӣ бештар истифода бурда мешавад.

Дарсҳои санҷиши дониши талабагон. Ин дарсҳо асосан баъди омӯхтани мавзӯъҳои калон ё қисмати барномаи таълимӣ сурат мегиранд. Чунончи, дар синфи сеюм аз забони модарӣ баъди шаст соат гузаштани «хониш ва инкишофи нутқ, исм), аз «Табиатшиносӣ» – и синфи чорум баъди мавзӯъҳои «Узвҳои бадани одам ва ҳифзи саломатӣ», ки ҳашт соат дода шудааст, барои санҷиши дониш, маҳорату малакаҳо чунин дарсҳо гузаронида мешавад.

Сохтори дарсҳои санҷиш: а) лаҳзаи ташкилии дарс (дар ин лаҳза вазъияти осудаҳолӣ ба миён оварда мешавад), то ки талабагон аз кори контролӣ ба ваҳму ҳаяҷон наоянд. Муаллим омодагии кӯдакон ба дарс (дафтар, ручка ва ғайраро месанҷад); б) гузориши вазифаҳо ба дарс (муаллим ба кадом масъалаҳо эътибор додани талабагонро таъкид мекунад); в) нақл кардани мазмуни кори контролӣ: мисолҳо, диктант, нақли хаттӣ, ҷавоб ба саволҳо ва ғайра; г) ҷамъбасти дарс. Баъди тафтиши корҳои хаттӣ, одатан, дарси махсуси таҳлил гузаронида мешавад, ки дар он саҳву ғалатҳои талабагон ошкор ва ислоҳ мегардад.

Шаклҳои дигари омӯзиш

Дар мактаб ба ғайр аз дарс дигар шаклҳои ташкили таълимӣ низ истифода бурда мешавад: практикум, машғулиятҳои факултативӣ, машғулиятҳои иловагӣ, машварат, маҳфил, саёҳат, корҳои таълимии хонагӣ. Ин шаклҳои ташкили таълимӣ дар системаи таҳсилоти ҳамагонӣ, омӯзишгоҳҳои миёнаи касбӣ – техникӣ, техникумҳо,, мактабҳои миёнаи махсус, ҳатто дар мактабҳои олӣ қобили қабуланд.

Мо дар зер ба шаклҳои ташкили таълимие маълумот медиҳем, ки дар мактаби маълумоти миёнаи ҳамагонӣ истифода бурда мешаванд.

Саёҳати таълимӣ. Саёҳат (экскурсия) ба мақсади омӯхтани ягон ҷой ва мавзеъ гузаронида мешавад. Ба ин маъно таҳти саёҳат шакли таълим, ки тавассути он талабагон ба мавқеи объекти омӯзиш (табиат. музей, ҷойҳои таърихию ёдгориҳо, заводу фабрика ва ғ.) – ро дида, дониш ҳосил мекунанд, фаҳмида мешавад.

Саёҳат дар синфҳои ибтидоӣ шакли маъмул ва басо муҳиму муфиди ташкили корҳои таълимӣ ба шумор меравад ва аз ин сабаб як қатор вазифаҳои муҳими дидактикии зайлро иҷро мекунанд:

тибқи саёҳат принсипи намоиш ва аёнияти таълимӣ амалӣ мегардад, зеро дар рафти он талабаҳо бевосита бо ашё ва ҳодисаҳои марбути омӯзиш, маҳалли зист ва ҳодисаҳои иҷтимоӣ дар ҳолати табиияшон шинос мешаванд;

саёҳат имконияти баландбардории илмии омӯзишро таъмин мекунад ва алоқаи онро бо ҳаёт ва амалиёт мепайванд;

саёҳат ба таълими политехникӣ мусоидат дорад, чунки он ба талабагон имконият медиҳад, дар саноат ва хоҷагии халқ донишҳои илмиро чӣ гуна истифода мебаранд, шинос мешаванд;

саёҳат дар интихоби минбаъдаи касби талабагон нақши муҳим мебозад.

Дар барномаҳои таълимии фанҳо ташкили саёҳатҳои ҳатмӣ ва мазмуни онҳо зикр ёфтаанд. Аз ин боис саёҳатҳои мактабиёнро шартан ба чунин намудҳо ҷудо мекунанд: саёҳатҳои табиатшносӣ, саёҳатҳои истеҳсолӣ, саёҳатҳои таърихию адабӣ;

Саёҳатҳои табиатшиносӣ, ки бештар ба шиносоӣ ба муҳити зист, табиатшиносии синфи IV, ботаника, зоология, ҷуғрофия ва анатомия ва физиологияи одам тааллуқ доранд, дар табиат, кӯҳу чашмасорон, беша, дарёву қулҳо, боғҳои ҳайвонот, музейҳо, истгоҳҳои табиатшиносони ҷавону техникони ҷавон ва ғайра гузаронида мешаванд. Талабагон аснои саёҳат бо гурӯҳи анбӯҳи ҷонзот, зироат, ашёю ҳодисаҳо шиносоӣ пайдо мекунанд.

Кӯдакони синфҳои ибтидоӣ мунтазам дигаргуниҳои мавсимии солро дар табиат мушоҳида карда меистанд.

Саёҳатҳои истеҳсолӣ бештар ба фанҳои физика, кимиё, риёзӣ, ҷуғрофияи иқтисодӣ тааллуқ дорад. Мактабиён ба муассисаҳои саноатӣ, сохтмон, колхозу совхозҳо, истгоҳҳои барқӣ ва ғайра саёҳат намуда, истеҳсолоти замонавӣ, технологияи саноатро омӯхта, доираи назари политехникӣ ва тарбияи меҳнатии худро инкишоф медиҳанд.

Саёҳатҳои таърихию адабӣ, ки ба фанҳои таърих ва адабиёт, ҳамчунин ба ҷамъиятшиносӣ марбутанд, дар музейҳо, осорхонаҳо, ҷойҳои таърихӣ, намоишгоҳҳои бадеӣ ва тасвирӣ, махзанҳои китоб ва ғайра гузаронида мешаванд. Саёҳатҳои кишваршиносӣ ба мақсади омӯхтани табиат ва таърихи кишвари худ аҳамияти бузург доранд. Онҳо дар мактабиён ҳисси ватандӯстӣ, дӯстии хулқҳоро афзун мегардонанд.

Ҳар кадом саёҳат мавриди ин ё он фан махсус гузаронида мешавад. Аммо баъзан аз чандин фан якҷоя саёҳатҳо ҳам мегузаронанд, ки онҳоро саёҳатҳои комплексӣ ё муштарак меноманд. Дар ин гуна саёҳатҳо чандин масъалаҳои фаннӣ (физика, кимиё, математика) ҳаллу фасли худро меёбанд.

Саёҳатҳои таълимӣ аз нигоҳи мақсади дидактикиашон се хел мешаванд: муқаддимавӣ, ҷорӣ ва хотимавӣ. Дар саёҳати муқаддимавӣ талабагон аввал ба мавзеъ шинос шуда, сипас дар дарс маводи таълимиро зимни бахотироварии чизҳои қаблан дар саёҳат дидаашон меомӯзанд. Дар саёҳати ҷорӣ маводи таълимӣ дар мавзеи саёҳат омӯзонида мешавад. Дар саёҳати хотимавӣ баъди омӯхтани маводи таълимӣ ба мавзеъ саёҳат мекунанд ва он чизҳои дар дарс омӯхтаашонро мушоҳида менамоянд.

Ҳини гузаронидани саёҳатҳо ба пурра ва устуворона фаҳмидани маводи омӯхтаистода эътибори ҷиддӣ дода мешавад, ки ҳалли ин масъала бояд ба методикаи гузаронидани саёҳат итоат намояд. Ин методика дар худ инҳоро мегирад: а) тайёрӣ ба саёҳат, б) ба мавзеи омӯхташаванда баромадани мактаббачагон ва тибқи мавзӯъ мустаҳкам азхуд кардани маводи таълимӣ; ва омӯзиши маводи саёҳат ва ҷамъбаст кардани онҳо.

Ба саёҳат омодагӣ, пеш аз ҳама, аз муайян кардани мақсади он, интихоби мавзеъ, дар назди талабагон мушаххас гузоштани вазифаҳои саёҳат иборат аст. Муаллим бояд мавзеи омӯхташавандаро рафта бинад ва барандаи он (экскурсовод) – ро муайян кунад. Дар марҳалаи навбатӣ мазмуни мавод ва ёрии методҳои намоишдиҳӣ, нақл, эзоҳ, сӯхбат баррасӣ мегардад. Дар ҷараёни саёҳат ба он эътибор дода мешавад, ки талаабгон на ҳамчун тамошобини оддӣ, балки фаъол иштирок кунанд, пурсанд ва ҷойҳои заруриро навишта гиранд; дар саёҳатҳои табиатшиносӣ ва таърихӣ гербарияҳо созанд, нигораҳо ҷамъ оранд.

Ҳар саёҳат ҷамъбасту хулосаборорӣ дорад, чунончи, баъди саёҳати адабӣ ё таърихӣ талабаҳо метавонанд натиҷаи саёҳаташонро дар шакли ҳисоботи хаттӣ, иншо, ташкил намудани намоишгоҳ ҷамъбаст кунанд.

Ёдовар мешавем, ки саёҳат бояд дар вақти муайян гузарад, хусусан саёҳатҳои мактабиёни хурдсол дар ҳудуди як дарс (бидуни вақти дар роҳ сарфшуда) бояд қарор гирад, то ки кӯдакон хаста нашаванд.

Машғулиятҳои иловагӣ, машварат ва мусоҳиба. Ин шаклҳои таълимии ёрирасон барои талабагони талабгор, хусусан барои онҳое, ки бояд бо ягон сабаб маводҳои таълимии гузаштаро азхуд накардаанд ва ё дар фаҳмиши ягон масъала душворӣ кашида бошанд, ташкил карда мешавад. Машғулиятҳои иловагӣ, машварат, ва мусоҳиба моҳиятан қариб як вазифа – фаҳмонда додани чизҳои нафаҳмидаи талабаҳоро адо мекунанд. Ин шаклҳои таълимӣ баъди ба охир расидани дарсҳо бо талабагони алоҳида ё гурӯҳ тибқи ҷадвал ва ё графики муайян сурат мегирад.

Дар мактаб ин шаклҳои таълимӣ мавриди тайёрӣ ба имтиҳонҳо, ҳангоми корҳои амалӣ низ гузаронида мешавад.

Маҳфилҳои фаннӣ. Як шакли муҳими ташкили таълимӣ ва корҳои беруназсинфию беруназмактабии талабагон дар мактаби миёнаи ҳамагонӣ, омӯзишгоҳҳо ва мактаби олӣ махфилҳо мебошад. Агар дар мактаб омӯзиши фанҳо дуруст ба роҳ монда шавад, ҳар як фан дӯстдорону мухлисони зиёди худро пайдо мекунад, ки ин заминаест барои ташкил намудани махфилҳо. Махфилҳо мувофиқи майлу хоҳиши талабагони алоҳида ихтиёран аз ҳисоби мактабиёни синфҳои мутавозӣ ва ё III – IV, VII – VIII, X – XI ташкил карда мешавад. Махфилҳо гуногунанд: дастони моҳир, табиатшиносони ҷавон, техникони ҷавон, физикони наврас, рассомони ҷавон, адабиёт, спорт ва ғайра. Роҳбарии махфилҳоро дар мактаб муаллими фан ва ё мутахассиси ин ё он соҳа ба ӯҳда мегирад.

Махфилҳо тибқи нақшаи махсуси корӣ фаъолият мекунанд, ки дар тартиб додани онҳо аъзоёни махфил бояд ширкат варзанд, то ки машғулиятҳо бо дархости хоҳишмандон сурат гирад ва шавқмандии онҳоро таъмин намояд. Мазмуни махфил бояд бештар ба фаҳмида гирифтани сирру асрор ва нозукиҳои масъалаҳои алоҳидаи фанни марбутро фаро гирад, маводи берун аз барномаро баррасӣ намояд. Чунончи дар махфили «табиатшиносони ҷавон» – и синфи IV бо дархости аъзоён иддаи ҳодиса ва падидаҳои табиат баррасӣ карда мешаванд, ки алҳол барномаи таълимӣ барои дар дарсҳо омӯзонидани онҳоро пешбарӣ накардааст.

Корҳои таълимии хонагии мактабиён. Корҳои хонагии таълимӣ ин шакли муҳими ташкилии мустақил ва фардии омӯзиши мактаббачагон нисбати маводҳои тадрисӣ дар мавридҳои берун аз дарс.

Корҳои таълимии хонагӣ чунин моҳият доранд: барои чуқур омӯхтани маводи таълимӣ ёрӣ мерасонанд, ба мустаҳкамкунии донишҳо мусоидат мекунанд, маҳорату малакаҳо ҳосил менамоянд. Корҳои таълимии талабагон нафақат аз иҷрои вазифаҳои хонагии ҳамарӯза, инчунин аз хониши беруназсинфӣ, худомӯзӣ ва мушоҳидаҳои ҳодисаҳои муҳити зист низ иборат аст.

Иҷрои вазифаҳои хонагӣ ҳамчун шакли махсуси таълимӣ барои поёдор намудани донишҳои дар синф гирифтаи талабагон аҳамияти муҳим дорад. Вазифаҳои хонагии мактабиёнро ҳанӯз аз синфи I мувофиқи талаботи дидактикӣ бояд ба роҳ монд. Аммо дар синфи I супоришҳои хонагӣ баъди шакли муайян гирифтани маҳорату малакаҳои нахустин супорида мешавад, то ин дам ҳар гуна корҳои таълимиро онҳо таҳти роҳбарии муаллим дар синф иҷро мекунанд.

Ба талабагон пеш аз идҳо, рӯзҳои истироҳат вазифаи хонагӣ супорида намешавад, бояд онҳо дам гиранд. Супоришҳои хонагӣ набояд вақти зиёди талабагонро гирад. Онҳо бояд мувофиқи пешниҳоди нави олими намоёни тоҷик М. Лутфуллоев дар хона аз ду – дуним соат зиёд вақт сарф накунанд. «Тахминан вақти иҷрои вазифа дар хона чунин аст:

Синфҳои II – IV – 1 – 1.5 соат.

Синфҳои V – IX – 1.5 – 2 соат.

Синфҳои X – XI – 2 – 2.5 соат.

Албатта хондани асарҳои бадеӣ, маҷалла ва рӯзномаҳо ба ин вақт шомил нест»[1].

Риоя кардану назорат бурдани супоришҳои хонагӣ ба зиммаи роҳбарони синф ва ҷонишини директор оид ба корҳои таълимию тарбиявӣ гузошта шудааст. Ба хонандагон ёдовар шудан лозим аст, ки худназоратӣ ва баъди ҳар 30 – 40 дақиқа танаффус карданро риоя намоянд.

Алалхусус, мунтазам санҷида арзёбӣ намуда истодани супоришҳои хонагӣ аз тарафи муаллимон ҳатмист, вагарна онҳо аз ҳисси масъулият дур мешаванд. Тибқи санҷиш нисбати азхудкунии мавод саҳву ғалатҳои фардӣ ва типикӣ ошкор мегардад ва аз онҳо хулосаҳои зарурӣ бароварда, баҳри ислоҳашон чораҳо андкшида мешаванд.

Дар иҷрои супоришҳҳои хонагӣ кӯмаку маслиҳати калонсолони хонадон зарур аст. Волидайн дар вақташ иҷро кардани вазифаҳои хонагии фарзандонро бояд қатъӣ талаб кунанд, дар мавридҳои ниҳояд душвор маслиҳатҳо диҳанд. Вале ҳамаи ин кӯмакҳо набояд онҳоро аз фикркунии мустақилона фориғ созад.

Х о н и ш и б е р у н а з с и н ф ӣ ҳам яке аз корҳои хонагии хонандагон ҳисоб меёбад, ки ин аз мутолиаи мустақӣлонаи асарҳои бадеӣ, илмию омммавӣ, техникӣ ва ғайра иборат аст. хониши берун аз синф асосан бо ду роҳ сурат мегирад: мувофиқи асарҳои тавсиядодаи барномаҳои таълимию муаллим ва бо майлу хоҳиши озодонаи худи хонандагон.

Мутолиаи асарҳои тавсияшуда мазмуни маводи таълимии дар синф гузаштаро тақвият медиҳад. Зеро муаллим мавриди дарс ин ё он асари адабии олимро муфассал баён карда наметавонад ва имкон ҳам надорад. Бинобар ин, вай шогирдонро ба мустақилона мутолиа намудани он асарҳо шавқманду вазифадор мегардонад. Натиҷаи хониши мустақилона таҳти назорати муаллим гирифта мешавад. Ба хониши берун аз синф соати алоҳида ҷудо карда намешавад. Вале «Машғулиятҳои тарбияи маданияти мутолиаи системанок ду маротиба дар ҳар чоряк (яъне ак машғулият дар як моҳ) гузаронида мешавад» – гуфта шудааст дар барномаи таълимӣ.

Ин роҳи фаъолият толибилмони хурдсолро баҳри худомӯзӣ раҳнамун месозад. Зимни омӯзиш ва ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ шахс сиру асрорҳои ба ӯ ниҳонро ошкор мекунад.


[1] Луфтуллоев М. Дарс. – Душанбе, 1995, с. 174.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

2 Шарҳҳо

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *