Фанни Педагогика

Рефератхо ва лексияхои точики аз фанни Педагогика.

  • Назарияи педагогии Ян Амос Коменский (1592 — 1670).

    Нақша: 1. Фаъолияти педагогии Ян Амос Коменский. 2. Мафҳуми ҳамрангии табиат будани тарбия. 3. Ба давраҳо тақсим кардани бачаҳо аз рӯи синну сол. Педагоги машҳури Чех Ян Амос Коменский дар оилаи ба ҷамъияти «Бардарони Чех» дохил буда, таваллул шуда аз ҳисоби он маълумоти миёна ва олӣ гирифтааст. Аввал вазифаи сардори…

    Муфассалтар »
  • Предмети омузиш ва вазифахои фанни таърихи педагогика ва маориф

    Нақша: Тарбия дар сохти ҷомеаи ибтидоӣ. 2. Тарбия дар сохти ҷомеаи ғуломдорӣ. 3. Тарбия дар сохти ҷомеаи феодалӣ. Таърихи педагогика ва маориф яке аз соҳаҳои илми педагогика буда, дар бораи таърихи пайдоиш ва тараққиёти мактабу ақидаҳои педагогӣ аз замонҳои қадаим маълумот медиҳад. Таърихи пайдоиши мактаб ва маориф ба якчанд давра…

    Муфассалтар »
  • Аппарати терминологи ва усули тахияи тестхои педагоги

    I. ГЛОСАРИЙ 1. Тести педагогӣ – низоми донишҳои махсуси барои санҷиш интихобкардае мебошад, ки дар шакли тест таҳия карда шуда, имконият фароҳам меоварад, ки дастовардҳои таълимии касро аз назари шумора дар як ё якчанд соҳа баҳо дода шава. 2. Сифати тести педагогӣ – маҷмӯи хосияти тест, ки шароит муҳаё намуда,…

    Муфассалтар »
  • ​Тавсифи методҳои умумии методикаи таълим

    Ба методҳои умумии илмиметодикаи таълим инҳо мансубанд: методи самти коммуникативи доштани таълими забои хориҷӣ, методи ба ҳисоб гирифтани забони модарии хонандагон дар омӯзиши забони хориҷӣ ва методи афзалиятнокии машқҳо дар ҳама самтҳои омӯзиши забони хориҷӣ. Вазифаи ин методҳо дар таълим чунинанд. 1. Методи самти коммуникативии таълим нисбат ба дигар методҳои…

    Муфассалтар »
  • Тарбияи ахлоқӣ ва интизоми бошуурона

    Маълумоти умумӣ дар бораи тарбияи ахлоқ ва вазифаҳои он Тарбияи ахлоқӣ яке аз майлҳои муҳими технологии муносибати комплексии тарбияи мактабиён мебошад. Истилоҳи «ахлоқ» аз арабӣ гирифта шуда, маънои ҷамъи хулқ, хӯ, рафтору кирдор, сиратро ифода мекунад. Ахлоқ – яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, маҷмӯи меъёр ва қоидаҳои асосии муносибати байни…

    Муфассалтар »
  • Маълумоти умумӣ дар бораи тарбияи ахлоқ ва вазифаҳои он

    Тарбияи ахлоқӣ яке аз майлҳои муҳими технологии муносибати комплексии тарбияи мактабиён мебошад. Истилоҳи «ахлоқ» аз арабӣ гирифта шуда, маънои ҷамъи хулқ, хӯ, рафтору кирдор, сиратро ифода мекунад. Ахлоқ – яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, маҷмӯи меъёр ва қоидаҳои асосии муносибати байни ҳамдигарӣ, оилавӣ ва ҷамъиятии одамон аст. Ахлоқ ва қонунҳои…

    Муфассалтар »
  • Тарбияии эстетики хонандагон

    1 Мафҳум, моҳият ва вазифаҳои тарбияи эстетикӣ ( зебоипарастӣ) дар мактаб. Мафҳуми тарбияи эстетикӣ бо истилоҳи «эстетика» зич алоқаманд аст. Онро бори аввал ҳамчун истилоҳи илмӣ дар қарни XVII файласуфи немис Александр Готлиб Баумгартин (1714 – 1762) баробари истилоҳи этика ва мантиқ истифода намуда, онро қисми мустақили фалсафа пиндоштааст. Эстетика аз…

    Муфассалтар »
  • Тарбияи ҳуқуқӣ ва вазифаҳои он

    Ҳуқуқ-меъёри танзимкунандаи муносибатҳои xамиятии одамон. Ҳуқуқ – маҷмӯи қоидаю қонунҳои аз тарафи давлат муқарраршуда ё ба тасвиб расидаро гӯянд. Ҳуқуқ муносибатҳои одамонро дар ҷомеа ба танзим меорад ва хусусияти синфӣ дорад. Ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои шаҳрвандони ҷомеаи демократӣ асоси ҳуқуқи шахсиятро дар ҷомеа муайян мекунад. Ҳуқуқи демократӣ шакли олии таърихии…

    Муфассалтар »
  • Тарбияи экологии хонандагон

    Экология ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ ҷузъи илми биологӣ буда, қонунияти якҷояамалкунӣ ва муносибатҳои дутарафаи дохили ҳайвонот, набототи муҳити фарогирифтаро меомӯзад. Инсоният ҳавасманди нигаҳдории тозагӣ, мутаносиби яклухти табиат ва пешгирӣ кардани вайроншавии таъсири мутақобили биологӣ ва баробарвазнист. Баробарӣ ин инсон дар фаъолияти бунёдкориҳои фаъоли худ ба равиши табиӣ сарукор намуда, онро…

    Муфассалтар »
  • Тарбияи иқтисодӣ мактабиён

    Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм, Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм. М. Турсунзода. Шуури иқтисодӣ – қисми муҳими ҷаҳонбинии илмӣ аст. Ин намуди тарбия ҳам дар оила айёми кӯдакии бармаҳал оғоз меёбад. Агар кӯдак нисбати иқтисодиёт шуурона тарбия наёбад, ба хонадон ва ҷомеа аз ҷиҳати моддӣ зарари…

    Муфассалтар »
  • Асосҳои ҷаҳонбинии илмӣ ва моҳияти он

    Мактаби ибтидоӣ – сарчашмаи ҷаҳонбинии илмӣ Наёбад марди ҷоҳил дар ҷаҳон ком, Надорад бӯю лаззат меваи хом. Носири Хисрав. Барои он ки насли имрӯза аз ақлу заковат ва тамаддуни xаҳон бенасиб намонанд ва дар зиндагӣ ҳамеша оқилона рафтор намуда, ноили комёбиҳои беназир гарданд, аз синфҳои ибтидоӣ сар карда ҷаҳонбинии илмии…

    Муфассалтар »
  • Созмонҳои талабагӣ дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

    Созмонҳои талабагӣ дар мактабҳои Тоxикистон зодаи истиқлолияти Xумҳурии Тоxикистон мебошад. Давлати мо, xомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буда дар он арзи вуxуд доштани созмонҳои талабагии зерин тақозои замон аст: «Ахтарон», «Ворисони Сомониён»ва «Сомониён». Талабҳои асоси нисбати фаъолияти созмон дар Низомномаи Созмони талабагӣ дар мактабҳои Xумҳурии Тоxикистон, ки бо қарори мушовараи…

    Муфассалтар »
  • Шахсият ва коллективи мактабиён, ҳамкории онҳо дар раванди тарбия

    Коллективи бачагона ва талаботи кӯдакон ба муносибати тарафайн Иттиҳод – ягонагӣ, як шудан, ҳамдастӣ. Дар педагогикаи умумиҷаҳонӣ иттиҳодро коллектив гӯянд. Коллектив калимаи лотинӣ буда, маънои ҷомеъ (ҷамъшавӣ, якҷоягӣ, гурӯҳ, зумра) – ро дорад. Коллектив – гурӯҳи ихчами иҷтомоӣ, муттаҳиди одамоне, ки ба мақсади ҳалли вазифаҳои муайяни ҷамъиятӣ машғуланд. Чунончи, коллективи…

    Муфассалтар »
  • Принсипҳои тарбия

    Хусияти присипҳои тарбия Истилоҳи «принсип» аз лотинӣ буда, дар забони тоҷикӣ маънои «асос» ва «аввалин» — ро ифода мекунад. Принсипҳои раванди тарбия – ин қоидаҳои умумии аввалин, ки талаботи асосӣ ба мазмун, методҳо, ташкил кардани раванди тарбияро мефаҳмонад. Онҳо хусусияти раванди тарбия ва фарқияти байни принсипҳои умумии раванди педагогӣ, ҳамчунин…

    Муфассалтар »
  • Мазмуни раванди тарбия

    Дар таҳти мазмуни тарбия системаи донишҳо, эътиқод, малакаҳо, сифат ва хислатҳои шахсият, одатҳои устувори рафтор фаҳмида мешавад, ки бояд талабаҳо мувофиқи мақсад ва вазифаҳои гузошташударо азхуд кунанд. Тарбияи фикрӣ, ҷисмонӣ, меҳнатӣ ва политехникӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ дар ягонагии аклухти раванди педагогиро ташкил намуда, имконият медиҳанд, ки ба мақсади асосии тарбия –…

    Муфассалтар »
  • Моҳият ва мазмуни раванди тарбия

    Хусусиятҳои раванди тарбия Дар яклухтии раванди педагогӣ ҷараёни тарбия ҷои махсусро ишғол мекунад. Моҳият, мавқеъ ва нақши ин равандро аз сохти раванди умумии ташаккули шахсиатиаш ҳам фаҳмидан мумкин аст (ниг. нақшаи 12). Дар он қисме, ки ташаккули шахсият идоракунандааст, характери назорат дар он ҷое, ки одамон шууронагии азмро роҳбарӣ доранд,…

    Муфассалтар »
  • Маҳорати педагогӣ

    Дар педагогика таърихан ду намуди муносибаткунӣ нисбати фаҳмиши маҳорати педагогии муаллим арзи вуҷуд дорад. Аввалинаш, бо фаҳмиши методҳои меҳнати педагогӣ, дуюмаш, ба раводиди коргирии шахсияти педагог, ки комёбиҳои зиёд ба каф овардан мехоҳад, вобаста аст. Вале азбаски метод аз шахсияти педагог ҷудоӣ надорад, дар ин ҷо ҳеҷ гуна мухолифат нест,…

    Муфассалтар »
  • Талабот ба муаллим

    Касби пуршарафи педагогӣ аз қадимулайём бо эҳтиёҷоти зарурии ҷомеа арзи вуҷуд дорад, заро он дар пешрафти ҷомеа нақши бузург мебозад. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба ин хотир нигоштааст: Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, Шавад тира аз бехирад рӯзгор. Оре, ҳамин омӯзгор буд, ки чун зиё дар замири наслҳои наврас шӯълаи илму…

    Муфассалтар »
  • Вазифаҳои муаллим

    Муаллим шахсиятест, ки дар мактаб ташкилкунанда, танзимдиҳанда, ва амалан иҷрокори раванди таълиму тарбия, оне ки аз қуллаҳои баланд об гирифта, баҳри шодоб кардани наслҳои наврас чун сарчашмаи мусаффо аз худ меҷӯшад. Ба тариқи дигар гӯем, муаллим муҳандиси нахуст ибтикори тамоми касбу вазифаҳои олам аст. Меарзад дар васфаш бигӯем: Ба мақоми…

    Муфассалтар »
  • Муносибгардонии (октимизасияи) системаи педагогӣ

    Нагузарандагии инноватсияи умумӣ ба системаи педагогӣ комилан марбут буда, муносибгардонии раванди таълимӣ – тарбиявӣ мебошад. Коркарди ин ғоя дар аввали солҳои 70 – уми асри гузашта таҳти роҳбарии олими намоён академик Ю. К. Бабанский сурат гирифта буд. Бо роҳбарии ӯ дар мамлакат ҳаракати такмилдиҳии системаи таълимӣ – тарбиявӣ ба миён…

    Муфассалтар »
  • Яклухтии раванди педагогӣ

    Раванди педагогӣ – алоқамандии дохили маҷмӯи равандҳои зиёд, ки моҳиятан аз таҷрибаи иҷтимоӣ ба сифати ташаккулдиҳии одам табдил меёбад. Раванди яклухт дар худ пайвасткунии равандҳои тарбия, омӯзиш, инкишофро на ба таври механикӣ, балки ҳамчун сифатҳои нави омӯзиш, ки ба қонунияти махсуси худ итоат доранд, алоқаманд мекунад. Яклухтӣ, умумият, ягонагӣ –…

    Муфассалтар »
  • Раванди умумии педагогӣ

    Раванди педагогӣ ҳамчун система Калимаи «раванд» маънои равиш дошта, муродифи «ҷараён» — ҷунбиш, ҳаракатро ифода мекунад. «Раванди педагогӣ» — ҷараёни яклухти пешбарандагии маҷмӯи корҳои таълимӣ, тарбиявии дохилу хориҷи мактабро гӯянд, ки тибқи нақшаи ягонаи инкишофдиҳандаи бо ҳам алоқадори иттиҳоди омӯзгорон ва талабагон бардавом сурат мегирад. Ин ҷараён баҳри адои мақсад…

    Муфассалтар »
  • Пайдо кардани замина барои ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият

    Шароити иҷтимоию иқтисодӣ барои мутаносиб ҳамаҷониба инкишофёбии шахсият ташаккулёбии ҷамъияти буржуазӣ ва тараққиёти мошинолоти истеҳсолӣ замина гузошт. Ҳоло бинем канӣ чӣ гуна тараққиёти мошинолоти истеҳсолӣ барои иникшофи ҳамаҷонибаи шахсият имконияти зарурӣ гузошта метавонад. Корхонаҳои бофандагӣ – ҳунармандии дастӣ; саноат, мошинҳои истеҳсолии пештара чунин хусусият доштанд: ҳунармандон дар як корхона кор…

    Муфассалтар »
  • Мақсад ва вазифаҳои тарбия

    1.Инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ ва муносибатҳои истеҳсолии ҷомеа – маҳаки асосии мақсади тарбия Гуле, ки тарбият аз дасти боuбон нагирифт, Агар ба чашмаи хуршед сар кашад, худрeст. ([офиз) Ҳамеша рӯ ба беҳбудиҳо овардан мақсади қонунии инсоният аст. Будуни чунин қонуни иҷтимоӣ инкишофи ҷомеа ва фард ғайриимкон аст. Албатта, аз олоти…

    Муфассалтар »
  • Инкишоф ва тарбияи насли наврас дар марҳалаҳои гуногун

    Донистани хусусиятҳои инкишофи физиологию анатомӣ, психологию педагогии марҳалаҳои синнусолии насли наврас барои волидайн, мураббиён, муаллимон ва ононе, ки ба тарбияи онҳо сару кор доранд, ниҳоят зарур аст. Зеро хусусият ва асрорҳои инкишофи ҳар синро надониста дуруст тарбия кардан ва омӯзонидани онҳо имконнопазир аст. Синни томактабӣ: Давраи навзодӣ – аз рӯзи…

    Муфассалтар »
  • Нобаробарии инкишоф

    Тадқиқотҳои дар соҳаи инкишофи одамон бурда як қатор қонунияти муҳимро муайян кард, ки онҳоро ба инобат гирифта ба тартиб додани лоиҳа ва муфидона ташкил кардани фаъолияти таълимӣ – тарбиявӣ имконпазир аст. Педагогикаи амалӣ ба қонунияти инкишофи ҷисмонӣ такя мекунад: Айёми ҷавони инкишофи одам бештар бошиддат тез мешавад, ҳамин ки одам…

    Муфассалтар »
  • Маълумот дар бораи Акселератсия

    Ҳаракати шартан ва маълуми тақсимоти давраҳоро қайд кардаистода, ба ҳодисаи нав – акселератсия, ки дар байни баъзе гурӯҳҳои синнусолӣ нисбати пешравӣ аз ҳудуди худ баромадааст, маълумот медиҳем. Акселератсия (аз истилоҳи лотинии «акселератио» гирифта шуда, маънои «суръатёбӣ» — ро дорад). Ин суръатёбӣ инкишофи ҷисмонӣ ва ҷисман психологии айёми кӯдакӣ ва навҷавониро…

    Муфассалтар »
  • Хусусияти инкишофи синнусолӣ ва фардӣ.

    Ба давраҳо тақсимшавии синну сол. Он чизе, ки инкишофи ҷисмонӣ ва ақлонӣ меномем, ба синну соли одам зич алоқаманд аст. Инро одамон аз қадимулайём медонистанд. Ин ҳақиқатест, ки баҳсу исботкунии махсусро талаб намекунад, зеро бо рушди синну сол хирадмандӣ, ғуншавии таҷриба, афзунёбии дониш вусъат меёбад. Ҳар синну соли муайян сатҳи…

    Муфассалтар »
  • Ташхиси инкишоф

    Дар таҷрибаи педагогии муосир талабот нисбати ташхиси фавран муайянкунии сатҳи пешрафту инкишофи талабагон бештар ҳис карда мешавад. Ин ба самаранок идоракунии раванди ташаккулёбии шахсият, ки барои муйян кардани умқи дониш, суръат ва хусусиятҳои хоси тағйирёбӣ ба миён омадааст. Дар ин хусус ҳанӯз К. Д. Ушинский ишора дода буд: «Агар педагогика…

    Муфассалтар »
  • Фаъолият ҳамчун омили инкишоф

    Ба таъсири инкишофи ирсият, муҳит ва тарбия боз барилова як омили ниҳоят муҳим ҳамроҳ мешавад, ки онро «фаъолияти шахсият» меноманд. Дар таҳти фаҳмиши ин ибора ҳамаи кору бори одам – шуғли зиндагии вай ифода меёбад. Чунин фаъолият ба мо аз қаъри асрҳо меросӣ шуда меояд: «Мард бояд ҳаросон нашавад, мушкиле…

    Муфассалтар »