Фанни Педагогика

Оила – сарчашмаи тарбия

Оила – гурӯҳи хурди ҷамъиятӣ, офаранда ва бахшандаи ҳаёт, бақои ҷомеа. Дар оила ҳамаи мафҳумот, ақоид, ҳиссиёт ва одатҳои нахустине гузошта мешаванд, ки онҳо дар ташаккулёбии минбаъдаи тамоми маънавиёти шахсияти мактабиён замина мегузоранд.

Тарбияи оилавӣ як қисми тарбияи ҷамъиятӣ мебошад. Вазифаи оила дар доираи кору бори хонадон оқилона ташкил кардани ҳаёти кӯдакон аст, то ки онон таҷрибаҳои муфиди наслҳои калонсолро азхуд кунанд, дар фаъолияти амалии худ истифода бурда тавонанд.

Оилаи имрӯзаи ҷомеаи демократии мо табиатан аз он оилаҳои қаблан панҷоҳ соли пештара, агарчи ҳоло ноқисиҳои моддӣ дошта бошад ҳам, аз нигоҳи диду фаросат фарқ мекунад. Тавассути бемайлон болоравии илму техника, системаи бозоргонии замон ва тибқи матбуоти даврӣ ва телевизион сатҳи фаҳмишаш хеле боло гирифтааст. Акнун нисбати маърифатнокии ворисон беэътиборӣ зоҳир намекунад.

Аз ин рӯ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» волидайн ва шахсони ивазкунандаи онҳоро ба тариқи зайл вазифадор мекунад: «барои сиҳатии ҷисмонӣ ва равонии бача пайваста ғамхорӣ кунанд, ӯро ба мактаб омода ва барои инкишофи қобилиятҳои вай шароити зарурӣ муҳайё созанд; ҳуқуқ ва қадру қимати бачагонро ҳимоя намоянд; фарзандонро дар рӯҳияи башардӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳисси накӯкорӣ, раҳмдилӣ, муносибати боэҳтиромона нисбати аҳли хонавода, забони модарӣ, адабиёту таърих, эҳтиром нисбати арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангии дигар халқҳо тарбия намоянд; ба бачаҳо барои гирифтани маълумот дар муассисаҳои таълимию тарбиявӣ мусоидат намоянд ва ё дар хона шароит муҳайё созанд, ки дар сатҳи талаботи давлатӣ маълумот гиранд; фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, хуқуқ ва озодии инсон, риояи қоидаҳои ҳаёт тарбия намоянд»[1].

Волидайн ва шахсони онҳоро ивазкунанда, агар садди роҳи маълумотгирии фарзандон шаванд ва ё ба тарбияи онҳо беэътиборӣ зоҳир кунанд, мутобиқи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикисон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Азбаски сатҳи зиндагӣ ва маълумотнокии падару модарон гуногунанд, тарбияи кӯдакон ҳам як хел нест. Дар қатори оилаҳои беҳтарин оилаҳое низ ҳастанд, ки ба шароити мусоиди зиндагӣ нигоҳ накарда, дар тарбияи фарзандон мусоҳалакорӣ мекунанд, ба камбудиҳо роҳ медиҳанд. Ба онҳо ёдовар мешавем, ки падару модар шудан ҳай осон, лек падару модарӣ карда битон!

Дар иддаи оилаҳо, ба хусус баъзе оилаҳои ҷавон аз боиси камтаҷрибагии волидайн тарбияи кӯдакон коста мешавад. Яке аз сабабҳои он дар оила аз ҳад зиёд ҳукмравоӣ доштани калонсолон аст, ки кӯдакон аз тарс аз мустақилона рафторкунӣ маҳрум мешаванд. Дар чунин вазъият майлу рағбат, озодии онҳо фишор меёбад ва дар рушду камолоти маънавӣ маҳдуд мегарданд.

Боиси дигари камбудии тарбияи оилавӣ ин аз ҳад зиёд нозпарвару эрка тарбия кардани кӯдакон аст. Ин аз он сабаб рӯй медиҳад, ки волидайн фарзанди худро аз меъёр зиёд дӯстдорӣ мекунанд, ягон чизро барояш дареғ намедоранд, ҳатто гуноҳҳояшро бо навозиш мебахшанд. Оқибат он бо такаббуру инҷиқ ва худбину бахил калон мешавад.

Дар баъзе хонадонҳо падару модар нисбати фарзанд серталабӣ кунанд, бобою модаркалон «бача – бодом, набера – мағзи бодом» — гӯён онҳоро ноҳақ монеъ мешаванд, набераашонро тарафгирӣ намуда, айбҳояшро мепӯшанд, гуноҳҳояшро мебахшанд. Дар чунин ҳолат кӯдакон бо мунофиқию дурӯягӣ тарбия меёбанд.

Дар тарбияи фарзандон бемасъулиятии волидайн ба нохушиҳои зиёд меорад. Фақат равобиту ҳамкории мустаҳками муаллимон ва падару модарон метавонад нуқсонҳои ҷойдоштаи тарбияи оилавиро ба маҷрои дуруст равона кунад. Барои ин бояд онҳо ба ҳамдигар боварӣ дошта бошанд, ба ҳар васила ҳамдигарро эҳтиром кунанд, зеро мактабу оила дар кори тарбия иттифоқчиёни устуворанд ва онҳо дар якдигарфаҳмӣ, нигоҳ доштани иззату обрӯи ҳамдигар манфиатдоранд. Онон бояду шояд меъёри муомилаи муфиди тарафайнро бо қатъият риоя кунанд.

Доираи ҳамкории оила ва мактаб хеле васеъ аст. Мо онҳоро шартан ба се гурӯҳи асосӣ тақсим мекунем. Ба гурӯҳи аввал масъалаҳои маром ва мазмуни корҳои таълимию тарбиявӣ бо ҳамкории муҳими мактбу оила ба хотири баланд бардоштани омӯзиш ва тарбияи талабагон дар назар дошта мешавад. Барои он ки падару модарон марому мақсади корҳои тарбиявии мактабро дуруст дарк кунанд, ба онон фаҳмондан лозим аст, ки ҳадафи асосӣ – инкишофи ҳамаҷониба ва барои ин нафақат ба корҳои таълимӣ, инчунин ба тайёрии политехникӣ, тарбияи ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва ҷисмонии кӯдакон низ эътибор бояд дод. Муаллимони синфҳои ибтидоӣ дар равобит бо оила завқу шавқи кӯдаконро ба ҳар васила муайян кунанд ва тавассути чорабиниҳои мактаб ва муассисаҳои беруназмактабӣ онҳоро инкишоф диҳанд.

Ба гурӯҳӣ дуввум водоркунии кӯдакон баҳри инкишофи шахсияти худ тааллуқ дорад, ки масъалаҳои зиёдро фаро мегирад. Таҷрибаҳо собит мекунанд, ки дар оила он кӯдаке бештар дуруст инкишоф меёбад, ки падару модараш дар хонадон муҳити солими рӯҳӣ фароҳам овардаанд ва худашон дар меҳнати содиқона намунаи ибратанд. Фарзандон зимни ёддиҳӣ, машқ, назорат ва ғамхории волидон камолот меёбанд, нексиришт мегарданд. Саъдии Шерозӣ фармуда:

Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,

Писарро хирадмандӣ омӯзу рой,

Ки гар ақлу раъяш набошад басе,

Бимириву аз ту намонад касе.

Ба гурӯҳи саввуми ҳамкории мактабу оила – ба назар гирифтани хусусиятҳои синнусолӣ ва фардии кӯдакон, ҳамчунин дигар масъалаҳо шомил мешаванд. Кӯдакон ҳар қадаре, ки калон шаванд, ҳамон қадар феълу рафторашон ҳам тағйир меёбад. Бинобар ин ҳар синну сол аз калонсолон муомилаву рафтори хосаро мепарварад. Пӯшида нест, ки падару модарон феълу хӯи фарзандонашонро хеле хуб медонанд, чунки онҳо дар пеши назарашон қад афрохтаанд. Аз ин лиҳоз аз волидайн омӯхтани феълу атвори кӯдакон, инчунин таҷрибаҳои пешқадами педагогии онҳо барои мубодилаи падару модарони ҷавон аҳамияти калон дорад.

Алалхусус, масъалаи тарбияи кӯдакон дар оила ниҳоят васеъ аст ва паҳлӯҳои гуногуни ҳалталаб дорад, ки баъзеи онҳоро мо ба таври мухтасар дар мавзӯи мазкур ва мавзӯъҳои пештара баён карда бошем ҳам, қисме аз онҳо тадқиқотҳои худро мунтазиранд.

Ҳамкории мактаб ва ҷамоатчигӣ

Мактаб фарзандони миллатро тарбия мекунад. Бинобар ин аҳли ҷамоатчигӣ дар тарбияи авлоди кишвар бетараф буда наметавонад. Барои ба ин масъалаи ниҳоят муҳим, ки поягузори ҷомеа мебошад, бештар таваҷҷӯҳ додани ҷамоатчигӣ – аз депутатҳои мардумӣ, иттиҳодҳои касаба сар карда то шӯрои занон ва саркорону сардорони ҷои кори падару модарони кӯдакон зарур аст. Ҳамкории онҳоро ҳам мактаб созмон медиҳад, то ки дар якҷоягӣ ба ҷойгирони сазовор ғамхорӣ зоҳир намоянд.

Дар хонаҳои калони серодам, маҳаллаҳо, касаба, деҳот, колхозу совхозҳо шӯрои ҷамъиятии мададрасони оила ва мактаб созмон дода мешавад, ки муаллимон бояд вазифаҳои онҳоро хуб донанд ва аз онҳо самарабахш истифода баранд. Ба ҳайати шӯрои мададрасони оила ва мактаб депутатҳои халқ, кумитаи иттиҳоди касаба, шӯрои занон, фаъолон ва маъмурияти муассисаҳо дохил мешавад. Ин шӯро нисбати баланд бардоштани маданияти педагогии аъзоёни коллективи худ ғамхорӣ менамоянд, таҷрибаҳои пешқадами тарбиявии оила ва ҷамоатчигиро тарғиб мекунанд, дар ҷамъомадҳои иттиҳоди касаба ва ҷаласаҳои умумӣ роҷеъ ба тарбияи кӯдакон масъала мегузоранд, барои сӯхбат ва маслиҳатҳо олимон – педагогҳоро даъват мекунанд.

Вазифаи муҳими ин шӯро бо мактаб алоқаи наздик доштан аст, чунки фарзандони қисми зиёди онҳо дар мактаб таҳсили илм доранд. Ин гуна шӯроҳо ба он мактабҳое, ки вазифаҳои сарпарастиро адо мекунанд, баҳри таъминоти базаи моддӣ- таълимӣ ва барпо кардани шароити мусоиди таълимӣ ва тарбиявии кӯдакон мадад мерасонанд. Ба корҳои маҳфил, шӯъбаҳо, дастаҳои спортӣ, меҳнати истеҳсолии мактаб ва ҷои сукунати кӯдакон кӯмак мекунанд, то ки вақтҳои холигии худро бо машғулиятҳои муфиду дилҳоҳи худ гузаронанд. Барои фарзандони кормандон базаи истироҳатӣ, урдугоҳҳои меҳнатӣ ва дамгирӣ ташкил мекунанд.

Муаллимон ва коллективи педагогии мактаб мунтазам ба шӯрои мададрасони оила ва мактаб нисбати вазъи таълимӣ ва тарбиявии кӯдакон маълумотҳо расонда меистанд.

Чуноне ки мебинем, дар созмон додан ва таъмин кардани фаъолияти ин шӯро нақши барандагии мактабу муаллимон калон аст.


[1] Ќонуни Љумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф». Моддаи 35, банди 2

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *