Фанни Педагогика

Рефератхо ва лексияхои точики аз фанни Педагогика.

  • Ҳуқуқи мактабиён ва волидайни онҳо

    Натиҷаҳои мусбат додани тарбияи ҳуқуқ дар раванди яклухти педагогӣ аз чуқур фаҳмонидани ҳуқуқҳои адолатхоҳонаи давлати соҳибистиқлол иборат аст, ки онҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» 27 декабри 1993 баъди муҳокимаи умумхалқӣ зикр ёфтаанд: Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қаламрави он, сарфи назар аз аслу насаб, ҷинсият, забон, мансубияти…

    Муфассалтар »
  • Мазмуни тарбияи ҳуқуқ дар раванди педагогӣ

    Мазмуни тарбияи ҳуқуқ дар раванди яклухти педагогӣ зимни назардошти синну сол сурат мегирад. Асосҳои ахлоқи тарбияи ҳуқуқ аснои кӯдакии бармаҳал дар муносибати ахлоқии оила тибқи ҳавасмандонӣ ва боздории рафтори ахлоқӣ гузошта мешавад. Кӯдак ҳуқуқ ва вазифадории худро ҳамчун узви оила дарк мекунад: хоҳишмандӣ ва зарурат, имконпазир ва номатлуб, имконият ва…

    Муфассалтар »
  • Тарбияи ҳуқуқ

    Ҳуқуқ – маҷмӯи қоидаю қонунҳои аз тарафи давлат муқарраршуда ё ба тасвиб расидаро гӯянд. Ҳуқуқ муносибатҳои одамонро дар ҷомеа ба танзим меорад ва хусусияти синфӣ дорад. Ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои шаҳрвандони ҷомеаи демократӣ асоси ҳуқуқи шахсиятро дар ҷомеа муайян мекунад. Ҳуқуқи демократӣ шакли олии таърихии ҳуқуқ ба шумор меравад. Принсипҳои…

    Муфассалтар »
  • Тарбияи ахлоқӣ

    Тарбияи ахлоқӣ яке аз майлҳои муҳими технологии муносибати комплексии тарбияи мактабиён. Истилоҳи «ахлоқ» аз арабӣ гирифта шуда, маънои ҷамъи хулқ, хӯ, рафтору кирдор, сиратро ифода мекунад. Ахлоқ – яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, маҷмӯи меъёр ва қоидаҳои асосии муносибати байни ҳамдигарӣ, оилавӣ ва ҷамъиятии одамон. Ахлоқ ва қонунҳои инкишофи онро…

    Муфассалтар »
  • Муносибати комплексӣ

    Ғояи яклухтии раванди тарбия дар технологияи амалӣ тибқи муносибати комплексӣ иҷро карда мешавад. Комплекс ягонагии мақсад, вазифаҳо, мазмун, метод ва шаклҳои таъсирбахши тарбия ва ҳамкориро ифода мекунад. Чунин муносибаткунӣ басо зарурияти муҳим дорад, аз он сабаб вай ба миён омад, ки ҳам дар назарияи тарбия ва ҳам дар амалияи корҳои…

    Муфассалтар »
  • Технологияи тарбия

    Санъат ва технологияи тарбия Дар таҷриба назария бо ёрии технология ба вуҷуд меояд. Калимаи «технология» аз лотинӣ гирифта шуда, маънои «техне» — санъат, устогӣ ва «логос» — илм, яъне илми санъатро ифода мекунад. Дар раванди истеҳсолӣ технология – ин системаи пешниҳодкардаи илми алгоритмҳо буда, тарз ва воситаҳое, ки истифодабарии онҳо…

    Муфассалтар »
  • Тарбияи экологӣ – ҷузъи ташаккули ҷаҳонбинӣ

    Экология ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ ҷузъи илми биологӣ буда, қонунияти якҷояамалкунӣ ва муносибатҳои дутарафаи дохили ҳайвонот, набототи муҳити фарогирифтаро меомӯзад. Инсоният ҳавасманди нигаҳдории тозагӣ, мутаносиби яклухти табиат ва пешгирӣ кардани вайроншавии таъсири мутақобили биологӣ ва баробарвазнист. Баробарӣ ин инсон дар фаъолияти бунёдкориҳои фаъоли худ ба равиши табиӣ сарукор намуда, онро…

    Муфассалтар »
  • Тарбияи иқтисодӣ – ҷузъи инкишофи ҷаҳонбинии илмӣ

    Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм, Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм. М. Турсунзода. Шуури иқтисодӣ – қисми муҳими ҷаҳонбинии илмӣ. Ин намуди тарбия ҳам дар оила айёми кӯдакии бармаҳал оғоз меёбад. Агар кӯдак нисбати иқтисодиёт шуурона тарбия наёбад, ба хонадон ва ҷомеа аз ҷиҳати моддӣ зарари калон…

    Муфассалтар »
  • Моҳияти ҷаҳонбинӣ ва қисматҳои муҳими он

    Ҷаҳонбинӣ як шакли шуурнокии инсон, ки ба муҳити зисти атроф нуқтаи назар ва мавқеи ӯро нишон медиҳад, дар замони мо гуногун аст. Табиист, ки ҳар як фард нисбати ҳодисаҳои табиат ва ҷамъият тасаввурот ва нуқтаи назари худро дорад. Сатҳи тасаввурот, ақида ва муносибатҳо, мувофиқи таҷрибаи зиндагӣ ва тайёрии илмии фард…

    Муфассалтар »
  • Асосҳои ҷаҳонбинии илмӣ ва моҳияти он

    Мактаби ибтидоӣ – сарчашмаи ҷаҳонбинии илмӣ Наёбад марди ҷоҳил дар ҷаҳон ком, Надорад бӯю лаззат меваи хом. Носири Хисрав. Биноан, барои он ки кӯдакон аз ақлу заковат хом намонанд ва дар зиндагӣ ҳамеша оқилона рафтор намуда, ноили комёбиҳо гарданд, аз синфҳои ибтидоӣ сар карда ҷаҳонбинии илмии онҳоро пай дар пай…

    Муфассалтар »
  • Пайвастагии муаллим бо шахсият ва иттиҳоди кӯдакон

    Дар алоқа ва ташкили иттиҳоди тарбиявии кӯдакони синфҳои ибтидоӣ нақши омӯзгор басо бузург аст. Бо амалиёту андешакории ӯ инкишофи фаъолон дар синф, интихоби корҳои шавқангез, моҳирона тақсимот кардани супоришҳо, ҳаллу фасли ихтилофот, муносибатҳои ӯҳдабароӣ, барқароркунии дӯстиву рафоқатии мустаҳкам ва ёрии ҳамдигарии талабагон ба вай таллуқ дорад. Вай бояд бештар эътиборро…

    Муфассалтар »
  • Марҳалаҳои инкишофи коллектив

    Коллективи тарбиявии бачагона фавран ташаккул намеёбад, он тибқи чорабиниҳои бардавом дар се марҳалаи зайл ба миён меояд. М а р ҳ а л а и а в в а л. дар ин марҳала барои инкишофи ибтидоии иттиҳод ба матлаби муттаҳидгардонии дастпарварон талаботи педагогӣ нақши тарбиявии муҳим мебозад. Талаботи педагогӣ аз…

    Муфассалтар »
  • Шахсият ва коллективи мактабиён, ҳамкории онҳо дар раванди тарбия

    Коллективи бачагона ва талаботи кӯдакон ба муносибати тарафайн Иттиҳод – ягонагӣ, як шудан, ҳамдастӣ. Дар педагогикаи умумиҷаҳонӣ иттиҳодро коллектив гӯянд. Коллектив калимаи лотинӣ буда, маънои ҷомеъ (ҷамъшавӣ, якҷоягӣ, гурӯҳ, зумра) – ро дорад. Коллектив – гурӯҳи ихчами иҷтомоӣ, муттаҳиди одамоне, ки ба мақсади ҳалли вазифаҳои муайяни ҷамъиятӣ машғуланд. Чунончи, коллективи…

    Муфассалтар »
  • Методҳои назорат, худназоратӣ ва худбаҳодихӣ

    Кӯдакон, ки ҳоло таҷрибаи кофии зандагӣ надоранд, ба назораткунии калонсолон, сипас ба худназоратию худбаҳодиҳӣ эҳтиёҷ доранд. Ин методҳои тарбия дар ҷараёнҳои яклухти идоракунии педагогӣ бо алоқаи бозгашти натиҷаҳои тарбиявӣ ба муаллим кӯмаки зиёд мерасонанд. Барои он ки ба ҷараёни судбахши тарбиявӣ дуруст баҳо дода шавад, фаъолият ва рафтори тарбиягирандагонро бояд…

    Муфассалтар »
  • Методҳои ҳавасмандгардонӣ ва маҳкумкунӣ

    Ин гурӯҳи методҳо вазифаҳои иҷрошуда, ислоҳи камбудиҳо ва ҳавасмандгадонии рафтор ва фаъолияти тарбиягирандагонро фаро мегирад. Кирдору амалиёте, ки аз тарафи хонандагон анҷом меёбад, баҳри пойдору устуворӣ ва минбаъда инкишофдиҳии онҳо бояд аз ҷониби муаллим арзёбӣ (маъқул ва ё маҳкум) карда шавад. Ба ин гурӯҳ методҳои мусобиқа, ҳавасмандгардонӣ, маҳкумкунӣ дохил мешаванд.…

    Муфассалтар »
  • Методҳои ташкили фаъолият, алоқа, таҷрибаҳои рафтори ҷамъиятӣ

    Инсон ҳамчун субъекти меҳнат дар ҷараёни фаъолият таҳти коркунӣ ва алоқа ташаккул меёбад. Ҳар як фаъолият аз кору амал иборат аст. Бинобар ин дар ташкили фаъолият ва ташаккули таҷрибаҳои рафтори ҷамъиятӣ аз маҷмӯи метод ва усулҳои гуногуни таъсирбахш бояд истифода бурд. Ташаккули шахсияти инсон маҳз дар натиҷаи зарурати зиндагӣ ва…

    Муфассалтар »
  • Системаи методҳои тарбия

    Мафҳуми «метод» ва моҳияти тарбиявии он Метод аз истилоҳи юнонии methodos гирифта шуда, дар забони тоҷикӣ маънои роҳ, тарз ё равишро дорад, ки мавриди тадқиқоти илмӣ, омӯзиши назарияи тарбия, таълим ва ғайра истифода бурда мешавад. Таҳти методҳои тарбия дар педагогика тарзи ба тарбиягирандагон ташаккул додани тарбияи ақлӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, ҷисмонӣ,…

    Муфассалтар »
  • Принсипҳои тарбия

    Хусусияти присипҳои тарбия Истилоҳи «принсип» аз лотинӣ буда, дар забони тоҷикӣ маънои «асос» ва «аввалин» — ро ифода мекунад. Принсипҳои раванди тарбия – ин қоидаҳои умумии аввалин, ки талаботи асосӣ ба мазмун, методҳо, ташкил кардани раванди тарбияро мефаҳмонад. Онҳо хусусияти раванди тарбия ва фарқияти байни принсипҳои умумии раванди педагогӣ, ҳамчунин…

    Муфассалтар »
  • Ташхиси тарбия

    Чунон ки мо медонем, тарбия раванди бомухолифат ва дарозмуддат аст. Дар он душвориҳои ҷиддӣ рӯй дода меистад, баъзан канда мешавад. Натиҷаҳои тарбия гоҳо хусусияти дуродурро мегирад, ки ба ҳисобгирии онҳо душворӣ меорад. Тарбия пеш аз ба мактабоӣ сарчашма гирифта, дар равандди фаъолияти меҳнатӣ ҳам идома меёбад. Дар синну соли муайян…

    Муфассалтар »
  • Мазмуни раванди тарбия

    Дар таҳти мазмуни тарбия системаи донишҳо, эътиқод, малакаҳо, сифат ва хислатҳои шахсият, одатҳои устувори рафтор фаҳмида мешавад, ки бояд талабаҳо мувофиқи мақсад ва вазифаҳои гузошташударо азхуд кунанд. Тарбияи ақлӣ, ҷисмонӣ, меҳнатӣ ва политехникӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ дар ягонагии аклухти раванди педагогиро ташкил намуда, имконият медиҳанд, ки ба мақсади асосии тарбия –…

    Муфассалтар »
  • Қонуниятҳои умумии раванди тарбия

    Худуди амалиёти қонуниятҳои умумӣ дар тамоми системаи раванди тарбия паҳн карда мешавад. Қонуниятҳои умумӣ алоқаи байни қисматҳои бештар муҳиму зарурии раванди мазкурро ифода мекунанд. Қонуниятҳое, ки алоқамандии қисматҳои равандро муайян мекунанд, ҷузъ (аниқ) ном доранд. Раванди тарбия ба қисми бештари раванди педагогикаи умумӣ, ба қонуниятҳои раванди мазкур итоат мекунад. Ба…

    Муфассалтар »
  • Диалектикаи раванди тарбия

    Раванди трабия диалектикист. Ин бо он ифода меёбад, ки он мунтазам инкишофёбанда, динамикӣ, муттаҳаррик, тағйирёбанда аст, он бо таъсири тарбия мутобиқи синну сол ва талаботи замон инкишоф ёфта меистад. Аммо ин тавр ҳам мешавад, ки як воситаи тарбия дар як шароит ба яке таъсири зиёд, ба дигаре бефарқ мегузорад. Диалектикаи…

    Муфассалтар »
  • Моҳият ва мазмуни раванди тарбия

    Хусусиятҳои раванди тарбия Дар яклухтии раванди педагогӣ ҷараёни тарбия ҷои махсусро ишғол мекунад. Моҳият, мавқеъ ва нақши ин равандро аз сохти раванди умумии ташаккули шахсиатиаш ҳам фаҳмидан мумкин аст (ниг. нақшаи 12). Дар он қисме, ки ташаккули шахсият идоракунандааст, характери назорат дар он ҷое, ки одамон шууронагии азмро роҳбарӣ доранд,…

    Муфассалтар »
  • Квалиметрияи педагогӣ

    Нисбати квалиметрияи педагогӣ ҳанӯз аввали солҳои 70 – уми қарни гузашта гуфтугӯ сар шуда буд. Истилоҳи «квалиметрия» (аз лот. qualis – сифат ва metros – ченкунӣ) равияи тадқиқи педагогиро ифода намуда, мазмуни асосии он ченкунӣ ва арзёбии параметрҳо (бузургиҳо) ва тавсифҳои педагогӣ мебошад. Аммо дар ин моҳияти маънои худ квалиметрия…

    Муфассалтар »
  • Маҳорати педагогӣ

    Дар педагогика таърихан ду намуди муносибаткунӣ нисбати фаҳмиши маҳорати педагогии муаллим арзи вуҷуд дорад. Аввалинаш, бо фаҳмиши методҳои меҳнати педагогӣ, дуюмаш, ба раводиди коргирии шахсияти педагог, ки комёбиҳои зиёд ба каф овардан мехоҳад, вобаста аст. Вале азбаски метод аз шахсияти педагог ҷудоӣ надорад, дар ин ҷо ҳеҷ гуна мухолифат нест,…

    Муфассалтар »
  • Потенсиали (иқтидори) касби педагогӣ

    Ин маънои сифатҳои педагогро на ҷудогона, балки онҳоро ба таври комплекс системаи яклухт донистанро ифода мекунад. Хусусияти системаи санъати муаллимӣ ба маънои мафҳуми нави интегратсия (якҷокунӣ, ҳамгиро) дар потенсиали касбии педагог (ПКП) инъикос меёбад, ки афзалияти он дар худ ҷанбаҳои гуногунро нисбати тайёрӣ ва фаъолияти муаллим ҳамгиро мекунад. Потесиал (аз…

    Муфассалтар »
  • Талабот ба муаллим

    Касби пуршарафи педагогӣ аз қадимулайём бо эҳтиёҷоти зарурии ҷомеа арзи вуҷуд дорад, заро он дар пешрафти ҷомеа нақши бузург мебозад. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба ин хотир нигоштааст: Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, Шавад тира аз бехирад рӯзгор. Оре, ҳамин омӯзгор буд, ки чун зиё дар замири наслҳои наврас шӯълаи илму…

    Муфассалтар »
  • Вазифаҳои муаллим

    Муаллим шахсиятест, ки дар мактаб ташкилкунанда, танзимдиҳанда, ва амалан иҷрокори раванди таълиму тарбия, оне ки аз қуллаҳои баланд об гирифта, баҳри шодоб кардани наслҳои наврас чун сарчашмаи мусаффо аз худ меҷӯшад. Ба тариқи дигар гӯем, муаллим муҳандиси нахуст ибтикори тамоми касбу вазифаҳои олам аст. Меарзад дар васфаш бигӯем: Ба мақоми…

    Муфассалтар »
  • Инноватсияи педагогӣ

    Ба ҳамагон маълум аст, забонҳо тавассути робитаи одамон бо мурури замон аз ҳисоби забонҳои дигар захираи луғавии худро ғанӣ гардонида меоянд. Ҳоло мо нисбати ба захираи луғавии илми педагогика ворид шудани калимаи «инноватсия» маълумот медиҳем. Дар мобайни солҳои 80 – уми қарни 20 – ум аввал рӯзноманигорон ва минбаъд шахсони…

    Муфассалтар »
  • Раванди умумии педагогӣ

    Раванди педагогӣ ҳамчун система Калимаи «раванд» маънои равиш дошта, муродифи «ҷараён» — ҷунбиш, ҳаракатро ифода мекунад. «Раванди педагогӣ» — ҷараёни яклухти пешбарандагии маҷмӯи корҳои таълимӣ, тарбиявии дохилу хориҷи мактабро гӯянд, ки тибқи нақшаи ягонаи инкишофдиҳандаи бо ҳам алоқадори иттиҳоди омӯзгорон ва талабагон бардавом сурат мегирад. Ин ҷараён баҳри адои мақсад…

    Муфассалтар »