Фанни Педагогика

Ташкили фаъолияти беруназтаълимии талабагон

Мазмун ва принсипҳои корҳои тарбиявии беруназтаълимӣ

Фаъолияти беруназтаълимии талабагон асосан дар ду мавқеъ бурда мешавад: дар мактаб таҳти мафҳуми «корҳои беруназсинфӣ», яъне фаъолияти ғайридарсии талабагон, ки дар худи мактабашон ва дар дигар муассисаҳо таҳти мафҳуми «корҳои беруназмактабӣ» сурат мегирад. Ин ҳар ду намуди фаъолият бо майлу талаботи талабагон илова бар фаъолияти муқаррарӣ ва ҳатмии дарси синфӣ пардохта мешавад.

Дар маҷмӯъ фаъолияти беруназтаълимӣ системаи ногузир ва ҷудонашавандаи маориф аст. Он барои инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият зарурат дорад. Аз ин лиҳоз дар Қонуни маориф омадааст: «Мақсади маориф қонеъ гардонидани шахс барои рушди ҳамаҷониба баҳри амалӣ сохтани тамоми истеъдод, баланд бардоштани сифати ҳаёту кори худ ва дар ин замина афзун намудани мероси иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ барои таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад»[1].

Корҳои берун аз синф ва берун аз мактаб дар вақтҳои холигии талабагон бурда мешавад. Вазифаи асосии онҳо – дар кӯдакон ташаккул додани рағбати фаҳмидагирии соҳаҳои гуногуни дониш. Тарбияи фаъолияти иҷтимоӣ, талабот ба намудҳои гуногуни фаъолият, инкишофи қобилият ва истеъдод, майли касбогоҳӣ, мунтазам ва пай дар пай тарбиякунӣ ба сифати рушди ҳамаҷонибаи шахсият.

Корҳои беруназсинфӣ воситаи муҳими тарбияи мактабиён

буда, онҳо ба мақсади муайян дар мактаб берун аз дарсҳо гузаронида мешаванд. Онҳоро муаллим, талабагони тайёркардашудаи синфҳои боло ва баъзе волидайн ташкил мекунанд ва мегузаронанд. Корҳои беруназсинфӣ аз муаллими синфҳои ибтидоӣ ва роҳбарони синф истифода бурдани намудҳои гуногуни фаъолиятҳоеро талаб мекунанд, ки хусусияти тарбиядиҳандагӣ ва инкифошдиҳандагӣ дошта бошанд. Талабгони хурдсолро бештар корҳое писанд меояд, ки шавқовару диққатҷалкунанда бошад. Бо онҳо чунин корҳои беруназсинфӣ бурда мешавад.

Фаъолияти маърифатӣ. Муҳимии тарбиявии ин намуди фаъолият аз он иборат аст, ки дар он шавқмандии талабагон нисбати соҳаҳои гуногуни дониш қонеъ гардонида, қобилияти эҷодии кӯдакон, тарбияи илмдӯстӣ, мушоҳидакорӣ, тарбияи ақлӣ ва инкишофашон вусъат дода мешавад. Дар доираи фаъолияти маърифатии беруназсинфӣ ба масъалаҳое дахолат карда мешавад, ки донишҳои дар дарсҳо гирифтаи талабагонро вусъат ва ҳавасмандиашонро нисбати муҳити зисти атроф инкишоф диҳанд.

Фаъолияти маърифатии корҳоро ба шаклҳои коллективӣ ва фардӣ ҷудо кардан мумкин аст. Дар корҳои коллективонаи фаъолияти маърифатии беруназсинфӣ дар назди ҳамаи аъзоёни иттиҳоди кӯдакон вазифаҳои маърифатӣ умумӣ гузошта мешавад. Дар онҳо дониш ва таҷрибаҳои нав меомӯзанд, намудҳои оддии ашёҳоро тайёр мекунанд, дар бораи касбу корҳои гуногун маълумот мегиранд. Дар шаклҳои гуногуни коллективонаи фаъолияти маърифатӣ ихтиёран иштирок намуда, талабагон ба корҳои вобаста, масъул, ҳамкории ҳамдигарӣ баромад мекунанд.

Ҳангоми ташкили фаъолияти маърифатии беруназсинфии мактабиён муаллим бояд хусусиятҳои шавқмандии маърифатии синну солии гурӯҳҳои гуногуни кӯдаконро донад. Мактабиёни хурдсол қариб ба ҳамаи корҳои беруназсинфӣ завқ доранд. Дар ин син шавқмандии кӯдакон парешон мешавад. Агар кӯдакони 7 – сола бештар ба саволҳои ҳавасмандии шиносоӣ бо ашё ё ҳодисаҳо рағбат зоҳир намоянд, кӯдакони 8 – 10 – сола акнун ба саволҳое рағбат доранд, ки ба амри воқеъ, ба ҳодисаҳо, ба дарки амиқи онҳо тааллуқ доранд. Ба ғайр аз ин, саволҳои ин гурӯҳ талабагон бо пайдоиши вазъияти проблемавии шуури кӯдакон вобастагӣ доранд. Онҳо вазъияти пайдоиши проблемавиро мустақилона дарк карда наметавонанд, аз ин рӯ ба калонсолон муроҷиат мекунанд.

Шакл ва методҳои беруназсинфии фаъолияти маърифатии талабагон тавре бояд сурат гирад, ки кӯдакон аз масъалаҳои оддӣ ба мураккаб гузаранд ва талаботи равобити сабабияти воқеъшавӣ – тафтишотӣ дошта бошанд. Шаклҳои беруназсинфии фаъоляити маърифатии мактабиён нисбат аз раванди омӯзиш хеле гуногунанд. Кӯдакон ба конкурс, викторина, сӯҳбатҳо иштирок мекунанд, дар бораи навигариҳои илму техникаи олам ҳикояҳо мешунаванд, ба бозиҳои хусусияти маърифатидошта иштирок мекунанд, китобҳои хондаашон, филмҳои дидаашонро муҳокима мекунанд. Шакли завқоварии маърифатии мактабиёни хурдсол клубҳои шавқовар мебошад.

Фаъолияти меҳнатӣ. Дар синфҳои ибтидоӣ талабагон бо касбҳои ба фаҳмишашон мувофиқ шиносонида мешаванд. Кӯдакон пайваста ба санъати тасвирӣ ва меҳнати дар дарсҳо гузаштаашон аносири усулҳои кори гуногуни маводҳо, таъмири воситаҳои аёнии таълимӣ, тайёр кардани ашёҳои гуногунро, ки барои мактаб, кӯдакистон заруранд, тайёр мекунанд.

Таҷрибаҳои пешқадам собит мекунанд, ки мактабиёни хурдсол метавонанд ба фаъолиятҳои гуногуни меҳнатӣ иштиок мекунанд. Барои ин муаллим мувофиқи тайёрии кӯдакон бояд намудҳои дилхоҳи онҳоро интихоб кунад. Ҳангоме аз синф ба синф гузаронӣ меҳнати кӯдакон дар корҳои беруназтаълимӣ гуногун ранг мегирад. Кӯдакон воситаҳои таълимӣ, ҷадвалҳоро ба тартиб меоранд, коллексия, гербарияҳои гуногун тартиб медиҳанд, барои дарсҳои санъати миллӣ ва меҳнат маводҳои табиӣ ҷамъ меоранд. Онҳо нисбати атфоли кӯдакистони сарпарасташон, кӯҳансолону маъюбон ғамхорӣ зоҳир мекунанд, дар корҳои кабудизор намудани ҳавлиҳо, маҳаллаҳо иштирок менамоянд. Натиҷаҳои фаъолияти меҳнатӣ ва миннатпазириҳои одамон онҳоро ба рӯҳбаландӣ ва қаноатмандӣ меорад.

Дар ҷодаи тарбияи меҳнатӣ саёҳатҳо ба истеҳсолот, майдонҳои ҳосили хоҷагии қишлоқ қимати арзанда дорад. Дар чунин саёҳатҳо онҳо бо меҳнати калонсолон аз наздик шинос мешаванд.

Фаъолияти эстетикӣ. Яке аз вазифаҳои умдаи ташкили корҳои беруназсинфии мактабиёни хурдсол ин ёд додани ҳисси зебоӣ, дар онҳо бедор кардани завқи эҷодӣ мебошад. Қисми таркибии фаъолияти эстетикии кӯдакон дар корҳои беруназсинфӣ тарбияи бадеӣ ба шумор меравад. Дар раванди тарбияи бадеӣ бачаҳо бо намудҳои гуногуни санъат: мусиқӣ, рассомӣ, наққошӣ, меъморӣ, адабиёт, кандакорӣ, зардӯзӣ шинос мешаванд. Дар таҷрибаҳои корҳои беруназсинфии толибилмони хурдсоли мактабҳои ҷумҳурӣ шаклҳои гуногуни фаъоляити эстетикӣ фароҳам оварда шудааст: иштирок ба намоишгоҳҳои маҳсули ҳунарӣ, музейҳо, театри лӯхтак, сирк, сӯҳбат, тартиб додани маҷаллаҳои шифоҳӣ ва ғайра. Барои хурдсолони мактабӣ шароитҳои гуногуни инкишофдиҳии қобилияти бадеӣ – эҷодӣ мавҷуданд. Онҳо метавонанд ба маҳфилҳои овозхонӣ, расмкашӣ, сухангарӣ, мутрибӣ дар асбобҳои мусиқӣ шуғл варзанд.

Дар фаъолияти эстетикии корҳои беруназсинфии кӯдакон табиат нақши муҳим мебозад. Кӯдакон зимни сӯҳбати муаллим бояд донанд, ки табиат одамро мехӯронад, мепӯшонад ва барои зиндагӣ ҳаво медиҳад. Онҳо зарурати табиатро дарк карда, ба он ғамхорона муносибат мекунанд. Мавриди саёҳатҳо ҳодисаҳои дигаргуншавии табиатро мушоҳида кардан аҳамияти калон дорад.

Бозӣ. Дар ҳайати кӯдакон бозӣ унсури ҳатмии фаъолият аст. Онҳо дар бозиҳои спортӣ, муҳаррикӣ, эҷодкорӣ ё нақшофарӣ иштирок мекунанд, ки ба онон хусусан нақшофарӣ хеле писанд меояд. Дар синни хурди мактабӣ бозиҳо ҳамеша фаъолияти эҷокдорӣ доранд. Онҳо ба бозиҳо иштирок намуда, баъзан равиш ва қоидаҳои онро тағйир медиҳанд, яъне дар як маврид онон ҳам муаллиф ва ҳам иҷрокунандаи бозӣ мебошанд.

Фаъолитяи спортӣ ин фаъолият барои мустаҳкамкунии ҷисми кӯдакон нигаронида шудааст. Яке аз вазифаҳои муҳими мактаби муосир – солим тарбия намудани насли наврас. Фаъолияти спортии кӯдакони синфҳои ибтидоӣ дар корҳои беруназсинфӣ дар мактаб ба ташкил кардани шароити мӯътадили ҳифзиссиҳа барои гузаронидани машғулиятҳои маҳфилҳои спортӣ ва гузаронидани бозиҳои серҳаракат зич вобастагӣ дорад.

Дар раванди иштирок кардани кӯдакон ба фаъолияти спортӣ дар онҳо андом дуруст ташаккул меёбад, қоидаҳои ҳифзиссиҳа одат мешавад, ирода ва тобоварӣ тарбия карда мешавад. Ба фаъолияти спортии кӯдакон идҳои спортӣ, бозиҳои варзишӣ, мусобиқаҳои оммавӣ дохил мегарданд. Бештари мусобиқаҳои оммавӣ дар шакли бозиҳои «Офарин!» баргузор мешаванд.

Корҳои беруназмактабӣ таҳти фаъолияти беруназмактабӣ корҳои тарбиявии муассисаҳои махсуси берун аз мактабро гӯянд. Ба муассисаҳои беруназмактабӣ инҳо дохил мешаванд: қасрҳо, хонаҳо, истгоҳҳо (истгоҳи табиатшиносони ҷавон, истгоҳи техникони ҷавон), туристҳои ҷавон, клубҳо, марказҳои эҷодии бачагону наврасон, мактабҳои варзишӣ, бадеӣ, студияҳои мусиқӣ, муассисаҳои солимгардонӣ, китобхонаҳои кӯдакон ва ғайра.

Дар муассисаҳо тарбияи беруназмактабӣ ҳам мисли корҳои беруназсинфӣ фаъолиятҳои тарбиявии талабагон ба шакли оммавӣ, гурӯҳӣ ва фардӣ бурда мешавад.

Корҳои тарбиявии оммавӣ дар истгоҳҳои техникон, табиатшинсони ҷавон ва дигар муассисаҳои беруназмактабӣ ба шакли лексия дар бораи комёбиҳои илму техника, вохӯриҳо бо ходимони илм, техника, санъат, бо пешқадамони истеҳсолот, якҷоя тамошо кардани асарҳои саҳнавӣ, филмҳои бадеӣ ва ғайраҳо баргузор мегардад.

Шакли гурӯҳии корҳои тарбиявии беруназмактабӣ махфилҳо, шӯъбаҳо, клубҳоро дар бар мегирад.

Шакли фардии корҳои беруназмактабӣ аз иҷрои супоришҳои алоҳидаи эҷодӣ, машқи овозхонӣ, ягон асбоби мусиқӣ, фаъолияти санъати тасвирӣ, наққошӣ, зардӯзӣ, кор бо компютер, сохтани ягон асбоби мусиқӣ, техникӣ ва ғайра иборат аст.

Корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ тибқи принсипҳои педагогии махсус пардохта мешавад, ки ба онҳо бояд риоя кард:

Принсипи ихтиёран иштироккунӣ. Кӯдакон ин ё он фаъолияти беруназсинфӣ ва беруназмактабиро бо майлу хоҳиши худ интихоб мекунанд. Ин ба машғулиятҳои маҳфил, шӯъба, ва дигар шаклҳои корҳои беруназсинфӣ, ҳамчунин аснои нависондан ба муассисаҳои тарбиявии беруназмактабӣ дахл дорад. Дар онҳо аз синфҳои якхелаи мувозӣ кӯдакон муттаҳид карда мешаванд. Мактабиёни хурдсол ҳоло имкониятҳои худро дуруст муайян карда наметавонанд. Аз ин лиҳоз муаллимон ва волидайн ба қобилияти ҳар яке нигоҳ карда, дар интихоби машғулияташон бояд маслиҳат диҳанд ва онҳо намудеро интихоб кунанд, ки дар он бояд худро нишон дода тавонанд. Ба принсипи ихтиёрӣ риоя карда, талабагонро сербор кардан, аз ду зиёд кори беруназсинфӣ додан мумкин нест.

Принсипи баҳисобгирии хусусиятҳои синнусолӣ ва фардии кӯдакон. Мазмун, шакл ва методҳои корҳои беруназсинфӣ ба муносибати аз як синну сол ба синни дигар гузаштани гурӯҳ дигар мешавад. Бинобар ин муаллим дар тартиб додани нақшаи кории беруназсинфӣ машғулиятҳоро ба ҳар синну сол мувофиқи майлу рағбат ва қобилияти фардии кӯдакон мутобиқ месозад. Машғулиятҳо бояд алоқадри ҳоли иштироккунандагон бошанд. Дар синфҳои I – II хондани китоб, тамошо кардани кинофилм, диофилмҳо, саҳнабоб кардани парчаҳои китоб, дар синфҳои III – IV саёҳат ба табиат, ба истеҳсолот, тарҳсозӣ, кор бо компютерҳо, викторинаҳо, конкурсҳо мувофиқат мекунанд.

Принсипи ташаббускорӣ ва худфаъолиятии мактабиён ин принсипи корҳои беруназсинфӣ тақозо мекунад, ки талабот, пешниҳодҳои худи иштроккунандагон мавриди тартиб додани нақшаи корҳои ин ё он фаъолият ба инобат гирифта шавад. Чунки ҳар қадаре, ки мазмуни мавод бо дархости аъзоён мувофиқ ояд, ҳамон қадар онҳо ташаббускорӣ ва фаъолият нишон медиҳанд. Муаллим мавриди корҳои амалӣ бояд ҳар як комёбии шогирдонашро арзёбӣ намояд, қадр кунад, то ки ташаббускорӣ ва худфаъолиятии онҳо рушду камол ёбад.

Принсипи романтикӣ ва бозӣ. Романтика (ҳиссиёти баланд, хаёлпарастӣ) ва бозӣ дар корҳои беруназсинфии мактбиёни хурдсол ва синни миёнаи мактабӣ васеъ истифода бурда мешавад. Бозӣ бо фаъоляити меҳнатӣ, маърифатӣ, бадеию эстетикӣ ва спортии кӯдакон ҳамроҳӣ мекунад. Муаллим бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки машғулиятҳои беруназсинфии кӯдакони синни хурди мактабӣ ҳамеша хурсандиовар бошад, онҳоро ба шавқ оварад.

Принсипи оқилона ва эҷодкорона рафторкунӣ. Ин принсип талаб мекунад, ки дар кӯдакон эҷодкорӣ, ихтирокоърӣ дар соҳаи техника, табиатшиносӣ, меҳнат, санъат инкишоф дода шавад. Дар раванди машғулиятҳои озодона интихоб намудаи кӯдакон бояд хусусиятҳои ҷустуҷӯӣ, фикркунӣ ҷой дошта бошад, то ки онҳоро ба эҷодкорӣ, ифшо додани қобилият ва истеъдод майл диҳанд. Билохира мақсади асосии ташкилкунии корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабии кӯдакон ҳам дар ҳамин аст.


[1] Ќонуни Љумҳурии Тоҷичкистон «Дар бораи маориф». – Душанбе, 1994, с. 2.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *