Фанни Педагогика

Тарбияи меҳнатӣ

Тарбияи меҳнатии мактаб ба омодагии психологӣ ва амалии мактабиён равона шудааст. Меҳнат – асоси зиндагӣ, ғановати маънавӣ – ва моддӣ, вазифаи муқаддаси инсон, меъёри қадру қимати ҳар фард, рукни рушду камолоти шахсият.

Мо аз мавзӯи «Рушди мутаносиби ҳамаҷонибаи шахсият» огоҳем, ки сохти иҷтимоии ғуломдорӣ (феодалистӣ ва капиталистӣ ҳам), меҳнат ба ду қисмат – ақлӣ ва ҷисмонӣ ҷудо шуда буд. Фарзандони табақаи ҳокими истисморгар ба меҳнати ақлӣ ва синфҳои мазлум ба меҳнати ҷисмонӣ машғул мешуданд. Чунин аз ҳам чудоии меҳнат инсониятро асрҳои мадид аз инкишофи ҳамаҷониба боз дошта омад, чунки маҳз бо ҳам пайвастагии меҳнати ақлю ҷисмонӣ метавонад инкишофи ҳамаҷибаи шахсиятро таъмин гардонад.

Мактаби муосир бояд насли наврасро ба касбу кори омода созад, ки он ягонагии меҳнати ақлӣ ва ҷисмониро бо таълими политехникӣ пайваста бошад ва ба мақсади тарбияи ҷомеаи демократӣ ҳамоҳангӣ пайдо кунад. Аммо мактаби ҷумҳуриро чун пештара ба мактаби меҳнатӣ табдил дода, аз вазифаи аслиаш – маълумоти миёнаи ҳамагонӣ дур кардан мумкин нест. Он бояд бо маҷрои муайян кардаи қонуни маориф ва консепсияи миллии тоҷик вазифаи асосии худро адо кунад, вале ин он маъноро надорад, ки мактаб тамомман аз таълиму тарбияи меҳнатӣ канда бошад. Ин вазифаро ҳоло дар мактаб фанҳои «Санъати миллӣ ва меҳнат», «Таълими меҳнат», «Технология ва касбу ҳунарҳои миллӣ» анҷом медиҳад, инчунин тавассути таълими фанҳои табиатшиносӣ, ботаника, биология ва ғайра, ки корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ доранд, сурат мегирад.

Дар таълим ва тарбияи меҳнат, пеш аз ҳама, ба кадом соҳаи кор майлу рағбат ва қобилият зоҳир намудани талабагон ошкор карда мешавад, то ки ҳини таълими тафриқа дар он равияи дӯстдоштаашон ташаббус ва қобилияти эҷодиашонро баланд бардошта тавонанд. Аз ин рӯ барои мактабиёни мактаби маълумоти ҳамагонӣ на махсули мехнат, агарчи он муҳим аст, балки ҷиҳати тарбияивии он арзиши зиёд дорад.

Кунун дар синфҳои ибтидоӣ таълими меҳнат на ҳамчун фанни алоҳида, балки пайваста ба санъати тасвирӣ таҳти як номи муштарак «Санъати миллӣ ва меҳнат» ҳамгиро омӯзонида мешавад. Чунин пайвастагӣ ба муаллимон ва шогирдон имконият медиҳад, ки таълими меҳнатро дар равобити фанни таълимии ба ҳам хешу мантиқан наздик ва чизҳои таҳқиқшаванда ҳамчун як фанни том ҳамгиро карда омӯзанд. Дар ин системаи ҳамгироии таълими меҳнат толибилмон амалиётҳоеро анҷом медиҳанд, ки пештар дар синфҳо паҳлӯ ва ҷанбаҳои гуногуни онро фаҳмидаанд, яъне дар ин тарзи корӣ донишҳои на аз ҳамдигар ҷудо, балки ба маҷмӯи том ва умумиилмиро дарк мекунад, ба ҳам вобастагӣ доштани ашёю ҳодисаҳоро сарфаҳм мераванд.

Барои он ки талабагон дар рафти амалиёти меҳнатӣ хаста ва дилгир нашаванд, дар мазмуни барномаҳои таълимӣ ва шаклҳои омӯзиши меҳнат синну сол, ҷинс ва рағбати ононро ба инобат гирифта, ба равияҳо тафрӣқа карда мешаванд. Дар тафриқа тараққиёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва талаботи ҳар як ноҳия ва имконияти мактабро низ ба назар мегиранд ва дарсҳои меҳнат бо касбҳои талабагон пайваста сурат мегирад.

Дар мактаб дуруст ба ба роҳ мондани омӯзиши фанҳои номбурда ва огоҳии касбӣ дар корҳои ҷамъиятӣ ва меҳнати истеҳсолӣ ба қадри ҳол иштирок кардани талабагон омили муҳими ахлоқӣ ва зеҳнии инкишофи шахсият, рушду камолоти ҷисмонии онҳо мебошад. Зеро дар оянда аз хатмкунандагони мактаб дар ин ё он соҳа фаъолияти коршоямӣ ва тобоварии меҳнатӣ талаб карда мешавад. Меҳнат, фаъолияти истеҳсолии амалӣ ба инкишофи ҷисмонии шахс таъсири муфид мерасонад. Татқиқотҳои физиологӣ собит мекунанд, ки меҳнати ҷисмонӣ ба ҳаракат ва мушакҳои бадан нерӯмандӣ мебахшад, саломатиашро устувор, қобилияти зеҳниашро баланд мебардорад. Касе, ки меҳнати ҷисмонӣ мекунад, қобилияти гирои ақлӣ ҳам дошта метавонад. Бузургони олам ҳамеша қобилияти зеҳнии худро тибқи шуғли иловагӣ – коре, ҳунаре ва ё бо ягон намуди варзише обутоб додаанд. Нисбати варзиш Абӯалӣ ибни Сино «Дар қонуни тиб» овардааст: «Ҳар кӣ муваффақ шавад, то варзишро ба эътидол ва андарвақти худ ба кор барад, аз ҳар гуна муолиҷае бениёз хоҳад шуд»[1]. Д. И. Менделеев дар соатҳои дамгирӣ наҷҷорӣ карданро дӯст медоштааст ва дар Маскав устои беҳтарини ҷомадонсоз ба шумор мерафтааст.

Ҳамин тавр, меҳнат қобилияти фикркунӣ, фаҳму фаросат, ҳассосии шахсро тақвият мебахшад, зеро аслан инсон зодаи меҳнат аст, дар натиҷаи меҳнат инкишоф ёфтааст. Алҳақ Низомии Ганҷавӣ оварда:

Ба дасти касон кони гавҳар макан,

Агар зиндаи, дасту пое бизан!

Оре, маҳсули меҳнати ҳалоли дасти хеш на фақат таъму қадри хоса, ҳамчунин дар зиндагӣ омили худмуайянкунии мавқеи шахсиятро дорад. Агар чӣ омӯзиш ба фаъолияти фарқкунӣ майл дошта бошад ҳам, он моҳиятан дар дили толибилмон паҳлӯҳои гуногуни касбу корро бедор мекунад. Барои он ки онҳо ба касби дилчаспи худ бирасанд, дар мактаб ва берун аз он шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам овардан лозим аст, то дар яке аз онҳо қобилияти худро санҷида бароянд.

Дар мактаб омӯхтани фанни «Санъати миллӣ ва меҳнат» ин як тадбири аввалини таълими политехникӣ буда, талабагонро ба машғулиятҳои амалии омехтаи санъат ва меҳнат ҷалб мекунад. Онҳоро ба қадркунии аҳли меҳнат, инкишофи дарки нафосат, фаҳму фаросати расмкашӣ, ҳайкалтарошӣ ва ороиши онҳо майл медиҳад.

Ба мазмуни дарсҳои «Санъати миллӣ ва меҳнат» — и мактаби ибтидоӣ чунин машғулиятҳо шомил мегарданд: кор бо коғазу картон, матоъ, машғулиятҳои омехта (қоидаҳои истифодабарии асбобҳои корӣ: корду қайчӣ, дарафшу сӯзан, арраю болға ва ғ.; истифодаи масолеҳи табиӣ: сӯрох кардан, васл намудан, буридан ва ғ.; сохтани бозичаҳои гилин: косаю пиёла ва дигар чизҳои кулолгарӣ, аз химча сабатчабофӣ ва ғ.); моделсозии техникӣ, корҳои хоҷагӣ, тасвир аз асл, ороишу нақшу нигор, тасвир аз рӯи мавзӯъ ва саёҳат. Дар ҳар синф доираи фаъолияти амалии талабагон васеъ ва мураккабтар мегардад.

Дар нақшаи таълимии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати тайёрии умумии меҳнатӣ ва касбии мактаби асосӣ равияи техника ва технология зикр ёфтааст. Дар он ба ғайр аз ташкил кардани дарсҳои таълими меҳнат барои синфҳои 7 – 9 мактабҳои наздик дар комбинатҳои таълимию истеҳсолии байнимактабӣ ва мактабҳои миёнае, ки дорои базаи хуби моддию техникианд, ташкил намудани равияи технология ва касбу ҳунарҳои миллӣ пешниҳод шудааст. Ҳини интихоби ин равия мактабҳо мувофиқи шароиту имконияташон соҳаҳои аниқро ҷорӣ менамоянд. Ин равия метавонад чунин соҳаҳоро дошта бошад: боғпарвар – механизатор, сабзавоткор – механизатор, омӯзиши трактору дигар мошинҳои хоҷагии қишлок, кандакорӣ, кулолӣ, оҳангарӣ, корҳои нафис – заргарӣ, сангтарошӣ, гилему қолинбофӣ, паррандапарварӣ, санъати амалию бадеӣ ва амсоли инҳо.

Дар ин равияҳо ба омӯзгори эҷодкор иҷозат дода мешавад, ки муваққатан (таҷрибавӣ) нисбати соҳа барномаи таълимӣ тартиб диҳад ва онро ҳатман ба мухокимаю тасдиқи иттиҳодияи методии фанни ноҳия (шаҳр) пешниҳод кунад.

Ин равия барои он талабагоне таъин шудааст, ки ба сабаби сустхон буданашон наметавонанд таҳсилро дар синфи 10 – ум дар равияҳои дигар идома диҳанд.

Дар мактаби миёна (синфҳои X – XI) мувофиқи нақшаи меҳнат, техника, технология нишон дода шудааст.

Ба мақсади баланд бардоштани сифати таълими талабагони синфҳои ибтидоӣ аз рӯи имконият кабинети махсуси меҳнати дастӣ ташкил кардаанд, дар синфҳои болоӣ устохонаҳои таълимӣ, кабинет, қитъаҳои таълимию таҷрибавии наздимактабӣ мебояд дошт.

Намудҳои фаъолияти меҳнатии талабагон ва моҳияти тарбиявии онҳо талабагони синфҳои ибтидоӣ (аз синфҳои II – IV) илова ба таълими «Санъати миллӣ ва меҳнат) унсурҳои корҳои дастии ҳаётан муҳим – сабзонидани гулҳо, сабзавоти хоҷагии қишлоқ, таъмири китобу асбобҳои аёнии таълимӣ, тайёр кардани бозичаҳо барои кӯдакистон ва ғайра низ шуғл меварзанд. Дар ҳамин зинаи мактаби кӯдакон бо як қатор касбу корҳои ба онҳо маълум шинос мешаванд.

Барои он ки ба тарбияи меҳнатӣ роҳбарӣ карда шавад, нисбати навъҳои тарбияи меҳнати кӯдакон, ки бевосита ва ё бавосита иштирок мекунанд, тасаввуроти дақиқ бояд дошт.

Меҳнати зиндагӣ (маишӣ). Аз ҳамин сарчашма мегирад меҳнати инсон ва ба он одаткунӣ сабақҳои нахустини меҳнати ҳаётии кӯдакон дар оила мегузарад. Меҳнатдӯст ва ё коҳилу меҳнатгурез калоншавии кӯдакон, аз бисёр ҷиҳат ба муҳити меҳнатдӯстии аҳли хонавода вобаста аст. Калонсолони хонадон ба меҳнат чӣ тавр муносибат кунанд, узвҳои кӯчаки он ҳам ба онон пайравӣ намуда, ҳамон хел муносибат мекунанд.

Мутаассифона оилаҳое ёфт мешаванд, ки кӯдаконро даст ба оби хунук задан намемонанд, аз ҳад зиёд бо нозунуз калон карда, бо пора (шоколад, яхмоспулӣ ва ғ.) кор мефармоянд, ки ин ба ришвахурӣ ё тӯрагӣ одат кунонидан асту бас.

Ба меҳнат одат кунонидани кӯдакон, дар онҳо ташаккул додани маҳорат ва малакаҳои меҳнатӣ дар хонавода аз амалиёти оддитарин худхизматрасонӣ ҷараён мегирад. Кӯдакон ҳамроҳи волидайн, бо роҳбарӣ ва таҳти мушоҳидаи онҳо дар хона, боғча, полиз, ҳавлӣ кор мекунанд. Ҳар қадаре, ки онҳо калон шаванд, ҳамон қадар дар меҳнати умумӣ ғунучини хона, ҷомашӯӣ, тайёр кардани ҳезум, нигоҳубини ҳайвонот, корҳои таъмирӣ ва ғайра зиёдтар дастёрӣ мекунанд.

Меҳнати оила кӯдаконро ба қадршиносии меҳанти волидайн ва дигарон тарбия мекунад, онҳоро ба худхизматрасонии мактаб омода месозад.

Омӯзиш — меҳнати гарон. Омӯзиш (таҳсил) ҳам барои кӯдакон меҳнат аст – меҳанти сангин, чунки он аз фикр пур, давомдор, диққатталаб, бо шиддат фикркуниро талаб мекунад.

Дар раванди меҳнати омӯзиш талабагон баробари амалиёти зеҳнӣ корҳои мураккаби амалии зиёдро ҳам мустақилона анҷом медиҳанд.

Вазифаҳои тарбия ва меҳнати омӯзиш дар дарсҳои омехтаи санъати тасвирӣ ва таълими меҳнат ҳаллу фасли худро меёбанд. Дар синфҳои ибтидоӣ кӯдакон бо корҳои қоғазбурӣ, аз гилу гаҷ сохтани бозичаҳо, нигоҳубини наботот, кор бо чӯб, тунука, сим ва бо корҳои қитъаи замини наздимактабӣ шуғл меварзанд.

Меҳнат дар қитъаи таҷрибавии таълимӣ ва устохонаи мактабии синфҳои мобайнӣ, таҷрибаомӯзии саноат ва меҳнати хоҷагии қишлоқ, техника ва технология, машғулиятҳои амалӣ ва мустақилона вобаста ба риштаи интихобшуда барои синфҳои болоӣ талабагонро бо маҳорат ва малакаҳои меҳнати умумӣ мусаллаҳ мегардонанд, доираи назари политехникиашонро вусъат медиҳад. Дар ҳамин қатор нақшаҳои чорабинии касбогоҳиро низ таъмин мегардонад.

Меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ. Ин намуди меҳнат кайҳост, ки дар хизмати ҷамъият ҳамчун ҳамсафири хайрхоҳи тарбияи мактаб арзи вуҷуд дорад. Он манбаи арзиши моддӣ ҳисоб намешавад. Ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ кӯдакон аз рӯзи аввалини ба мактаб омаданашон ворид мегарданд.

Доираи корҳои муфиди талабагон хеле фарох буда, аз сарпарастӣ ба кӯдакистон, оилаҳои мӯҳтоҷи ёрии ветеранҳои меҳнат ва ҷанг сар карда, то кабӯдизор намудани деҳу шаҳр, ҷамъ овардани гиёҳҳои шифобахш, муҳофизати табиату ёдгориҳои таърихиро фаро мегирад.

Меҳнат ба хотири инсон – мактаби тарбияи одаму одамгарӣ. Дар тайёрии меҳнати талабагон худхизматрасонӣ мавқеи муҳим дорад. Мавзӯи он ғамхорӣ дар бораи тозагӣ ва зебоии синф, лаборатория, утоқ, устохона, гирду атрофи мактаб, майдончаи спортӣ ва қитъаи таҷрибавии наздимактабӣ, таъмири китобҳои китобхона ва асбобҳои аёнӣ ҳисоб мешавад. Шакли оддитарини худхизматрасонӣ навбатдорӣ дар синфу мактаб мебошад.

Меҳнати худхизматрасонӣ метавонад фардӣ ва гурӯҳӣ, муваққатӣ ва доимӣ, дастӣ ва механиконидашуда, оддӣ ва мураккаб бошад. Ҳангоми худхизматрасонӣ дар мактабиён ҳисси коллективизм, сарфакорӣ, вазифашиносӣ, асосҳои устувори санитарию гигиенӣ гузошта мешавад. Онҳо худро ҳамчун хӯҷаини синф, мактаб, ташкилотчии меҳнати якҷоя, зиндагию истироҳат мешуморанд.

Хусусияти меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ аз он иборат аст, ки ташкил ва роҳбарӣ ба он ба худи иттиҳоди талабагон тааллуқ дорад.

Шакли мунтазам амалкунандаи худидоракунии талабагон супоришҳои ҷамъиятӣ мебошад. Системанок иҷро кардани супоришҳои ҷамъиятӣ доимӣ ва ғайримунтазам, фардӣ ва гурӯҳӣ мешавад ва ин доираи алоқаи иқтисодию иҷтимоии мактабиёнро вусъат медиҳад, онҳоро ба таҷрибаҳои ташкилотчигӣ, малакаҳои идоракунии одамон мусаллаҳ мегардонад.

Ҷиҳати муҳими тарбияи меҳнатии талабагон, ки ба тарбияи иқтисоди бозоргонӣ вобастагӣ дорад, ин сарфакориву эҳтиёткорӣ нисбати тамоми сарватҳои моддӣ, маънавӣ ва маводи ниёзи зиндагӣ мебошад. Сарфакорӣ захирадорӣ аст. Сарфакорӣ бояд таҳти андарзи мардумӣ «Инсоф дорӣ – барака дорӣ» ё «Сад рӯз дар бор – як рӯз даркор» пардохта шавад, ки аз таҷрибаи зиндагӣ сар задааст. Ин намуди тарбия ҳам аз оила, аз муносибатҳои калонсолон сарчашма мегирад. Эҳтиёткории кӯдакон аввалҳо аз муносибатҳои оддии худхизматрасонӣ ба миён меояд: эҳтиёти бозичаҳо, дуруст ва сариштакорона пӯшидани пойафзол ва сару либос, эҳтиёт кардани ашёҳои рӯзгор, қадр кардани маводи озуқа, хусусан нон ва ғайра.

Ҳар қадаре, ки дар оила тарбияи сариштакорӣ дуруст ба роҳ монда шавад, ба ин кӯдакон одат карда, дар ҳама ҷо ба он риоя мекунанд. Албатта бо ин гуна кӯдакон дар мактаб нисбати истифодабарии маводи таълими меҳнат ва дар амал татбиқ намудани тарбияи иқтисодӣ ҳамон қадар осон мегардад. Онҳо дар мактаб ҳам нисбати моликияти шахсӣ ва ҷамъиятӣ, ҳамчунин табиати азиз, китобҳо, асбобу анҷомҳои мактабӣ, қувваи барқ ва ғайраҳо муносибати сарфакорӣ зоҳир мекунанд. Ба онҳо амалан фаҳмидани мафҳумоти режими иқтисодӣ, меҳнати истеҳсолӣ, арзиши аслии мавод, сифати маҳсулот, ҳисоби хоҷагӣ ва амсоли инҳо низ осон мегардад.

Иштироки талабагон дар корҳои меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ, меҳнати истеҳсолӣ ва даромаду хароҷоти хонадон, тақсимоти музди кор, ҷустуҷӯи роҳҳои баландбардории иқтисодиёт – ҳамаи ин онҳоро ба қадршиносӣ, сарфакорӣ, интизомнокӣ, масъулиятшиносӣ ҳидоят мекунад.

Меҳнати истеҳсолӣ. Ин соҳаи фаъолияти педагогиест, ки дар он принсипи алоқаи омӯзиш бо меҳнати истеҳсолӣ баргузор мегардад. Шаклҳои ташкили меҳнати истеҳсолӣ ба методҳои дар амал татбиқунии он дар ҳар давраи синнусолӣ гуногун мешавад. Барои мактабиёни хурдсол меҳнати истеҳсолӣ бо бозӣ вобастагӣ дорад. Дар бозиҳо олотҳо, таҷҳизотҳое, ки махсусан барои кӯдакон тайёр карда шудааст, истифода бурда мешавад.

Наврасон ва мактабиёни калонсол ҳамроҳи калонсолон кор мекунанд, бо он олот ва техникаи меҳнатие кор мекунанд, ки калонсолон истифода мебаранд. Онҳо худашон аз иттиҳод супоришҳои меҳнатӣ мегиранд, тарзи корбариро ба нақша гирифта, иҷроиши онро назорат мебаранд ва натиҷаҳои онро арзёбӣ мекунанд. Ёрии онҳо ба колхоз, совхоз, корхонаҳои саноатӣ ниҳоят калон аст.

Шаклҳои зерини эътирофшудаи ташкили меҳнати истеҳсолӣ дар айни замон бештар меҳнати муттаҳидии мактабиёнро ба ҷо меоранд: комбинатҳои таълимию итеҳсолии байнимактабӣ, дастгоҳҳои таълимии муассисаҳо, баригадаҳои истеҳсолии талабагон, урдугоҳҳои меҳнатӣ ва истироҳатӣ ва ғайра.

Дар корхона ва комбинатҳои таълимӣ – истеҳсолӣ талабагни калонсол бо коллективҳои меҳнатии калонсолон алоқа мекунанд. Онҳое, ки дар риштаи техника ва технологияи таълими тафриқаанд, техникаи пешқадамро меомӯзанд, маҳсулот истеҳсол мекунанд. Онҳоро муттахассисони баландихтисос ва устоҳои ботаҷриба меомӯзонанд. Онҳое, ки бештар тайёр шудаанд, бо шаҳодатномаи мактаби миёна ҳуҷҷати дараҷаи (разряди) коргарӣ низ мегиранд.

Аъзоёни бригадаи истеҳсолии хонандагон дар заминҳои муайянкардашуда ҳосил мепарваранд, мустақилона тамоми силсилаҳои чорабинии агротехникиро иҷро мекунанд, мошинҳои замонавӣ ва механизмҳоро истифода мебаранд. Ин шакли меҳнатии мактабиён дар асоси худидоракунии хоҷагии қишлоқ бурда мешавад, ки аҳамияти таълимию тарбиявии калон дорад ва саҳми муайяни иқтисодӣ низ мегузорад.

Дар урдугоҳҳои меҳнатӣ ва истироҳатӣ талабагон ба корҳои ҳоҷагии қишлоқ ёрӣ мерасонанд ва ҳам истироҳат мекунанд.

Аз ин намудҳои фаъолияти меҳнатӣ истилоҳҳои асосии «тарбияи меҳнат», «омӯзиши меҳнат» ва «касбогоҳӣ» дар раванди педагогӣ бо ҳам равобити мустаҳкам доранд, вале ҳар яке моҳият ва хусусияти хоси худро дорост.

Тарбияи меҳнатӣ равандест, ки хонандагон кунун бо майлу рағбати худ равияеро интихоб мекунанд ва дар он муносибати софдилонаи худро ташаккул медиҳанд, ба кори супоридашуда барои ҳар чӣ бештар ноилгардӣ ба натиҷаҳои назаррас кӯшиш ба харҷ дода, ташаббусу эҷодкорӣ менамоянд ва ба ҳамдигар ёрӣ мерасонанд. Аммо ташаккули сифатҳои ба фаъолияти меҳнатӣ вобастаи шахсият, ҳамчун дигар намудҳои тарбия, бидуни ёддиҳии муайян ё омӯзиши маҳорату малакаҳои меҳнатӣ, усулҳои амалан иҷрокунии корҳои гуногунро тасаввур кардан номумкин аст.

Омӯзиши меҳнат ҳамчун раванди назариявии махсус ташкилкардашуда баромад карда, ба ташаккули маҳорат ва малакаҳои меҳнатии талабагон, барои азхуд кардани методу усулҳои амалии фаъолияти меҳнатӣ баҳри омӯхтани касбу ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла санъати тасвирии синфҳои II – IV равона карда шудааст.

Касбогоҳӣ ё касбмуайянкунӣ бошад, ҳамчун категорияи педагогӣ ҷараёни бо касбҳои гуногун муаррификунии талабагон ва дар интихоби касб ва ихтисоси ояндаи онҳо дар асоси майлу қобилияташон ёрӣ расонданро ифода мекунад.

Аз таққоскунии ин се категорияи педагогӣ истилоҳи «тарбияи меҳнатӣ» нисбати дигар истилоҳҳо бештар маънои васеъ дорад, дигарашон қисмҳои таркибии он ба шумор мераванд. Дар мактабҳои ҷумҳурӣ ба таълими меҳнат ва касбогоҳӣ барои он эътибор дода мешавад, ки мактаби маълумоти умумии ҳамагонӣ вазифаи асосии худро дорад, аз он чун пештара, дур нашавад.

Алалхусус, барои иртиқо додани моҳияти тарбияивии фаъолияти меҳнатии мактабиён чунин шарту шароитҳои педагогии ташкилкуниро бояд ба инобат гирифт:

  • ҳар қадар кӯдак ба меҳнат бармаҳал иштирок кунонда шавад, тарбияи меҳнатии ӯ минбаъд ҳамон қадар маҷрои дуруст мегирад;
  • фаъолияти меҳнатии кӯдакон бояд моҳияти шахсӣ, ҷамъиятӣ ва асоси ахлоқӣ дошта бошад;
  • меҳнате, ки бо машаққат анҷом мепазирад, шодиву сурур меоварад. Меҳнати сабук, ки шиддати кори ҷисмонӣ, ақлӣ ва иродавиро талаб мекунад, қадр ва моҳияти тарбиявӣ надорад;
  • меҳнати кӯдаконро назорат кардани калонсолон бояд одобона ва бо дастгирии онҳо гузарад, то ки онон ба қувваи худ боварӣ ҳосил кунанд. Агар кӯдак баъди иҷрои супориши меҳнатӣ аз барори кори худ шод шавад ва таърифу тавсиф шунавад, вай фикр мекунад, ки далеру шуҷоъ шудаст, худро хушбахт ҳис мекунад;
  • меҳнат бояд дамгирӣ дошта бошад. Хастагиро бо дигар намудҳои фаъолият ивазкунӣ ҳам рафъ мекунад. Ба ин ҳамгироии дарсҳои санъати миллӣ ва меҳнати синфҳои ибтидоӣ хеле мусоиданд, чунончи, дар як ҳиссаи дарс машғулиятҳои меҳнат гузаранд, дар ҳиссаи дигараш расми ягон чизро мекашанд;
  • ҳар супориши меҳнатӣ бояд бо натиҷаҳои муфид ва ба қадри ҳол ба назар намоён хотима ёбад. Ҳар қадаре, ки натиҷаи кор барои ҷамъият аҳамият дошта бошад, ба худи коргар ҳам таъсири тарбиявии меҳнатӣ ҳамон қадар зиёд мешавад;
  • дар меҳнати истеҳсолӣ на бояд манфиатдории моддии шахсии кӯдак рад карда шавад. Зеро фақат зимни ҳавасмандии шахсӣ кӯдак метавонад корро бо тамоми қувва омӯзад,ба коллективи корӣ ворид шавад ва ҳамин тавр ба дараҷаи коргари комил бардошта шавад ва дар ин асос барои худ бо шуури баланд, бо амри виҷдон кор кунад;
  • ташкили фаъолияти меҳнатӣ бояд ба тарбияи ахлоқӣ ва иқтисодӣ вобастагӣ дошта бошад. Баъзан одам хуб кор мекунад, вале баҳри тамаъ. Кори тарбиявӣ ба он мувофиқат мекунад, ки ҳоло талабагони хурдсол аз меҳнати ройгон, фоиданоки умумӣ, ба хотири коллектив хурсандӣ мекунанд;
  • меҳнат бояд ба синну сол ва хусусиятҳои психофизиологии кӯдакон мувофиқат кунад. Мактабиёни хурдсол, хусусан талабагони синфи якум – ин кӯдакони томактабии дирӯза, машғулияти асосиашон бозӣ буд. Бинобар ин бояд он дар меҳнат ҳамроҳӣ кунад. Дар бозӣ ва ҳам кор фикр ва ҳисси пурқуввати масъулият вуҷуд дорад;
  • дар раванди фаъоляити меҳнат талабагон бояд нафақат супоришҳои ба онҳо пешбаришударо иҷро кунанд, инчунин мустақилона ташкил кардани меҳнати худро ҳам омӯзанд.

Дар ташкили меҳнати кӯдакони ҳар синну сол ғояи ахлоқии меҳнат ва моҳияти иҷтимоии он дар ҷои аввал гузошта мешавад. Меҳнати мактаб ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ дода метавонад, ки агар он, пеш аз ҳама, дар синфҳои ибтидоӣ аз шакли оддии ёрирасонӣ ва ҳамкории коллективона ташкил карда шавад.

Меҳнат ҳамон вақт ба кӯдак ҳаловати рӯҳӣ мебахшад, ки аз он муроди дил ба даст орад, шодкому ширинком гардад.

Рағбатонӣ – такони фаъолияти меҳнатии кӯдакон. Кӯдакон, одатан, хусусияти ба калонсолон пайравикардан доранд. Онон ҳамеша дар паҳлӯи ҳунарманде истода, ба чунин корҳо ихтиёран пайравӣ мекунанд: кандакорӣ, кашидадӯзӣ дар матоъ, кулолӣ, хамиршӯрӣ, ҷомашӯӣ, бофандагӣ ва ғайра. Ва ҳар лаҳза ба калонсолони ҳунарпеша ба маънои «оё ман ҳам дуруст амал карда истодаам?» менигаранд. Ҳамаи чунин тақлидкуниҳо дастгирӣ, рағбатонӣ ва ислоҳкорона муносибаткунии калонсолонро мепарварад. Рағбатонӣ ба онҳо рӯҳу илҳом мебахшад ва онҳоро аз пештара дида ба беҳтар амалкунӣ майл медиҳад.

Рағбатонӣ яке аз методҳои басо муҳими таълиму тарбияи мактаб аст ва аз ин лиҳоз барои он ки дар мактаб фаъоляити меҳнатии кӯдакон низоми дуруст гирад, онро аз нигоҳи методикӣ мувофиқ ташкил кардан лозим аст, то ки онҳо шавқмандиро аз даст надиҳанд. Банобар ин ба самти методикии ташкилкунии меҳнатии зайл бояд рӯ овард:

  • ба муаллимон ва роҳбарони синф лозим аст, ки объекти меҳнатии шогирдонро ба мақсади коромӯзӣ дуруст интихоб намоянд;
    • мавриди ташкили фаъоляити меҳнатӣ талабагонро вазифадоркуни ҳам аҳамияти калон дорад, ин нисбати кори супоридашуда масъулиятҳискунӣ ва ҳавасмандии онҳоро баланд мебардорад;
    • дар методикаи тарбияи меҳнатӣ ҷои муҳимро ҳамкории талабагон, тақсимоти вазифаҳои онон ва ба ҳисоб гирифтани натиҷаи кор ишғол мекунад;
    • дар ташкили фаъоляити меҳнатӣ амалан ёд додан нақши муҳим дорад, чунончи, ёд додани қоидаҳои бехатарӣ;
    • дар равиши фаъоляити меҳнатии талабагон назорати педагог ҳатмист, вай зимни мушоҳида ба онҳое, ки дар истифодабарии асбобу воситаҳои техникӣ душворӣ мекашанд, ёрии амалӣ мерасонад;
    • ташкили фаъолияти меҳнатӣ бояд дар асоси донишҳои қаблан андӯхтаи талабагон пайваста бурда шавад, то ки он донишҳо зимни таҷрибаи амалӣ устувору пойдор гарданд;
    • барои ташаккул додани муносибати ҳалолкории талабагон омили рағбатонӣ аҳамияти бузург дорад, зеро чунонки гуфта будем, ҳавасмандгардонӣ рӯҳафзоӣ мебахшад, шогирдонро ба иҷрои вазифа фаъол мегардонад. Дар ҳамин радиф аҳамияти мусобиқа хеле бузург аст, ки он ба муқоиса, миқдор ва сифати кор арзёбии он, қадркунии пешқадамонро ба назар мегирад.

[1] Абўалӣ инби Сино. Ќонуни тиб. Китоби I. Душанбе, 1989. с. 184.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *