Фанни Педагогика

Моҳияти раванди омӯзиш

Раванди омӯзиш яке аз ҷараёни асосии яклухти педагогиро ташкил мекунад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин раванди дар байни ҷараёнҳои таркибии педагогика – тарбия ва инкишоф хеле мураккаб ва ҳақиқати воқеист. Барои ҳамин ҳам пурра ва ҳаматарафа муайянкунии ин ҷараён басо душвор аст. Омӯзиш дар худ миқдори зиёди алоқамандӣ ва низоми муносибатҳои гуногуни омилҳо ва табиати ҳархеларо мегирад. Аз ин лиҳоз он раванди муайянкуниҳои зиёд мебошад.

Дар гуфта ва навиштаҳои қадим ва асри миёна мутафаккирон таҳти мафҳумҳои «омӯзиш», «раванди омӯзиш» асосан таълимдиҳиро дар назар доштанд. Дар ибтидои асри XX ба мафҳуми омӯзиш ду қисмати раванд дохил карданд – таълимдиҳӣ ва омӯзиш. Дар таълимдиҳӣ фаъолияти муаллим нисбати ташкилкунии азхудкунии маводи таълимӣ, вале дар омӯзиш – ҳамчун фаъолияти талабагон оид ба азхудкунии донишҳои пешниҳодшуда фаҳмида мешавад. Чанде пас дар маънои омӯзиш фаъолияти идоракунии муаллим нисбати талабагон таҳти услуби фаъолияти фаҳмидагирӣ ташаккул додани фаъолияти муштараки муаллимону талабагон ҳам инъикоси худро пайдо кард.

Аммо мунтазам зарурати чунин муайянкунӣ барои фаъолияти амалӣ ҳатман лозим аст. Ин масъалаҳо нафақат барои донишҷӯён, инчунин барои муаллимон ҳам заруранд. Зеро мунтазам такмил додани мафҳумот на мақсади ягона, балки зарурати ҳаётист. Мо омӯзишро фақат ҳамчун интиқол додани азхудкунии донишҳо муайян мекунем, яъне, дар маркази диққати муаллим махсусан ин лаҳзаҳо бояд буд: омӯзишро бо якҷоягии фаъолияти муаллимон ва талабагон ифода менамоем, — пас, муаллим бояд ба фаъолияти асосӣ – ҷустуҷӯ кардани роҳ ва воситаҳои такомулот ва ғ. эътибор диҳад. Зеро талаботи замон аз мактаб ба талаба фикр кардан, ҷустуҷӯ намудан ва ҳамаҷаниба инкишофёбиро омӯзонидан аст.

Дар фаҳмиши ҳозира ба омӯзиш аломатҳои зайл тааллуқ доранд: 1) хусусияти дуҷонибагӣ; 2) ҳамкории фаъолияти муаллимон ва талабагон; 3) роҳбарӣ аз тарафи муаллим; 4) ташкили мунтазами махсус; 5) яклухтӣ ва ягонагӣ; 6) мувофиқи қонунияти инкишофи синну соли талабагон; 7) вобастагӣ ба инкишоф ва тарбияи талабагон.

Дидактика ( аз юн. didakticos – омӯзандагӣ ва didasko – омӯзанда) – қисми педагогика, коркарди масъалаҳои омӯзиш ва маълумот. Чӣ тавре, ки маълум аст, ин калима бори аввал аз тарафи педагоги немис Вольфганга Радке (Ратихия) (1571 – 1635) баҳри нишон додани санъати омӯзиш пайдо шудааст. Ба таври аналогӣ, ҳамчун «санъати универсалии омӯзиши ҳама, ба ҳар кӣ», маънидоди дидактикии Я. А. Коменский мебошад. Дар аввали асри XIX педагоги немис И. Ф. Гербарт ба дидактика вазъияти аклухт ва назарияи ғайриихтилофии омӯзиши тарбиядиҳандагӣ дод. Аз давраи Ратихия вазифаҳои асосии дидактика бокӣ мемонад. – коркарди масъалаҳо: чӣ омӯхтан, чӣ тавр омӯхтан, илми муосир бо шиддат дар масъалаи: кай, дар куҷо, киро ва барои чӣ омӯзонидан ҳам татқиқот мебарад.

Категорияи асоии дидактика аз инҳо иборат аст: маълумотдиҳӣ, омӯзиш, омӯзонидан, маълумот, дониш, маҳорат, малака, ҳамчунин мақсад, мазмун, ташкилкунӣ, навъҳо, шаклҳо, методҳо, воситаҳо, натиҷаҳои омӯзиш. Дар вақтҳои охир ба ҳолати категорияҳои асосии дидактика азхудкунии мафҳумҳои системаи дидактикӣ ва технологияи омӯзиш пешниҳод карда мешавад. Аз инҳо мо муайянкунии мухтасар ва васеъ мегирем: дидактика – илм дар бораи омӯзиш ва маълумот, мақсад, мазмун, методҳо, воситаҳо, ташкилкунӣ, ноилгардӣ ба натиҷаҳои онҳо.

Таълимдиҳӣ – танзими фаъолияти педагог нисбати дар амал татбиқ кардани мақсади омӯзиш (вазифаҳои таълимӣ), таъмини ахборотдиҳӣ, тарбияткунӣ, дарк кардан ва амалан истифода бурдани донишҳо.

Таҳсил (таълим, омӯзиш) – раванде, ки зимни он дар асоси фаҳмидагирӣ, машқкунӣ ва ҳосил шудани таҷриба шакли рафтор ва фаъолияти нав пайдо мешавад, донишҳои пештара тағйир меёбанд.

Омӯзонидан – ба тартиб овардани ҳамкории педагог бо талабагон, барои ноилгардӣ ба мақсади гузошташуда.

Раванди омӯзонидан (дидактикӣ) звеноҳои асосии ҳамкории зайлро дар бар мегирад:

Ҳоло нисбати моҳияти баъзеи дигар категорияҳои дар боло зикршуда мухтасар ёдовар мешавем:

Маълумот – маҷмӯи системаи донишҳои ҳосилкарда дар раванди омӯзиш, дониш, маҳорат, малака ба тарзи тафаккур.

Дониш — маҷмӯи ғояҳои одаме, ки назарияи фанро аз худ кардааст, ифода мекунад.

Маҳорат — амалиёти шуурона истифодабарии донишҳои андӯхта.

Малака — сатҳи маҳорати баланди автоматигашта, одатшудаи шахс, ки кори муайянро тез ва бехато иҷро мекунад.

Фаъолияти омӯзгорФаъолияти талабагон
Ба талабагон фаҳмондани мақсад ва вазифаҳо Шиносонидани талабагон бо донишҳои нав (ҳодиса- ҳо, воқеаҳо, фанҳо, қонун- ҳо) Идоракунии раванд бо фаҳ- мидагирӣ ва ҳосил наму- дани дониш, маҳорат Идоракунии раванди дарки қонунияти илмӣ ва қонунҳо. Идоракунии раванди аз назария ба амалия гузарӣ Ташкили эвристикӣ ва татқиқотии фаъолият Санҷиш, дигаргуншавии арзёбӣ дар инкишофи омӯзандагии талабагонФаъолияти шахсӣ нисбати пайдокунии далелҳои муфид ба омӯзиш Дарк кардани донишҳои нав, маҳорат Таҳлил, синтез, муқоиса, тас- ниф кардан Дарки қонуниятҳо ва қонунҳо, фаҳмидан ва тафтиши сабаб- ҳои алоқа Ҳосил кардани маҳорат ва малакаҳо, ба тартиб овардани онҳо Ҳалли амалиёт нисбати масъ- алаҳои пайдошуда бо роҳи мустақилона Худназоратӣ, худташхискунӣ ба комёбиҳо

Мақсад (таълимӣ, маълумотӣ) – он чизи минбаъдаи зарурие, ки ба он саъю кӯшиш ба харҷ дода мешавад.

Мазмун (омӯзиш, маълумот) – системаи донишҳои илмӣ, маҳорат, малакаҳои амалӣ, тарзи фаъолият ва тафаккур, ки бояд талабагон дар раванди омӯзиш ҳатман азхуд кунанд.

Ташкилкунӣ – танзими раванди дидактикӣ мутобиқи меъёри муайянкарда, ба он додани шакли зарурӣ барои беҳтар амалӣ гардонидани мақсади гузошташуда.

Шакл – тариқи мавҷудияти раванди таълимӣ, ҷилд барои моҳияти дохилӣ, мантиқ ва мазмуни он. Шакл, пеш аз ҳама, бо миқдори талабагон, вақт ва ҷои омӯзиш алоқа дорад.

Метод ( аз лот. methodos – роҳ, тарз) – роҳи комёбшавӣ (амалигардии) мақсад ва вазифаҳои омӯзиш.

Воситаҳо – ашёӣ (предметӣ) барои раванди омӯзиш ёрирасон: нутқи (овози) педагог, маҳорати вай ба маънои том, китобҳои дарсӣ, таҷҳизоти кабинетӣ – синфӣ ва ғ. Ин мафҳум ба маънои дигар ҳам кор фармуда мешавад, ки дар зайл дида мебароем.

Натиҷаҳо (маҳсули омӯзиш), ҳамоне, ки дар охири раванди омӯзиш ба даст меояд, сатҳи амалигаштаи мақсади гузошташуда.

Алоқамандии байни категорияҳои асосии дидактика ҳамчун сохти яклухти қисматҳои раванди дидактикӣ дар нақшаи 17 пешниҳод мегардад.

Дидактика ҳамчун илм қонунияте, ки дар соҳаи он предмети амалиёт ҳисоб меёбад, меомӯзад, вобастагиҳое, ки шартҳои равиш ва натиҷаи раванди омӯзиш, методҳоро муайян, шакли ташкилӣ ва воситаҳои таъминкунандаи иҷрои мақсади ба нақша гирифташуда ва вазифаҳоро таҳлил мекунад. Ба шарофати ин он ду вазифаи асосиро иҷро менамояд: 1) назариявӣ (асосан ташхисонӣ ва пешгӯикунӣ); 2) амалӣ (тайёрӣ, асбобу анҷом).

Нақ. 17

Дидактика системаи омӯзиши ҳамаи фанҳоро дар сатҳи баробари фаъолияти таълимӣ фаро мегирад. Ба бар фарогирии омӯзиши ҳақиқӣ ба дидактикаи умумӣ ва хусусӣ ҷудо мешавад. Мавзӯи тадқиқотии дидактикаи умумӣ раванди таълимдиҳӣ ва омӯзиши якҷоя бо омилҳое, ки зодаи онанд, шароите, ки дар он омӯзиш ҷараён меёбад, ҳамчунин бо натиҷаҳое, ки он мегузаронад, иборат аст. Дидактикаи хусусӣ гуфта методикаҳои омӯзиши фанҳоро меноманд. Онҳо қонунияти ҷоришавии раванд, мазмун, шакл ва методҳои таълимдиҳии фанҳои гуногуни таълимиро меомӯзанд. Ҳар фанни таълимӣ методикаи худро дорад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *