Фанни Педагогика

Методҳои проблемавӣ – ҷустуҷӯии таълим

Методҳои проблемавӣ – ҷустуҷӯӣ дар таълими проблемавӣ истифода бурда мешаванд. Проблема истилоҳи юнонӣ (problema – вазифа) буда, ба маънои васеаш масъалаҳои мураккаби назариявӣ ё амалӣ, ки таҳқиқу ҳалли онҳоро тақозо мекунад, фаҳмида мешавад. Проблема ин савол ё масъалаест, ки барои мукаммал гардонидани донишҳои хонандагон ба миён гузошта шуда, онҳоро ба фикркунӣ, ҷустуҷӯӣ ва эҷодкорӣ ҳидоят менамояд.

Дар мактаби муосир ба мақсади инкишоф додани фаъолияти эҷодии толибилмон аз таълими проблемавӣ истифода мебаранд. Фикркунӣ ҳар вақт аз вазъияти проблемавӣ сар мезанад. Вазъияти проблемавӣ инъикоси мухолифатҳои мавҷудаи ҷараёни таълимӣ мебошад. Аз нигоҳи дидактика вазъияти проблемавӣ ин як васила ва шакли ташкили фаъолияти таълимии хонандагон буда, мушкилоти фаҳмидагириро ба миён меорад, ки он тавассути эҷодкорона фикркунӣ бартараф карда мешавад.

Вазъияти проблемавӣ аз донишҳои ноустувор сар мезанад. Агар хонандагон савол ё масъаларо комилан донанд ва ё тамоман надонанд, вазъияти проблемавӣ ба миён намеояд.

Омӯзгор барои ба миён овардани вазъияти проблемавӣ аз усулҳои саволгузорӣ, пешниҳоди вазифа, супориши озмунӣ истифода мебарад ва муҳокимаи коллективро барои ҳалли он ташкил мекунад ва ниҳоят хулосаҳоро маъқул дониста, ҳалли тайёри вазифаи проблемаро пешбарӣ менамояд. Хонандагон ба таҷриба ва донишҳои собиқ андӯхтаи худ такя намуда, тахмин ва фарзияҳои худро нисбати ҳалли вазъияти проблемавӣ мегӯянд, тибқи амалиёти зеҳнӣ донишҳои номукаммалашонро устувор мегардонанд, сабабҳои ходисаҳоро ошкор месозанд, ба вуқӯъ пайвастани онҳоро дарк мекунанд, варианти ҳалли дурусти вазъияти проблемавиро интихоб менамоянд.

Методҳои проблемавию ҷустуҷӯӣ дар таҷриба бо ёрии методҳои шифоҳӣ, аёнӣ ва амалии таълим бурда мешавад. Ба ҳамин муносибат онҳо чунин ном гирифтаанд: методҳои проблемавӣ баёнкунии маводи таълимӣ, сӯҳбати проблемавӣ ва эвристикӣ, истифодабарии методҳои аёнии проблемавию ҷустуҷӯӣ, гузаронидани корҳои амалии проблемавӣ – ҷустуҷӯӣ ё навъи корҳои татқиқотӣ. Баёни маводи таълимиро омӯзгор бо методи проблемавии ҳикоя ва лексия бурда, дар рафти баёнкунӣ фикр мекунад, далелҳо меорад, исбот, ҷамъбаст, таҳлил менамояд ва сомеонро беҳтар фаъолу эҷодкор мегардонад.

Яке аз методҳои таълими проблемавӣ эвристикӣ ва сӯхбати проблемавию ҷустуҷӯӣ мебошад, ки дар ин хусус зимни методи сӯҳбат тазаккур дода будем, дар рафти сӯҳбат муаллим ба хонандагон як қатор саволҳои пай дар пайи бо ҳам алоқаманд медиҳад. Хонандагон нисбати онҳо тахмину фарзияҳои илмии худро мегӯянд ва сипас кӯшиш мекунанд, ки дурустии онҳоро мустақилона исбот кунанд. Дар воситаҳои аёнӣ ҳам методҳои проблемавӣ – ҷустуҷӯии таълим на барои фаъолгардонии бахотироварӣ, балки барои гузориши вазифаҳои проблемавӣ истифода бурда мешаванд.

Машқҳои проблемавию ҷустуҷӯӣ он вақт истифода барда мешаванд, ки хонандагон бо супориши муаллим мустақилона ягон амалиёти муайянро иҷро карда тавонанд ва зимни онҳо донишҳои нав ҳосил кунанд. Машқҳои проблемавию ҷустуҷӯӣ нафақат барои азхудкунии мавзӯи нав, инчунин аснои мустаҳкамкунии он низ истифода бурда мешаванд.

Корҳои амалии проблемавии татқиқотӣ, лабораторӣ, ки дар рафти он хонандагон мустақилона масъалаҳои зиёдро ҳал мекунанд, қимати калон дорад. Ин қабил татқиқот дар қитъаи таҷрибавии мактаб низ бурда мешавад.

Методҳои проблемавӣ – ҷустуҷӯӣ бештар ба мақсади инкишоф додани фаъолияти эҷодии таълимӣ истифода мегарданд ва онҳо бештар ба фаҳмидан ва мустақилона азхуд кардани донишҳо мувофиқат мекунанд.

Агар мазмуни маводи таълимӣ асосан нав набошаду мантиқан давоми мавзӯи гузашта бошад, дар он замина хонандагон метавонанд дар ҷустуҷӯи донишҳои нав қадами мустақилона гузоранд. Методҳои ҷустуҷӯӣ дар сурате истифода бурда мешаванд, ки муаллимон хонандагонро ба фаъолияти ҳаллу фасли вазъияти проблемавӣ тайёр мекунанд.

Аммо методҳои ҷустуҷӯӣ ҷиҳатҳои суст ҳам дорад: дар омӯхтани маводи таълимӣ вақти зиёдро талаб мекунанд, дар қисмҳои нави маводи таълимӣ истифода бурда намешаванд, зеро ҳанӯз дар талабагон захираи таҷриба ва дониши зарурӣ пайдо нашудааст.

Методҳои проблемавӣ, ҷустуҷӯӣ, вобаста ба маводи таълимӣ, аксаран пайваста бо методҳои дар боло зикрёфта бурда мешаванд.

Санҷиши контролӣ

Методи омӯзиш чист?

Кадом таснифоти методҳои омӯзиш ба шумо маъкӯл шуд?

Вазифаи умумии методҳо аз чӣ иборат аст?

Мазмуни методи ҳикояро ифшо диҳед.

Моҳимяти методи сӯҳбат дар чист?

Аз хусусиятҳои методи лексияи мактабӣ ном баред.

Моҳияти методи кор бо китоб дар чист?

Аҳамияти методи намоишдиҳиро шарҳ диҳед.

Методи машқ кай ва барои чӣ истифода бурда мешавад?

Методи лаборатория чӣ аҳамият дорад?

Аҳамияти методҳои проблемавӣ дар чист?

Адабиёт барои худомӯзӣ

Выбор методов обучения в средней школе (Под ред. Ю. К. Бабанского). – М., 1981.

Есипов Б. П. Самостоятельная работа учащихся на уроке. – М., 1961.

Лутфуллоев М. Дарс. – Душанбе, 1995.

Лутфуллоев М. Дидактикаи муосир. – Душанбе, 2001.

Подласый И. П. Педагогика. – М., 2000.

Раҳмиов Х. Педагогика – Душанбе, 1997.

Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. – Душанбе, 2000.

Сангинов Н. Дидактика. – Душанбе, 1992.

Харламов И. Ф. Педагогика. – М., 1990.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *