Фанни Педагогика

Методҳои омӯзиш

Мафҳуми методи омӯзиш ва усулҳои он

Ба саволи анъанавӣ – чӣ тавр бояд омӯхт – ҷустуҷӯи ҷавоб моро ба категорияи методҳои омӯзиш рӯ меоваронад. Зеро бидуни методҳо ба мақсади гузошташуда ноил гаштан, иҷро кардани мазмуни муайян, таъмин кардани омӯзиш бо фаъолияти фаҳмидагирӣ имконнопазир аст. Метод – маркази раванди омӯзиш. Нақши он дар системаи «мақсад – мазмун – методҳо – шаклҳо – воситаҳои омӯзиш» муайян мебошад.

Тафсири метод дар чандин маврид такрор меёбад, вале ба мавқеъ: методҳои татқиқоти илмӣ, методҳои тарбия, методҳои омӯзиш ва ғайра. Методи омӯзиш (аз юн. methodos – роҳ, тарз, татқиқ, тариқ), ин ба низомоварии фаъолияти педагог ва талабаҳо, ки ба ноилгардии мақсади гузошташудаи омӯзиш равона карда шудааст. Дар таҳти методҳои омӯзиш (методҳои дидактикӣ) одатан маҷмӯи роҳ, тарзи ба мақсадрасӣ, ҳалли вазифаи маълумот фаҳмида мешавад. Дар адабиёти педагогӣ фаҳмиши метод баъзан фақат ба фаъолияти педагог ё фаъолияти таълимгирандагон мансуб дониста мешавад. Ба маврид аст дар навбати аввал нисбати методҳои омӯзиш ҳарф занем. Аммо дар мавриди дуюм – дар бораи методҳои таълимот. Агар гап дар бораи ҳамкории муаллиму талабаҳо равад. Он гоҳ дар ин ҷо бешубҳа методҳои омӯзиш ба назар гирифта мешавад. Дар раванди омӯзиш метод ба мақсади муайяни таълимӣ, маърифатӣ ва тарбиявӣ баромад мекунад. Аз ин нуқтаи назар ҳар як методи омӯзиш табиатан ба худ кори таълимии муаллим: баёнкунӣ, фаҳмондадиҳии маводи таълимӣ ва ташкили таъсирбахшро дар бар мегирад. Аксаран барои фаҳмиш ва аз худ кардани мавзӯъ муаллим маводи навро тибқи методи фаҳмонидан ба талабагон баррасӣ намуда, онҳоро ба фаъолияти таълимӣ – маърифатӣ рӯҳбаланду ҳавасманд мегардонад. Дар ҳамин қатор баъзан муаллим маводи нави таълимиро худаш нафаҳмонда, фақат мавзӯи онро муайян мекунад, сӯҳбати муқаддимавӣ мегузаронаду ҳалли онро ба худи талабагон ҳавола менамояд. Талабагон он маводро худашон аз китоби дарсӣ таҳти роҳнамоии муаллим меомӯзанд. Чуноне, ки мебинем, дар ин ҷо вобастагии кори тадрисии муаллим ва ташкили дурусти фаъолияти таълимӣ – маърифатии ӯ ва ҳам мустақилона фаъолияткунии талабагон дида мешавад. Азбаски дар омӯзиш фаъолияти тарафайни муаллиму талабагон бо ҳам алоқаманд аст, методҳоро ҳам аз ҳамин нуқтаи назар бояд шарҳ дод.

Дар китобҳои дарсии педагогика муаллифон оиди методҳои омӯзиш асосан ҳамин тавр: фаъолияти муаллиму талабагонро ба назар гирифта, таъриф додаанд. Чунончи, таърифи С. П. Баранов: «Методи омӯзиш – ин роҳи идроки назариявӣ ва фаъолияти амалии муаллим ва талабагон, ки ба иҷрои вазифаҳои таҳсил нигардонида шудааст»[1]. Таърифи А. К. Громцева: «Методҳои таълим – ин тарзҳои фаъолияти якҷояи муаллиму талабагон мебошанд, ки барои ҳалли вазифаҳои омӯзиш равона карда шудаанд»[2].

Аммо олими шинохати мо М. Лутфуллоевро ин таърифотҳо дар шароити кунунӣ барҳақ қаноатманд кунонида натавонистаанд. Чунки мактаб дар навбати аввал мувофиқи талаботи Консепсияи милии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба сиҳатию саломатӣ, тарбия ва инкишофи фард, тараққӣ ва пешрафти қобилияти шахс машғул шавад. Бинобар ин ӯ инкишофи қобилияту доираи назари фардро ба таври ҳаққонӣ дар ҷои аввал гузошта, нусхаи нисбатан мақбули таърифи методҳои таълимро ба тариқи зайл овардааст: «Методҳои таълим ҳамчун чароғи фаъолияти муаллиму талабаҳо илмест дар хусуси роҳ, тарз ва воситаҳои инкишофи қобилияти фардии талабагон, доираи назар, андӯхтани дониш ва ҳосил намудани маҳорату малакаҳо»[3].

Вале ба назари мо, дар асоси ҳамин маънидод таърифи зайл саҳеҳтар мебуд: Дар таҳти методҳои таълим роҳ, тарз ва воситаҳои самарабахши фаъолияти омӯзандагии муаллиму талабаҳо нисбати инкишофи қобилияти фардии толибилмон, доираи назар ва дар онҳо ҳосил кунонидани дониш, маҳорат ва малакаҳо фаҳмида мешавад. «Роҳҳои самарабахш» гуфтанамон барои он, ки инсоният ҳамеша дар ҳама кор хусусияти ҷустуҷӯкунии роҳҳои осону муфиди истеҳсолкуниро дорад. Як вақтҳо саводбарорӣ басо душвор буд, ҳоло бошад, бо роҳҳои самарабахш саводноккунӣ дар мактаб хеле осон шудааст, минбаъд боз ҳам осонтар меградад ва ин қоида ва таъриф шояд пойдортар гардад.

Алалхусус, методи омӯзиш назарияест, ки барои бо роҳи муайяни самарабахш анҷомдиҳии фаъолияти омӯзандагии муаллиму талабаҳоро таъмин мекунад ва бинобар ин ҳар як метод бояд асоси илмӣ дошта бошад, дар пешбурди мақсаднокии назарияи маърифатии шахсият муфидона хизмат кунад.

Усулҳои таълим. Методҳои омӯзишро бидуни усулҳои дохилии он тасаввур кардан мумкин нест. Пас усулҳои таълим чист? Усулҳои таълим – ин ҷузъиёти метод, амалиётҳои алоҳидаи тафаккур, лаҳзаҳои таркибии раванди азхудкунии донишҳо, ташаккул додани маҳорату малакаҳо. Усул вазифаи мустақили таълимӣ надорад, вале ба вазифаи гузоштаи ин ё он метод итоат мекунад, барои ба мақсад ноилшавии метод мадад мерасонад. Масалан, методи машқ, ки асосан вазифаи ташаккул додани маҳорату малакаҳоро дорад, метавонад чунин усулҳоро дар бар гирад: намунаи кори муаллим, дар асоси намуна мустақилона тамриноти талабаҳо, ба пешқадамон супоридани машқҳои иловагӣ, ҳамкории муаллим бо кӯдакони донишашон суст, сустхонҳоро рӯҳбаланд кардани муаллим, натиҷагирӣ ва ғайра, ҳамаи методҳои таълимӣ мувофиқи хусусиятҳои худ усулҳои гуногунро фаро гирифта метавонад.

Усулҳои таълимие ҳастанд, ки дар чанд метод истифода бурда мешаванд, чунончи, истифодаи усули мисоловарӣ аз китобҳо ё аз ҳаёт дар методҳои эзоҳ, сӯҳбат, машқ, лаборатория ва ғайра имконпазир аст. Методи омӯзиш ҳамеша ба мақсади муайян итоат намуда, вазифаи гузоштаи таълимиро иҷро мекунад, ба азхудкунии муайяни мазмун мебарад, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегардонад.

Маҷмӯи методҳои тадрис – ин роҳи донистани воқеияти атроф, роҳест, ки хусусиятҳои инкишофи ақлии талабагонро муайян намуда, имкониятҳои азхудкунии донишҳо, ташаккули ҷиҳатҳои шахсиятро медиҳад. Маҷмӯи усулҳои омӯзиш – ин роҳи ҳунари интихобӣ. Усулҳои таълим ба кори методҳои омӯзиши муаллим хусусиятҳои хос бахшида, ба тарзи фардии паҳлӯҳои тадрис ва ташаккули азхудкунии ҷиҳатҳои инфиродии талабагон имконият медиҳанд.

Таснифоти (гурӯҳбандии) методҳои омӯзиш.

Методҳои омӯзиш хеле зиёданд, муайян кардани миқдори онҳо имкон надорад. Таснифоти методҳо аз нигоҳи мантиқ, хусусият, муносибат ва вазифаҳои таълимиашон бояд ба гурӯҳҳои муайян тақсим шаванд. Аммо ҳоло дар мактаб чунин таснифоти ягонаи методҳо вуҷуд надорад, педагогу методистон ба як қарори қатъӣ наомадаанд. Бовуҷуди он дар назария ва амалияи омӯзиш чандин таснифот арзи вуҷуд дорад, ки онҳо на мухолифи якдигаранд, балки ҳамдигарро пурра мекунанд ва ба муаллимон имконият медиҳанд, ки дар омӯзиши мавод аз ҳар ҷиҳат рафтор кунанд.

Таснифоти методҳо омӯзишро ба танзим ва система меорад. Воситаҳои омӯзишро ба гурӯҳбандии муайян ҷудо мекунад. Таснифоти методҳо ба муаллим изн медиҳад, ки дар омӯзиши маводи таълимӣ роҳи беҳтаринро интихоб кунанд.

Олимони илми педагогика методҳои омӯзишро мувофиқи фаҳмиши худ ҳар хел таснифот додаанд. Аз он ҷумла Ю. К. Бабанский методҳои таълимро ба се гурӯҳи асосии зайл тақсим кардааст:

а) методҳои ташкилкунӣ ва бавуҷудоварии фаъолияти таълимӣ – маърифатӣ;

б) методҳои ҳавасмандгардонӣ ва ангезиши фаъолияти таълимӣ – маърифатӣ;

в) методҳои назорат ва худназоратии самарабахши фаъолияти таълимӣ – маърифатӣ.

Дар муносибати амалиёти дидактикӣ таснифоти М. А. Данилов ва Б. П. Есипов бештар мувофиқат мекунад. Онҳо ба он такя кардаанд, ки агар методҳои таълим ҳамчун тарзи ташкилу танзими фаъолияти таълимии талабаҳо оид ба ҳалли мақсад ва вазифаҳои дидактикӣ баромад кунанд, пас, онҳоро ба гурӯҳҳои зерин тақсим кардан равост: методҳои ҳосилкунии донишҳои нав, методҳои ташаккули маҳорат, малака ва истифодабарии онҳо дар амал, методҳои санҷиш ва баҳодиҳӣ ба дониш, маҳорат ва малакаҳо.

Ин таснифот бо вазифаҳои асосии омӯзиш бештар мувофиқат мекунад ва барои беҳтар фаҳмидани вазифаҳои онҳо мадад мерасонад. И. Ф. Харламов ин таснифотро эътироф намуда, навиштааст, агар дар таснифоти нишондодашуда ин иловаҳо дохил карда шаванд, он гоҳ ҳамаи методҳои гуногуни таълимро ба панҷ гурӯҳи зайл тақсим кардан мукин аст:

а) методҳои баёни шифоҳии донишдиҳӣ аз тарафи муаллим ва фаъолгардонии талабагон: ҳикоя, эзоҳ, лексияи мактабӣ, тасвир ва намоиш;

б) методҳои мустаҳкамкунии маводи омӯхташуда: сӯҳбат, кор бо китоби дарсӣ (пешниҳоди И. Ф. Харламов);

в) методҳои кори мустақилонаи талабагон оиди фаҳмидагирӣ ва азхудкунии маводи нав: кор бо китоби дарсӣ, корҳои лабораторӣ (пешниҳоди И. Ф. Харламов);

г) методҳои корҳои таълимӣ нисбати дар амал татбиқ кардани дониш, ҳосил намудани маҳорат ва малакаҳо: машқҳои хаттӣ ва амалӣ, машғулиятҳои лабораторӣ;

д) методҳои санҷиш ва баҳодиҳӣ ба дониш, маҳорат ва малакаҳои талабагон: мушоҳидаи ҳамарӯза аз болои корҳои талабагон, пурсиши шифоҳӣ, баҳои ҳаррӯза, корҳои контролӣ, санҷиши корҳои хонагӣ, назорати барномавӣ[4].

Ин таснифоти муштараки олимон қобили дастгирист, зеро он бо пайдарҳамӣ, мукаммалӣ ва возеҳии худ аз таснифоти дигарон фарқ мекунад ва мо ҳам дар ҳамин мавқеъ истода, ба он бо баъзе изофаҳои маҳаллӣ риоя мекунем.

Ҳоло мувофиқи таснифоти фавқулзикр ба тавсифи методҳои алоҳидаи омӯзиш таваққуф мекунем.


[1] Педагогика (Под ред. С. П. Баранова и В. А. Сластенина). – М., 1986, с. 137.

[2] Педагогикаи мактаб (зери таҳрири Г. И. Щукина). – Душанбе, 1988, с. 329.

[3] Лутфуллоев М. Дарс. – Душанбе, 1995, с. 87.

[4] Харламов И. Ф. Педагогика. – М., 1990, с. 197 – 98.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *