Фанни Педагогика

Умури тарбияи ақлӣ ва меҳнатӣ

Тарбияи ақлӣ – асоси ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият. Ақл (хирад, зеҳн, қобилияти фикр) – шакли олии ба инсон хоси маърифати назарии воқеият. Ақлу заковат – поягузори рушди ҷомеа, омили муҳими ихтирооти нав ба нави ҷаҳонӣ. Ақли инсон бо мурури замон зимни таҷрибаҳои амалии зиндагии наслҳо нашъунамо ёфта, мунтазам боло меравад.

Тарбияи ақлӣ, чӣ тавре, ки баъзеҳо гумон мекунанд, танҳо аз хату саводнокии шахс иборат набуда, ба фаҳму фаросат низ вобаста мебошад. Фаҳму фаросат бошад айёми тифлӣ тавассути фаҳмондану амалиёти калонсолон аз оила сарчашма мегирад. Чунончи, калонсолони соҳибтаҷриба ба дасту пои тифлакон чойнику пиёлаи гармро «ҷиз – за» гӯён расонда мегиранд, то ки минбаъд ба онҳо даст назанад, худро насӯзад. Баъди ин амалиёт тифлакон, ҳатто аз чойнику пиёлаи холии сард ҳам ҳазар мекунанд. Бо чунин дарккуниҳо фаҳмиши худро афзун меградонанд. Дарк кардани аломатҳои ашё ва чизҳо, эҳсос, эҳсос бошад манбаи дониш ва дониш ин ақлу заковат аст.

Аммо чунонки пештар зикр карда будем, кӯдакон то ба мактаб омаданашон дар доираи фаҳмиш ғалатфаҳмиҳои зиёд доранд, ки онҳоро мактаб аз нигоҳи дурусти илмӣ ислоҳ мекунад. Бинобар ин тарбияи ақлии ворисони инсоният қисми таркибӣ ва муҳими инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият буда, дар ташаккул додани он саҳми мактабу омӯзгорон басо калон аст.

Асоси ташаккулёбии кӯдаконро мактаб тавассути омӯзиши асосҳои фан ва корҳои тарбиявӣ таъмин мекунад. Дар мактаб барои инкишофи маданияти ақлии дастпарварон ҳамагуна шароит ва имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Тарбияи зеҳнии толибилмони хурдсол дар равобити мустаҳками ҷаҳонбинии илмӣ сурат мегирад, зеро ҳар қадаре, ки маълумотнокии онҳо баланд шавад, фаҳму фаросати онҳо ҳам ҳамон қадар гиро мегардад.

Бахусус тарбияи ақлӣ асоси ташаккули шахсият аст, зеро ба вай хатту савод ва ақлу заковати гиро имконяит медиҳад, ки инкишофи ҳамаҷонибаи худро таъмин кунад; дар ину он масъала адабиёти марбутро мутолиа намуда, қобилият ва қувваи эҷодкориашро нашъунамо диҳад. Вале барои шахси бесавод чунин имконият ғайри имкон аст.

Мазмун ва вазифаҳои тарбияи ақлӣ

Дар мактаб барои инкишоф додани тарбияи ақлии кӯдакон системанок тадрис намудани фанҳои марбут, корҳои беруназсинфӣ (маҳфилҳо, хониши берун аз синф), таъсири муҳити зист, мушоҳидакорӣ, воситаҳои ахбори омма (рӯзномаю маҷаллаҳо, киною телевизион) воситаҳои муҳими ташаккули зеҳнӣ ҳисоб мешаванд. Дар барномаҳои таълимии синфҳои ибтидоӣ вазифаҳои тарбияи ақлӣ, ҳосил кардани маҳорату малакаҳои зеҳнӣ хеле возеҳ муайян карда шудаанд.

Баҳри тарбияи зеҳнии шогирдони хурдсол аз машғулиятҳои хониши тарбиявӣ ва берун аз синф чунин шаклҳои корӣ истифода бурда мешаванд, ки бевосита ба инкишофи тарбияи ақлии талабагон хосанд: нақлу ҳикояи мазмуни китобҳо ва дигар маводи хондашуда, муҳокимаи онҳо, саволу ҷавоб, шеърхониҳо, байтбарак, тезгӯякҳо, бозиҳои дидактикӣ, тақризнависӣ, расмкашӣ, нақшофарӣ ва амсоли инҳо.

Тарбияи ақлӣ нафақат маҷмӯи донишҳои илмӣ, инчунин ташаккули хусусиятҳои психологии шогирдон, аз қабили диққат, ҳофиза, ирода, эҳсосот, тафаккур, тасаввур ва ғайраро низ таъмин мекунад. Дар мазмуни омӯзиш донишҳои илмӣ зимни баҳс, муҳокима, исботу бурҳонҳои қотеъ баррасӣ мешаванд, ки талабагон дар як маврид ҳам имконияти азхудкунии донишҳоро доранд ва ҳам ташаккул додани қобилияти шахсии худро. Дар омӯзиш сӯҳбатҳои проблемавӣ, мубоҳиса, муқоиса, таснифот, басистемадарорӣ, ҷамъбасткунӣ, хулосабарорӣ, ҷудо кардани чизҳои асосӣ ва ғайра ба харҷ дода мешаванд, ки ин ҳама мансуби тарбияи зеҳнӣ аст.

Яке аз натиҷаҳои тарбияи ақлии мактабиён донишҳои ҳосилкардаро дар амал истифода бурда тавонистан мебошад. Дар «Футувватномаи султонӣ» — и Ҳусайн Воизи Кошифӣ хеле хуб оварда шудааст: «Агар пурсанд, ки аркони тариқат чанд аст. Бигӯй, шаш: аввал омӯхтани илму он чӣ бар ӯ фарз бошад, дуюм илмро ба амал расонидан, ки илми беамал дарахтест бе мева ва чароғест бе равған»[1]. Барои ин маводҳои гузаштаро бо онҳо такрор карда истодан, мантиқан дар хотир нигоҳ дошатни онҳо ва тақвият додани хотираи зеҳнӣ зарур аст.

Мунтаҳо, мазмун ва вазифаҳои тарбияи ақлии талабагонро афкори педагогии ниёгон ва мардуми мо хеле рангин кардааст. Аз онҳо чанде мисол меорем:

Хирад мояи ҷовидонӣ бувад!

Хирад пояи зиндагонӣ бувад!

Абулқосими Фирдавсӣ.

Ақлро ақлҳо ёрӣ диҳад,

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.

Ҷалолиддини Румӣ.

Илм чун бар дил занад, ёре шавад,

Илм чун бар тан занад боре шавад.

Ҷалолиддини Румӣ.

Мамлакат аз ақл шавад пойдор,

Кори ту аз ақли ту гирад қарор.

Халқӣ.

Ташаккули маданият ва фаъолияти оқилона. Дар мактаб оқилона ташкил кардани маданияти омӯзиш хонандагонро ба илмгирӣ ҳавасманд намуда, аз хасташавӣ ва дилгиркунӣ нигоҳ медорад. Дар омӯзиш фарахмандӣ ва рӯҳафзоӣ бояд. Шоири асри XIX Муҳаммадхоҷаи Кошиф фармуда: «Дар даруш оташ набошад, шӯъла кай берун занад». Аз ин лиҳоз омӯзгор бояд завқу шавқи шогирдонро шӯълавар гардонад.

Маданияти оқилонаи таълим бо сифати корҳои ақлии талабагон муайян карда мешавад. Дар тарбияи ақлӣ – илмомӯзӣ аввало аз толибилмон сабру матонат, сониян бо рағбати калон дуруст банақшагирии меҳнати ақлӣ, дақиқ ташкил кардани он, риоя намудани қоидаҳои ҳифзиссиҳа, оқилона истифода бурдани усулҳои кор бо китоб ва дигар махазҳои ахбор, худназоратӣ, сари вақт ислоҳ намудани хатоҳои амалиёт, худтаҳлилкунии натиҷаҳои меҳнати ақлӣ, пайдо кардани сабабҳои камбудиҳои рӯйдода ва бартарафкунии онҳо ба назар гирифта мешавад. Ин нишондодҳои маданияти меҳнати ақлӣ зарурати ташаккул додани маҳорат ва малакаҳои фаъолияти ташкили меҳнати таълимии толибилмон, малакаи худташкилдиҳӣ, худлоиҳакашӣ, худтанзимдиҳӣ ва худназоратиро низ тақозо мекунад.

Маданияти банақшагирии меҳнати ақлӣ аз кор кардани режими меҳнат, дамгирӣ ва истироҳат оғоз меёбад. Илми биоритмология (назми ҳаётии кор) собит менамояд, ки қобилияти кории инсон хусусияти фардӣ дошта, аксари одамон дар ду мавриди як шабонарӯзӣ хеле пурмаҳсул кор мекунанд: аз соати 9 то 12 – 13 ва аз соати 16 то 18. Яъне яке пагоҳӣ, дигаре аз ҷониби бегоҳӣ хуб фаъолият мекунанд. Вале ҷисми инсон хусусияти мутобиқшавӣ дорад. Бинобар ин баъзеҳо тартиботи рӯзро ба бахши корӣ ва ё таълимиашон мутобиқ карда танзим медиҳанд ва ба он одат мекунанд. Ҳар толиби илм бояд шароиту ҳолати шахсии худро ба ҳисоб гирад ва тартиби рӯзи корӣ танзим диҳад. Қоидаҳои умумӣ талаб мекунанд, ки дар нақшаи корӣ аввало корҳои начандон душвор, сипас мураккабро бояд ба ҳисоб гирифт ва корро ба тавре анҷом дод, ки шахсро хаста накунад.

Талабаҳои синфҳои ибтидоӣ таҳти роҳбарии муаллим мавриди ташкили корҳои таълимӣ бояд қоидаҳои умумии зайлро риоя кунанд: 1) ба ду мавриди сермахсулии корӣ худро мутобиқ гардонанд; 2) иҷрои супоришҳоро тавре ба нақша гиранд, ки меҳнати ақлии ҳаррӯза баробар тақсим гардад; 3) дар иҷрои супоришҳо саросемагӣ, дилтангӣ ва сатҳӣ рафтор накунанд, пухтакор бошанд; 4) ба тартиби нақша қатъиян риоя карда шавад.

Илми биоритмология хасташавиро ба се навъ муайян мекунад: а) якзайл – кам хасташавӣ; б) миёна хасташавӣ; в) беҳад мондашавӣ. Мавриди хасташавӣ бо роҳҳои зайл қобилияти коршоямиро барқарор кардан мумкин аст: якзайл хасташавиро бо тартиби дамгирии муайян, чунончи, мувофиқи тартиботи рӯз амалкунӣ; миёна хасташавиро, ки қобилияти корӣ то рӯзи дигар паст мешавад, бо роҳи хоб; дамгирии беҳадро бо саёҳат, баъзан бо роҳи табобат барқарор кардан мумкин аст.

Аз ин рӯ, маданияти меҳнати ақлӣ чунин қоидаҳоро пешниҳод мекунанд: давомдории кори фикрии хонандагон ҳар рӯз мувофқи синну солашон сурат гирад (барои синни хурди мактабӣ 6 – 7 соат, барои синни миёнаи мактабӣ 8 – 9 соат ва барои синни калони мактабӣ 10 – 11 соат); вақти истироҳатро қатъӣ бояд риоя кард. Физиология 7 – 8 соат хуфтанро тавсия мекунад. Пеш аз хоб 30 – 40 дақиқа дар ҳавои тоза сайругашт кардан мувофиқи талаб аст. Дар ҳар 45 – 50 дақиқа 5 – 10 дақиқа танаффус кардан ҳатмист. Нагуфта намонад, ки тағйир дода истодани машғулиятҳои фикрӣ ҳам дамгирии шахсро таъмин мекунад, масалан, навиштанро бо мутолиаи китоб табдил додан.

Ташкили меҳнати ақлӣ ба интихоби оптималии шакл, метод ва усулҳои фаъолият асос меёбад. Ин бештар дар усулҳои амалиёти фикркунӣ, ки аз гуфторҳои муаллим сар мезанад: иштирок ба сӯҳбат, иҷрои машқҳои амалӣ, ҳалли масъалаҳо, корҳои мустақилона ба вуқӯъ меояд.

Кор бо китоб яке аз фаъолиятҳои умдаи тарбияи ақлии хонандагон мебошад. Мавриди мутолиаи китоб усулҳои зайл пешниҳод мешавад: оқилона истифода бурдани мундариҷа; мавриди мутолиа моҳияти маводро муайян карда, аз ҳама муҳимашро ҷудо карда тавонистан; фикрҳои асосии қисмҳои алоҳидаи матн, мантиқан пайвастагии фикрҳо, муносибати донишҳои нав бо кӯҳна; ҷудо кардани ҷойҳои нофаҳм дар матн; гузориши саволҳо ба матн ва ҷавоб ба онҳо; ҳар ҷумларо фаҳмида хондан. Мавриди мутолиа ҷойҳои муҳимро дар дафтари корӣ навишта гирифтан; аз худ мисолҳо овардан.

Малакаҳои маданияти меҳнати таълимии хонандагон бо ташкили оқилонаи азхудкунии қоидаҳо инкишоф дода мешавад. Ба ин ният чунин сӯҳбатҳо оростан мумкин аст: «Муносибати ту ба омӯзиш», «Ташкили кори омӯзиш», «Бо китоб чӣ тавр кор кардан лозим?», «Мекӯш ба ҳар варақ, ки хонӣ, он донишро тамом донӣ» (Низомии Ганҷавӣ) ва ғайраҳо.

Билохира, ҳангоми кор бо китоб ва иҷрои супоришҳои хонагӣ риоя кардани қоидаҳои ҳифзиссиҳаро низ тақозо мекунад: дуруст интихоб намудани ҷои корӣ – оромӣ, дуруст истифода бурдани равшанӣ, тафреҳкунӣ дар асоси режими рӯзи корӣ, дар болои масъалаҳои мароқовар фикр рондан, фикрҳои муфиди ба сар омадаи худро фавран дар ягон ҷой зикр кардан.

Маданияти меҳнати ақлӣ худсанҷии амалиёти фикрӣ, худназоратиро низ дар бар мегирад. Силсилаи худидоракунии фаъолияти таълимӣ бо худтаҳлилкунии натиҷаҳои ноилшуда, ислоҳи камбудиҳо хотима меёбад.

Ҷанбаҳои асосии инкишофи ақлии шахсият. Инсони солимфикр аз модар бо муғҷаҳои қобилияти зиёди бунёдкорӣ (баъзеҳо бо аломатҳои махсуси генеалӣ) тавлид меёбад. Ҳар кас дар сатҳи қобилияти умумиаш метавонад 10 – 12 забонро ёд гирад. Ҳунарҳои зиёдро дарбар намояд. Вале на ҳама он қобилиятро дар зиндагӣ пурра зоҳир манемоянд. Иддае аз боиси маризию танқисии иқтисодӣ ва бархе аз боиси таъсири манфии берунаву коҳилӣ он қобилияти доштаи худро ошкор карда наметавонанд, муғҷаи тавоногӣ нашкуфта мемонад.

Барои ҳамин ҳам, чунонки дар фавқ зикр ёфт, яке аз талаботи фаъолияти маърифаткунонии кӯдакон дар мактаб ин ҷанбаи шавқмандгардонии онҳо мебошад. Зеро бидуни такони рӯҳӣ, бидуни ангезиши рӯҳафзоӣ ва бахусус бидуни майлу амал ганҷи дониш ба каф намеояд.

Ба кӯдак чунин барангезишро бо таъсири сухан муаллим ва волидайн баррасӣ карда метавонанд, чунки «Сухан мисли бод аст, — менависад М. Лутф, — Чун аз даҳон баромад, зуд паҳн мешавад. Сухан мисли ханҷари тез аст. Тафовут он аст, ки ханҷар бо як зарба мекушад, забон оҳиста – оҳиста. Ба маврид аст, ки агар ин сухани Муҳаммади Ҳиҷозиро биёрем: «Ҳар калима, ки аз даҳон берун меояд, малҳаме аст, ки ба захме мерасад, ё ханҷарест, ки дилеро мешикофад, ё насиме аст, ки дарёи эҳсосотро ба талотум меоварад…»[2].

Агар толибилмон бо ҳар васила нисбати донишандӯзӣ такони рӯҳӣ наёбанд ва ангезонида нашаванд, дар бобати тарбияи зеҳнии онҳо ҳоҷати гап задан ҳам нест.

Инак, ҷанбаҳои барангезиши шавқмандии маърифатӣ чунинанд: 1) ҷанбаҳои васеъ самтгирии маърифатии талабагон

нисбати азхудкунии донишҳои нав, ки ба чуқур донистагирии донишҳо ҳавасманд мегарданд; 2) ҷанбаҳоои таълимию маърифатие, ки ба самтгирии тарзи донишҳосилкунии талабагон мансубанд (майлу рағбат тавассути методҳои донишҳосилкунӣ); 3) ҷанбаҳои худомӯзӣ.

Гурӯҳи дуюми ҷанбаҳо ба чунин зергурӯҳҳо тақсим мешаванд: а) ҷанбаҳои васеи иҷтимоӣ – ҳис кардани масъулият ва вазифадорӣ нисбати омӯзиш; б) ҷанбаҳои маҳдуди иҷтимоӣ – таъсири одамони бонуфузи гирду атроф; в) ҷанбаҳои ҳамкории иҷтимоӣ – дар омӯзиш кӯшиши ҳамкорӣ ва мунтазам такмилдиҳии он.

Дар ҳамин қатор ин ҷанбаҳо чунин маъноҳоро ифода мекунанд: фикри шахсии талаба дар бораи таҳсил; таъсирбахшии ҷанба; мавқеи он дар сохти умумии ҷанбаҳо, мустақилона пайдошавӣ ва ҳозиргардии ҷанбаҳо; сатҳи фаҳмиши ҷанба; дараҷаи вусъатёбии он ба навъҳои гуногуни фаъолият.

Хуллас, ба ҷанбаҳое такя кардан лозим аст, ки манфиати таълимии шахсро ифода намоянд, амалкунанда бошанд ва ба ҳамаи ҷиҳатҳои фаъолияти таълимӣ таъсир расонанд.

Тарбияи ақлӣ аз толибилмон баҳри инкишофи маҳорати зеҳнӣ бодиққат будан, дар хотир нигоҳ дошатни маводи таълимӣ, оқилона амалӣ гардонидани онҳоро талаб мекунад. Баҳри ташаккул додани ҳофиза, ки он даҳанакӣ басарӣ, образӣ, муҳаррикӣ мешавад, низ чорабиниҳо андешида мешавад. Инкишофи ҳофиза ба ташаккули азхудкунии мавод бояд хизмат кунад. Хотираи хуб – гарави дониши самарабахш.

Татқиқотҳои психологӣ ва физиологӣ нишон медиҳанд, ки шахс метавонад ба тариқи зайл хотираи худро қавӣ гардонад: 1) дар хотир нигоҳдориро пеши худ мақсад гузоштан; 2) матни хондашударо ба қисмҳои хурд ҷудо кардан ва мантиқан вобастагии байни онҳоро нишон додан, зеро хотираи мантиқӣ аз хотираи сатҳӣ, қавитар аст; 3) таърифоту қоидаҳоро бидуни тағйирот, дигарашро мувофиқи фаҳмиши худ нақл кардан. Муаллим тибқи рағбатонӣ, машқу тамринот дар хотир нигаҳ доштани маводи омӯхташударо низ тақвият дода метавонад.

Муаллимони синфҳои ибтидоӣ барои инкишофи ҳофиза машқҳои махсус, аз қабили бозиҳои дидактикӣ, нақшофарӣ мегузаронанд.

Барои инкишофи тафаккури хонандагон амалиёти муқоиса, синтез, ҷамъбаст, таснифот аҳамияти калон дорад. Таҳлили синтез амалиёти асосӣ ба шумор меравад, ин ё он шакл амалиёти фикрро метезонад, амалан истифода бурдани муқоиса, хулосабарорӣ, таснифот, системакунонӣ ва ғайраҳоро имконпазир мегардонад. Анализ (таҳлил) гуфта, раванди тақсимшавии бутунро ба қисмҳои таркибӣ меноманд; синтез бояд пайвастшавии қисмҳо ба бутун бошад. Анализ аз натиҷа ба сабаб, синтез бошад, аз сабаб ба натиҷаҳо гузаштанро имкон медиҳад. Анализ ва синтез байни худ равобити диалектикӣ доранд. Аз ин рӯ, дар раванди тарбияи ақлӣ ба он кӯшиш кардан лозим аст, ки дар мавриди омӯхтани маводи таълимӣ аз онҳо дар вобастагии ҳамдигарӣ истифода бурда шавад. Ба шогирдон таҳлил карда тавонистани проблема, мафҳум, ҳодисаҳои омӯхташаванда, инчунин ҷамъбасту хулосабарориро бояд ёд дод, то ки онон дар асоси синтез ба далелҳо, мушоҳидаҳои мушаххас такя намуда муқоиса кунанд. Тафаккури аналитикию синтетикӣ ба усулҳои гуногуни муқоиса пайравӣ дорад. Ба муқоиса К. Д. Ушинский баҳои баланд дода, гуфта буд: «Агар шумо хоҳед, ки кадом як ашёи зоҳирии табиат равшан фаҳмо бошад, онро аз худи ашёи ба он монанд фарқ кунед ва дар он бо ҳамон ашёи аз каме дур монандӣ пайдо кунед»[3]. барои дар хонандаогон инкишоф додани малакаҳо муқоиса истифода бурдани машқҳои муқоисавии ашёҳо ва ходисаҳое, ки аз ягон ҷиҳат бо ҳам шабоҳат доранд, хеле муфид аст, чунинчи, муқоисаи намудҳои ҳаракат нисбати суръат, мошин, асбобҳо – мувофиқи вазифа ва сохти онҳо. Дар синфҳои болоӣ чунин муқоисакунӣ шакли мураккабро мегирад. Дар тарбияи зеҳнии хонандагон ба система доравардану таснифот кардани маводи таълимӣ аҳамияти калон дорад. Чунончи, дар дарсҳои ботаника бо таснифоти гиёҳҳо, дар дарсҳои кимиё бо ҷадвалҳое, ки хосияти аносири кимиёвӣ доранд ва ғ.

Дар инкишофи фаъолияти фикрии хонандагони хурдсол, чунонки борҳо гуфтем, чудо карда тавонситани масъалаи асосии маводи таълимӣ нақши муайян мебозад. Амалиёти ҷудокунии масъалаҳои асосӣ хусусияти комплексӣ дорад, зеро он дар як вақт амали таҳлил, муқоиса, хулосабарорӣ ва абстраксияро ҷамъбаст мекунад. Ҷудо кардани масъалаҳои асосии маводи таълимӣ дар тартиб додани нақшаи оддӣ ва мураккаби мазмун ҳам мусоидат мекунад.

Дар синфҳои ибтидоӣ шогирдонро ба он одат кунонидан лозим аст, ки масъалаҳои муҳими маводи таълимиро муайян карда, дигар ҷиҳатҳои дуюмдараҷаи онро низ ба эътибор гиранд. Муаллим ҳам мавриди баёни мавзӯи нав вазифаҳои асосии дарсро дақиқ фаҳмонад, то ки талабагон ба кадом чиҳати мавод бештар эътибор додани худро донанд. Барои ин нақшаи мушаххаси маводи таълимиро бояд пешниҳод кард. Ҳини баррасӣ намудани маводи нав фикрҳои асосиро бо оҳанги таъкидии махсус ва ё дар тахтаи синф зикр намояд.

Тарбияи ақлии талабагон бо ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ равобити ногусастанӣ дорад, чунки он ба тафаккури дурусти шахсият такя мекунад. Ҷаҳонибнии илмӣ дар асоси донишҳои мушаххаси илмӣ ва тафаккури солими инсонӣ ҳосил мегардад. «Илм чун ҳосил кунӣ, онгаҳ амал холис шавад» — мегӯяд андарзи мардумӣ.

Зимни маҳорати ҷаҳонбинӣ маҷмӯи далелҳои мушаххас, хулосаҳои воқеӣ, ифшо дода тавонистани мазмуни ғояҳо аз нигоҳи диалектикаи илмӣ нисбати падидаҳои табиат ва ҷамъият, бо асос ҳимоя карда тавонистани нӯктаи назари худ, рад кардани қоидаю назарияҳои ғайриилмӣ фаҳмида мешавад. Маҳорати ҷаҳонибинии устувор зимни гуфтору амали ашхос зоҳир мегардад, чунки ҳар фард фаъолияту рафтори худро тибқи эътиқоди худ пешбарӣ менамояд.

Дар мактаб ҷаҳонибнии шахсиятро худомӯзӣ, мушоҳида ва таҷрибакуниҳо пойдор мегардонанд. Худомӯзӣ шахсиятро ба зинаҳои баланди хирадмандӣ ва бузургӣ мебардорад.


[1] Њ. В. Кошифӣ. Футувватномаи Султонӣ. Душанбе, 1991. – с. 3 – 13.

[2] Лутф. М. Педагогикаи шафқат. – Душанбе, 1994. – с. 3 – 29.

[3] Ушинский К. Д. Соч. – М., 1949. Т. 7., с. 332.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *