Фанни Педагогика

Шакл ва методҳои асосии корҳои беруназсинфии мактибён

Чунонки дар фавқ ишора карда будем, корҳои беруназсинфии кӯдакон бештар дар шакли оммавӣ ва гурӯҳӣ бурда мешавад. Барои ҳалли вазифаҳои тарбиявии доираи васеи толибон шаклҳои умумии корҳои беруназсинфӣ қобили қабуланд. Дар фаъолияти таҷрибаи муаллимони мактаби ҷумҳурӣ ҳоло системаи гуногуни шаклҳои ташкили корҳои беруназсинфии талабагон арзи вуҷуд дорад.

Дар ташкил ва гузаронидани корҳои ғайрисинфӣ бо мактаббачагони хурдсол нақши барандагӣ бар дӯши муаллими синфи ибтидоӣ аст, вай бо дархости волидайн, бо имдоди аҳли ҷомеа ин корро ба сомон мерасонад. Вай ин корҳоро ба хотири рушди қобилияти эҷодӣ ва болу пар бахшидани истедодҳои дастпарварони худ ва ба хотири беҳрӯзиҳои ояндаи инсоният мекунад.

Маҳфилҳо яке аз шаклҳои умумии корҳои ғайридарсӣ ба шумор меравад. Махфилҳо кӯдаконро ба як мақсади муайян барои машғулияти фаннӣ, техникӣ, шӯъбаҳои спортӣ муттаҳид мегардонанд. Мақсади ташкили маҳфил барои талабагони синфҳои ибтидоӣ – ворид намудани кӯдакон ба олами илм ва техника, рушду нумӯъ додани қобилияти эҷодӣ ва аломатҳои фавқулодда ташаккул додани маҳорат ва малакаҳои амалӣ, донишҳои дар маҳфилҳо ҳосилкардаро дар дарсҳо истифода бурдан.

Шавқи кӯдакони синфҳои ибтидоӣ ноустувору тағйирёбанда аст, барои ҳамин ҳам маҳфилҳо бояд тавре ташкил карда шаванд, ки завқи ононро барангезанд. Маҳфилҳо на барои фанни алоҳида, балки соҳаҳои гуногуни донишро фаро гиранд. Бештар маҳфилҳо дар синфҳои ибтидоӣ чунин ном мегиранд: «Дастони моҳир», «Олами аҷоибот», «Ҳунармандӣ», «Табиат ва сайри хаёлот», «Табиатшиносони ҷавон».

Ҳар маҳфил бачаҳои фаъол ва сардор дорад. Маҳфил дар асоси нақшаи муайяне, ки бо назардошти талаботу дархости кӯдакон, инкишофи онҳо ва барномаи таълимии синфҳои ибтидоӣ тартибдодашуда бурда мешавад. Онҳо камаш моҳе як маротиба баргузор мегардад ва давомдории машғулиятҳои он сӣ – чил дақиқа бояд бошад. Машғулияти ҳар маҳфил ҳамон вақт бо муваффақият мегузарад, ки ба он тайёрии пухта дида шавад. Одатан ҳамаи талабагони синф ба маҳфилҳои шавқовар иштирок кардан мехоҳанд. Дар чунин ҳолат муаллим ба ҳар кадоми онҳо супориш медиҳад, сипас ба иттиҳоди он ба гурӯҳи шавқмандон шомил мекунад. Ин ҷо мо мисоле овардаи Л. Р. Болотинаро истифода мебарем: «дар нақшаи кории маҳфили «Табиат ва фантазия» машғулиятҳои «Неъматҳои тирамоҳ» дохил карда шудааст. Мактабиён супоришҳои гуногун мегиранд: интихоб кардан ва аз ёд кардани шеър оид ба тирамоҳ; иҷро кардани асари мусиқӣ дар барои тирамоҳ (чунончи, «Духтари пахтачин», оҳанги халқии тоҷикӣ, такмили Ё. Сабзанов); ташкил кардани намоиши неъматҳои тирамоҳ; тайёр кардани ҳикояҳо роҷеъ ба меҳнати одамон дар тирамоҳ; дар бораи хусусиятҳои ҳаёти ҳайвонот дар ин фасли сол; ташкил кардани намоиши адабиёти бачагона дар бораи тирамоҳ; намоиши расмҳои бачагона»[1].

Алалхусус, тайёрии ҷиддии муаллим ба маҳфил имконият медиҳад, ки тамоми иштирокчиёнро бо фаъолиятҳои гуногун фаро гирад.Бахусус мактабиён бештар ба маҳфилҳои мусиқӣ, хореографӣ, дастаи сарояндагони хор, драма ва маҳфили театри лӯхтак завқ доранд. Аммо на дар ҳамаи мактабҳои мо гузаронидани онҳо имконпазир аст. Вале, агар муаллимон, падару модарон, талабагони синфҳои боло ва муассисаи сарпарастӣ мадад расонанд, онҳоро дар ҳар мактаб ташкил кардан мумкин аст. Ҷиҳозонидани таетри лӯхтак чандон душвори намуекунад, хароҷоти зиёдро талаб намекунад. Дар ин маҳфил кӯдакон худашон лухтакҳо месозанд ва худашон дар спектакл бозӣ мекунанд.

Маҳфилҳои мактабӣ ва беруназмактабӣ аҳамияти иҷтимоӣ доранд, дар машғулиятҳои онҳо кӯдакон дар рӯҳияи ғамхорӣ ба одамон тарбия карда мешаванд. Дар маҳфили «Ҳунаромӯз»

кӯдакон мебелҳои кӯдакистонро таъмир мекунанд, барои атфоли синни томактабӣ бозичаҳо месозанд. Дар маҳфили «Ҳунарҳои дастӣ» китобҳои китобхонаро ширеш мекунанд, бозиҳои рӯимизӣ тайёр менамоянд. Дар маҳфилҳои «Табиатшиносон», «Гулпарварони ҷавон» барои мактаб, кӯдакистон, муассисаи сарпараст гулҳо месабзонанд. Дар ҳудуди мактаб ва кӯдакистон кӯчатҳои гул мешинонанд. Нисбати кори маҳфил талабагон дар намоишгоҳи эҷодиёти кӯдакон, мавриди баромадҳои худфаъолиятӣ, спектаклҳо, мусобиқаҳои спортӣ, конкурсҳо, дар баромадҳои назди волидайн ва кормандони истеҳсолот ҳисобот медиҳанд.

Саёҳат ҳам ба шакли корҳои умумии беруназсинфӣ дохил мешавад. Саёҳат ба табиат, боғи ҳайвонот, музейҳо, ба истеҳсолот, хоҷагиҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад, он аҳамияти калони тарбиявӣ дошта, аз муаллим тайёрии махсусро талаб мекунад.

Дар мактаб таъсис додани музейҳои гуногун ҳам шакли фаъоляити умумӣ гирифтааст. Музеи адабӣ – таърихӣ яке аз онҳо мебошад, ки дар ташкил кардану ҷамъоварӣ намудани нигораҳои он талабагони синфҳои ибтидоӣ низ иштрок мекунанд.

Идҳо ҳам ба шакли корҳои оммавии талабгони мактаб дохил мешаванд. Идҳои ба талабагони синфҳои ибтидоӣ тааллуқдор инҳоянд: «Занги аввалин», «Иди Алифбо», «Иди солинавӣ – арча», «Рӯзи артиши миллӣ», «8 – март», «Иди Наврӯз», «Иди паррандаҳо» ва ғайра. Дар ин идҳо талабагон бо завқу шавқи тамом тайёрӣ мебинанд.

Бисёрии корҳои гуногуни шакли оммавии беруназсинфӣ ба хониши беруназсинфӣ вобастагӣ дорад. Ба ин викторинаҳои адабӣ, ҳафтаҳои китобҳои бачагона, театр, конференсияи китобхона, вохӯрӣ бо адибонро нишон додан мумкин аст. Нисбати ин корҳо ба муаллимони синфҳои битидоӣ китобдори мактаб ёрӣ мерасонад.

Муаллимони синфҳои ибтидоӣ дар фаъолияти амалии корҳои беруназсинфӣ аз методҳои сӯҳбати этикӣ, мубоҳиса, ҳикоя, гузаронидани мизи мудаввар, намоишдиҳӣ, методҳои фаъоляити амалӣ (сохтани асбобҳои гуногуни техникӣ, супоришҳои фардии меҳнатӣ ва ғ.), методҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ (мукофотонӣ, маҳкум кардани муносибатҳои нодуруст), методҳои назорат – мушоҳида, сӯҳбати контролӣ, истифодабарии саволнома ва амсоли инҳо истифода бурда метавонанд. Вазифаҳои омӯзгорони маҳфилҳои муассисаҳои беруназмактбӣ аз методу воситаҳои гуногун истифода бурда, кори маҳфил, шӯъба, клуб ва ғайраҳоро пурмазмуну шавқовар гардонидан, дар як муддати кӯтоҳ ташаккул додани донишҳои зарурӣ, маҳорат ва малакаҳо иборат аст.

Вазифаи басо муҳими муассисаҳои беруназмактабӣ, ки «якҷоя бо муассисаҳои таълиму тарбия, коллективҳои меҳнатӣ, кооперативҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои эҷодӣ, ширкатҳо, хазинаҳо, шаҳрвандон ташкил карда мешавад ва ба интихоби ихтиёрии навъи муассисаҳо ва майлу рағбати алоқамандон асос меёбанд»[2], машғулиятҳоро пурқувват кардан аст. Аз ин лиҳоз робитаи муассисаҳои беруназмактабиро бо мактаб устувор бояд кард.

Корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ дар шаҳру ноҳияҳо таҳти роҳбарии умумии Шӯрои депутатҳои халқӣ ва шӯъбаҳои маориф мегузарад. Дар мактаб ва муассисаҳои берун аз мактаб роҳбарӣ ба ин корҳо бевосита ба зиммаи ҷонишини директори мактаб – ташкилотчии корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ мебошад. Вай бояд вазифаҳои зайлро иҷро кунад: ба нақша гирифтани корҳои тарбиявии ғайрисинфӣ ва назорат аз болои иҷроиши онҳо; бо ёрии коллективи педагогӣ, хонандагони фаъол, кумитаи талабагон дуруст ба роҳ мондани корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ; ёрии методӣ расонидан ба муаллимон ва роҳбарони синф, ба кумитаи талабгони фаъол дар бобати гузориши дурусти корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ; ташриф овардан дар гузаронидани чорабиниҳои муҳими тарбиявии умумимактабӣ ва байнимактабӣ; васеъ истифода бурдани муассисаҳои маданӣ, тарбиявии кӯдакон ва ҷамоатчигӣ дар ташкили дамгирии талабагон.

Санҷиши контролӣ

  1. Моҳияти рушди ҳамаҷониба доштани корҳои беруназсинфиро ифшо диҳед.
  2. Аз принсипҳои асосии ташкили корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ ном баред.
  3. Корҳои беруназсинфии ягон муаллимро омӯзед ва назардоштҳои худро нисбати онҳо муқоиса кунед.
  4. Фарқияти шаклҳои ташкилии корҳои тарбиявии беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ дар чист?
  5. Пайваста ба шароити мактаби маҳалли зисти доимии худ нақшаи корҳои тарбиявии беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ тартиб диҳед.

Адабиёт барои худомӯзӣ

Вулфов Б. З., Поташник М. М. Организатор внеклассной и внешкольной воспитательной работы. – М., 1881.

Кутьев В. О. Внеклассная деятельность школьников. – М., 1983.

Фролова Г. И. Организация и методика клубной работы с детьми и подростками. – М, 1986.

Эстетическое воспитание учащихся во внеклассных учреждениях (сост. Л. А. Сахарова, А. И. Шахова). – М., 1986.

Воспитательные работы с учащимся внешколы (Под ред. Л. М. Николаевой). – М., 1981.

Раҳимов Х. Педагогика. – Душанбе, 1997.

Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. – Душанбе, 2000.


[1]Педагогика (Под ред. С. П. Баранова и В. А. Сластенина). – М., 1986, — с. 308.

[2] Ќонуни Љумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф». — Душанбе, 1994, моддаи 13

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *