Фанни Забони точики

Ибораҳои исми

Исм дар ибора ҳамчун меҳвар воқеъ шуда, ҳамаи ҳиссаҳои мустақили нуткро тобеъ менамояд. Ҷузъҳои тобеъ ба исм бо бандаки изофӣ, пешоянду пасоянд ва алоқаи ҳамроҳӣ вобаста мешаванд. Ибораҳои исмӣ муносибатҳои муайянкунандагӣ, ҳолй, пуркунандагӣ ва субъектиро мефаҳмонанд.

ИБОРАҲОИ ИСМИИ ИЗОФИ

Ибораҳои исми аз ҷиҳати таркиби морфологии ҳиссаҳои худ гуногун мешаванд.

Ибораҳои исми бо   исм

***** Ин қабил ибораҳо муносибати муайянкунандагиро бо тобишҳои гуногун ифода менамоянд.

  • Муносибати соҳибиро мефаҳмонанд. Дар ин гуна ибораҳо ка­лимаи тобеъ шахсеро нишон медиҳад, ки предмети дар калимаи асосӣ ифодагашта ба он тааллуқ дорад:

Стакани шофёр,    хари Рустам,   пахтаи тоҷик, олимони тоҷик,  замини  деҳқон

Муносибати предметро бо ном нишон медиҳанд: растай Сӯзангарон, бозори корд, газетаи «Тоҷикистони советӣ»

  • Муносибати касбу ҳунарро мефаҳмонанд. Калимаи асосии ин ибораҳо аз исмҳои шахc, чузъи тобеъ аз исми амал ва касбу ҳунар ташкил мегардад: лётчики фалакпаймо, Аҳмадҷони машкоб
  • Нисбати ҷузъро ба кулл ифода мекунанд. Дар ин ибораҳо калимаи асоси ҷузъи предмет, калимаи тобеъ кулли онро далолат мекунад. Калимаҳои асосӣ ва тобеи ин ибораҳо бо исмҳои конкрет ифода меёбанд: Панҷаҳои Дастони ӯ, пошнаи музааш, Нуги шохе, зулфҳои Гуландом.
  • Муносибати шахсро ба ташкилот, вазифа ва машғулият ифода мекунанд. Дар онҳо калимаи асосй шахсро, калимаи тобеъ ташкилот ва машғулиятро нишон медиҳад: коркуни раиси колхоз.
  • Муносибати замониро ифода мекунанд. Калимаи асосии ин, ибораҳо бештар бо исмҳои замон ва калимаи тобеъ ҳам бо исми за­мой ва ҳам бо исми маънй ифода мешавад:

…рӯзи ҷумъа, шаби баҳор, нисфи шаб, вақти хоб.

  • Муносибати макониро ифода мекунанд. Калимаи асосии чунин нбораҳо номи ҷой, калимаи тобеашон макони ҷузъи асосиро ни­шон меднҳад ва бо исмҳои макон ифода мегардад: Сандалии меҳмонхона, лои куча, чорсӯи Ғиҷдувон.

 Ибораҳои исмӣ бо   сифат

  1. 1. Ибораҳои исмӣ бо сифати аслй. Сифатҳои дараҷаи олӣ ва оддӣ ба исм ғайр аз изофат, бо роҳи алоқаи ҳамроҳй низ тобеъ меша­ванд, вале сифатҳои дараҷаи муқоисавӣ фақат ба воситаи бандаки изофӣ ба исм тобеъ гардида, муносибати атрибутиро (монандӣ) бо тобишҳои гуногуни ранг, ҳаҷм, ҳолат, аломати физикӣ ва масоҳавӣ, хосияти зоҳирӣ ва ботинӣ мефаҳмонанд. Гуногунмаъноии ибора ба гуногунии маънои луғавии ҷузъҳои он вобаста аст.

Ибораҳое, ки аз исм ва сифатҳои ифодакунандаи ранг ташкил ёфтаанд, хосияти предметро аз ҳар ҷиҳат ифода мекунаид:

а)  аз ҷиҳати аломати зоҳирӣ: пиёзи кабуд, алафи кабуд, кулоҳи сабз

б)   аз ҷиҳати хислати ботинй: муридони соддадил, дастони оҳанини

в)  аз ҷиҳати ҳолат: чашмони беҷо, чанд қатра ашки фарах, табассуми шодмонӣ

г)   аз ҷиҳати хислат: табақаи паст, сӯҳбатҳои самимона, муҳаббати софдилона

д)   аз ҷиҳатн ҳаҷму андоза: кӯчаҳои тангу тор, ниҳолҳои қади одам баланди пахта

  1. Ибораҳои исмӣ бо сифати нисбӣ. Дар ин ибораҳо ҷузъи тобеъшаванда аломати ҷузъи асосиро вобаста ба нисбати он ба предметҳои дигар муайян менамояд. Сифати нисбӣ ба исм бо алоқаи ҳамроҳӣ тобеъ намешавад. Ин ибораҳо алоқамандона бо маънои луғавии ҷузъҳо муносибатҳои синтаксисиеро ифода мекунанд, ки дорои тобишҳои гуногунанд:

а)   таъинотро ифода мекунанд: ҷавонони ҷангӣ, суруди арӯсӣ, фермаҳои говдорӣ.

б)  маконро ифода мекунанд: саёҳати саҳро, ҳезумфурӯши варзобӣ, хонаҳои европоӣ

собуни  ироқӣ,  хонаҳои  европоӣ,  тути  балхӣ,  гулҳон куқанди:

в)  аз кадом материал сохта шудани предметро мефаҳмонанд. Дар ин ибораҳо ҷузъи тобеъ аз кадом материал сохта шудани ҷузъи асосиро нишон медиҳад; кӯпруки оҳанин, зарфи шишагин, халтачаи чармин, косаҳои сафолин, мӯкии пӯститакагӣ;

г)  монандй ва муқоисаро ифода мекунанд. Ҷузъи асосии ин ибораҳо бо исмҳои конкрет, чузъи тобеашон бо сифатҳои нисбии аз исми конкрет сохташуда ташкил меёбанд. Ин ибораҳо ба шакли зоҳирии предмете, ки ҷузъи тобеъ нишон медиҳад, монанд будани ҷузъи асосиро далолат мекунанд: ҳалвои собунӣ, чашмҳои бодомй, меҳрубонии модарона;

ғ)   тарзи иҷрои амалро мефаҳмонанд. Калимаи асосии ин ибораҳо бо исмҳои амал ва чузъи тобеъ бо калимае ифода мешавад, ки амал ба воситаи он иҷро шудааст: каналковии дастӣ, меҳнати фикрӣ,

д) ҳаҷм ва андозаро нишон медиҳанд. Ҷузъи асосии ин гуна ибораҳо бо исмҳои конкрет ва макон, ҷузъи тобеашон бо сифатҳои мураккабе, ки таркиби морфологии онҳо аз шумораю ном ва суффикси -ӣ /-гӣ/ иборатанд, ташкил меёбанд: сангҳои панҷпутӣ, оро дода шудагӣ;

е) замонро мефаҳмонанд. Ибораҳои мазкур вобаста ба маънои луғавии ҷузъҳо тобиши вақти конкрет ва мӯҳлати муайянро ифода менамоянд: духтари нӯҳсола, кори яксоата  курси  чормоҳа;

 

Ибораҳои исми бо шумора

1 Шумораҳои миқдорӣ ба воситаи бандаки изофӣ ба исм хеле кам вобаста мегарданд. Чузъи асосии ин гуна ибораҳо исми замони ифодакунандаи воҳиди вақт мебошад, ки шумораҳои миқдориро тобеъ менамояд. Дар ин қабил ибораҳо ҷузъи асосӣ замонро ба таври умумӣ фаҳмонад, ҷузъи тобеъ (шумора) ба он маънои конкрет дода, вақти муайянро далолат мекунад: соати се, чашни 1150-солагӣ, соати ҳашти бегоҳӣ, соатҳои шаш

  1. Ибораҳои ному шумораҳои тартибӣ. Ибораҳои исмии бо шумораи тартиби предметро мувофиқи тартиб ва мавқеи ҷойгирифт муайян мекунанд. Калимаи асосии ин гуна ибораҳо бештар бо исмҳои ифодакуиандаи замону макон ва шахс ифода меёбад: рӯзи ёздаҳум, рафиқи саввумин, солҳои бистум, солҳои 1927-29.
 Ибораҳои исмӣ бо ҷонишин

Исмҳо ба воситаи бандаки изофӣ ҷонишинҳои шахсӣ, нафсӣ, таъинӣ, саволӣ, муштараквазифаро тобеъ мекунанд. Ин ибораҳо тобишҳои гуногунро ифода менамоянд:

  • Ибораҳои исмӣ бо ҷонишини шахсӣ. Ин гуна ибораҳо якчанд тоби­ши маъноиро ифода мекунанд:

а)   соҳибиятро мефаҳмонанд. бошишгоҳи ман,  ҳуҷҷатҳои онон, бозувони ӯ, шубҳаи вай, Ватами мо;

б)   муносибати субъектиро мефаҳмонанд. Дар чунин ибораҳо калимаи асосӣ бо исми амалу ҳолат ва чузъи тобеъ бо чонишини шахсй ифода меёбад: рақси ман, яккагардии онҳо, роҳи тайкарди ту;

в) муносибати объектиро ифода мекунанд, Калимаи асосй амалу процесс ва калимаи тобеъ шахсеро нишон медиҳад, ки амали кали­маи асосӣ ба он равона карда шудааст. Ба вазифаи чузъи тобеи ин ибораҳо аксар чонишини шахси сеюми ӯ меояд: бемордори ӯ, ҳамроҳии ӯ

  • Ибораҳои исмӣ бо ҷонишини нафсй. Дар ин ибораҳо агар калимаи асосӣ бо исмҳои конкрет ифода ёбад, муносибати соҳибӣ мушоҳида мешавад: либоси худ, китоби худ, хонаи худ ва ғ. Ба вазифаи чузъи асосии ин ибораҳо исми маъно низ меояд: фикри худ, сухани худ, маслиҳатҳои худ.

Агар калимаи асосии ибора бо исми амал ифода шавад, муноси­бати субъектӣ ба амал меояд: ҷустуҷӯи худ, хониши худ, манзили хеш, адои вазифаи худ;

  • Ибораҳои исми бо ҷонишини таъинй. Аз ҷонишинҳои таъинй бо алоқаи изофӣ фақат чонишини ҳама ба исмҳои шахе тобеъ меша­вад. Дар ин ибораҳо вобаста ба маънои луғавии исм чонишини ҳама кулли предметро мефаҳмонад: ҳаёти ҳама, ҷеҳраи ҳама.
  • Ибораҳои исми бо ҷонишини саволй. Танҳо чонишини са­волии кӣ бо бандаки изофӣ ба исм тобеъ мегардад. Дар ин ибораҳо, ки соҳибияту мансубиятро ифода мекунанд, чузъи асосй бо исми шахс ва ё ашьё ифода меёбад. Як хусусияти фарқкунандаи ин ибораҳо дар он зоҳир мегардад, ки ҷузъи тобеъ (кӣ) бештар ба ибора тобеъ мешавад: акси назораи кӣ, ёди қомати кӣ, барқи шарораи кӣ ва ғайра.

Ибораҳои исму ҷонишинҳои муштараквазифа. Аз ҷонишинҳои муштараквазифа танҳо ҷонишини дигар бо алоқаи изофӣ ба исм тобеъ мегардад. Ин ибораҳо вобаста ба маънои луғавии калимаҳо муносибати номуайяниро мефаҳмонанд: мактаби дигар, давру даврони дигар

Ибораҳои  исмӣ  бо сифати феълй
  • 646. Сифати феълӣ ба исм асосан бо бандаки изофи тобеъ мешавад. Ба вазифаи чузъи асосӣ ҳама гурӯҳи луғавии исмҳо ва ба вазифаи ҷузъи тобеъ сифатҳои феълии замони гузашта, ҳозира ва оянда меоянд.
  • Ибораҳои исми бо сифати феълии замони гузашта. Сифати феъ­лии замони гузашта ба исм бештар тобеъ мегардад ва муносибати гуногунро мефаҳмонад:

а) ҳолати предметро мефаҳмонанд: шахси мадҳушафтода, шахси сархушгашта, чашмони сурхшуда;

б) мавқеи предметро нишон медиҳад. Ба вазифаи чузъи асосй бештар исмҳои конкрет меояд: одамҳои омадагӣ, шахсони будагӣ;

  • Ибораҳои исми бо сифати феълии замони ҳовира ва оянда. Ибораҳои қолиби исму сифати феълии замони ҳозира нисбат ба ибораҳои колиби исму сифати феълии замони оянда серистеъмоланд. Калимаи асосии ин ибораҳо исми шахс, инчунин исми маънӣ ва кон­крет мебошад. Ибораҳои исмӣ бо сифати феълии замони ҳозира ҳам бо дигар калимаҳо шарҳ ёфта, тафсил меёбанд ва чунин маъноҳоро ифода мекунанд:

а) ҳолати предмет: офтоби фуру рафта истода, мотори вижжос зада истода

б)  хусусияти шахс, предмет ва ҳодиса одамони аз вай ҳасрат мекардагӣ,  хомӯшкунанда;

в)  ҳаракати предмет. Дар ин ибораҳо дар байни чузъҳо бештар исми макон меояд:

ба деҳаи мо меомадагйӣ,  роҳи  афтаистода .

 

  1. Иборақои исмӣ бо масдар

Ибораҳои исмие, ки чузъи тобеашон масдар аст, камистеъмоланд. Исмҳои замон ва маънй масдарро тобеъ намуда, муносибатҳои муайянкунандагӣ — ҳолӣ (замон, мақсад, хоҳиш, орзу, ният ва амсоли инро) ифода менамоянд: вақти рафтан, рӯзи рафта истодан, рӯ ба рӯ шудан, ҳаваси шунидан, қасди газидан

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *