Фанни Забони точики

Масъалаҳои асосии фразеологияи муосир

Доир ба таърихи омузиши фразеология дар забонҳо муқоисавӣ

Мусаллам аст, ки асосҳои фразеологияро забоншиносони хоричӣ дар ибтидои асри XX замина гузоштаанд.

Чуноне ки дар боло қайд кардем, забоншиноси номӣ Шарл Балли, ки метавон асосгузори назарияи фразеология шуморидан мумкин аст, якумин маротиба ба таснифоти ибора машғул шуд ва чор навъи онро муайян намуд: а) ибораҳои озод; б) ибораҳои маъмул; в) қаторҳои фразеологӣ; г) ибораҳои фразеологӣ.

Вай ҳамоно ҷараёни бавуҷудоии воҳидҳои фра­зеологӣ, ки натиҷаи такрор ва мустаҳкамии ҳамешагиро доро аст, фаҳмонида истодааст. Ақидаҳои Ш. Балли оид ба ин масъала минбаъд ба таснифоти ибораҳои рехта ва муайян кардани мувофиқати воҳиди фразеологӣ бо калима замина гузошт.

Дар инкишофи назарияи фразеологияи англисӣ корҳои забоншиноси машҳури Логан П.Смит нақши муҳимро мебозад. Диққати асосии олимро идиомаи лексикӣ, пеш аз ҳама идиомаҳо, ки хусусияти экспрессивии калимаро таҷассум менамояд, ҷалб мекунад. Олим асосан сохтори лексикии ВФ-ро тадқиқ намудааст. Бо вуҷуди ин, масъалаҳои муҳим ба монанди семантикаи ВФ, типологияи сохторӣ- семан­тики, мавҷудияти калимаҳои озод ва ибораҳо дар таркиби фразеологизмҳо аз назари таҳқиқи муаллиф дур мондааст.

Таснифоти Логан П.Смит гурӯҳҳои «идиомаҳои лексики» мӯътамад шуморидан мумкин нест, зеро он ба аломатҳои асосии фразеологизмҳо асос наёфтааст.

Дар корҳои Х.Квасарес ва Логан П.Смит маводҳои фаровони намунавӣ вуҷуд дорад, ки дар он якчанд ғояҳои аслӣ инъикоси худро ёфтааст. Тасни­фоти ибораҳои фразеологӣ ҳам аз таҷриба гузашта- анд. Новобаста аз арзиши баланди илмӣ тадқиқот хусусияти эъҷозиро дорост.

Г.Суит ба принсипи дигари таснифоти воҳидҳои фразеологӣ ишора мекунад: 1) зарурати фарқ намудани аломатҳои фразеологизмҳои релевантивӣ ва ғайрирелевантивӣ; 2) фарқ карда тавонистани ибораҳои тағйирёбанда, ки қисмҳои он аз нуқтаи назари лексикӣ мустақил нестанд, инчунин ибораҳое, ки қисматҳои онҳо маънои аввалаи худро гум кардаанд; 3) мавҷудияти ҳиссачаҳои тағйирёбанда дар сохтори фразеологизмҳо, ки новобаста аз дигаргун- шавии онҳо, ибораҳо шакл ва маънои худро гум намекунад; 4) принсипи дигаргуншавии ВФ дар ҳолати синхронии забон (фразеологияи синхронӣ) ва ғ.

Баъд аз кори Ш. Балли доир ба муаммои гуногуни фразеологӣ олими забоншиноси испанӣ X.Касарес диққати махсус медиҳад, ки се намуди ибораҳои фразеологиро нишон медиҳад: а) ибораҳои номӣ; б) конструксияҳои феълӣ; в) зарбулмасалҳо. Ақидаи Х.Касарес дар мавриди он, ки зарбулмасал ва мақолҳо ҳамчун як намуди ВФ таҳқиқ карда мешаванд, сазовори диққатанд.

Хизмати намоёни олими забоншинос О. Есперсенро дар муайян намудани муаммои устувории алоқаи калимаҳо назаррас аст. Вай ҳамаи ибораҳои устувори забонро ба шаклҳо ва конструксияҳои озод ҷудо мекунад. Дар нутқ конструксияҳои озод ҳама вақт шакли одиро қабул мекунад, вале гурӯҳҳои луғавии устувор аз нав ба вуҷуд наомада, дар зинаҳои муайян такроран истифода бурда мешавад, яъне дар намуди тайёр.               Муаммои ибораҳои устувор дар корҳои Е.Крейзинг, В.Графф, А.Кеннеди, В.Болла ва дигар забоншиносони хориҷӣ қисман тадқиқ гардидааст. В.Графф ҳамаи намудҳои ибораҳои устуворро бо истилоҳи «формула» муттаҳид мекунад. «Формула» — ин ибораи устувори калима буда, ба тағйироти ин ё он қисм мусоидат мекунад, ки дар натиҷа ибора маънои умумии худро гум мекунад. Вай мавҷуд будани вари­антҳои сершуморри фразеологизмҳоро дар забони англисӣ ба эътибор намегирад, бо далели он ки чӣ кадар формула асоси идиоматӣ пайдо кунад, яъне чӣ кадар маънои алоҳидаи ҳиссаҳо зери таъсири маънои умумӣ карор гирад, ҳамон кадар ба калимаи мураккаб наздик мешавад.

Ақида ва мушоҳидаҳо дар бораи фразеология ва гуфтори олимони хориҷии дар боло зикргардида хусусияти сатҳиро мемонад ва натиҷаи амиқи тадқиқоти илмӣ ба ҳисоб намеравад. Танҳо корҳои Ш.Балл ва Х.Касарес ба камбудиаш нигоҳ накарда, то ҳол арзиши худро маҳфуз доштааст.

То академик В.В.Виноградов дар корҳои за­боншиносони рус танҳо гуфторҳои алоҳида ва мушоҳидаи нисбатан фразеологӣ ёфтан мумкин буд. Дар миёни онҳо Потебня А.А. (гузоштани муаммо оид ба шакли дохилии фразеологизмҳо), Срезневский И.И. (алоқаи фразеология бо калимасозӣ), Фортуна­тов Ф.Ф. (дар бораи калимаи муғассил ва нутқи мутассил), Шахматов А.А. (таҳлили ибораҳои ҷудонопазир), Поливанов Е.Д. (оид ба дохил намудани фра­зеология ба шуъбаи асосии илм дар бораи забон таъкид кардааст) (Поливанов 1928, 119) номбар кар­дан мумкин аст.

В.В.Виноградов ба фразеология ҳамчун соҳаи лингвистика асос гузошта, масъалаҳои зиёди хусусияти умумидоштаро муайян ва баррасӣ намуд.

Корҳои В.В.Виноградов оид ба фразеология дар забоншиносон шавқи беандозаро бедор кард. Таркибҳои фразеологӣ баъд аз нашр шудан предмети омузиши ҳамаҷониба гардид ва пажӯҳиши ҷанбаҳои сохторӣ, семантикии таркиби грамматикӣ, баромад ва хусусияти услубӣ оғоз ёфт.

Баъд аз мақолаи В.В.Виноградов дар забоншиносии русӣ мақолаҳои хурду бузург, монографияҳо ва фишурдаҳои илмӣ ба вуҷуд омад. Забоншиносони собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ ва олимони хориҷӣ дар асоси ақидаи назариявии В. В. Виноградов ба пажӯҳиши фразеологии забонҳои хеш пардохтанд.

Олимони шӯравӣ (1950-2005) дар корҳои нави худ барои боз ҳам чуқур омӯхтани масъалаи таснифот ва омӯзиши сохтор ва семантикаи фразеоло- гизмҳоро камар бастанд. Онҳо ақидаҳои академик В.В.Виноградовро натанҳо вусъат бахшиданд, балки ба мафҳумҳои зиёде равшанӣ андохта нишон доданд, ки дар ҷараёни тадқиқоти ин ё он забон бояд хусусиятҳои забонии онро ба эътибор гирифт. Инак, дар маркази тадқиқоти Б.А.Ларин таҳлили фразеологизмҳо, ҷамъбасти раванди семантикӣ-фразеолологӣ аз нуқтаи назари семантикӣ қарор дорад (Ларин 1977, 125-129). Андешаҳои В.В.Виноградов дар кори А.И Ефимов ба таври васеъ натиҷагирӣ карда мешаванд. А.И Ефимов ду доираи ВФ-ро ҷудо мекунад: ба доираи якум вай ВФ, В.В.Виноградов ҷудо намудааст, яъне воҳидҳои фразеологии бо ибораҳо тавъамро дохил мекунад; доманаи доираи дуюм басо васеъ буда, зарбулмасал, мақол, аффоризмҳои ходимони адабиёт, ибораҳо ва қолабҳои устувори хусусияти илмӣ-истеҳсолӣ дошта, клишеҳои конселярӣ, ибороти соҳаи истеҳсолӣ-техникӣ ва ғайраро фаро мегирад: (Ефимов 1952, 68). Бар хилофи А.И.Ефимов С.И.Ожегов ВФ, ки тавассути онҳо ҷумлаҳо сохта мешаванд, ба маънои тангаш ба фразеология шомил менамояд (Ожегов 1984, 194).

И.А.Мелчук қайд мекунад, ки таснифоти мавҷуда ва тавсифи ВФ батамом мураттаб ва возеҳ нагардидаанд. Ҳамаи ибораҳо дараҷаи муайяни устувориро дорост. Ибораҳои устувор ба фикри Мелчук идиоматӣ ва ғайриидиоматӣ мешавад. Муаллиф вобаста ба ин чор намуди ибораро нишон медиҳад: 1. Ибораҳои идиоматии устувор; 2. Ибораҳои идиоматии ноустувор 3. Ибораҳои ғайридиоматии ноустувор; 4. Ибораҳои батамом озод ва ғайриозод: истилоҳоти таркибӣ, ибораҳои рехта, зарбулмасал, мақол ва ғ. (Мелчук, 1960 , ВЯ, № 4).

Ба фикри B.Л. Архангелский устувории ибораҳои фразеологӣ- маҷмӯи маҳдудиятҳо дар интихоби фразеологизмҳои тағйирёбанда ба ҳисоб ме- равад. Тағйикрёбии махсусиятҳои аъзоҳои ибораҳо ба таркиби ибораҳои фразеологӣ хос нест, ҳарчанде аз рӯи назария эквивалентнокии аъзоҳои он имконпазир аст. Мафҳуми В.А. Архангелский оид ба устувории ВФ барои муайян кардани он ҳамчун сохтори комплексӣ имкон медиҳад. Ба муносибати ҷузъҳои таркибии ВФ такя намуда вай қоидаҳои оригиналии устувориро пешниҳод менамояд. (Архангелский 1964, 39-62).

Ақидаҳои олими забоншинос А.И. Смирнитский оид ба муаммои тадқиқоти фразеологӣ низ аҳамияти калон дорад. Мавсуф дар асоси назарияи худ муқоисаи ВФ ва калимаро пеш мегузорад, ба аломатҳои фарқкунанда ва умумӣ равшанӣ меандозад ва фарқи семантикӣ, функсионалӣ ва сохтории ВФ-ро муайян менамояд. А.И.Смирнитский фразеологизмҳоро ба яктаркиба, дутаркиба ва бисёртаркиба, яъне таркибҳое, ки аз як калимаи мустақил ва як калимаи ёридиҳанда, аз ду ва зиёд калимаҳои мустақил иборатанд, ҷудо мекунад. А.И.Смирнитский фарқи «воҳидҳои фразеологӣ»-ро аз рӯи хусусияти функси­оналӣ нишон медиҳад: ибораҳои устуворе, ки маънои кӯчидаи худро гум кардаанд ва ё тамоман надоштанд, ҳамчунин «идиомаҳои хусусӣ».

Н.Н.Амосов ва А.В.Кунин дар кори худ намудҳои ибораҳои устуворро, ки меҳвари фразеологияро созмон медиҳанд, инчунин вобастагии калимаҳоро, ки байни фразеология ва синтаксис қарор дорад, ҷудо мекунад.

Н.Н.Амосова қайд мекунад, ки таҳлил ва таҳқиқи калима дар матн асоси методи омӯзиши фразеологияи забони англисӣ маҳсуб меёбад. Вай прин- сипи ҳал кардани масъалаи фразеологияи забони англисиро пешниҳод мекунад: таҳлили дар сатҳи синхронӣ; ҷудо кардани методи таҳлили ВФ аз таъсиррасонии мантиқӣ, равонӣ ва услубӣ; таҳлили муттаҳидшавии калимаҳо дар матн; омӯзиши ифодаҳои фразеологӣ дар шакле, ки дар нутқ истифода мегардад.

Н.Н.Амосов ВФ-ро ба ду гуруҳ ҷудо мекунад: фраземаҳо ва идиомаҳо, ки ҳар яке он ба воҳидҳои матнии фаъол ва ғайрифаъол ҷудо мешавад. Ан- дешаи Н.Н.Амосов во баста ба гузариши ибораҳои устувор ба ВФ маънои ҳосро доро аст.

А.В,Купим тули 10 сол дар бораи таркибҳои устувор тадқиқоти назаррасро ҷамъбаст намуда, мафҳумҳои асосии фразеологияи англисиро ҳамҷун фанни мустақили лингвистӣ такмил додааст. Инчунии аз тарафи ин олим таснифоти сохторӣ  семантикии ВФ-ии забоин англисии муосир ва принсипҳои тартиб додани луғати русӣ-англисии фразеологиро пешниҳод карда шудааст.

А.В.Кунин диққати асосиро ба тавсифи намудҳои тадқиқнагардида равона месозад, ки ба онҳо сохтори синонимӣ, зарбулмасалҳо, мақолҳо, фразеологизмҳо, унсурҳои архаистӣ, ибораҳои устувор, ки хусусияти фразеологӣ надоранд, дохил мешаванд.

Кори А.В.Кунин бештари маводи фонди фра­зеологияи забони англисиро фаро мегирад. Асосан, олим А.В.Кунин устувории ВФ-ро, ки тибқи тасни­фоти ӯ аз ин вариантӣ ва устувории таркиби он дар ҳолатҳои гуногун вобаста аст, чуқур тадқиқ менамояд.

Дар забоншиносии тоҷикӣ аввалин коркарди ВФ ба солҳои 40-50-уми асри XX рост меояд. Омӯзи­ши фразеологияи тоҷик дар доираи фразеологияи рус инкишоф ва рушд кард. Ин тадқиқотҳо хусусияти ҷустӯҷӯӣ пайдо карда, то ҳаддал имкон ба муаммо наздикӣ менамояд ва дар методикаи фразеологизми рус нақш мебандад.

Масъалаи фразеологияи тоҷикӣ аввалин маротиба дар корҳои пажуҳишгарони номии забони тоҷикӣ, ба монанди А.Мирзоев, Д.Т.Тоҷиев, Н.М. Маъсумй, Ш.Н.Ниёзй инъикоси худро ёфтааст.

ВФ ба монанди дигар категорияҳои лингвистӣ ба инкишофи забони ҳамаи мардум алокаи зиҷро до­роет. Аз ин ҷиҳат, дар ҳамин воҳидҳои устувори нутқ асосҳои забонӣ, фарҳанг, анъана ва психологияи ин ё он халқ инъикос мегардад. Ибораҳои фразеологӣ дар забони тоҷикӣ ҳам бештар мавҷуд аст, ки ҳамоно дар нутқи гуфтугӯӣ ва ҳам забони асарҳои бадеӣ васеъ истифода мегардад.

Яке аз аввалин корҳои тадқиқотии ба ин монанд «Очеркҳо»-и Носирҷон Маъсумӣ ба ҳисоб меравад, ки муаллиф доир ба корбурди ибораҳои фразеологӣ дар асарҳои бадеӣ таваҷҷуҳ намудааст.

Солҳои 60-90-ум доир ба фразеология тадқиқотҳои махсус ба вуҷуд меоянд. Корҳои аҷиби Фозилов  М.Ф.(1963), Ғаффоров Р. (1966), Юсупова М.(1966), Ҳушенова С.В.(1971), Ҳасанов И. (1974), Маҷидов X,. (1982) пешниҳод мегардад.

Ба нашр расидани луғати фразеологии Фозилов ‘’М. (1963) ҳодисаи басо фараҳбахш ба ҳисоб меравад, ки дар он зиёда аз 8 ҳазор сохтори гуногуни ВФ қайд гардидаанд ва як қатор инъикоси муаммои лексикографиву фразеологии тоҷикиро ёфтааст.

Кори Ҳушенова С.В. доир ба воҳидҳои фразео­логии изофӣ аввалин тадқиқоти назариявӣ дар забо­ни тоҷикӣ дар бораи ибораҳои устувори забони тоҷикӣ ба шумор меравад.

Масъалаи фразеологияи забони тоҷикӣ дар кори Маҷидов Ҳ хеле муфассал ҳалли худро ёфтааст (Маҷидов, 1966-2005). Дар бештари мақолаҳо, гузоришҳо ва кори босалобати алоҳидаи Маҷидов Ҳ. таснифоти семантики ҳамчун феъл, ҷун номҳои ВФ, воҳидҳои нутқи он: (фразеологизмҳо-калима, фразеологизмҳо-ибора. фразеологизмҳо-ҷумла), таркиби грамматикӣ, усули сохтор ва таркиби морфологии фразеологизми тоҷикӣ иигоҳ, дошта шудааст.

Тафсилоти намуди асосӣ дар заминаи мисолҳои муътамад ва услубҳои гуногуни забони дараҷаҳои ВФ ва маънои онҳо дар системаи воҳидҳои забонӣ ва нутқӣ дар асоси сатҳи назарияи умумии забоншиносии муосир таҳлил карда шудааст.

Доир ба тадқиқоти ВФ-и забони тоҷикӣ нашри монографияи Маҷидов Ҳ. «Фразеологияи забони ҳозираи тоҷикӣ», ки соли 1982 аз ҷоп баромад, ҳоди- саи воқеӣ гардид.

Рисолаи доктории Саидов Р. (1995) ва як андоза монографияи Тилабов Б. (1974) ба масъалаҳои ВФ дар забони жанри фолклор равшанӣ андохтанд.

Асосгузорони фразеология ва ВФ дар забони форсии тоҷик корҳои Л.С.Пейсиков ва Ю.А. Рубинчикро шуморидан мумкин аст. Корҳои Ю.Ю. Авалиан. И А. Смирнова ва М.У.Хумоюн бо забони курдӣ; корҳои М.И.Исаев бо забони осетинӣ; С.В. Ҳушенова, А. Каримова ва дигарон бо забони помирӣ ба со­мон расида аст. Чи хеле ки С.В.Ҳушенов дуруст қайд мекунад: «Маълумотҳое, ки дар ин корҳо мавҷуд аст, таркиби қисми назарияи фразеологияи забонҳои эронӣ ба ҳисоб меравад» (1971).

Олимони помиршиносӣ дар тадқиқоти асосҳои семантикӣ ва соҳтории ВФ дар забони алоҳидаи помирӣ дастоварди муҳимеро касб намуданд. Бартарии кор ҳамон аст, ки онҳо ба муқоисаи типологияи забону адабиёти тоҷик ва шеваҳои забони тоҷикӣ муроҷиат кардаанд (Ҳушенова С.В., Каримова А.).

Баъдтар якчанд корҳои муқоисавӣ пайдо гардид, ки дар онҳо тадқиқоти ҷанбаҳои гуногуни ВФ дар забонҳои гуногун дучор гардиданд. Масъалаи корҳои ба мукоисаи англисӣ-тоҷикӣ бахшидаи Аҳмадҷонов А. (1970), Бобоев Э (1976). Баракаева Г. (1968) ва ҳам корҳои мо (Азимова 1999) ва дигарон мебошад.

Аввалин корҳои муқоисавӣ оид ба фразеологияи русӣ ва тоҷикӣ аз ҷониби Ҳ.И.Икромова (1967; 1968), Б.А.Тахохов (Тахохов 1974; 1988), М. Ибрагимова (1971), М. Юсупова (1966) ва монанди инҳо рӯи кор омадааст.

Бешак, ҳамаи тадқиқотҳои илмии дар боло зикргардида дастури таълимӣ, луғатҳо ва ғ. дар ин­кишофи фразеологияи тоҷикӣ ҳиссаи муайянеро гузоштаанд.

Омӯзиши корҳои илмӣ-тадкикотӣ оид ба фра­зеологияи тоҷикӣ нишон медиҳад, ки забоншиносони тоҷик то имруз кӯшиш доранд, то ки мустақилона тадқиқотҳои асосии ВФ-и забони тоҷикиро фаро гиранд.

Бешубҳа, саҳми академик В.В.Виноградов барои инкишоф ва сохтмони илми фразеология беназир аст. Бо вуҷуди он, ки то пайдо шудани тадқиқотҳои В.В.Виноградов, масъалаи воҳидҳои фразеологӣ дар забоншиносӣ диққати олимонро ҷалб карда, бошанд ҳам, асарҳои илмие, ки олими номбурда анҷом додааст, дар фразеологияи русӣ воқеан марҳилаи қатъиян инкишофи илми фразеология маҳсуб мешавад. Яке аз тадқиқотчиёни намоёни фразеологияи забони англисӣ дар инкишофи назарияи фразеологии муосир саҳми калон гузошта, Н.Н.Аммосов қайд мекунад: «Консепсияи академик В.В.Виноградов — ин зинаи   махсус дар рушди назарияи ибораҳои рехта: зинаи нисбатан баландтар дар муқоиса бо он ки дар забоншиносии русӣ то ӯ мавҷуд буд, мебошад». Дар корҳои В.В.Виноградов мафҳумҳои асосии фразеоло­гия ташаккул ёфта, самтҳои таҳқиқотҳои минбаъда , ҳаҷм ва хусусиятҳои он муқаррар карда шудаанд. Таълимоти В.В.Виноградов барои омӯзиши ВФ-и бештари забонҳо замина тайёр кард, ки оид ба фра­зеологияи забонҳои гуногун миқдори калони кор ба вуҷуд омад. Вай барои коркарди фразеологияи за­бонҳои тоҷикӣ ва англисӣ боис гардид. Дар корҳои зиёди худ дар соҳаи фразеологияи тоҷикӣ ва англисӣ, асосан дар давраҳои зинаи аввали ташаккули тадқиқот доир ба фразеологияи ин забонҳо асосан ба ақоиди В.В.Виноградов такя намуданд.

Нуқтаи назари В.В.Виноградов дар соҳаи илми фразеология як қатор олимонро ба гуногунандешӣ водор намуд. Чуноне ки Н.Н.Амосов қайд мекунад, ки мафҳуми истинод «маҷмӯи луғати устувор» дар намуди ҳақиқати баҳснопазир хоҳиш ва муайяну дақиқ накарда, хусусияти маводҳои русиро фаҳмонидан ғайриимкон аст. Н.Н.Амосов ҳамчунин ишора ба он мекунад, ки ба мафҳуми «воҳидҳои фразеологии бесабаб» В.В.Виноградов дар ҳамаи ҳолатҳои мушаххасу ҳақиқии аломатҳои муқарраргардида такя намекунад. Бино бар ин, на ҳама вакт имконияти ибораи рехта ва воҳиди фразеологиро маҳдуд сохт. Ин муаммо имрӯз ҳам ба мақсади ниҳоии худ нарасидааст.

Назари интиқодй таркиби васеъ ва гуногунии категорияҳои ВФ, ҳамчунин истилоҳоти техникӣ ва илмӣ, ибораҳои рехта, суханбозиҳо», иқтибосоти адабӣ, зарбулмасалу мақолҳоро ба вуҷуд меорад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *