Фанни Забони англисӣ

Тарҷумаи хабар дар ҷумлаҳои гуногун

 

Чӣ тавре, ки аллакай қайд карда шуд, хабар дар ҷумлаи забони англисӣ меҳвари ҳақиқие мебошад, ки ҳамаи аъзоёни ҷумла ҷазб мешаванд. Алалхусус, ҷои таъиншудаи инкорро пеш за хабар новобаста аз ба чӣ дахл доштани он аз рўи мазмун қайд кардан ҷоиз аст.

We do not advocate the rights of black Africans in order to drive white Africans.

Мо ҳуқуқҳои африкоиҳои сиёҳпустро ҳимоя мекунем, на аз барои он ки сафедпустони африкоиро бадарға кунем.

«Не wasn’t born here,» Leo said. «He was born in New York.»

«Вай дар ин ҷо таваллуд нашудааст, гуфт Лео. Вай дар Ню-Йорк таваллуд шудааст».

Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки дар забони тоҷикӣ инкор ба калима тааллуқ дошта, дар забони англисӣ инкор ба ҷумла тааллуқ дорад. Бинобар ин дар забони англисӣ инкор омили синтаксисӣ ва дар забони тоҷикӣ омили морфологӣ аст.

Мисоли қобиди тазакккури он, ки дар ҷумлаи инкории забони англисӣ инкор ба ҷумла, на ба аъзоёни алоҳидаи он дахл дорад, дар ҷумлаи мураккаби тобеъ инкорро ба ба сарҷумла мансуб донистан мебошад.

I don’t think we’ve been to the theatre for two or three years.

Фикр мекунам , ки мо ба муддати ду-се сол ба театр нарафтаем

«Do you think he’ll pay the money back?» «No, I don’t think he will. (…)

Не фикр мекунам, намедиҳад.

Зарфҳои замони муайян (often, never, ever ва ғ.) ҳамчунин бевосита пеш аз хабар меоянд. Дар ин маврид мушоҳида мекунем, ки ҳмаи ин зарфҳои миқдорӣ дар тафовут ба зарфҳои сифатӣ, ки одатан дар охири ҷумла меоянд, зарфи оnly дар бисёр ҳолат пеш аз хабар меояд, новобаста аз он, кик адом калимаро дар ҷумла вай муайян мекунад. (дар забони тоҷикӣ ҷои зарф ба мазмун рабт дорад)

I’ve only been along this road once.

Бо ин роҳ ман ҳамагӣ як маротиба рафтаам.

It only blooms tonight.

Вай танҳо ҳамин шаб гул мекунад.

Њамчунин тахмин кардан мумкин аст, ки мансуб донистани пешояндро дар охири ҷумлаи саволии махсус (What are you looking at?) ва дар охири ҷумлаи пайрави муайянкунандаи бепайвандак (The book you are looking for is on my desk) майли пешояндро ба хабар-феъли ҷумла (яъне, боз ҳам ба меҳвари ҷумла) фаҳмида мешавад. [1]

Аммо на танҳо зарфҳои миқдорӣ пешояндҳо ҳам сўи хабар –феъл май мекунанд. Ба онҳо ҳамчунин намудҳои ҳархелаи муайянкунандаҳои дахлдор сахт часпидаанд. Њамин тавр дар хабари таркибии номии бо феъли «to be + сифат» ҳоли андоз ва миқдор байни ду ҷанбаҳои хабар – байни бандак-феъли to be ва предикатив зада медароянд.

The postman was an hour late.

Почталион як соат дер кард.

The snow was three feet deep.

Барф чуқурии се фут дошт.

Кўшиши истифодаи муайянкунанда, ки ҳақиқатан ҳол ва ё пуркунандаи такиби хабар ба ҳисоб меравад бо айёнияти зиёд дар ҷумлаҳои зерин нишон дода мешавад:

Не was mountain born.

Вай дар кўҳистон таваллуд шудааст.

Не was house proud.

Вай аз хонаи худ фахр мекард.

Худ аз худ баъзн намуди хбарҳои таркиби дар забони англисӣ моҳиятан ба худ ҳамҷоягии амал ва характеристикаи, яъне ҳоли амалро таҷассум мекунад. Бахусус, инҳоро «хабари дугоник» (double predicate) меноманд.

The sea was glimmering pale and greenish in the sunset.

Бо нурҳои ғуруби офтоб баҳр бо тобишҳои сабз ва кабуд инъикос мешуд

Miss Doolan came in triumphant.

Хонум Дулан бо нигоҳи хурсандона даромад.

Далели дар таркиби худ мазмуни ҳол доштани ин намуд хабар он аст, ки дар мавриди аз сифат сота тавонистани зарф, мо хабари ҳоли тарзи амал ба даст меорем ва он аҳамияти монанд ба хабари дугониуро дорад. Масалан, ҷумлаи охиринро метавонистем чунин тағир диҳем:

Miss Doolan came in triumphantly. Мисоли дигар меорем:

Не smoked a cigarette which glowed red in the wind.

Вай сигор кашид, ки дар шамол бо шўълаи сурх дурахшид.

Дар инҷо ин вариант ҳам комилан дуруст аст, …which glowed redly in the wind.

Истилоҳи «хабари дугоник» тасодуфӣ нест. Чунки ҳамҷоягии феъл бо сифатро дар мавриди мазкур дар ҳақиқат ҳамчун ду хабари чида метавон баррасӣ кард. Мисол:

The moon rose red. = The moon rose. It was red.

Miss Doolan came in triumphant. = Miss Doolan came in. She was triumphant.

Саъй ба муҷазӣ ба сохтани чунин хабар оварда расонид. Мо онро метавонем бо хабаре, ки бо ҳамҷоягии феълҳои муайяншахс ва масдари натиҷа ифодашаванда муқоиса кунем, ки моҳиятан ҳамчун пайвасти хабархои чида ба ҳисоб мераванд.[2] Мисол:

She looked up to meet his dark eyes and caught up an expression which startled and puzzled her at first.

Then the train ran for a mile and a half to stop at another little settlement.

Чунин пайвастҳо ва ё ҳамҷоягиҳо ба забони тоҷикӣ ё тавассути хабарҳои чида ва ё ифодаҳои дорои сифати феълӣ тарҷума мешаванд.

Чашмонашро бардошта, нигоҳеро вохўрд, ва дар чашмони сиёҳи ў таъбиреро хонд, ки ўро ба ҳайрат андохт ва моту маҳбут кард.

Поезд аз назди мо бо масофаи якуним мил дуртар гузашт ва дар кадом деҳаи хурдакак истод.

Ба қатори «хабарҳои дугоник» як намуд ҳамҷоягиҳои хоси забони англисӣ дохил мешаванд, ки масдар амалро ифода карда, феъли тасрифӣ характеристикаи онро бо назардошти мазмуни ҳоли тарзи амал шомил мекунад. Мисол:

I tremble to think what would happen.

Ман бо даҳшат фикр мекунам дар бораи он, ки чӣ воқеа рух медиҳад.

Не laughed to think that he had ever been madly in love

with her.

Барои вай фикр кардан дар бораи он, ки чӣ тавр девонавор ўро дўст медошт, хандаовар буд.

Баъзан гуруҳи хабар беҳад калон мешавад аз ҳисоби дар таркиби худ доштани мазмуни ҳол (ҳоли тарзи амал). Ин ба хабарҳои таркибии чунин намуд иттифоқ меафтад:

I am horrid to say such things.

I was surprised to find Elliott very spry.[3]

Элементҳои ин намуд хабарҳои таркибӣ байни ҳамдигар сахт алоқаманданд, аммо ҳангоми тарҷума онҳоро бояд аз ҳамдигар гусаст, ҷумлаи содаи забони англисиро ба сарҷумла ва ҷумлаи пайрав тақсим кардан лозим аст.

Даҳшат аст, ки ман чунин чизҳоро мегўям.

Ман ҳайрон будам, ки Эллиотт мардона тоқат кард.

Маъмулии чунин хабарҳои бисёрҷанба дар забони англисӣ ба муҷазии воситаи баён ва ихҷамъии ҷумлаи забони англисӣ рабт дорад.

Чӣ хеле, ки мебинем ин ҷумлаҳои сода ба забони тоҷикӣ ё чун ҷумлаҳои мраккаби тобеъ ё чун ҷумлаи содаи дорои калимаҳои туфайлӣ. Дар инҷо мо тамоюли ихҷамъкунии нутқ, ки хоси забон англисӣ аст мушоҳида кардан мумкин аст.

Боз мустаҳкамтар тифоқии хабар бо ҳол дар дигар намуди ҳамҷоягиҳо ошкор мешаванд, ки барои забони англисӣ аллакай аз рўи одат шудааст.

She was stung out of her fear.

Ин ўро чунин нороҳат кард, ки вай ҳарос карданро бас кард.

This shocked Mr Campbell into speech.

Ин воқеа ҷаноби Кэмпбеллро чунон сахт мушавваш кард, ки ба гап даромад.

The new situation seemed likely to torture her into desperation. Дигаргунии ҳолати воқеа ба назар мерасид, ки ба нокомӣ меовард.

Дар чунин намуд ҳамҷоягиҳо ҳамеша аҳамияти ҳоли тарзи амал маъқул дониста мешаванд. Ин бори дигар аз тифокии хабари забони англисӣ ва мазмуни ҳоли тарзи амал гувоҳи медиҳад.

Дар забони англисӣ феълҳое ҳастанд бо мазмуни адвербиалӣ (зарфӣ), яъне чунин феълҳое мебошанд, ки дар таркиби худ на танҳо мазмуни амал балки характеристикаи ин амалро низ доранд. [4]

Онҳо қатори синонимии феъли «дидан»-ро ташкил медиҳанд

to frown — қавоқ андохта нигоҳ кардан

  1. Бархударов Л.С. Язык и перевод. – М.: Высшая школа, 1975. – 350 с.

  2. Аполлова М. А. Specific English (Грамматические трудности перевода). М., «Междунар. отношения», 1977.136 с.

  3. См. Т. Р. Левицкая, А. М. Фитерман. Глаголы адвербиального значения и их перевод на русский язык. «Тетради переводчика», № 2, М., «Международные отношения», 1964

  4. Л. С. Бархударов, Д. А. Штелинг. Грамматика английского языка. Изд. 3-е, М., «Высшая школа», 1965, с. 300—301.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *