Фанни Забони англисӣ

​СОХТИ ИБОРАҲОИ СУБСТАНТИВӢ ДАР ЗАБОНҲОИ АНГЛИСӢ ВА ТОҶИКӢ

Дар забони англисӣ дар вазифаи адъюнкти ибораҳои субстантивӣ детерминативҳо, квантификаторҳо, квалификаторҳо, ҳиссаҳои номии нутқ, шаклҳои номии феъл (масдар, сифати феълӣ, герундий) ва ҳатто ҷумлаи пайрав омада метавонад. Дар забони тоҷикӣ бошад дар вазифаи объекти ибораҳои исмӣ ҳиссаҳои мустиқили нутқ ба монанди исм, сифат, шумора, ҷонишин, зарф ва инчунин сифати феълӣ, масдар истифода бурда мешаванд. Детерминативҳо ин муайянкунандаҳо, квантификаторҳо ин нишондиҳандаи миқдор, квалификаторҳо ин нишондиҳандаи аломат мебошад. Мисол:

детерминатив-исм — these shops,

квантификатор-исм -many soldiers,

квалификатор-исм — big hospital

2.1.Ибораҳои исмӣ бо детерминативҳо

Ба сифати адънюкти препозитивӣ пеш аз ҳама гурӯҳи бо номи детерминативҳо (determiners), ки дар грамматикаи забони англисӣ маълум аст, ҷудо мекунанд. Ба ин гурӯҳ калимаҳое, ки дар мавқеи артикл дар ибораҳои субстантивӣ меоянд, дохил мешавад.

Якум хусусияти фарқкунандаи детерминативҳо ин аст, ки пеш аз исм артикл ё детерминатив меояд. Дуюм хусусияти детерминативҳо ин аст, ки пеш аз исм танҳо як детерминатив истифода мешавад. Сеюм хусусияти фарқкунандаи детерминативҳо ин аст, ки дар ибораҳои мураккаб бо ядрои тафсилӣ мувофиқи қоида онҳо дар ҷои аввал меистанд. Фақат гурӯҳи хурди калимаҳо пеш аз детерминатив дар ибораҳои субстантивӣ истифода бурда мешаванд.

Ба детерминативҳо инҳо дохил намешаванд:

ҷонишинҳое, ки дар мавқеи предетерминативҳо (pre-determiners) меоянд. Ин гуна ҷонишинҳо танҳо се тоянд:

All -ҳама, both – ҳар ду, half – қисм All these books, both his hands, half my money

ҷонишинҳое, ки баъд аз детерминативҳо (post-determiners) меоянд:

other, many, few some other time, his many acquaintances, these few examples

ҷонишинҳои what, such, same, ки бо артиклҳо меоянд, дохил намешаванд:what a man, such a colour, the same idea, etc.

Ба детерминативҳо инҳо дохил мешаванд:

1) ҷонишини ишоратӣ: This-these, that- those

Pr-N This room –ин ҳуҷра / Pr-N that writer – он нависанда Pr-N

Pr-N These rooms-ин ҳуҷраҳо / Pr-N those writers – он нависандагон Pr-N

Дар ҳар ду забон ҷузъи тобеъ пеш аз ҷузъи асосӣ омадааст. Тафовут дар он аст, ки ибораҳои англисӣ бо алоқаи мувофиқат ифода ёфта, ибораҳои тоҷикӣ бо алоқаи ҳамроҳӣ пайваст гардидаанд.

Иборҳои исмие, ки бо ҷонишинҳои ишоратӣ бо алоқаи ҳамроҳӣ дар забони тоҷикӣ ибораро ташкил мекунанд, камтар маълумот медиҳем.

Алоқаи ҳамроҳӣ дар ибораҳои исмие, ки ҷузъи тобеашон ҷонишини ишоратӣ мебошад асосӣ буда, алоқаи изофӣ камистеъмол аст. Ҷонишинҳои ишоратӣ бо алоқаи ҳамроҳӣ ба исм тобеъ гарданд, ҳамеша пеш аз калимаҳои асосӣ меоянд. Дар байни ҷузъҳои ибора муносибати муайянкунандагӣ дида мешавад. Ҷонишини ишоратии «ин», «он» ба ҳамаи хелҳои исмҳо тобеъ гашта ибораро ташкил мекунад. Маслан:

ин гурӯҳҳо, ин муддат, он талаба, он вақтҳо.

Вале ин ду ҷонишин вобаста ба мафҳуми калимаи асосии ибора як хел истеъмол намешаванд. Ҷонишини ишоратии «ин» ба предмети наздик, «он» ба премети дур ишора мекунад. Ин ҷонишинҳо ба исмҳои замон (вақт, рўз, моҳ,сол) тобеъ гардад, ибора ба замони ҳозира ва гузашта ишора мекунанд. Масалан: ин вақт, он рӯз.

Ҷонишини ишоратии «он» ва «ин» ба исмҳои макон тобеъ шуда ибораҳо месозанд:он шаҳр, ин хона, ин тараф, он тараф, ин ҷо, он ҷо

Аз ин гурӯҳи исмҳо исми «ҷо» маънои абстрактӣ дорад ва он дар ҷумла ҳамеша ба эзоҳдиҳанда, яъне дар шакли ибора меояд. Азбаски пайвасти «ин ҷо», «он ҷо» аз ҷиҳати шакл як андоза хусусияти устуворӣ гирифтаанд, бисёр тадқиқотчиён пайвастҳои номбурдаро аз рӯи тааллуқи морфологиаш ҳамчун зарфи макон маънидод мекунанд. Дар байни ҷузъҳои «он ҷо», «ин ҷо» аз як тараф алоқаи синтаксисии ҳамроҳӣ дида шавад, аз тарафи дигар, калимаи «ҷо» хусусияти илмии худро нигоҳ дошта ба вазифаи муайянкунанда (заминҳои ноҳамвор ва андаки он ҷо) ва муайяншаванда (он ҷои дур) омада метавонад.

Ба ғайр аз ин ҷонишини ишоратии «ин» ва «он» дар як вақт ба як калима тобеъ шуда, ибораи мураккабро ташкил мекунанд, ки он ибораҳо тобиши услубӣ пайдо карда муносибати гӯяндаро ба ин ё он предмет ва аз кулл ҷузъро нишон медиҳад: ин дунё, он дунё.

Рости гапро гӯям, усто Бобомурод ба он мӯйсафедон, ки дар ину он асарҳои мо бештар як хелу як ранг, ё аз ҳад зиёд донишманду маҳмадоно, ё тамоман гӯлу содда тасвир меёбанд, монанди надошт. (Ф.Ниёзӣ)

Сифатҳои феълии исмгашта, инчунин исму амалу протсес ва муносибат ҳам ҷонишини ишоратиро тобеъ гардонида метавонанд. Масалан: ин омадагон, ин сахтгир

Исмҳои шахс, амал ва конкрет таркибҳои ҷонишини ишоратӣ (ин гуна, он гуна, он тавр) — ро тобеъ менамоянд. Ҷузъи асосӣ предмет ё ҳодисаро ном барад, ҷузъи тобеъ хосият ё аломати ба як гурӯҳ хос бударо ишора мекунад: ин гуна талабагон, он гуна китобҳо, ин тавр мехмондустӣ.

Ҷонишини ишоратии «ин», «он» баъзан ҷонишини таъинии «ҳама» — ро гирифта ба исм тобеъ мегардонанд ва бо ин ҷиҳатҳои гуногуни исмро муайян мекунанд. Ин ибораҳо вобаста ба ҷузъҳо тобишҳои ишоратию таъинӣ ва таъкидиро ифода менамоянд. Мисол: он ҳама душвориҳо, ин ҳама некӣ.

Вале дар забони тоҷикӣ детерминатив будани ҷонишини ишоратӣ ягон маълумоте дода намешавад.

2) ҷонишини соҳибии my, your, his, her, its, our, their

Pr-N my dictionary – луғати ман N-и-Pr

Pr-N my copy-book – дафтари ман N-и-Pr

Pr-N his brother – бародари вай= N-и-Pr

Pr-N our house – хонаи мо N-и-Pr

Ҷонишини соҳибӣ дар ибораҳои англисӣ бо алоқаи ҳамроҳӣ ифода ёбад, дар забони тоҷикӣ бо ҷонишини шахсие, ки муносибати соҳибиро мефаҳмонад бо алоқаи изофӣ ибораро ташкил намудаанд. Ҷонишинҳои соҳибӣ дар ибораи англисӣ ба вазифа адъюнкти препозитивӣ омада, дар ибораҳои тоҷикӣ ба вазифаи адъюнкти постпозитивӣ омадаанд.

3) ҷонишинҳои which, whose, each, every, some, any, no, either, enough, much, more, most Мисол: Any book, some people, any man, no time

Дар забони тоҷикӣ ҷонишинҳои саволӣ бо алоқаи ҳамроҳӣ ба исм тобеъ мешавад. Ҷонишини саволии «кадом» ба ҳама хелҳои исм бо алоқаи ҳамроҳӣ тобеъ гашта ибораро ташкил мекунад, ки ин ҷонишин барои маълум кардани мавқеи предмет ва ё аломати предмет дар байни ҳамҷинсҳои он кор фармуда мешавад. Масалан: кадом мактаб, кадом донишкада

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *