Фанни Забони англисӣ

Ифодаи хабар бо феъли to be ва тарҷумаи он

Феъли to be –и забони англисӣ дар забони тоҷикӣ феъли будан мувофиқ меояд. Чи хеле, ки маълум аст, бо мазмуни асосии «ҷойгир будан» феъли будан дар забони тоҷикӣ дар замонҳои гузашта ва оянда истифода бурда мешавад вале дар замони ҳозира баъзан истифода бурда намешавад.

Ман дар хона будам. Ман дар хона хохам буд. Ман-дар хона.

Дар забони англисӣ истифодаи феъли to be дар замони ҳозира ҳатмӣ аст.

I was in the room. I’ll be in the room. I am in the room.

Ба ҷузъ аз замони ҳозира (истисно кардани истифодаи феъли будан дар забони тоҷикӣ ва иштироки ҳатмии он дар забони англисӣ, бо вуҷуди он ҳолати зоҳирии мазкур ба сохтори гуногуни ду забон вобаста аст), дар инҷо истифодаи феълҳои to be ва будан бо ҳам мувофиқанд. Аммо бо ин шабоҳат ба охир намерасад. Феъли to be аз рўи имконоти эҳтимолии семантикӣ нисбат ба феъли будани тоҷикӣ ғанитар аст. Њамин тавр, вобаста аз контекст вай метавонад, мазмуни ‘ҷойгирӣ дар макон’ – ро қабул кунад.

The book is on the table.

Китоб дар болои миз ҷойгир аст .

The table is in the middle of the room.

Курсӣ дар мобайни хона ҷой дорад.

The picture is on the wall.

Расм дар девор овехта шудааст.

Месазад, ки инҷо якчанд мисол аз мазмуни бешумори он пеш орем:

1) ‘будан, иштирок доштан ‘

She‘ll be here all the day.

Вай тамоми рўз инҷо хоҳад буд.

Kitty was here for the holidays.

Китти ба инҷо дар таътил омада буд.

John was at the meeting, too. Љон ҳам дар маҷлис иштирок дошт.

2) ‘ба вуқуъ пайвастан, иттифоқ афтодан’

It was only last year.

Ин воқеа соли гузашта иттифоқ афтода буд.

3) ‘таркиб ёфтан, баробар шудан’

Twice two is four.

Ду маротиба ду ба чор баробар аст.

4) ‘арзиш доштан’

How much is the hat?

Ин кўлоҳ чӣ қадар арзиш дорад?

5) ‘иборат будан’

The trouble was we did not know her address.

Бадбахтӣ дар он буд, ки мо суроғаи ўро намедонистем.

Дар шаклҳои перфектӣ to be мазмуни ‘ташриф овардан’-ро мегирад.

I hear you’ve been to Switzerland this summer.

Ман фаҳмидам, ки тобистон ту ба вейтсария ташриф овардӣ. Has anyone been? Касе ташриф овард? I‘ve been for a walk. Ман саёҳат кардам.

Феъли to be дар ифодаҳои муайян метавонад дигар мазмунро гирад.

Mr Black and Mr White were at school together when they were boys. Љанобон Блек ва Уайт дар бачагӣ як мактабро таҳсил кардаанд.

Are the boys in bed?

Бачаҳо хобанд?

Дар забони англисӣ як қатор ифодаҳои устувори дорои феъли to be ба миён омаданд, ки ба забони тоҷикӣ чун қоида ҳамчун ифодаҳо бо феълҳои амал тарҷума мешаванд. Мисол:

Не was ill at ease.

Вай худро хиҷолатманд ҳис кард.

Are you in earnest?

Шумо ҷиддӣ мегўед?

Yossarian was as bad at shooting skeet as he was at gambling. He could never win money gambling either. Even when he cheated he couldn’t win, because the people he cheated against were always better at cheating too.

Иоссарян ба мисли қартабозӣ дар бозӣ бо табоқча ҳам суст буд. Вай ягон маротиба дастболо нашудааст. Вай ҳатто вақте қаллобӣ мекард, ҳам ғалаба намекард, чунки шахсонеро мехост фиреб диҳад, дар қаллобӣ аз ў бартарӣ доштанд.[1]

Дар ин ҳамҷоягиҳои охирин феъли to be мазмуни мустақили худро гум карда, танҳо функсияи алоқаро нигоҳ медорад. Чунин холат ба ҳамаи хабарҳои таркибии номии бо феъли «to be+ исм /сифат/ постпозитив» иттифоқ меафтад.

Дар ин қайди худ ба як қатор ифодаҳои дорои феъли to be истода мегузарем ва ифодаҳои дорои феъли to be бо исмҳои монанди he is a turner, the task is easy ва ғайраҳоро сарфи назар мекунем чунки дар бораи онҳо дар грамматикаҳои забони англисӣ биёр навиштаанд. Зарур аст, ки ба баъзе ифодаҳои дорои феъли to be назар андозем, ки хоси забони англисӣ мебошанд ва ба мо аҳамияти калонро нишон медиҳанд.

Чи андоза аҳамият доштани постпозитивҳо дар забони англисӣ ба мо маълум аст. Тавассути постпозитивҳои ба як қатор феълҳои маъмули забони англисӣ пайвастшаванда ва ба таркиби луғавии асосии забон шомилбуда (to do, to go, to come, to make, to put, to give, to take ва ғ.), феълҳои мазмуни навдошта сохта мешаванд. Аммо ҳангоми иловаи постпозитив ба феъли амал, мазмуни феъли асосӣ дар ифодаи мазкур ё дар баробари мазмуни помтпозитиви иловашаванда нигоҳ дошта мешавад, ё ифодаи ташкилшаванда мазмуни идиоматикӣ мегирад, ва инҷо бо илова кардани постпозитив ба феъли to be сарбории асоси маъногӣ бар души постпозитив меафтад. Мисол:

Is Mr Brown in?

Љаноби Браун дар хона?

No, he is out.

Не, ў нест. (Вай баромад.)

Mr Brown is away at present.

Њоло ҷаноби Браун дар сафар.

I hear Mr Brown is back.

Ман шунидам, ки ҷаноби Браун баргаштааст. Ман корамро ба охир расонидам.

Аксари ин постпозитивҳо гуногун мазмунанд.

The train is off.

Поезд рафт.

The meeting was off.

Маҷлис баргузор нашуд.

The lights were on.

Чароғ гирон буд.

What is on at our cinema?

Дар кинотеатри мо кадом намоиш рафта истодааст.

The children are not up yet.

Бачаҳо холо нахестанд.

The prices for foodstuffs were up.

Нархи хўрокворӣ баланд шуд.

Your time is up.

Вақти шумо ба охир расид.

Луғат теъдоди зиёди ифодаҳои постпозитивдори собитро ба қайд мегирад: to be about to do smth. Тасмим ва нияти иҷро кардани кореро.; to be up to smth. Ба фикри чизе афтодан; to be up to smb. аз касе вобаста будан, to be for (some place) ба куҷое раҳсипор шудан вағ.

Он қадар феъли to be дар забони англисӣ нисбат ба феъли «будан» — и тоҷикӣ васеъ истифода бурда мешавад, ки аз мисолҳои зер маълум аст, ки англисҳо ба ҷои хабари соддаи таркибии феълӣ хабари таркибии номиро афзалтар медонанд, ки аз бандак-феъли to be ва сифат ё сифати феъли таркиб ёфтааст, ва мазмуни феъли мувофиқро дорад. Мисол:

Still she was hesitant, (вместо was hesitating).

Вай ҳоло ҳам шубҳа дошт.

Не felt that everyone disapproved of Scarlett and was contemptuous of him. (вместо contempted him)

Вай ҳис кард, ки ҳама атрофиён ўро қабул надоранд ва нисбати ў нафрат доранд.

These visits were disappointing.

Ин ташрифҳо ўро дилгир карданд.

She was shocked and unbelieving.

Вай дар ҳайрат буд ва ба ин бовар намекард.

Are you insulting, young man?

Шумо чӣ, ҷавонмард мехоҳед маро таҳқир кунед?

Чи тавре, ки аз мисолҳо аён аст, ифодаи дорои бандак-феъли to be ва сифат ё сифати феълӣ ба феъли мувофиқ (шубҳа доштан, нафрат доштан) барбар аст, ки мо ифодаи мазкурро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардем.

Маъмулии ин шакл ба миён омадани ибораҳои рехта бо феъли to be- ро таъмин кард. Мисол:

I am serious.

Ман ҷиддӣ мегўям.

She was giddy.

Сари ў чарх зад.

Don’t be so literal.

Њамаро ба маънии аслаш нафаҳмед.

Не was homesick.

Вай барои хона зиқ шуда буд.

Элементи дуюм, яъне, номии ин намуд хабарҳо метавонад ҳамчунин сифати феълии II бошад. Мисол:

She was amazingly well read.

Вай беҳад фозил буд.

Бандак-феъли to be дар ҳамҷоягӣ бо сифат ё сифати феълӣ дар нақши хабаритаркибии номӣ дигар феълҳоро вобаста аз контекст танг карда мебароранд: to get, to turn, to grow ва ғ., ки динамикаи амалро гузариш аз як ҳолат ба дигар ҳолат медиҳанд.[2] Мисол:

She was hot with sudden rage. Баногоҳ вайро хашм фаро гирифт.

Rhett’s eyes were sharp with interest.

Дар чашмони Рета ҳавас дурахшидан.

He’s lived here only since the year we were married.

Вай дар инҷо аз он рўзе, ки мо хонадор шудем зиндагӣ мекард.

Дар баъзе мавридҳо to be дар ин ифодаҳо бо мазмуни феълҳои to keep, to feel ва ғ. баромад мекунад.

Suddenly she was sorry for him.

Банохост вай нисбати ў дилсўзӣ ҳис кард.

She was silent a moment.

Вай лаҳзае хомўш монд.

For a moment she was indignant that he should say other women were prettier, more clever and kind than she.

Муддате чанд вай ғазаб ҳис кард, аз он ки мард гуфт, ки дигар занҳо нисбат ба ў зеботар , донотар ва хушрўйтар буданд.

Њамчунин ифодаҳое бо феъли to be ва исм вомехўранд, ки мафҳуми абстрактро ифода мекунанд. Онҳо аз дигар ифодаҳо бо он фарқ мекунанд, ки аломати доимии шахс ё предмети ба он нигаронидашударо инъикос намекунад. Мисол:

I don’t imagine he’s much help.

Аз ў чунин фоидаи зиёдро ҳис намекунам.

They are very little trouble.

Онҳо ягон хел ташвишро эҷод намекунанд.

I’m a bad influence on you.

Ман ба шумо таъсири бад мерасонам.

I’m afraid, Father, I’ve been a disappointment to you.

Њарос аз он дорам, ки шуморо дилхунук кардам, падар .

She’s absolutely no use. Аз ў ҳеҷ муфид нест.

Aren’t you a perfect disgrace?

Канӣ, шумо шарм намекунед?

  1. Левицкая, Т. Р., Фитерман А. М. Глаголы адвербиального значения и их перевод на русский язык. «Тетради переводчика», № 2, М., «Международные отношения», 1964

  2. Крылова И. П., Крылова Е. В. Английская грамматика для всех. – М.: Высшая школа, 1989. – 270 с.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *