Фанни Забони англисӣ

Ифодаи хабар бо феъли to have ва тарҷумаи онҳо

Феъли to have ҳам ба мисли to be нисбат ба феъли «доштан»-и забони тоҷикӣ сермазмунтар аст. Дар он ба мисли феъли to be имконияти васеи амал бар дўш аст.

Магу has a pencil in her hand. (баробари Mary is holding a pencil in her hand.)

Мэри дар даст қалам дорад..

The city has 100,000 inhabitants.

Аҳолии шаҳр 100 000 мебошад.

Дар чунин намуд ҷумлаҳо мавриди мавҷуд будани мубтадо-шахси қобили амал бо ифодаи дорои there is имкон дорад.

There is a pencil in her hand.

We haven’t any coffee in the house. = There isn’t any coffee in the house.

Аз дигар тараф феъли to have на танҳо бо мубтадо истифода мешавад, ки бо исм ифода шуда, ба шахс нигаронида шудааст, балки бо предмет истифода бурда мешавад. Дар чунин маврид аҳамияти он ба аҳамияти ифодаи there is шабоҳат доранд. Мисол:

Some houses had quite wide grass round them. = There was quite wide grass round some houses.

Jack’s eager conspirator voice seemed very close to his ear, and it had a kind of caress, a sort of embrace. = …there was a kind of caress, a sort of embrace in Jack’s voice.

Ба мисли феъли to be гарчанде ахён бошад ҳам, ба сифати бандак-феъл дар хабари таркибӣ феъли to have ҳам истифода бурда мешавад. Ин ба чунин ифодаҳо бо исм ба монанди как to have dinner хўроки нисфирўзӣ хурдан, to have a talk суҳбат крадан, to have a quarrel ҷанҷолл кардан, to have a rest истироҳат кардан, to have a walk пиёда сайр кардан, to have a smoke сигор кашидан, to have a good time вақтро хуб гузаронидан ва ғ. Феъли to have дар ин маврид мазмуни асосии худро гум мекунад.

Агар ба ин мавридҳои истифодаи феъли to be ва to have назар андозем ва ҳастии фаъоли онро дар забони англисӣ ба ҳисоб гирем, зоҳир гардидани хусусиятҳои ситемавии забони англисиро нодида гирифтан намешавад. Дар ҳақиқат англисҳо метавонанд to rest гўянд аммо онҳо гуфтани to have a rest-ро афзал медонанд. Моҳият дар он аст, ки барои дилхоҳ феъли ифодакунандаи амали муайян ва инъикоскунандаи паҳлуҳои сифатии амал ё ҳолат аллакай паҳлуҳои миқдории худи факти ин амал гузошта шудааст. Тамоюли аналитики забони англисӣ кушиши ба вуҷуд овардани фодаи шаклии алоҳидаи умумӣ ва муайяни паҳлуҳои сифатӣ ва миқдории ин амалро таъмин мекунад. Ва он вақт табиист, ки ба ҷои феъли муайян хабари таркибӣ бо феъли to have ва ифодаи номии сифат (сифат, сифати феълӣ, исм) меоянд.[1]

Дар забони англисӣ як қатор ибораҳои рехта бо феъли to have сохта шудаанд, ки чун қоида ба забони тоҷикӣ бо феъли амал тарҷума мешаванд. Мисол:

She has a perfect command of English.

Вай забони англисиро хело хуб медонад.

I wish you to have a good time.

Ба шумо истироҳати хуб орзу дорам.

Дар интиҳо қайд менамоем, ки ба монанди он, ки феъли to be дар ҳамҷоягӣ бо сифат, сифати феълӣ, исм мазмуни феъли мувофиқро мегирад, феъли to have дар ҳамҷоягӣ бо исм ба ҷои хбари соддаи ли ибо феъли амал ифодашаванда истифода мешавад. Мисол:

But if they were under the impression that they would get any information out of him he had a notion that they were mistaken. Агар ба назари онҳо чунин намояд, ки онҳоро гирифтани маълумоте аз ў ба даст омадааст, ў хато кардани онҳоро таъкид кард.

Не had a longing to smoke.

Вай майли беандоза ба сигоркашӣ дошт.

Ќайд кардан лозим аст, ки чуини намуди ҳамҷоягӣ бо феъли to have нисбат ба феъли to be нодиртар аст.

  1. Каушанская В.Л, Ковнер Р.Л. и др. Грамматика английского языка. Пос. для студентов педагогических институтов и университетов. 7-е изд., М.: Высшая школа, 2005. – 319 с.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *