Фанни Забони англисӣ

​Хелхои сифат дар забонхои точики ва англиси

Дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ сифат аз ҷиҳати маъно, аломатҳои морфологӣ ва ифодаи чигунагии исм ба ду гурўҳи калон чудо мешавад: аслӣ ва нисбӣ.

1) сифатҳои аслӣ (qualitative). Сифати аслӣ аломат, хусусият, аломати хоси асосии исм ва чигунагии предмету ҳодисаҳоро бевосита ифода менамояд. Мисол: девори баланд, ҳавои тира, кулоҳи сафед, доруи талх; square, small, heavy, sweet, little, large, high, soft, warm, strong, white, solid.

Њусайн дар рўзои аввали хониш истеъдоди аҷибе нишон дода, устодонашро ба ҳайрат меандохт.

But you are nearly as old as I am!

Аз ҷиҳати маъно ва аломатҳои морфологӣ сифат ба ду гурўҳи калон чудо мешавад: аслӣ ва нисбӣ.

Сифати аслӣ аломат, хусусият ва чигунагии предмету ҳодисаҳоро бевосита ифода менамояд: одами озод, фикри олӣ, ҷомаи тар, ҳавои гарм, меваи ширин

Љиҳати махсуси сифати аслӣ ин аст, ки дар калимаҳои ифодакунандаи он аломати предмет метавонад тағир ёбад: ширин, ширинтар, ширинтарин, хеле ширин, багоят ширин, каме ширин, ширинак.

Сифатҳои аслӣ чунин аломатҳоро ифода карда метавонанд: ранг (сурх, сафед, кабуд, зард ва монанди инҳо); сатҳу масоҳат (дур, наздик, рост, васеъ, паст, паҳн, кутоҳ, чап ва ғайра); хусусияти ашёҳое, ки бо узвҳои ҳис дарк мешаванд (ширин, талх, гарм, сард ва ғайра); аломати ҷисмонии шахс ва хайвонот (зур, пир, суст, заиф, ҳароб, фарбеҳ, кар, гунг, ланг ва ғайра); хусусиятҳои маънавии одамон (оқил, доно, ғам- хор, бахил, дағал, шўҷоъ) ва ғайра.

Ман аз ҷой хеста берун баромадам, ҳавои соф ва ором буд, боди сабук мевазид (С. Айни). Сабза ва себаргаҳои ин чор боғ сабзу хуррам буданд (С.Айнӣ). Ин хаёлҳои талху ширин, ин гумонҳои неку бад ва ин васфасаҳои пурташвиш, ки ҳеҷ ошиқи шайдое аз худ дураш када наметавонад. Одинаи бехонумонро, ки саргузашти махсус дошт, лаҳзае ба ҳоли худ ором нагузошт (С. Айнӣ). Дар тахти чойҷўш хасу хошокҳои тару нам бо дуди ғафсу тунд месўхтанд (Р.Љалил). Гулбибӣ хам аз риши калони сафеди Арбоб бо ду даст печонда гирифт (С. Айнӣ).

Дар қишлоқ ҳеҷ кас ба вай барин арўси зебо, ҳалиму доно, бо хату савод надорад (Љ. Икромӣ). Дар саҳни майдонча зан хамроҳи ҷавони қаддарози малламўй сурхинарўй, ки чашмони осмониранги дилрабо дошт, истода буд (Р. Љалил). Вай як одами сабукчусса, гандумгун ва ришдарозе буд (Р. Љалил). Асо аз паси соҳиби хона мардаки бадқахру бадфеъл менамуд, ба хона даромад (Љ. Икромӣ). Њоло дар рўи яке аз он суфачаҳо худи оқсақоли гузар — марди фарбеҳи кўса, хандонрўй, чашмтанг бо писарчаи панҷ — шашсола бозӣ карда менишаст (Љ.Икромӣ) [15, 133].

Сифатҳои аслӣ як қатор хусусияти лексикию грамматикӣ доранд.

1. Онҳо аломати предмет, ҳодиса ва воқеаро бевосита ифода менамоянд: калон, хушбахт, муқаддастарин.

2. Сифатҳои аслӣ аломати предметро дар шакли содда ҳам ифода мекунанд, чунки бештарини онҳо аз руи баромад калимаҳои аслӣ — решагӣ буда, ба давраи қадимтарини забон мансубанд: нек, бад, гарм, хунук, сурх, тоза, калон, бузург, пир, нав.

3. Дараҷа доранд: оддӣ, муқоисавӣ, олӣ, камӣ (хурдию навозишӣ), зиёда: хубтар, хубтарин, супсурх, ниҳоят зебо, сафедча сурхтоб.

4. Ба тарзи синоним ва антоним воқеъ мешаванд: одати бад – нек, девори паст – баланд, умри дароз – кутох, меваи талх – ширин, ҳавои гарм – хунук, дурўғи маслиҳатомез – рости фитнаангез, калон, бузург, аъзам, кабир, нагз, хуб, хуш, беҳ.

5. Такрор шуда дараҷаи олии аломати предметро ифода менамоянд: қадамҳои калон – калон, барфҳои паҳн – паҳн.

6. Аз онҳо бо суффикси — ӣ исми маънӣ ва бо суффикси — она зарф сохта мешаванд: пок — покӣ, сурх — сурхӣ, далер — далерӣ, ором – оромӣ, чолок — чолокона, ором — оромона, танбал — танбалона.

Хусусияти мазкур ҳарчанд хоси сифатҳои аслӣ бошанд ҳам, баъзеи онҳо ин аломатҳоро қабул намекунанд. Ин ё он аломатро қабул кардани сифатҳои асли ба маъно, вазифаи услубӣ ва мавкеъи истифодаи онҳо вобаста аст. Масалан дараҷаи муқоисавӣ ва олӣ сохтан мумкин нест, чунки ин гурўҳ сифатҳо табиатан аломати мутлақ ва доимии предметро ифода карда, миқдоран каму зиёд шуда наметавонанд. Сифатҳои ифодакунандаи хусусият, ҳолат, тамъ, хислат ва монанди инҳо дараҷа қабул кунанд ҳам, дар шакли таъқиди намеоянд: хунук, гарм, фарбеҳ, вазнин, тунд пир, танг, васеъ, ҷоҳил.

Дар забон ҳангоми муқоисаи аломати предметҳои бо ҳам муқоисашаванда чунин ҳолатҳо дида мешаванд:

— аломати як предмет бо аломати предмети дигар муқоиса мешавад: Шумо аз ман ҷавонтар будаед? — пурсид оймулло;

— аломати як предмет бо аломати предметҳои ҳамҷинс муқоиса карда мешавад: Дуруст аст, ки шиками нн одам аз шикамҳои одамони дигар хеле калон буд. Чӣ гуям? — Ман оё ягон бор гуфта будам, ки ту аз дугонаҳоят ё ҳамсоязанон камтарӣ. Ман гумон мекунам, ки нияти ў,—Аз ақиқ, аз булур софтар аст;

-аломати якчанд предмет бо як предмет муқоиса карда мешавад: Сафар Ѓулом ва Ака-Эргаш дар ин соҳа аз ту кўҳнатаранд;

-аломати якчанд предмет бо аломати якчанд предмет муқоиса карда мешавад: Њамин қадараш ҳаст, ки мо калонтар, инҳо донотар, яъне мо соддатар, инхо фиребгартаранд… Эшон аз мурдашўён боиззаттар ва хуштолеътаранд.

-дар мавриди муқоиса баъзан аломатҳои гуногуни як предмет бо ҳам муқоиса карда мешавад: Нон бошад-чи? — гуфт гадозан, — барои

ў барин кампирҳои бедандон тар кардагиаш аз хушкаш беҳтар аст;

-дараҷаи қиёсии сифат дар вақти ҷузъи номии феъл шуда омадан вобаста ба хусусияти феълҳои ёридиҳанда чунин маъноҳоро ифода мекунад:

а) муқоиса бо аломати пешинаи предмет (мантиқан) амалӣ мегардад: Вақте ки ў калонтар ва серпултар шуд, майдафоидахурии сарикў- чагиро, ки баъзан пулаш месўхт, ба як тараф гузошта ба дукондорони калон ва савдогарон муомила cap кард;

б) муқоисаи аломати предмет бо аломати баъдинаи он: Вақте ки қишлоқ бойтар мешавад, хоҷагии ҷамоавӣ имконият медиҳад, ки дар паҳлўи он шумо як беморхона ҳам бино кунед. То ки хушбахттар шави, Помир, — Пора бинмой синаи кўҳсор.

2) нисбӣ (relative). Сифати нисбӣ аломатро нибат ба чизе (макон, замон) ё кассе мефаҳмонад ва аз дигар калимаҳо дар забони тоҷикӣ бо ёрии пасвандҳои -ӣ, -манд, -нок, -она, -гун, -ин, но-, ба-, бе- ва дар забони англисӣ бо пасвандҳои ful,-al, -en, -ic, -ous, -y, -ly, -able, -ible, -ant, -ent, -ive, -less, -ish сохта мешавад. Мисол: девори баланд, ҳавои тира, кулоҳи сафед, доруи талх; wooden, economic, mountainous, dirty, daily, movable, sensible, resistant, dependent, creative, useless, whitish, Danish.

Падараш баъд аз ин ўро назди Абдуллоҳи Массоҳ ном марди риёзидон ва танобчӣ, ки дар ҳамсоягии онҳо дўкони баққолӣ дошт, ба таълими илми ҳисб ва ҳандаса гузошт [12, 63].

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *