Фанни Забони англисӣ

Роххои калимасози дар забони англиси

Калимасозӣ – ин воситаи асосии боӣшавии таркиби луғавии забони мебошад. Бо ин роҳ таркибӣ луғавӣ бо калимаҳои нав пурра мешавад. Забон барои пурра ва бо нозукиҳояш ифода намудани фикр ва барои ҳаматарафа қонеъ гардонидани талаботи мубодилаи афкор аз ҳамаи воситаҳо истифода мекунад. Забони адабии ҳозираи тоҷикӣ усули муайяни калимасозӣ дорад, ки таърихан ташаккул ёфта, баробари забон инкишоф меёбад. Тарзҳои калимасозии забони адабӣ то андозае устувор буда, дар садсолаҳо тағйир намеёбанд ва дар асоси ҳамин қолабҳо дар забон калимаҳои нав ба вуҷуд меоянд. Дар маъхазҳои илмию таълимии забоншиносӣ усулҳои зерини калимасозӣ нишон дода шудааст:

1.Калимасозии морфологӣ

Калимасозии морфологӣ навъи сермаҳсултарин калимасозӣ мебошад. Ин роҳ дар навбати худ боз ба ду гурўҳ ҷудо мешавад:

а) навъи мураккаби калимасозӣ (аз ду ва ё зиёда реша иборат аст):

-калимаҳои мураккаби тобеь;

-калимаҳои мураккаби паӣваст;

б) вандафзоӣ (аффиксатсия):

-пешванду реша(ҳамхона, бехона);

-pешa ва пасванд (гулдон, гулзор, гулистон);

2. Калимасозии морфологӣ — синтаксисӣ

Субстантиватсия шудани дигар ҳиссаҳои нутқ ба калимасозии морфологӣ-синтаксисӣ дохил мешавад. Чунончи, асоси замони гузаштаи навишт, ё асоси замони ҳозираи феъл равон дар мавқеи муайяни синтаксисӣ ба вазифаи исм меояд.

3. Калимасозии луғавӣ — синтаксисӣ

Таркибу ибораҳо бе ҳеҷ тағӣирот ҳамчун калима истифода шаванд. ки ин гуна роҳи калимасозӣ низ дар забон тез-тез ба чашм мерасад: шаҳри нав-Шаҳринав, марди кор — мардикор.

Калимасозии луғавӣ – семантики (тағйир ёфтан маънои калима ва паӣдо шудани маънои нави он): пул ба маънои андозаи арзиш ва купрук.

4. Мавқеи вандҳо дар калимасозӣ

Аффиксатсия ё бо истилоҳи нав вандафзоӣ яке аз маъмултарин ва сермаҳсултарин усули морфологии калимасозӣ дар забонҳо, аз он ҷумла забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Ќайд кардан зарур аст, ки вандҳо ду навъ мешаванд: калимасоз ва шаклсоз, вандҳои калимасоз маънои калимаро тағйир дода, вандҳои шаклимасоз бошанд шакли калимаро дигар мекунанд бинобар ин маълумоти бештарро дар бораи вандҳои калимасоз меорем. Ҳамаи ҳиссаҳои нутқи мустақилмаъно соҳиби ванд- ҳоянд, аммо миқдори вандҳо дар ҳиссаҳои нутқ баробар мушоҳида намешаванд. Масалан, агар дар калимасозии исмҳо пасвандҳои зиёд ва ҳамагӣ як пешванд иштирок мекунанд. Дар калимасозии сифат бошад, пешвандҳо бештар иштирок мекунанд. Дар сарчашмаҳои илмии забоншиносӣ вандҳо аз лиҳози доираи калимасозӣ ба се гурўҳ ҷудо карда шудаанд: сермаҳсул, каммаҳсул ва бемаҳсул.

Ба гурўҳи аввал пешвандҳои бо, -ба,-бар, -бе, -но ва пасвандҳои –гӣ, -она, -нок, -гарӣ, -гоҳ, -истон, -ча ва монанди инҳоро дохил мекунанд, ба гурўҳи вандҳои каммаҳсул то-, -ор, — сор, -ик, -вар, -гун, -окӣ, -ина … ва ба гурўҳи сеюм бошад, пешванди дар- ва пасвандҳои -ур, -ваш, -осо, -ок, -о, -чак ва бамонанди инҳо дохил карда шудаанд. Дар ташаккули наввожаҳо мақоми вандҳои сермаҳсул бузург аст.

Дар тавлиди сифатҳои сохта пасвандҳои –ӣ (- гӣ, вӣ) сермаҳсул мебошанд. Ин пасванд асосан аз исмҳои маънӣ ва моддӣ сифати нисбӣ месозанд.

Зарфҳо вазифаҳои грамматикии зиёдро адо намуда гурўҳи калони лексикаи забони адабии тоҷикро ташкил медиҳанд. Ба аффиксҳои зарфсоз пасвандҳои -ан(-ян), -нокӣ, акиӣ -она, -сон, -осо, -ваш, -вор, -ӣ ва пешвандҳои бе-, но-, бар-, ба-, бо- дохил шуда, пасвандҳои -ан(-ян), -нокӣ, -акӣ ва пешвандҳои бе, -но дар калимасозии зарф нисбатан сермаҳсуланд. Дар забони англисӣ бошад чунин:

Аффиксҳои асли аз замони қадимаи англисӣ вуҷуд дошта, калимаҳои аслии он мебошад. Морфемаҳо иваз шуданд. Тағйироти таърихи забони англисӣ гуногун мебошад.

Аффиксҳои аслии; Dom, hood, lock, full, less, like, ship мебошад.

Dom<OE, dom ‘‘fate’’, power, cf Mode E doom. Суффикси-hood, ки он калимаҳо мебошанд аз забони қадимаи англисӣ ба вуҷуд омадаанд.

Мисол: childhood, boyhood, ё ин ки исми ‘‘state’’ аз забони қадимаи англисӣ ба вуҷуд омадааст, ки шакли он чунин аст.

Lac ҳамчунин маънои ‘‘state’’ дорад.

Суффикси аслии сермаҳсули забони англисӣ -d, -dom, -ed, -en, -fold, -ful, -hood, -ing, -ish, -less.

Let, like, lock, ly, ness, oe, red, ship, some, teen, the, ward, wise, y. Як қисми калимаҳо аз забонҳои гуногун иқтибос шудаанд, ки аз забони лотини иқтибос шудаанд.

Онҳо танҳо қисми структуравии забонро ташкил медиҳад.

Able — latin — abilis. Мисол: Laughable, unforgettable, unforgivable, brigade, cascade — аз забони франсавӣ иқтибос шудааст [28, 87].

Префиксҳои аслӣ ва иқтибосӣ

Мо префиксҳоро чун як қисми ҳиссачаҳо номбар намудем ва онҳо худ калимаи мустақилмаъно нестанд. Префиксҳои аслӣ аз калимаҳои мустақил ба вуҷуд омада инкишоф ёфтанд.

Шумораи префиксҳо хеле хурд аст: a, be, un (инкори ва баръакс). Префиксҳои fore, mis, mid – аз забони дигар миллатҳо иқтибос шудаанд. Онҳо морфемаҳои сохта мебошанд. Баъзе префиксҳо дуюм маротиба инкишоф ёфта, ҳамчун калимаи мустаъқилмаъно истифода бурда мешавад ва монанди префиксҳои unter, sub, arch мебошанд. Саҳ. 123. Reading modern English Lexicology.

Префиксҳое, ки аз калимаҳои асоси лотини гирифта шудааст. Бештари преффиксҳо асосан ҳамчун калимаҳо омухта мешаванд ё ин ки истилоҳи илми мебошанд, ки аз забони муосири лотинӣ иқтибос шудааст. Мисол: префикси ante-, extra-, intra-, para-. Префикс дар асоси се нишондоди ақидавӣ ба вуҷуд омадаст.

1. Префиксҳое, ки хусусияти сифатсози доранд: anteroom-, archbishop-, ex, king.

2. Префиксҳое, ки қобилияти зарар сохтанро доранд, ба монанди; unconscious, hupersensitive, informal, overanxicus, unroll, rewrite, mislay;

3. Префиксҳое, ки хусусияти сохтани пешояндҳо доранд. Мисол: prewar years, postgradate, studies, antiaircraft gun, anti-nazi:

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *