Фанни Забони англисӣ

​Тахлили муродифхо дар мукоиса бо забонхои англиси ва тоҷики

Муродифҳо ё худ синонимҳо шаклан аз ҳам фарқ карда, аз ҷиҳати маъно баробар ё ба ҳамдигар хеле наздиканд. Худи истилоҳи «синоним» аз калимаи юнонии «synonymos» — «ҳамном» гирифта шудааст. Дар забони тоҷикии мусир истилоҳи синоним бештар чун «муродиф» ифода мегардад, вале азбаски аз калимаи синоним истилоҳоти дигари забоншиносӣ (синонимия, синонимика) сарчашма мегиранд дар адабиёти махсус бештар худи «синоним»-ро кор мефармоянд. [2. саҳ. 36]

Синонимҳо ин ё он ҳодисаро номбар карда, онро аз ҳар ҷиҳат ва ё аз ҳар нуқтаи назар тасвир мекунанд. Масалан, дар забони англисӣ калимаҳои fast, quickly, rapidly, swift ва promt, қариб ҳама мафҳуми суръати «тез»-ро ифода мекунанд ва метавонанд ҷои якдигарро гиранд. Масалан мумкин аст гуфт:
He drives the car fast / quickly / rapidly / swift / promt in the suburb highways.

Ў мошинро дар шоҳроҳи беруназшаҳр тез меронад.
Ба ин тариқ, метавон боз якчанд калимаҳоро қайд кард, ки онҳо дар шакл фарқунандаву ба маъно шабеҳанд ва якдигарро иваз карда метавонанд. Бояд қайд кард, ки байни ин калимаҳои ба ҳам муродиф инчунин аз лиҳози сохторӣ фарқият ба назар мерасад. Аз ин рў аз вобаста ба таалуқияти морфологӣ муродифҳои забони англисиро метавон ба чунин гуруҳҳои сохторӣ тақсим намуд:
а) муродифҳои содда;

б) муродифҳои сохта (пешванддор, пасванддор ва пешванду пасванддор;

в) муродифҳои мураккаб. [11. саҳ. 24]

Бояд қайд кард, ки ба як гуруҳи сохторӣ дахл доштани ҳамаи муродифҳо зарур нест, яъне муродифҳои як калимаи содда метавонанд сохта, мураккаб ва ё таркибӣ низ бошанд.

а) Муродифҳои содда гуфта калимаҳои ҳаммаъноеро меноманд, ки аз як реша ё асос иборатанд. Масалан сифатҳои big ва large (ҳарду ба маънои калон) муродифҳои содда ба ҳисоб мераванд, чунки танҳо аз реша иборатанд:
Dushanbe is not enough big / large city.

Душанбе шаҳри на он қадар калон аст.
Ё худ феълҳои ҳаммаънои add, attach, annex (ҳар се ба маънои илова кардан) аз як асос таркиб ёфтаанд:
Do not add / attach / annex that chapter here.

Он бобро дар ин ҷо илова накунед.
Зарфҳои муродиф низ аз ҷиҳати сохт содда шуда метавонанд: every, all, whole (ҳар се ба маънои ҳама):
Every / All / Whole of students should participate in this meeting.

Њамаи донишҷўён бояд дар ин вохурӣ иштирок кунанд.
Муродифҳои содда новобаста аз сохти оддиашон маънои луғавии аҳмиятнокро ифода карда метавонанд. Яъне маънои калима нисбат ба сохташ ҳамоно афзалиятнок боқӣ мемонад.

б) Муродифҳо ва ё калимаҳое, ки ба ғайр аз решаву асос боз ягон ҷузъи иловагӣ доранд, муродифҳои сохта номида мешаванд. Сохташавии муродифҳо ва ё калимаҳоро дар илми забоншиносӣ аффиксация меноманд. Аффиксация якчанд роҳи ифодашавӣ дорад ва маъмултарини онҳо истифодабариии пешвандҳо, пасвандҳо ва бадакҳо мебошанд.

Муродифҳои пешванддори забони англисӣ аксар вақт метавонанд ҳамчун сифат, феъл ва зарф баромад кунанд. Ё худ аз як ҳиссаи нутқ ба ҳиссаи нутқи дигар кўчонда шаванд. Масалан муродифи сифати wrong калимаҳои incorrect ва improper (ҳар се бо маънои нодуруст) мебошанд, ки бо ёрии пешвандҳои инкории «in-» ва «im-» сохта шудаанд, ки ба забони тоҷикӣ «но-» гуфтан мумкин аст:
This is the wrong / incorrect / improper solution.

Ин роҳи ҳали нодуруст мебошад.
Боиси қайд аст, ки ҳатто тарҷумаи ин калимаҳо ба забони тоҷикӣ (нодуруст) ё русӣ (неправильно), мувофиқати луғавии пешвандашонро таъмин мекунад.

Феълҳои return, repay, retort, restore (ҳама бо маънои баргардонидан) ба ҳам муродиф буда, пешванди «re-» (бо маънои «аз нав …») маънии луғавии онҳоро ба ҳам наздик мекунад:
I must to return / repay / retort / restore my bank credit on time.

Ман бояд қарзи бонкии худро сари вақт баргардонам.
Пасвандҳои муродифсози забони англисӣ низ мисли забони тоҷикӣ аз як ҳиссаҳои нутқ дигареро бунёд мекунанд. Масалан пасванди исмсози «-er/-or» монанди пасванди тоҷикии «-гор/-гар» аз феъл исм месозад. Масалан калимаҳои teacher, educator, instructor, trainer ҳама бо маънои омўзгор ё таълимгар ба ҳам муродиф ба ҳисоб мераванд:
A good teacher / educator / instructor / trainer should know his subject well.

Омўзгори хуб бояд фанни худро нағз донад.
Дар забони англисӣ пасванди «-less» мазмунан ба пешванди тоҷикии «бе-» мувофиқат карда аз феълҳо исмҳои ба ҳам муродиф сохтанашон мумкин аст. Масалан дар калимаҳои careless, heedless, reckless (ҳар се бо маънои беэҳтиётӣ) муносибати муродифӣ хуб зоҳир гаштанд:
Being careless / heedless / reckless with fire still remains dangerous for us.

Беэҳтиётӣ нисбат ба оташ барои мо ҳануз ҳам хатарнок боқи мемонад.
Бандакҳо афиксҳои хоси феъл ба шумор мераванд, ки шахсу шумора, замон ва дигар категорияҳои феълиро ифода мекунанд. Яке аз чунин бандакҳои сермаҳсули забони англисӣ «-ed» (ифодакунандаи замони гузаштаи феълҳои дуруст) мебошад. [12. саҳ. 306]

Агар онро ба ҳамаи феълҳои муродиф, яъне ҳаммаъно ҳамроҳ кунем, муродифҳои сохтаи бандакдор дастрас мегарданд, мисли феълҳои answered, replied, responded (ҳар се бо маънои ҷавоб дод) дар ҷумлаи:
He answered / replied / responded to my call immediately.

Вай ба занги ман дарҳол ҷавоб дод.
Намунаи дигари муродифҳои бандакдори забони англисӣро дар мисоли истифодабарии бандаки «-ing», ки ифодакунандаи сифати феълӣ ва феъли ҳол аст, метавон дид. Масалан калимаҳои learning, studying ва reading (ҳар се ба маънои таҳсил) туфайли бандаки «-ing» муносибатҳои муродифии худро устувор мегардонад:
Learning / Studying / Reading is important for everybody. Таҳсил барои ҳама муҳим аст.
в) Муродифҳои мураккаб гуфта калимаҳоеро меноманд, ки аз ду ё се реша иборат буда ба ҳам ҳаммаъноянд. Мисли забони тоҷикӣ муродифҳои муракаби забони англисӣ низ метавонанд ба вазифаи ҳиссаҳои нутқи гуногун баромад кунанд. Исмҳо, сифатҳо, зарфҳо ва феълҳои мураккаби ба ҳам муродиф дар забони англисӣ кам нестанд. Масалан исмҳои schoolchildren ва schoolkids аз лиҳози сохт дар решаи таркибии дуюм фарқият доранд, вале аз лиҳози маънӣ ба ҳам муродифанд (ҳар ду ба маънои мактаббачагон):
The schoolchildren / schoolkids shoud come to school with school uniform.

Мактаббачагон бояд ба мактаб бо сарулибоси мактабӣ оянд.
Њодисаи муродифӣ дар қисми дуюми калимаҳои мураккаб дар сифатҳои забони англисӣ низ вомехурад. Калимаҳои well-educated, well-trained ва well-taught (ҳар се ба маънои таълими хуб гирифта), ки бо калимаи well- оғоз шудаанд дар қисми дуюм калимаҳои муродифӣ доранд: [24 саҳ. 167] He was a well-educated / well-trained / well-taught specialist.

Вай мутахасиси таълими хуб гирифта буд.
Дар мисоли зарфҳои мураккабу муродифи забони англисӣ низ чунин воситаи калимасозӣ аз эътибор соқит нест. Массалан зарфҳои outside ва outdoor (ҳар ду ба маънои берун), низ дар қисми таркибии дуюм ба ҳам шабеҳияти луғавӣ зоҳир менамоянд:
Tom banged the door and went outside / outdoor.

Том дарро сахт пушид ва берун баромада рафт.
Муродифҳои ифодакунандаи амал, яъне феълҳои ҳаммаъно низ дар забони англисӣ ба гуруҳҳои сохтории дигар ҳиссаҳои нутқи зикргардида дохил мешаванд. Таркиби дуюми феълҳои мазкур ба ҳам ҳаммаъногӣ ифода мекунанд overload ва overburden (ҳар ду ба маънои барзиёд бор кардан):
The ship was overloaded / overburdened.

Кишти барзиёд бор дошт.

Чунончи аз таҳлилҳои болоӣ маълум гашт, муродифҳои забони англисӣ аз лиҳози сохт гуногун буда, бо вуҷуди ин ҳамаъногии луғавии худро нигоҳ медоранд. Бояд қайд кард, ки аз лиҳози сохт ба як гуруҳ (содда, сохта ё мураккаб) дахл доштани калимаҳои ҳаммаъно шарту зарур нест. Воҳидҳои муродифие вомехуранд, ки нисбат ба якдигар аз ҷиҳати сохт фарқ мекунанд. Масалан сифатҳои fat — содда, fleshy — сохта ва overweight — мураккаб буда, бо мафҳуми фарбеҳ ба ҳам муродиф боқӣ мемонанд:

Mrs. Lowrence was the only fat / fleshy / overweighted women in the neighbourhood.

Хонум Лоуренс ягона зани аз ҳад фарбеҳ дар гирду атроф буд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *