Фанни Забони англисӣ

​Таърихи ибораҳои феъли

Истилоҳи Phrasal verbs аввалин бор Логаном Смитом дар китоби “Луғат ва Идиома”(1925), ҷое ки ин нашриёт бо ин истилоҳ гузошта шуда буд.

Решаи ибораҳои феъли дар китобҳои пешинаи забони англисӣ гуногун буда, феъл бо зарф ва пешоянд калима бо калима навишта мешавад, ҷои исти худро дар ҷумла нишон медиҳад, масалан:

The boy walked out. (direction)

The boy stood by.(place)

The boy held his hand up.(physical orientation)

Зарфҳои кутоҳ ва пешоянд ҷои худро бо муносибати феъл ва обекти ҷумла нишон медиҳанд, масалан:

The army charged up the hill.(direction)

The painter stood by the house. (place)

The thief climed out the window. (direction)

Hang over the fire. (physical orientation)

Аз қарнҳои пеш васеъ кардани феъл бо зарфҳои кутоҳ ва пешоянд муфовиқ мебошад, маънояшон зина ба зина инкишоф ёфтааст.

Пайдоиш ва тарақиёти ибораҳои феъли барои сохтани феълҳои нави забони англисӣ дар замони ҳозира мебошанд.

Дар чунин ибораҳо феъл бояд англисии таҳҷоӣ бошад, аммо дар бораи хусусияти ҷанбаи дуюм якчанд ақидаҳо мавҷуданд. Њамин тавр А. В. Кунин чунин мешуморад, ки ҷанбаи дуюм ба худ калимаи номукаммали дар нимроҳаи байни морфема ва лексема ҷойдошта таҷассум мекунад; аммо дар ин ҳолат чунин таркиб дар байни калима ва ибора ҷой мегирад. Ба ақидаи Н. Н. Амосова компоненти дуюм-калимаи мустақил аст, ки функсияи ҳиссаи нутқи ғайримустақилро иҷро мекунад. Ин акида бо нуқтаи назари А.И.Смирнитский мувофиқ меояд, ки ҷанбаи дуюмро зарфи пешоянддор номидааст. Дар лексикологияи ватанӣ мафҳуми қабулшудаи «пасоянд» ё «постпозитив» ба мавқеъ ва ҷойгирии элемент дар таркиб ишора мекунад. Пасояндҳо таърихан асли худро аз пешояндҳо ва зарфҳо гирифтаанд ва инро номи қабулнамудаи англисии adverb собит мекунад. Аммо дар забони муосир постпозитивҳо аз зарфҳо бо он фарқ мекунанд, ки хусусияти тасвирӣ надоранд, дар ҷумла функсияи мустақил надоранд , ба ҷои ин ба семантикаи феъл таъсир мерасонанд , ки хоси зарф нест.

Структураҳои дорои постпозитивҳо метавонанд ҳам ба мисли таркибҳои озод ва ҳам таркибҳои фразеологии хусуситяти хос дошта бошанд ва барои ҳамин ҳам дар ҳудуди захираи фразеологӣ меистанд. Дар таркиби озод феъл мазмуни худро нигоҳ медорад вале пасоянд танҳо онро аниқ мекунад: to look back/down/up/around (аниқ кардани самти амалиёт); to sit/to sit down (аниқ кардани ҳадди амал); to end/to end up (пурзўр кардани амал) ва ғайраҳо. Дар таркиби фразеологӣ пасоянд ба семантикаи феъл таъсир расонда аксар вақт тағир медиҳад (to give up — resign, surrender; to go on — continue; etc.). дар ин маврид моделе вуҷуд надорад ва феъл ва пасоянд мазмунан заифанд ва мазмуни умум ба ҳосили ҷамъи мазмуни компонентҳои таркибёбанда намебарад. Баъзан далеловарӣ нигоҳ дошта мешавад, масалан дар ибораи to let out (a secret) ё to go on. Њамон як таркиби шаклан якхела вобаста ба хусусияти контекст метавонад ҳам озод ва ҳам фразеологӣ бошад: come in — enter (He came in and shut the door) — контексти тағирёбанда; come in — be concerned (Where do I come in in this business?) — контексти доимӣ; look out — try to see what is outside (Look out into the street) — контексти тағирёбанда; look out — be on the watch (Will you go to the station and look out for Mr. Hill?); look out — afford an outlook (Our hotel room looks out on the sea front) — контексти доимӣ ва ғ.

Њамин тавр воҳидҳои захираи фразеологӣ ба худ қишри махсус ва хоси лексикаро таҷассум мекунанд, ки дорои структураи гуногуншакл буда, дар нуқ вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд. Мазмуни воҳиҳои фразеологӣ ба контекст алоқамандии зич дорад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *