Фанни Туризм

Заминаҳои таърихии истифодабарии минтақаҳои кӯҳӣ

Мардум аз замонҳои қадим дар кӯҳсор маскан гирифтаанд. Тақрибан, 3 млн. сол қабл аҷдодони мо на он қадар дур аз кӯҳҳои Килиманҷар дар ноҳияи Афара дар шимолу шарқии доманакӯҳҳои Эфиопия зиндагӣ мекарданд. Ҳамаи бозёфтҳои аҷдодони одам дар зери боқимондаҳои хокистари оташфишониҳои вулканӣ ёфт шудаанд. Онҳо дар наздикии тарқишҳои тектоникии фаъол ҷойгир шудаанд. Аз сенздаҳ бозёфтҳои архантропикии асосии ҷаҳонӣ, даҳтояш ба кӯҳсор ва ҳудудҳои наздикӯҳӣ дахолат мекунанд. Ба онҳо қариб тамоми бозёфтҳои тараққиёфтаи аҷдодони одам ҷалб карда мешуданд.

Маскани ҷамъияти ибтидоӣ қариб дар тамоми кишварҳои кӯҳсор ёфт шудааст, гарчанде ки маскан гирифтан нисбат ба кӯҳҳо дар ҷангалзорҳо осонтар буд. Маълум гардидааст, ки ним миллион сол пеш инсон дар Апеннинҳо (маскани Компобассо) шикор кардааст ва дар Олтой (маскани Улалинка) нишона гузоштааст. Дар давраи полеозойи пеш мардум дар Кавказ маскун гирифтанд. Ҷои зисти онҳо дар кӯҳҳои Арагас (маскуни Сатанидар) дар ғори Осетияи ҷанубӣ дар доманакӯҳи вилояти автономии Қарабои кӯҳӣ маълум шудааст. Дар алоқамандӣ бо маскангирӣ дар кӯҳҳо маскани одамон дар Ӯзбекистон (дар қаторкӯҳи Байсун) дар қаторкӯҳи Дарвоз (Шуғнов) дар Тиёншон (Обираҳмат, Куль-Булук) дар Алтой (ғорхои Страшная, Денисовая, Усть-Канская) дар Алп (Драхенлох),дар Гурҷистони ғарбӣ (Ҷургула, Сакажиа)… ёфт шудаанд.

Хусусан дар кӯҳсор нишонаҳои (меозеолитӣ ва неолитӣ) хеле гуногун тасвир ёфтаанд. Дар бисёр ҷойҳои Осиёи Миёна, асосан дар Помири шарқӣ ва Тибет, онҳо то баландии 4 500 метр маълум буданд. Аз ҳама маскани бузург ва машҳур маскани ошхона мебошад, ки дар қисмати болоии Маркансу дар баландии 4 100 метр маълум шудааст. Ба неолити пеш тасвираҳои рӯи санг дар шахтҳои Помир дохил мешаванд, ки яке аз қадимтарин дар рӯи замин ба ҳисоб мераванд. Инчунин қариб сад тасвирро дар нишебиҳои шимолии қаторкӯҳҳои Аличур дар баландии зиёда аз 3 800 метр ёфт намудаанд. Инчунин (петроглифҳои) бисёри даври неолит дар баландии зиёда аз 3 800 метр дар Тиёншон низ маълум гардидаанд. Инҳо ғорҳои Ак-чунқур дар биёбони Сари-Чаза, ёдгориҳои бостонии кӯли Сонқул, маскани Саймали-Таш дар қисмати шарқии қаторкӯҳҳои Фарғона мебошанд. Ҳамаи бозёфтҳо шаҳодат медиҳанд, ки истиқоматкунандагони ин ҷойҳо дар охири асри Ш ва аввали асри П ҳазорсолаи то милод маданияти баланд ва маълумотҳои астрономии пурраро доштаанд.

Дар Америка аломатҳои

Ғори Сандиа

аввалини мавҷудияти инсоният дар Мексика (Пуэбло, биёбони Мехико) ва дар И.М.А. (штати Мексикаи нав ва ғори Сандиа) маълум шудаанд. Онҳо дар баландии 2 200метр паҳн гашта буданд.

Дар кӯҳҳои серхарсанг одамон дар ғорҳо дар баландии 1 900 метр аз сатҳи баҳр, ҳануз 9-ҳазор сол пеш зиндагӣ мекарданд. Тақрибан нуҳ ҳазор сол пеш то эраи мо дар Мексика биёбони Техуакана дар баландии 2 300 метр маълум шудааст. Маскани одамон дар Перу дар баландии қариб 4 000 метр, 7 500 сол пеш аз милод ёфт шудааст.

Кӯҳҳо аз ҷинсҳои кӯҳӣ ниҳоят бой мебошанд, ки барои тайёр кардани маснуоти сангӣ созгор мебошанд. Аз ҳама маҳсулоти қадими аз мис ва қалъагӣ сохташуда (дар қисми болоии дарёи Тигр) ёфт шудаанд. Онҳо дар солҳои 9200-8750 то милод маълум гаштаанд. Дар Қувайт ва ноҳияҳои кӯҳии Балкану Карпат маҳсулотҳои хеле қадимаи аз мис ва қалъагӣ сохташуда ёфт шудаанд, ки 3 000 сол пеш аз милод пайдо шудаанд. Танҳо дар кӯҳҳо, ки дар он ҷо таъсири қувваҳои дохилии замин хеле намудор аст, ҷинсҳои кӯҳӣ ва аввалин донишҳои геологии инсон ба вуҷуд омадаанд.

Тадқиқотҳои археологиву полеоэтноботаникии даҳсолаҳои охир ақидаҳои Н.И.Вавиловро тасдиқ ва аниқ кардаанд.

Дар давраи мезолит аҳолии нишебиҳои Загроса ва Тавра растаниҳои ёбоии хушадорро ба монанди гандум, ҷав, нахуд, ангур, себ, зардолу, писта ва ғайра… ҷамъоварӣ мекардаанд. Мавқеи муайянро дар хоҷагидории онҳо шикори бузи кӯҳи ва хукҳо мебозид. Маркази асосии шаклсозии намуди гандуми мулоим Осиёи пеш ва биёбони Ҳинд ба ҳисоб мераванд. Инчунин дар ҳудудҳои кӯҳӣ аз Панҷоб то Кавказ олу, зардолу, шафтолу, олуча, нок, анор, пиёз, ҳарбузаву тарбуз пайдо шудаанд. Нақшаи яке аз ғорҳо

Ҳайвонҳои қадимаи хонагӣ, ки дар хочагидорӣ онҳоро истифода мебурданд, буз ва гусфанд буданд, ки дар асри VIII то эраи мо вуҷуд доштанд. Маркази бузҳо Загроси ҷанубӣ, Ҳимолойи ғарбӣ ва Ҳиндукуш ба ҳисоб меравад.

Ковокиҳо дар ғори Духов дар кӯҳҳои шимолу ғарбии Тайланд дар охири асрҳои VIII-VII то милод ёфт шуданд. Дар он ҷо боқимондаҳои бодиринг, қаламфур, олу ва дигар меваҳо ёфт шудаанд. Аз ноҳияҳои кӯҳии Хитой ( соя, турб, хурмо, растаниҳои ситрусӣ) ёфт шудаанд.

Дар нишебиҳои шимолии Анд, чормағзи замин ва дар қуллаҳои доманакӯҳҳои Анд – картошка ёфт шудаанд.

Ҳамин тариқ, тамаддуни давлатҳои баҳримиёназамин: Осиёи пеш, Тибет, Ҳиндухитой, Ҳабашистон, Мексика, Перу ба қӯҳ наздиктар мешуд.

Бисёрии давлатҳо дар қабати дарози кӯҳии байни 20 ва 40 дараҷа паҳн шудаанд ва ҳамин тарз аҷдодони мо мефаҳмиданд, ки мавҷудияти кӯҳ дар ташаккулёбии тамаддуни онҳо мавқеи асосиро ишғол кардааст.

Асосан дар баландиҳо онҳо масҷидҳо, ҷойҳои махсус барои қурбонӣ месохтанд. Бисёрии халқҳо эҷодиёташонро ҳатман бо манзараҳои кӯҳӣ алоқаманд мекарданд, ки бо ин онҳо баландии кӯҳоро дар эҷодиёташон тасвир мекарданд.

Дар қадим тавассути кӯҳҳо роҳҳои доимии вуҷуд доштанд, ки алоқамандии иқтисодию тиҷоратӣ ва маданиро доштанд. Корвон аз Ҳиндустон то Тибет тавассути кутали Ҳимолой Нангпа-Ла, ки дар баландии 5 716 метр ҷойгир аст мегузашт. Ба ҳолатҳои душворгузари роҳи Помири шарқӣ нигоҳ накарда тавассути биёбони Панҷ роҳи бузурги абрешим аз Хитой ба мамлакатҳои Осиёи Миёна мегузашт. Дар соли 1974 дар кӯҳҳои Помири шарқӣ дар баландии 4000 метр шаҳри асримиёнагие бо қубурҳои қадима ва кӯчаю майдонгоҳҳояш ёфт шуд. Аҳолии ин шаҳр ба обкардани нуқра машғул будаанд. Инчунин дар ин макон дар баландии 5 000 метр, кони нуқра ёфт шуд. Дар Тибет ва Ладахке масҷидҳои будоии қадимро, ки дар баландии 3600–4200 метр ҷойгир буданд ёфт намудаанд.

Дар ноҳияи асосии Кордилери Анд дар баландии 6300 метр мумиёро ёфтанд.

Ҳамин тавр кӯҳҳо давраҳои дуру дарози таърихӣ, геологӣ ва иқтисодии худро доранд. Имрӯз низ дар кӯҳсор халқҳо зиндагӣ мекунанд, ки онҳо ба хоҷагидорӣ, коркарди захираҳои табии ва истифодаи ҷангалзорҳо машғуланд.

Дар алоқамандӣ бо инҳо дар нақши аввал дурнамои замонавии азхудкунии захираҳои рекреатсионии системаи кӯҳҳо меистад. Мардум кӯшиш мекарданд, то ба қуллаҳои баланди кӯҳ бароянд, шумораи зиёди туристон пайдо шуданд, ки намуди истироҳати фаъолро интихоб намуданд: ба монанди алпинизм, рафтинг, трекинг, хайкинг ва гайра… Шавқу ҳаваси онҳо нисбат ба кӯҳҳо зиёдтар мешуд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *