Фанни Туризм

Баҳои иқтисодӣ ба сарватҳои табиӣ ва ҷойгиршавии онҳо

Инкишофи иқтисодии ҷамъият, ҷойгиршавии қувваҳои истеҳсолкунанда ва фаъолияти инсон дар бисёр маврид аз таъсири муҳити географӣ, ки дар маҷмӯъ он шароитҳои табиӣ ва сарватҳои онро дар бар мегирад, вобастагии зиёд дорад.

Шароитҳои табиӣ яке аз узвҳои муҳими муҳити табиӣ буда, бевосита дар истеҳсолоти моддӣ ҷалб карда намешаванд, вале бе онҳо протсесси истеҳсолот ғайриимкон аст. Ба ин пеш аз ҳама релеф, иқлим, нури Офтоб ва ғайра дохил мешаванд. Шароитҳои мувофиқ ва ё номувофиқи табиӣ ба инкишофи иқтисодии ҷамъият ва ба ҳаёти инсон таъсири назаррас дорад.

Сарватҳои табиӣ қисми муҳими элементҳои муҳити табиӣ буда, онҳо дар протсесси истеҳсолоти моддӣ истифода бурда мешаванд. Аз онҳо бевосита ашёи саноату маҳсулоти истеъмолӣ, қувваи барқ ва ғайра истеҳсол менамоянд.

Дар навбати худ захираҳои табиӣ ба якчанд гурӯҳ тақсим мешаванд:

— сарватҳои зеризаминӣ (ба ин тамоми намудҳои канданиҳои фоиданок ва сӯзишворӣ дохил мешавад);

— захираҳои об, замин ва биологӣ;

— захираҳои Уқёнуси ҷаҳонӣ;

— захираҳои рекреатсионӣ.

Аз рӯи истифодабарӣ захираҳои табииро ба барқароршаванда ва барқарорнашаванда ҷудо мекунанд.

Ба гурӯҳи барқарорнашаванда чунин захираҳои табиие дохил мешаванд, ки минбаъд тамоман барқарор намешаванд ва ба онҳо нефт, ангишт ва бештари канданиҳои фоиданок шомил мебошанд. Ҳифзи захираҳои барқарорнашаванда пеш аз ҳама дар истифодаи самараноку оқилонаи онҳо ҳангоми истихроҷу коркард мебошад.

Ба гурӯҳи барқароршаванда захираҳои табиӣ хок, олами набототу ҳайвонот, об, қувваи бод ва захираи Уқёнуси ҷаҳонӣ дохил мешаванд. Ин захираҳои номбурда бо мурури истифодабарӣ аз нав барқарор мешаванд. Вале барои барқароршавии онҳо шароити муайяни табиӣ зарур аст. Ба инобат нагирифтани ин шароитҳо боиси давомнок ва ё умуман қатъ гардидани протсесси барқароршавии онҳо хоҳад гашт. Аз тарафи дигар набояд фаромӯш кард, ки протсесси барқароршавии захираҳои табиӣ барои ҳар як намуд дар мӯҳлати ҳархела зоҳир мегардад. Масалан, барои барқарор намудани намуди ҳайвонотҳои бемаврид шикоршуда аз 5 то 10 сол кифоя аст, вале барои бешазори нобудшуда аз 60 то 80 сол камӣ мекунад. Барои барқароркунии қабати хок бошад, ҳазорсолаҳо лозим меояд. Захираҳои табиии барқароршаванда дар натиҷаи фаъолияти инсон ба захираҳои барқарорнашаванда табдил меёбанд. Инро дар мисоли тамоман нобуд шудани намудҳои набототу ҳайвонот ва қабатҳои хок дар натиҷаи эрозия (фарсоиш) дидан мумкин аст.

Дар байни боигариҳои табиӣ сарватҳои зеризаминӣ мавқеи хос доранд. Баҳои иқтисодӣ ба сарватҳои зеризаминӣ пеш аз ҳама аз нигоҳи самаранокии он дода мешавад. Ҷойгиршавии канданиҳои фоиданок дар қаъри замин якхела нестанд, ки он дар навбати худ ба хароҷоти гуногун меоварад. Ҳатто сифати захираҳои мавҷуда фарқ мекунанд, ки он низ арзиши минбаъдаи кони мазкурро муайян менамоянд. Аз ин хотир, ҳангоми истихроҷи ашёҳои минералӣ пеш аз ҳама самаранокии иқтисодии он дар мадди аввал меистад.

Аз рӯи истифодабарӣ дар доираи истеҳсолот сарватҳои зеризаминиро ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд:

1. Сӯзишворӣ-энергетикӣ (нефт, газ, ангишт, сланетсҳои сӯзанда ва торф);

2. Маъданҳои металлӣ (металлҳои сиёҳ, ранга, нодир ва асил);

3. Маъданҳои ғайриметаллӣ (ашёи саноати кӯҳӣ-кимиёвӣ, ашёи масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра).

Яке аз хусусиятҳои асосии захираҳои канданиҳои фоиданок аз он иборат аст, ки онҳо дар қаъри замин ба таври нобаробар ҷойгир шудаанд. Аз тарафи дигар ҳар як намуди захираҳои он қонуниятҳои ба худ хоси пайдоиш ва ҷойгиршавиро доранд.

Аз рӯи аҳамияти иқтисодӣ доштани канданиҳои фоиданок онҳоро ба ду гурӯҳ: балансӣ (категорияи А+В+С1) ва ғайрибалансӣ (категорияи С2) ҷудо мекунанд. Ба гурӯҳи балансӣ захираҳое дохил мешаванд, ки истифодабарии онҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок буда, ба талаботи саноат ва шароитҳои истифодаи техникӣ пурра ҷавобгӯй мебошад. Ба гурӯҳӣ ғайрибалансӣ (категорияи С2) захираҳое дохил мешаванд, ки айни замон истихроҷи онҳо аз нигоҳи иқтисодӣ ба мақсад мувофиқ нест, вале шояд дар оянда истифода бурда шаванд.

Аз захираҳои табиӣ таъмин будани давлат – омили муҳими инкишофи иқтисодию сиёсӣ ва пешрафти истеҳсолоти ҷамъиятӣ мебошад. Намудҳои сарватҳои табиӣ, ҷойгиршавии он, ҳаҷми захира, сифат, дараҷаи тадқиқи кон ва роҳҳои истифодабарии он ба иқтидори иқтисодии мамлакат таъсири ниҳоят бузург дорад.

Талаботи ҷаҳонӣ ба захираи сарватҳои зеризаминӣ дар асри XX ва аввали асри XXI суръати хело баландро гирифт. Дар баробари зиёд шудани талабот нисбат ба ашёҳои минералӣ, ҷустуҷӯй, такмили технологияи истихроҷ, ба таври комплексӣ истифодабарии конҳои металлҳои ранга ва беҳтар намудани дараҷаи истеҳсолӣ мавқеи асосиро ишғол намуда истодааст. Агар дар асрҳои миёна инсон аз қаъри замин 18 номгӯй, асри XVII — 25, асри XVIII – 29, асри XIX – 47, ибтидои асри XX — 54 ва ҳоло бошад зиёда аз 200 намуди ҳархелаи ашёи минералиро истифода мебарад. Аз рӯи ҳисоботи олимон инсоният дар тӯли ҳастии худ аз қаъри Замин зиёда аз 180 млрд. тонна ангишт, 85 млрд. тонна нефт, 40 млрд. тонна маъдани оҳан, 280 млн. тонна маъдани мис истихроҷ кардааст. Ҳоло соле аз қаъри Замин зиёда аз 100 млрд. тонна намуди ҳархелаи ашёи минералӣ ва сӯзишворӣ истихроҷ карда мешавад.

Мувофиқи тадқиқотҳои геологӣ сарзамини Тоҷикистон дорои захираҳои хело зиёди сарватҳои зеризаминӣ мебошад. Айни замон дар қаламрави мамлакат қариб 1000 кони ашёҳои гуногуни минералӣ кашф карда шудааст, ки аз ин тақрибан 100 кон мавриди истифода қарор дорад. Ҳафриётҳои бостонӣ гувоҳи онанд, ки ҳанӯз дар замонҳои қадим дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон истифодаю коркарди сарватҳои зеризаминӣ вуҷуд доштааст. Мувофиқи нишондоди бостоншинос М.Е.Массон дар ин сарзамин ҳанӯз дар асри IV то милод конҳо кор мекарданд. Аз гуфти Геродот ва Страбон мардуми ноҳияи Қарамазор дар ҳамон аср аз мис сохтани камонғулак, офтоба ва наълро медонистанд ва тиллою нуқраро бошад, барои ороиши зарфҳои мухталиф истифода мебурданд. Як қисми кӯҳистонро (аз водии Зарафшон то Истаравшан) мамлакати Бутем меномиданд. Дар ин сарзамин тилло, нуқра, мис, оҳан, сулфур ва навшодир мавҷуд будааст. Бисёр тадқиқотчиёну сайёҳон дар хусуси истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ дар Балҷувону Рашт ва Дарвоз маълумотҳои аҷиб овардаанд. Дар охири асри XIX ва авали асри XX инженери кӯҳшинос Журавко-Покорский барои барқарор намудани конҳои қадима дар Дарвозу Бадахшон кӯшиш намуда буд.

Тадқиқоти аввалини дар асоси илми омӯхтани табиат ва сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон ба номи олимони рус И.В.Мушкетов, Д.Л.Иванов, Г.Д.Романовский, А.П.Федченко, Д.В. ва дигарон, ки дар XIX ва аввалҳои асри XX гузаронида буданд, вобаста аст. Солҳои 20-ум ва 30-юми асри гузашта дар таърихи омӯзиши канданиҳои фоиданоки ҷумҳурӣ гардиши муҳиме ба амал омад. Дар ин давра тадқиқотҳои экспедитсияҳои комплексии шӯравию олмонӣ ва Тоҷику Помир (солҳои 1928-1933), ки дар ҳайати он олимони маъруф-геологҳо А.Е.Ферсман, Д.В.Наливкин, Д.И.Шербаков, В.А.Николаев ва дигарон буданд, дар кори тадқиқу кашфи намуди конҳои нав дар Тоҷикистон ҳиссаи бузург гузоштанд.

Тадқиқотҳои минбаъдаи сарзамини Тоҷикистон зарурияти таъсис додани базаҳои илмӣ ва тадқиқотиро талаб намуд. Ба ин мақсад аввал дар базаи экспедитсияи Тоҷику Помир филиали Академияи илмҳои СССР ва дар асоси он шӯъбаи геологӣ таъсис дода шуд. Барои васеъ намудани тадқиқотҳои илмӣ соли 1941 дар Тоҷикистон филиали Институти геологияи Академияи илмҳои СССР ташкил карда шуд. Соли 1951 Академияи илмҳои Тоҷикистон мустақил эълон карда шуд ва дар ҳайати он Институти геология мавқеи асосиро ишғол намуд. Солҳои тӯлонӣ сарварии Институти геологияи Академияи илмҳои Тоҷикистонро академик Р. Баротов ба ӯҳда дошт. Дар ин давра Институт дар тадқиқоту истифодабарии намудҳои гуногуни сарватҳои зеризаминӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳиссаи хело бузург гузошт. Институти геология дар тарбия намудани кадрҳои баландихтисос низ корҳои хело зиёдеро ба сомон расонид. Кормандони Институти геологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Раёсати геологияи ҷумҳурӣ конҳои хело зиёди руҳ, сурб, мис, қалъагӣ, волфрам, висмут, сурма, симоб, тилло, нуқра, нефт, гази табиӣ, ангишт, сангҳои қимматбаҳо, обҳои маъданӣ кашф ва муайян намуданд. Дар асоси захираҳои сарватҳои зеризаминӣ дар мамлакат як қатор корхонаҳои металлургияи ранга, саноати кимиё, коркарди сангҳои қимматбаҳою ороишӣ, масолеҳи бинокорӣ ва ғайра бунёд карда шуданд.

Сарватҳои зеризаминӣ дар қаламрави мамлакат ба таври нобаробар ҷойгир шудаанд. Қисми зиёди он дар ноҳияҳои баландкӯҳ ва дур аз марказҳои саноатӣ воқеъ гардидаанд.

Дар инкишофи иқтисодии кишвар нақши канданиҳои сӯзишворӣ-энергетикӣ хело бузург аст.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *