Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Адабиёти Византия дар асрхои III – V

АНЪАНАҲО ВА САМТҲО ДАР АДАБИЁТИ ВИЗАНТИЯ

Барои адабиёти Византияи асрҳои III– V васеъгӣ ва бисёржанра хос аст: он аз рисолаҳои моҳияти таърихидошта, илоҳишиносӣ, фалсафӣ, натурфалсафа вв ғайраҳои зиёд иборат буд. Ин адабиёт аз рӯи этнолингвистӣ бо гуногунӣ, ва сермиллатӣ фарқ мекард. Хатти асосии он забони юнонӣ буд, чунки барои аксарияим бузурги аҳолӣ забони умумӣ забони юнонӣ буд, ки то охирҳои асри IV ба забони расмии империя мубаддал гардида буд. Аммо дар баробари ёдгориҳои адабии бо забони юнонӣ навишташуда ва дар ҳамоҳангӣ бо ин забон асарҳое вуҷуд доштанд, ки ба забонҳои лотинӣ, суриягӣ, коптӣ ва забонҳои дигар навишта шуда буданд.

Дар адабиёти Византия анъанаҳои антиқӣ ҳаёти худро идома медоданд, ки ба ин мавҷудиёти забони юнонӣ ва инчунин махсусияти низоми таҳсилот ва маориф мусоидат мекард. Ташкили тадрис дар мактабҳои ибтидоӣ ва олӣ дар паҳншавии ёдгориҳои адабии антиқӣ ва ташаккулёбии табъи мардум нақши калонро иҷро кардаанд. Дар баробари ин ба адабиёт (дар маҷмӯъ ба тамоми маданият ҳам) масеҳият таъсири калон расонидааст. Асарҳои илоҳишиносии масеҳӣ қисмати зиёди онро ташкил мекард.

Дар адабиёти асрҳои IV – V ду самт вуҷуд дорад: яке бо шоиру нависандагони бутпарастӣ муаррифӣ мешавад, ва дигараш – бо муаллифони масеҳӣ. Рушди худро чунин жанрзои антиқӣ, ба монанди риторика (суханварӣ),эпистолография (иншонависӣ), эпос, эпиграмма (ҳаҷвия) рушди худро идома медоданд. Инҳоро жанрҳои нав ҳамсоягӣ мекарданд: хронография (солноманависӣ), агиография (таблиғотӣ) ва гимнография (мадҳияю ҳамдусанонависӣ

Масеҳияти барвақта адабиёти бадеиро бо маънии аслии ин калима дода наметавонист. Дар маҳсулоти адабии он баробарвазнӣ дар байни шакл ва мазмун он вақт аз ҳад зиёд ба фоидаи мазмун вайрон карда шуда буд. Қоидаи сахт ба дидактикаи барои омӯзгормуқарраргардида ғамхории бошууронаро дар бораи башаклдарории берунаи асарро истисно мекард. Унсурҳои ороишии стилистика барои зарур набуданашон рад карда мешуданд. Озодии зиёд имкон дод, ки дар навишти адабиёти апокрифии (асарҳои сюжеташон аз Таврот гирифташуда) ҳикоягӣ ва баъзан услубҳои романи антиқӣ истифода бурда шаванд. Аз бар кардани боигарии маданияти бутпарастиро масеҳият аз фалсафа оғоз менамояд. Аллакай дар оғози асри III он чунин мутафаккир ба монанди Ориген пешкаш менамояд. фароҳам меовард, киле ҳанӯз ягон муаллифро намедиҳад, ки бо бузургони “софистикаи дуюм” рақобат кунеад, инчунин дар зоҳиран аз бар кардани сухан низ.

Танҳо дар арафаи шоҳигарии Константин болоравии маданияти масеҳӣ в наздикшавии калисо бо ҷомеаи бутпарастӣ то он дараҷае дур меравад, ки барои пайвастани вазъгӯии масеҳии хеле нозукона ва шаклҳои коркардшудаи суханварӣ (риторика) шароити воқеӣ фароҳам меояд. Чунин ташаккул меёбанд асосҳои адабиёти Византия.

Дар он ҷои аввал ба наср тааллуқ дорад. Ҳанӯз дар миёнаҳои асри III Григорий Неокесарийский (назд.213 – 273) зиндагӣ ва эҷод карда, нутқеро бо номи “Каломи ташаккур” (ё худ “Панегирик”)-,ро бахшида ба устодаш Ориген навиштааст. Мавҳӯи нутқ солҳои таълим дар ҳузури Ориген дар мактаби калисо ва роҳи ба камолоти маънавӣ сабзида расидан ӯ мебошад характери он дар ҳамоҳангии шаклҳои усулҳои анъанавӣ ва нав мувофиқи рӯҳи ҳолноманависии шахсӣ муайян карда шудааст. Тантананокии панегирика, омурзиш, эҳтиром ва садои бовариии тарафайн ҳамдигарро пурғановат мегардонанд Боз бозии бошуурона ва гуворо дар рангорангии шаклҳои кӯҳна ва мазмуни нав дар муколамаи Мефодия аз Олимп ва Ликия (соли 311 вафот кардааст) баён ёфтааст дар “Базм, ё дар бораи хирадмандӣ” оварда шудааст. Худи сарлавҳа ишора ба муколамаи машҳури Афлотун “Базм, ё дар бораи ишқ” ишора дорад, ки сохти ин асари Мефодия хеле дақиқ баён ёфтааст. Иштирокчиёни муколама шаъну шарафхониҳои ботантанаро бо шарофати ақди Масеҳ ва Калисоро месароянд. Ин суруд нав аст ва аз рӯи шакли тасаввуф низ.

Эҳтимол меравад, ки таҷрибаи Мефодия ба амалияи адабиёти ҷамоаҳои масеҳӣ наздикӣ дошт, вале дар “адабиёти калон” он ба муддати зиёд бе оқибат мемонад. Баъди ним аср шогирди суханвари бутпарастӣ Епифания Аполинарий Лаодикийский кушиш ба харҷ медиҳад, ки назми масеҳиро аз нав дар асоси адабиёти анъанавӣ аз нав зинда кунад. Аз асарҳои зиёди ӯ аз баргардонии гексаметрии ҳарду аҳком,сурудҳои масеҳӣ дар усули Пиндара, фоҷеаҳо ва мазҳакаҳое, ки услуби Еврипид ва Менандрро мемонанд) то замони мотанҳо якчандто хурди онҳо боқӣ мондаанд.

Масеҳияти барвақта на дар замони гузашта балки барои оянда зиндагӣ мекард, на бо таърих, балки бо эсхатология ва апокалиптика. Дар охирҳои асри III вазъият тағйир меёбад. . Масеҳиҳо дигар худро ҳамчун “ба замин омадагони ятим” эҳсос намекарданд ва нисбати анъанаҳо табъи худро пайдо менамоянд. Калисо, ки ботинан барои ҳукмронии маънавӣ пухта расида буд, талаботи ба худ маъқулро дар абадигардонии гузаштаи худ эҳсос мекунад.

Баҳри қонеъ гардонидани ин талабот Евсевий даст мезанад. “Таърихи калисо”-и ӯ ба насри илмӣ тааллуқ дорад “Зиндагиномаи шоҳи наздик Константин” – суханварист. Мувофиқи вазифаҳо ва услуби худ ин асар “энкомий”-и (сухани таъриф) асил, маҳсули анъанаҳои кӯҳнаи антиқӣ мебошад, ки ҳанӯз аз Исокрит (асри IV то милод) оғоз гардидааст. Чизи нав анъанаҳои масеҳӣ мебошад. Подшоҳи идеалии бояд на танҳо “адолатпеша” ва “шикастнопазир” бошад, инчунин “худодӯстдор” ҳам бошад. Агар риторҳои кӯҳна подшоҳони маъруфмекардагиро бо қаҳрамонони асотирҳо ва ё таърихии юнонию римӣ муқоиса мекарда бошанд, пас Евсевий бошад, объектҳои муқоисаро аз Инҷил мегирад: Константин – ин “Моисейи нав”. Вале сохтори худи муқоисакунӣ мисли пештара боқӣ мемонад.

Маҳз дар ҳамин лаҳза, вақте ки калисо ба фаъолияти ошкоро ва таъсири сиёсӣ муваффақ мешавад, ба он зарурат ба миён омад, ки асосҳои ҷаҳонбинии худро аз нав дида барояд. Ин иқдом баҳсу мунозираи арианиро ба вуҷуд овард. Он дар маркази диққати ҳамаи ҳаёти ҷамъиятии асри IV истода буд ва наметавонист ба рафти ҷараёнёбии адабиёт таъсир нарасонад.

Арий рӯҳи дунявиро ба адабиёти динӣ ворид кард. Вазъгӯи шӯълавар, ӯ шунавандагони худ – шаҳрвҷандони Искандарияро, ки дар зиндагӣ дар шаҳри калон одат карда буданд, хеле хуб медонист. Учсули сахтгирорнаи зоҳидии масеҳияти қадим дар ин ҷо ба муваффақият умед баста наметавонист. Вале анъанаҳои бутпарастии классикӣ низ барои омма аз ҳад зиёд илмӣ (академикӣ) ва кӯҳнашуда буданд. Аз ин рӯ, Арий, барои таблиғоти васеъи ақидаҳои илоҳишиносии худ достони “Фалина”-ро навишта, ба анъанаҳои дигар, нисбатан камобрӯ ва бештар ҳаётӣ муроҷиат мекунад.

Мо дар бораи достони мулҳиди машҳур хеле кам огоҳ ҳастем – худи он гум шудааст (шояд он ҳатто на достон, балки матни омехтаи назмию насрӣ бошад, ки чунин асари адабӣ як навъи сатира – танқидӣ будааст). Лекин аз рӯи як шаҳодати як нафар, Арий пайравӣ бо усули Сотад, яке аз намояндагони назми сабуки эллинизми Искандария, кардааст. Аз рӯи шаҳодати дигар – шеърҳои ӯ ба оӣн равон карда шуда будааст, ки онҳоро дар коргоҳ ва дар роҳ сурудан мумкин будааст. Ҳатто агар ин маълумот ғаразнок ва беобрӯкунанда бошад, ки он аз эҷодиёти ӯ ба миён омадааст (назми Сотад порнографӣ будааст), шеърҳои ӯ ба ҳақиқат наздик будаанд. Искандария аз қадим боз маркази назми мимодий, мимиамб ва ғайра будааст. Арий кушиш ба харҷ додааст, ки ягон хел хусусиятҳои ин жанрҳоро дар назми масеҳии тавлидёфта истифода бибарад. Роҳи ӯ нисбатан мудҳиштар, вале нисбат ба роҳи класситсизми масеҳишудаи Аполинария Лаодикийский, ояндадортар буд.

Роҳибони мисрӣ, ки ба маданияти шаҳрҳои калон мансуб буданд,чунин таҷрибаҳоро бо нафрат ва душманорнаи қатъӣ қабул мекарданд ва ин кор то ба радкунии мринсипи назми адабӣ бурда мерасонид. Аз асри V то ба мо сӯҳбати пиронсол Памва ба тобеъ омада расидааст. Ки дар он гӯшанишини сахтмизоҷ чунин мефармояд: “роҳибон на барои он .а ин биёбон дур рафтаанд, то ки мулоҳиза кунанд ва қадам гузоранд” вале ҷараёни рушди назми калисоии халқӣ аз рӯи рӯҳ ва аз рӯи шакл навовариро боздоштан имкон надошт. Ҳамаи ҳимоятгарони эътиқодмандӣ бояд ба мураттаб сохтани сурудхонӣ машғул мешуданд, то ки аз истифода сурудҳои мулҳидон фишор дода бароранд. Яке аз ифодакунандагони тамолили вақт суриягӣ Ефим (соли 373 вафот мекунад) буд, ки ӯ рақиби бобарори намояндагони гимнографияи мулҳидӣ буд, ки бо забони счуриягӣ менавишт, вале ба адабиёти юнонизабон таъсири калон таъсир расонида буд,яке аз матнҳои ӯ аз рӯи баргардонии Пушкин дар шеъри “Падарони биёбониён ва занҳои пастзот…” хеле хуб маълум аст.

Душмани асосии Арий патриархи Искандария Афанасий буд. Рӯҳи бутпарастии анъанаҳои антиқӣ барои Афанасий бегона буд, вале ӯ кушиш ба харҷ медод, ки услуби сахти меъёрҳои суханварии мактабиро риоя кунад. Таваҷҷӯҳи нисбатан калони таърихию адабиро зиндагиномаи парҳезкор Анетоний,асосгузори роҳибӣ доро буд. Ин рисола қариб таъҷилан ба забонҳои лотинӣ ва суриягӣ тарҷума карда шуда ва ба жанри дар асрҳои миёна машҳуртарин “ҳаёти” роҳибон асос гузошт.

Роҳибони нахустини водии Нил аз машғулиятҳои адабӣ дар канор буданд. Антоний худ қаҳрамони нави адабиёт буд, вале ӯ ҳанӯз ба даст хома гирифта наметавонист. Баъди якчанд даҳсолаҳо роҳибон даст ба нависандагӣ мезананд. . Еватрий Понтийский (назд.346-399) ба як шакли барои Византия хос асос мегузорад – дастур оид ба этикаи роҳибӣ, ки ба худмушоҳидакунӣ асос ёфта буд ва он аз панду ҳикматҳо (афоризмҳзо) сохта шуда буд.

Ҳаёти ғоявии асри IV пурра пурихтилоф мебошад. вале зуҳуроти махсуси масеҳияти Византия – илоҳишиносии догматикӣ, гимнографияи ибодатӣ, мистикаи роҳибӣ тасаввуф аллакай ҳудудҳои амиқ пайдо менамоянд, бутпарастӣ намехоҳад, ки аз саҳна фурояд. Обрую эътибори он дар соҳаи сарбастаи таҳсилоти гуманитарӣ дар сатҳи хеле баланд қарор дошт. Хос аст, ки муаллифони масеҳие, ки дар жанрҳои анъанавии суханвҷарӣ ва назм фаъолият доштанд, бисёр вақт аз ҳама гуна ёддошт дар бораи эътиқоди худ канораҷӯӣ карда ва дар асарҳои худ қотеан аз образҳо ва мафҳумҳои бутпарастӣ истифода мебурданд. Юлиан Муртад (Отступник) бо овози боваринок ба масеҳиҳо эълон медорад, ки ягон нафар дар ҳайати онҳо ҷуръат намекунад, ки афзалияти мактаби кӯҳнаи бутпарастиро рад кунад.

Маҳз зарурат баҳри ҳимояи хуб мубориза бурдан на барои ҳаёт, балки ба марг бар зидди идеологияи нав ба маданияти бутпарастӣ қувваи нав мебахзшад.

ЖАНРҲОИ АДАБИЁТ ВА СИМОҲОИ АДАБӢ

Дар асри IV суханварӣ марҳалаи нашъунамои худро аз сар мегузаронад. Барои адептҳои он боварии қотеъ ба аҳамияти ҷамъиятии кори худ хос аст. Вале дар шароити мубориза бар зидди масеҳият он мазмуни нави васеътар пайдо менамояд. Дар ин ҷиҳат аҳкоми пурмазмунгӯии асри IV Ливанияи антиохӣ хос мебошад.

Ливаний дар Антиохия дар оилаи бойи амалдор таваллуд шудааст. Ӯ ҳанӯз дар овони кӯдакӣ нисбати дониш таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Ҷидду ҷаҳди Ливаний нисбати дониш ӯро ба Афина мебарад, ки дар он ҷо дар мактаби олӣ таҳсил мекунад. Баъди хатми он ӯ аввал дар Константинопол ва баъд дар Никомидия мактаби санъати суханварии худро мекушояд. Соли 354 ба ватан баргашта, дар он ҷо қисми боқимондаи ҳаёти худро мгузаронад.

Дар ҳолномаи “Ҳаёт, ё дар бораи тақдири худ”, ки дар шакли нутқ навишта шудааст, Ливания баён менамояд,ки ман бояд ҷидду ҷаҳд ба он кунам, ки онҳоеро бовар кунонам,ки барои худ дар бораи тақдими ман ақидаи нордуруст мураттаб сохтааст. Яке маро нисбати ҳамаи шахсиятҳои дигар, ки бо сабаби маъруфияти васеъе, ки нутқҳои ман соҳибанд, хушбахттарин, дигарон бо сабаби бемориҳою бадбахтиҳои доимо маро ҳамроҳикунанда одами аз ҳамаи мавҷудоти зинда бадбахттарин меҳисобанд. Вале ҳам ин ҳам он ақидаҳо аз ҳақиқат дуранд. Аз ин рӯ ман дар бораи воқеиятҳои қаблӣ ва имрӯзаи ҳаётам нақл мекунам ва дар ин ҳолат онҳо хоҳанд фаҳмид, ки худоҳо қуръаи тақдирро барои ман омезиш дода будаанд.

Мактубҳои сершумори Ливания, ки зиёда аз якуним ҳазортои онҳо маҳфуз мондаанд, андешаҳои фалсафӣ, таърихӣ, сиёсӣ ва динии ӯро инъикос менамоянд. Мактубҳо барои нашр пешбинӣ шуда буданд, маҳз барои ҳамин на танҳо аз рӯи мазмун, балки аз рӯи шакли баландсифати худ боиси таваҷҷӯҳ мебошанд.

Аз дидгоҳи Ливания санъати сухан – ин дар зери хавфи тарзи полисӣ кафолати ягонагӣ мебошад. Эстетикаи суханварӣ ва этикаи полисӣ бо ҳам алоқаманд мебошанд. Якҷоя будани ҳарду — суханварии шӯълавар ва шаҳрвандияти анъанавӣ тавасути шӯҳрати бутпарастии юнонӣ баён мегардад, барои ҳамин ба Ливаний, китаҳқиқоти тасаввуф дар рӯҳияи навафлотунҳо бегона буда,дини кӯҳнаро аз дилу ҷон хайрхоҳӣ намуда ва аз таназулёбии он афсус мехурад. Масеҳият, чун ҳамаи зуҳуроти дигари ҳаёти маънавии асри V низ, ки дар чаҳорчубаи анъанаҳои классикӣ намеғунҷид, барои ӯ ҳатто натанҳо нафратангез, балки аз ин дараҷа ҳам зиёдтар нофаҳмо буд.

Ба ҳар ҳол тамоили давра дар ҳаёти ӯ ҳам ошкор мегардад. Ин пуштибони меъёрҳои классикӣ аз рӯи ҳаҷми худ ҳолномаи бузургро таълиф намудааст, ки он аз унсурҳои хурдмаҳрамона ва аз назари фаҳмиши шахсияти инсонӣ ба чунин ёдгориҳо,чба монанди лирикаи Григорий Назианзин ё “Тавбакунӣ”-и Августин наздикӣ дорад.

Бо роҳи эҷодии Ливания фаъолияти адабии замон ва дусти ӯ Фемистия (320-390) робитаи ногусастанӣ дорад. Аз номаҳои Ливания мо дар бораи эҳтироми ӯ нисбати афзалиятҳои рақиб ҳамчун “суханвари пурҳунар”-ро фаҳмида мептавонем. Ба истеъдоди Фемистий Юлиан баҳои баланд додааст.

Нисбат ба Юлиан ва Ливаний,Фемистий аз муколамаи тезутунд бо пайравони масеҳият худдорӣ мекард. Барои ӯ тоқатпазирии динӣ хос буд; беҳуда нест, ки дар замони ҳукмронии ҳамаи императорон, сарфи назар аз эътиқодҳои динии онҳо, ӯ дар вазифаҳои баланди давлатӣ фаъолият дошт. Дар нутқи “Ба Валента дар бораи эътиқодҳои динӣ” Фемистий, ба император шаъну шараф хонда, менависад, ки “Аз тарафи ту бохирадона қарор карда шудааст, ки ҳар кас матавонед ба ҳамон эътиқоде пайвандад, барои ӯ боварибахш менамояд, ва барои ҷони худ дар он оромӣ меҷӯяд.” Ва меафзояд: Чи тав беақлии бузург аст, ки ҳамаи одамон дар хилофи иродаи худ, дар як ақида бошанд.”. Мувофиқи ақидаи Фемистий, ҳамон императоре бохирад аст, ки ба интихоби эътиқод озодӣ медиҳад,то ки одамон барои ном ва шакли дини онҳо ба ҷавобгарӣ кашида нашаванд.

Равшан аст, ки сарфи назар аз мансубият ба фалсафаи антиқӣ, дар асарҳои Фемистий тасаввуроти барои бутпарастии замони классикӣ бегона вомехуранд, масалан, дар бораи ҳаёти заминӣ ҳамчун зиндон ва дар бораи баъдалмавт ҳамчун дар бораа “майдони хушбахт”. Дар нутқҳои худ ӯ дар ҳама ҷо дар бораи муҳаббат ба фалсафа ҳарф зада, тез-тез ба Афлотун ва Суқрот муроҷиат мекунад.

Нутқҳои Фемистий аз рӯҳбаландии ботантана орӣ буда, дар онҳо шарҳи ҳол ва тавзеҳои зинда дида намешаванд. Лекин ӯ вслубдони бомаҳорат буд, ки ин истеъдод ба ӯ шӯҳрати баланд оварда буд.

Нутқҳои Имерия (316-386) аз рӯи мазмун, шакл ва услуб аз нутқҳои Фемистий фарқ мекарданд. Имерий аз мавқеи ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ берун қарор дошт, ӯ аз дарбор дур буда ва дар мавқеи манфиатҳои мактаби худ қарор дошт. Нутқҳое, ки ба фаъолияти мактаб дар Афина мансуб буданд, ки дар он ҷо фаъолияти софистчи (истифодаи дидаю донста дар баҳс ё исботи андешаҳои нодуруст, аз ҳар гуна найрангҳои зоҳиран ва шаклан дурустбудаи руйпӯшида истифода мебурдагиҳо) сууръат касб кард, ва нутқҳое, ки ба масъалаҳои санъати суханварӣ тааллуқ доштанд, дар эҷодиёти ӯ мақоми калонро ишғол мекунад. Дар мубориза бар зидди масеҳиён Имерия нутқҳои тантанавиеро, ки ба гузаштаи қаҳрамонона ва ё шуҳратмандгардонии анъанаҳои дини юнонӣ бахшида шуда буданд, афзалтар медонист. Ин нутқҳо хеле ботантана ва дар услуби осиёгиҳо навишта шудаанд.

Имерий ба нутқҳои худ оҳанги нерӯмандӣ бахшида, аз образҳо, калимаҳо ва ифодаҳои лирикҳои Юнони қадим истифода мебурд. Худи ӯ бисёр вақт нутқҳои худро “гимнҳо”, яъне сурудҳо меномид. Тасаввурот дар бораи тарзу усули Имерия дар нутқ дар тӯйи хешованди Север дода шудааст, ки дар он домоду арус бо суханҳо бодабдаба тасвир ёфтаанд. Мазмунан ин таърифот чунин аст: онҳо а рӯи одобу ахлоқ ва сину сол бештар бо ҳамдигар монандӣ доранд. Онҳо чун гулҳои садбарг дар як алафзор, дар як вайт ба дунё омадаанд,дар як вақт мешукуфанд, наздикии рӯҳии онҳо ҳайратовар аст, ҳарду шармгинанд ва аз назари маънавӣ тозаанд ва аз замдигар танҳо бо шуғли ҳар кадоми онҳо, ки хоси табиат аст, фарқ мекунанд.

Дӯстдоштаи файласуфон-навафлотунҳо ва суханварони кайфияти бутпарастидошта император Флавий Клавдий Юлиан буд, ки масеҳии “Муртад” – “Отступник” номгузорӣ шудааст. Дар шахси ӯ бутпарастӣ рақиби сазоворро ба муқобили ҳамин пешвоёни масеҳияти ҷанговар, чун Афанасий, шахси сидқан бо ақидаи устувор ва дорои неруи фавқулоддаро пешниҳод менамояд Юлиан барои эҳёи бутпарастӣ бо тамоми роҳу воситаҳо мубориза мебурд, ва танҳо марги ӯ дар лашкаркашӣ бар зидди форсҳо абадӣ ба ҳамаи орзуҳои ҷонибдорони дини кӯҳна хотима гузошт. Зарурати мубориза дигаргунсозии политеизмро аз рӯи намуди масеҳият (Юлиан доктринаи навафлотуниро ба мақоми илоҳишиносии догматикӣ баровард) ва ваҳдати ниҳодии нерӯҳои маънавии маданияти бутпарастӣ талаб карда буд. Юлдиан кушиш мекард, ки ин ваҳдатро тавассути намунаи худ ба амал бароварда истода дар худ подшоҳи якумрӯҳонӣ, файласуф ва суханварро пайваста ба амал барорад. Дар доираи фалсафа ва суханварӣ ӯ, дар навбати худ, кушиш омезиши ниҳоят васеъро мекард, Ин бошад, манзараи эҷодиёти адабии Юлианро ранг, услуб ва ҳатто аз назари забон ҳам ниҳоят гуногун мекард. Тамоми гузаштаи маданияти Юнон, аз Гомер ва файласуфони аввал то навафлотунҳои аввалин. Ки барои ӯ як хел маҳбуб буданд,Юлиан мехост, ки онҳоро дар асарҳои худ аз нав зинда кунонад

Мо дар эҷодиёти ӯ сурудҳои (гимнҳои) тасаввуфӣ дар наср мебинем, ки аз нозукиҳои фалсафӣ пурборанд ва дар як вақт дар садоҳои пасту баландии овоз (интонатсияҳо) маҳрамона ҷолиби худ (“Ба подшоҳ”, “Ба Модари худоҳо”)-ро вомехурем, ва рисолаҳои ҳаҷвии дар услуби Лукиана навишташуда – муколамаи “Тсезарҳо”, ки дар он бадӣ аз тарафи императори масеҳӣ Константин мазоқ карда шудааст, ва асари насрии “Бадбини риш, ё антиохӣ”, ки дар он автопортрети худи Юлиан ба воситаи сокинони антиохии нисбати ӯ душман дода шудааст. Ва ниҳоят, Юлиан нисбати назми баландмазмун эҳтироми худро баён доштааст.

АДАБИЁТИ ВИЗАНТИЯ АЗ ЮЛИАН ТО ПАЛЛАДИЮ НОННА

Аз достони муколамавии ӯ “Муқобили масеҳиҳо” танҳо пораҳое боқӣ мондаанд. Аз онҳо бармеояд, ки Юлиан чӣ тавр дини нисбати ӯ душманро сахту пурҳаяҷон танқид мекунад. Сарфи назар аз тамоили бозсозӣ, Юлиан ҳамчун нависандааз замони классикӣ, ки ӯ пазмонаш буд, ба замони ноороми худ бештар наздикӣ дошт. Ҳисси танҳоии ба ӯ хос ва шиддати ниҳоят баланди ғамхурӣ, масъалаҳои динию фалсафӣ дар эҷодиёти ӯ ба мавзӯҳои ҳолномавӣ мусоидат менамуданд. Вақте ки ӯ дар бораи худоҳои худ сухан меронад, гӯё ки бо маҳрамияти фавқулодда бо худо як навъ арзи муҳаббат мекунад.

Адабиёти Византия Юлианро ҳамчун худӣ эътироф кардааст. Агар он чизро ба назар гирем ки номи ӯ бо сабабҳои динӣ ба кадом нафрат иҳота карда шудааст, худи далели рӯйбардоркунии рисолаҳои ӯ аллакай дар замони масеҳият исбот менамояд, ки онҳо, сарфи назар аз ҳама чиз, хонандагони худро меёфтанд.

Кору бори Юлиан фано гардид: мувофиқи қиссаи маълум, император ҳангоми дафни ӯ ба Исо бо калимоти зерин муроҷиат мекунад: “Ту Галилеянро мағлуб кардӣ!”. Вале масеҳият, аз назари сиёсӣ ғалаба карда, метавонист бар зидди обрӯи бутпарастӣ дар соҳаҳои фалсафа ва адабиёти классикӣ танҳо ба як васила мубориза бурда метавонист – меъёрҳо ва дастовардҳои маданияти бутпарастиро то ҳадди имкон истифода бурда. Дар ҳалли ин масъала нақши бузург ба махфили Каппадоқия тааллуқ дорад, ки он дар нимаи дуюми асри IVмаркази сиёсати калисо ва таҳсилоти калисоӣ дар қисмати юнонии империяи шарқӣ буд. Маҳаки махфилро Василий ва Кесари, бародари ҳамтании Григорий, епископи Ниса, дӯсти наздиктарини Григорий аз Назианза буд.

Аъзои махфил дар қуллаи баланди маърифатнокии замони худ истода буданд. Дар муколамаи руӯзмарраи илоҳишиносиро онҳо усулҳои нозуконаи диалектикаи навафлотунӣ баргардониданд. Дар сатҳи аъло донистани адабиёти бадеии йадим низ дар махфил худ аз худ як зуҳуроти муқаррарӣ ба шумор мерафт.

Пешвои махфил Василий Кесарийский буд. Чун ҳамаи аъзои манхфил Василий бисёр менавишт ва бомаҳоратона. Фаъолияти адабии ӯ пурра ба мақсадҳои амалӣ тобеъ карда шуда буд. Воизии ӯ шаклан дар сатҳи суханварии фавқулоддаи замон қарор гирифта буд. Дар баробари ин, онҳо аз рӯи моҳияташон аз суханпардозиҳои софистҳои бутпарасти намуди Ливания тафовут доштанд. Сухани Василий, чун аз они суханварони классикии юнонии замони Перикл ва Демосфен, сухан аз нав олоти муасири таблиғотӣ эътиқод ва таъсир ақл табдил меёбад. Хос он чиз аст, ки Василий тақозо мекард, ки шунавандагон маънии сухани ӯро идрок накарда, бо ҳар роҳ сухани ӯро мебуриданд ва талаби шарҳу эзоҳро тақозо менамуданд.. Барои он ки таблиғот (воизӣ) самаранок гардад, он бояд дастрас бошад. Аз нависандагони бутпарасти антиқии баъдина ба Василий аз ҳама бештар Плутарх бо равоншиносонаи худ таъсир расонида буд. Аз он ҷумла, рисолаи Плутарх барои асари Василий “Дар бораи он, ки ашхоси ҷавон аз китобҳои бутпарастӣ фоида бардошта метавонанд” ҳамчун намуна хизмат кардааст. Ин рисола муддати дуру дароз барои сафедкунии баруманди классикаи бутпарастӣхизмат карда омадааст.

Дар байни “таснифгарони” Василий ба матнҳои инҷилии “Шашрӯза” – силсилаи вазъгӯиҳо дар мавзӯи ҳикоя аз хусуси офариниши олам аз Китоби ҳастӣ фарқ мекунад. Ҳамоҳангии андешаҳои ҷиддии космологӣ, маводи шавқовари илми антиқаи баъдина ва маводи ниҳоят зиндаю таъсирбахш баёнгашта “Шашрӯза”-ро дар асрҳои миёна хеле машҳур гардонидааст. Он баргардониҳо, азнавкоркуниҳо ва тақлидкуниҳои хеле зиёдро аз сар гузаронидааст.

Григорий Назианзин муддати тулонӣ дусти наздиктарин ва корманди Василий Кесарийский буд, Вале тасаввур кардан мушкил аст, ки инсони ба ин шахси сиёсатмадори тундмизоҷе ёфт шавад,ки аз Григорийи мулоиммиҷоз, завқманд, асабонӣ ва бомулоҳиза пасстар истода бошад Барои Василий нависандагӣ воситаест барои таъсиррасонӣ ба дигарон, барои Григорий – таҷассум крдани худ.

Мероси калони Григорий рисолаҳоро оид ба догматика (аз ҳамин бармеояд тахаллуси “Богослов” — “Илоҳишинос”), насри суханварӣ, ба усули декоративӣ (ороиши) Имерия монандӣ дорад ва мактубҳо дохиланд. Вале аҳамияти асосии ӯ дар эҷодиёти шоириаш ифода ёфтааст. Доираи усулии назми Григорий хеле васеъ аст.Эпиграммаҳои сершумори ӯ ки бо оҳанги маҳрамона.мулоим. зинда ва ошкоро ба намунаҳои қадим наздиктар мебошад. Базеи онҳо, бо ягон чиз имконият намедиҳад, ки пай барӣ, ки муаллифи онҳо яке аз “падарони калисо” мебошад. Бигирем, масалан, эпиграммаро дар қабри нафаре бо номи Мартинианро:

Шеърҳои дастпарвар, сухапнвар, додхлҳ, аз ҳар ҷиҳат олиҷаноб

Мартиниани пуршараф дар манзили ман панаҳ бурд.

Қаҳрамонӣ дар набардҳои баҳрӣ ӯ нишон дод, дар набарди хушкӣ – корнамоӣ

Баъди ин дар гур ҷой гирифта, шаҳди бадбахтиро начашид.

Гимнҳои динии ӯ тамоман симои дигар дошта, бо бузургии бешахсиятӣ ва дилрабоии суханварӣ ифода ёфтаанд. Такрори айни як калима (аафорҳо) ва хати мувозии синтаксисӣ ба таври сунъи сохтори андозавӣ ва образи шеъририи онҳоро торик мекунонад, ки он мусовигии андомро дар кошинкории византиягӣ мепӯшонанд ё худ торик мекунонад:

.Эй, шоҳ, шоҳи бебаҳо,

Аз ту бармеояд оҳанги мо,

Аз ту бармеояд хорҳои осмонӣ,

Аз ту бармеояд гузашти айём,

Аз ту бармеояд шӯълапошии офтоб,

Аз ту бармеояд галаситораҳои осмон,

Аз ту бармеояд муранда шуҳрат ёфт,

Аҷоиб тӯҳфаест фаҳмида шуд,

Боин тафовут дорад аз махлуқ.

Дар баробари ин назми Григорий дар ихтиёри худ мавзӯҳои ниҳоят васеи шахсии танҳоӣ, ноумедӣ, ҳайроншавӣ дар назди золимӣ ва беҳудагии ҳаётро дорад:

Оҳ бандии талх! Мана, ман ба олам пой ниҳодам,

Ба кӣ, барои чӣ даркор аст порашавии ман?

Аз самими қалб баён дорам сухани рӯирост,

Кадом вақте, ки ман аз набудам,хашмгин мешудам,

Тавлид шуда, ба дунё меоем, рузҳоро пасисар мекунем,

Мехӯрему менӯшем,сарсонем,мехобему бедор мешавем,

Механдемумегирем,танамон бемору пора—пораем,

Дар болои сарамон офтоб аст, ҳамин хел ҳаёт дар гузар,

Он замон дар гур қабр мепӯсӣ, чун даррандаи торик,

Мезиҳӣ андар бешерафии маҳз, вале дар бегунаҳӣ.

Лирикаи Григорий бо дилхарошии бевосита он муборизаи маънавиеро инъикос менамояд, ки он аз тарафи идеологияи калисо пеш бурда мешуд:

Оҳ, бо ман чӣ мондааст? Худои барҳақ,

Оҳ, бо ман чӣ мондааст? Ҷои холӣ дар қалб,

Тамоми ширинии андешаҳои некукорӣ бирафтанд,

Ва қалб аз бехотирагӣ мубаддал гардид ба ҷасад,

Тайёр аст паноҳгоҳи манфуриҳои княз бошад.

Моҳияти тоза тарҷумаҳолиро танҳо се достони Григорий дорад: “Дар бораи ҳаёти ман”, “Дар бораи тақдири ман” ва “Дар бораи азобкашии ҷони ман”. Эҳтимол меравад, ки ин достонҳо бо махсусиятҳои равонии маҳрамона ва маданияти бузурги худтаҳлилкунӣ ба пайдошавии “Тавбакунӣ”-и Августин таъсир расонида бошад.

Аксарияти кулли шеърҳои Григорий ба қонунҳои анъанавии шеърэҷодкунии мусиқавӣ тобеъ кунонида шудааст, ки онро дар сати аъло медонист.

Узви сеюми махфил Григорий Нисский, устоди насри фалсафӣ мебошад. Ҷаҳонбинии Григорий дар зери таъсири анъанаҳои бисёрасрае ташаккул ёфтааст, ки он аз пифагориҳо оғоз ёфта, ба воситаи афлотун то ба навафлотунҳо омада расидааст. Услуби Григорий нисбат ба усули ҳаммахфилҳои дигараш то дараҷае дар сатҳи баландтару вазнинтар меистад. Вале дар худи ҳамон матнҳои мазмуни ақлидошта ба сатҳи эҳсосотию маънои баланд соҳиб шудааст, ки ҳатто фикрҳои хоса ҳам бо айёнияти нозуконаю латиф пешниҳод мешаванд. Григорий Нисский аз назари аллегоризми (рамзу маҷозии) худ на танҳо ба адабиёти асримиёнагии Византия, балки ба адабиёти лотинии Ғарб низ таъсири бузург расонидааст.

Нашъунамои насри суханварӣ, ки дар тамоми тули асри IV мегузашт, дар сатҳи баробар ва ҳамзамон бутпарастӣ ва масеҳиро низ фаро гирифта буд. Вале давраи баландтарини он дар эҷодиёти нотиқи калисоӣ – вазъгӯи Антиохия Иоанн рост омадааст, ки ба ӯ барои санъати баланди воизӣ “Златоуст” — “Тиллосухан” номгузорӣ кардаанд.

Дар асарҳои худ, ки ҳаёти ҷамъиятӣ ва ва динии замонро гуворо тасвир карда буд, Иоанн Златоуст норасоию камбудиҳои ҷомеаи замони худро бадхашмона ба зери танқидмегирад.. Маҳорати суханварӣ ва забони буррои аттикагии ӯ бар зидди зиндагии бокарру фар дар дарбори император, бадахлоқии рӯҳониёни олӣ равона карда шуда буд. Ҳамаи ин наметавонист дар пойтахт норозогиро ба миён наёрад, ки дар натиҷаи ин епископи Константинопол аз вазифааш озод ва ба бадарға равон карда мешавад.

Мисоли равшани санъати баланди суханварии Златоуст гуфтаҳои ӯ дар бораи базму тамошоҳое, ки ба он шумораи зиёди одамон ҷалб карда мешуданд, то дараҷае, ки баъзан калисо беодам мемонд. “Ба базму тамошо ҳар рӯз даъват мекунанд, ва ягон кас танбалӣ намекунад, ҳеҷ кас даст намекашад, касе аз бисёрии машғулиятҳо баҳона намеҷӯяд…”.

Иоанн Златоуст барои ҳар кадом воизи Византия идеали дастнорас ба ҳисоб мерафт. Идроки хониши асарҳои ӯро навиштаҷот дар ҳошияҳои яке аз дастнависҳои юноние, ки дар маскав маҳфуз мебошад, таҷассум менамояд:

Чӣ сон аҷоиб аст некукори равшанзамир,

Иоанни Бузург, аз дилу ҷони ту,

Бо қудрати худо шуҳратвару оташин,

Барои ин аст суханварии тиллоӣ.

Ту метавони ба гунаҳгор раҳм намоӣ.

Каппадоқиҳо ва Иоанн Златоуст адабиёти масеҳиро ба сатҳи баланди образу идрокшавӣ расонидаанд. Лекин дар баробари онҳо муаллифони дигар ҳам шаклҳои дигари шеър – нисбатан плебеиро самаранок коркард мекарданд, ки барои онҳо услуб ва забони академикӣ бегона буд. Дар байни онҳо Палладий Еленополский (назд.364-430)-ро бояд қайд кард. Ӯ муаллифи “Левсаика”, ё ки “Таърихи Лавсӣ” (бо номи нафаре бо номи Лавса, аз назари аллегоризми худ ӯ бахшида шудааст) мебошад. “Лавсаика” силсилаи ҳикояҳо дар бораи аскетҳои мисрӣ мебошад, ки худи Палладий дар байни онҳо хеле тулонӣ зиндагӣ кардааст.

Аз тарафи Палладий офаридани намуди новеллаҳои ҳикоягӣ аз ҳаёти аскетҳо дар адабиёти Византия васеъ паҳн мегардад. Ин намуд (жанр) ба адабиётҳои дигари асримиёнагӣ низ мегузарад.

Дар ҷараёни адабии замони худ Синесий аз Кирена ҷои махсусро ишғол менамояд. Пеш аз ҳама ӯро на ба адабиёти бутпарастӣ ва на ба адабиёти масеҳӣ нисбат додан мумкин нест. Синесий зурёти бомаърифати авлоди юнонӣ буда, худро ба Геракл пайванд мешуморид. Дар эҷодиёти ӯ монандии дохилӣ бо анъанаҳои антиқӣ дар ӯ дар чунин сатҳе маҳдуд буд, ки дар ягон муаллифи дигари замони ӯ дида намешавад.Каму беш обрӯю эътибори масеҳиятро аз сидқи дил қабул карда, ӯ ҷидду ҷаҳд ба он мекард, ки ҳамаи ихтилофҳоро дар байни он вҷа эллинизм бартараф намояд. Мувофиқи гуфтаи худи ӯ яктаки сиёҳи роҳиб барои ӯ якранг аст бо яктаки сафеди хирадманд. Талаботи аз замони антиқӣ ба фаъолияти ҷамъиятӣ омада ӯро маҷбур месозад, ки бар хилофи иродаи худ мартабаи епикопро қабул намояд, вале ӯ ҳаргиз аз ақидаҳои таваҷҷӯҳу кайфияти бутпарастии худ ро даст кашида натавонист

Фаъолияти адабии Синесия хеле гуногунранг аст. Мактубҳои аз ҷиҳати баландии маънӣ ва усули нозуконаашон барои эпистолографияи византиягӣ намунаи беҳтарин шуда хизмат кардаанд. Нутқ “Дар бораи ҳокимияти шоҳӣ” як навъ барномаи сиёсие мебошад, ки Синесий дар назди император Аркадий кушода меджиҳад,ки он ба масъалаҳои доғи рузи алоқаманд буд. Ғайр аз ин, аз Синесия то замони мо як навъ романи морфологӣ бо мазмуни рузмарраи сиёсӣ бо номи “Ҳикояҳои мисрӣ, ё дар бораи қазову қадар”, машқҳои суханварӣ “Сухани таъриф ба тоси сар” ва боз якчанд нутқу гимнҳои динӣ омада расидаанд, ки дар онҳо гуногунрангӣ бо омехтагии образу андешаҳои бутпарастӣ ва масеҳӣ навишта шудаанд.

Дар бораи + асосгузори ин мактаб Нонна аз шаҳри мисрии Панопол қариб чизе маълум нест. Ӯ наздики соли 400 таваллуд шуда. дар охирҳои ҳаёти худ епископ мешавад. Аз рисолаҳои ӯ то мо танҳо дутояш то мо расида омадааст. Яке аз онҳо достони “Кирдорҳои Дионис” ва дигаре “Баргардонидани евангелияи муқаддас аз тарафи Иоанн”, ки аз рӯи ҳаҷм хеле бузург – аз 48 китоб иборат аст яъне баробар ба китобҳои Гомер “Илиада” ва “Одисея” мебошанд. Ҳа достон ва ҳам баргардонӣ дар шакли гексаметр иҷро карда шудаанд

Аз рӯи маводи худ ин асарҳои Нонна аз ҳамдигар фарқи калон доранд. Дар достон асотирҳои бутпарастӣ ҳукмрон аст, дар баргардонӣ бошад, — тасаввуфи (мистикаи) масеҳӣ. Вале аз назари услуб онҳо қариб якхелаанд.Нонн ислоти муҳими гексаметр (лотинӣ: шеъри ҳар мисрааш шашрукна дар адабиёти қадими Юнону Рим ва тавҳиди он дар асрҳои миёна)-ро ба амал баровард, ки моҳияти он чунин буд: барҳам задани гардишҳои шеърие, ки идроки андозаро дар мавриди ҳолати забони зиндаи юнонӣ мушкил мегардонад: он дар асри V вуҷуд дошт. Дар баробари задаи лбаландии садои мусиқӣ задаи баландии садо низ ба ҳисоб гирифта мешавад. Гексаметри Нонна – ин кушиши ёфдани муросо дар байни просодияи (тарзи талаффузи ҳиҷоҳои заданоку безада, ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ) анъанавии мактабӣ ва нутқи зинда дар роҳҳои версификатсия (шеърнависӣ) мебошад.

Таъсири Ноннро як қатор шоирон, таҳиягарони эпосҳои асотирӣ аз сар гузаронидава техникаи метрии навро аз бар кардаанд. Аз байни онҳо ба бисёриҳо – мисриён, чун худи Нонна (Крллуф, Трифиодор, Кир аз Панопол,Христодор аз Коптос) пайдоиши Мусеяро, ки аз он қиссаи “Геро ва Леандр”-ро намедонанд. Бояд гуфт, ки ба Кир эпиграмма ба Даниил Стоппник тааллуқ дорад, ки дар он тарзи гомерии иншо ба тарзи асрорангез дар тасвири тасаввуфи масеҳӣ истифода бурда шудааст:

Дар, байни замину осмон истодааст одам, беҳаракат,

Ба ҳамаи шамолҳои девонасон тани хешро сипар карда,

Номи уст – Даниил Симеон дар асарҳо мусобиқа карда,

Ба санг бо пой такя карда, фотеҳиро қабул карда ӯ,

Бо қудрати хеш Деваро пуршуҳрат кард фарзанди ӯ.

Вале аз ҳама шоири боистеъдоди охирҳои асри V — аввали асри VI берун аз мактаби Нонна ин искандариягӣ Паллад буд, ки дар жанри эпиграмма менавишт. Садои ҳукмрони лирикаи Паллада тамасхур мардона ва беэътимод буд. Қаҳрамони ӯ олими қашшоқ буд. ки худро аз норасоиҳои зиндагӣ ва ҳаёти оилавӣ тавассути сарказмҳо (шикоят аз мушкилоти пулӣ ва ҳамсари бадҷаҳл дар лирикаи византиягӣ ҷои умумии машҳур мегардад) ҳимоят мекунад.

Таваҷҷӯҳи шоир ба антиқаи аз байн рафтаистода нигаронида шуда буд. Ӯ бо афсусхурии ҳузнангез ногузир будани марги кӯҳна, ки барои ӯ олами наздик буд, хуб дарк мекунад. Ӯ ба хотири шикастани ҳайкали Геракл оби дида мерезонад.:

Писари Зевси мисинро ман дидам зери чангу хоки чорраҳа,

Қаблан барои ӯ ибодат мекарданд, лек имрӯз карданд ӯро зеру по,

Ва ба даҳшат афтода гуфтам: “Эй Семоҳдор, аз бадӣ ҳимоят кун,

Ту то ҳол мағлубнашаванда будӣ, ки туро аз пой афтонд, бигу!”,

Шабонгоҳ дар назди ман рост истода, худо ба ман биуфт ки:

“Ман худоям, — ва ҳокимияти вақтро бар худам эътироф кардам.”

Адабиёти Византия дар асрҳои III — IV ва оғози асри VI тавлидшавӣ ва устуворшавии маданияти масеҳиятро инъикос менамояд ки он дар мубориза бо акси садоҳои бутпарастии антиқӣ сурат мегирифт. Дар ин муборизаи мураккаб ва ихтилофноки ду идеология жанру услуби нав тавлид меёфтанд, ки дар мароҳалаи оянда – асрҳои миёна рушди худро идома доданд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *