Фанни Сотсиология

Назорат ва таъмири интихобнома

Сифати маълумоти сотсиологиро омилхои зерин метавонанд кохиш диханд: нодуруст, норавшан дар пурсишнома саволхоро мураттаб кардан, методхои нодурусти тахкикотиро интихоб кардан, хини гузаронидани пурсиш саволхоро бе чавоб гузоштан, интихобномаро дакик хисобу китоб накардан ва гайра. Амалияи пажухишхои эмпирики нишон медиханд, ки аслан дар ин чараён хатогии охирон номбар кардашуда бештар мушохида мешавад. Бинобар хамин хам назди мутахассисон пайваста дар чараёни татбики таткикот вазифаи таъмир ва назорати сахехияти интихобнома меистад. Таъмири интихобнома гуфта раванди мукоисаи пайвастаи риояи таносуби умумиятхои генералию интихоби ва чустучуи роххои бартараф намудани онро дар назар доранд. Таъмири интихобнома бошад татбики амалии ин равандро тавассути усулхои роич ва санчидашуда меноманд. Яъне агар чихати аввали мавзуъ хусусияти аналитика дошта бошад, пас чихати дуюми он амалияи татбики он махсуб мешавад. Бидуни ичрои ин амалхо ба даст овардани маълумоти сахнх гайриимкон аст. Масалан агар мо пурсишномаи хуб дошта бошему онро дар байни умумияти чавобгуй ба талаботхои тахкикоти сотсиологи тахияношуда пахн намоем, пас он натичаи дилхох нахохад дод.

Тартиби таъмири интихобнома аз якчанд кисм иборат аст. Зинаи аввалро одатан коррексияи умумияти интихоби мегуянд. Дар ин зина таъмири интихобнома дар чараёни татбики бевоситааш сурат мегирад. Масалан аксар маврид дар чараёни тахкикот пайдо кардани респондент бо аломатхои дар интихобнома нишондодашуда бо сабабхои гуногун ( барои чавоб додан ба саволхо майл надоштан, дар мухочират ва ё сафари хидмати будан, бемор в.г.) душвор мегардад. Баъзеяшонро анкетёр наметавонад дар хонаашон пайдо кунад Дар ин холат зарурати табдили онхо бо дигар нафарони дорои чунин сифатхо пеш меояд. Ин амалро метавон бо рохи аз руйхат шахси дигарро интихоб кардан, тартибдихии интихобномаи нав, ивазкунии нафарони алохида аз интихобномаи дар дасти анкетёрхо буда ва г. ичро кард. Усули охирин дар тахкикотхои сотсиологи, аз чумла пажухишхои аз чониби мо анчододашуда, васеъ истифода бурда мешавад.

Чузъи дигари таъмири интихобнома коррексияи таксими характеристикаи демографии респондентхо ном дорад. Агар баъд аз гузаронидани пурсиш маълум шавад, ки нисбат ба шумораи дар интихобнома нишондодашуда акнун шумораи намояндагони баъзе аз гуруххо зиёд ва баъзеи дигараш кохиш ёфтааст, пас ин холатро бо ду рох хал кардан мумкин аст: 1) кохиши шумораи гурухи афзилиятёфта ва такроран пурсидани намояндагони гуруххои камшуда ва 2) аз лихози математики афзалият додан ба нишондоди чавобхои кохишёфта ё паст кардани нишондоди чавобхои гурухи афзалиятёфта. Вале авввалан маълум кардан зарур аст, ки ин ба мухтавои чавобхо чи гуна таъсир мерасонад. Дар баъзе мавридхо инро бетагйир мегузоранд. Афзалиятдихии риёзи ба нишондоди чавобхо дар сотсиология бо унвони санчиши ракамхои ибтидои маълум аст. Ин амал чандин рохи ичрои худро дорад ва махорати муайяни касбиро талаб мекунад. Рохи осонтаринаш чунин аст, ки шумораи гурухи муайяни ичтимоию демографиро, масалан чавонони аз 13 то 17 соларо, аз умумияти генерали бо шумораи респондантхои маълумшуда аз гурухи мазкур дар чараёни тахкикот таксим намуда, чунин мехисобанд, ки як респондент фикри N одамро аз умумияти генерали тачассум мекунад.

Коррексияи чавобхои хазломези респондентон ва саволхои бечавобмонда низ дар чараёни таъмири интихобнома накши мухим мебозанд. Гурухи аввалро аксар маврид аз эътибор сокит менамоянд ва анкетаро аз мавриди тахлил дур месозанд. Саволхои бечавоб аслан бештар дар саволхои ба тарики чадвал ва кушод додашуда вомехуранд. Дар ин маврид низ амали фавкуззикр пайрави мешавад. Агар чунин иштибох дар пур кардани хусусиятхои ичтимоию демографии респондентон мавчуд бошад ва хини кабули анкетахо анкетёр ба ки мансуб будани онро дар хотир ё дар ёддошташ дошта бошад, пас онхоро бо кумаки у пур кардан мумкин аст. Вале агар ин гуна хатогихо зиёд ба чашм расад ва зарфияти интихобномаро хароб кунад пас сотсиолог анкетёрхоро ба пурсиши респондентони дигари навбати мефиристад ва ин то вакте идома меёбад, ки шумораи пешбинишуда ба даст наояд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *